Return   Facebook   Zip File

Obligatory

Дар як шабонарӯз як бор хонда мешавад, дар ҳолате ки таваҷҷӯҳи комил ба Худованд дошта бошад.

Бояд намозгузор бархоста рӯ ба сӯи Худованд оварад ва чун он гуна истод ва ҷой гирифт, ба сӯи рост ва чап нигоҳ кунад, гӯё ки чашм ба роҳи меҳрабонии Парвардигори Бахшандаи Меҳрабон дорад. Сипас бигӯяд:

Эй Худованди номҳо ва Офаринандаи осмонҳо! Ниёз мекунам Туро, ба Бомдодҳои Ҷавҳари Нопадидори Бисёр Баланд ва Бисёр Дурахшони Ту, то намози маро оташе бигардонӣ, то пардаҳоеро, ки маро аз мушоҳидаи Зебоии Ту бозмедоранд бисӯзонад ва равшание, ки ба дарёи Висоли Ту бирасонад.

Сипас ду дастро барои ниёиш ба сӯи Худованд, ки ситоиш ва баландӣ Ӯро сазост, бардошта бигӯяд:

Эй Орзуи ҷаҳон ва Дӯстдоштаи мардумон! Мебинӣ маро сӯи Ту рӯй меоварам, аз ҳама чиз, ҷуз Ту гузаштаам ва ба ресмоне, ки аз ҷунбиши он офариниш ба ҷунбиш омад, чанг задам. Эй Парвардигори ман, манам бандаи Ту, ва писари бандаи Ту, ва дар назди хости Ту ва иродаи Ту омода ва барпоам, ва ҷуз хушнудии Ту чизе намехоҳам. Ниёз мекунам Туро ба дарёи меҳрабонии ту ва офтоби бахшиши Ту, ки бо бандаи Худ он гуна рафтор намоӣ, ки дӯст дорӣ ва хушнуд бошӣ. Ба Арҷмандии Поки Ту савганд, ки бартар аст аз ёд ва сипос! Ҳар он чӣ ки аз назди Ту падидор гардад, ӯст орзуи дили ман ва дӯстдоштаи ҷони ман. Худои ман, Худои ман! Ба орзуҳои ман ва рафторҳои ман нигоҳ макун, балки ба хости Худ, ки осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст, нигоҳ кун. Ба номи Бузугтарини Ту савганд, эй Дорандаи мардумон! Танҳо он чиро мехостам, ки Ту мехостӣ ва танҳо он чиро дӯст медорам, ки Ту дӯст медорӣ.

Сипас пешонӣ бар замин биниҳад ва бигӯяд:

Пок ва болотарӣ Ту, аз ҳар ситоише, ҷуз ситоиши Хештан ва аз ҳар шиносоие, ҷуз шиносоии Хештан.

Сипас бояд рост биистад ва бигӯяд:

Эй Парвардигори ман, намози маро чашмаи оби зиндагонӣ бигардон, то ба воситаи он ҷавҳари ман чандон пойдор бимонад, ки фармонравоии Ту пойдор хоҳад монд ва дар ҳар ҷаҳоне аз ҷаҳонҳоят Туро ёд намояд.

Сипас ду дастро барои ниёиш бардорад ва бигӯяд:

Эй Он, ки аз ҷудоии Ту дилҳо ва ҷигарҳо об шуд ва дар оташи меҳри Ту ҳар кӣ дар ҷаҳон аст, барафрӯхта гардид. Ниёз мекунам Туро ба Он Номи Ту, ки ба воситаи Ӯ офаринишро мутеъ ва фармонбар намудаӣ, то маро аз он чӣ дар назди Туст, бознадорӣ. Эй Фармонфармои мардумон! Эй Парвардигори ман, мебинӣ ин дурафтодаро, дар сояи саропардаи Ту ва дар паноҳи меҳрабонии Ту, ба сӯи меҳани болои худ мешитобад ва ин саркашро, ки оҳанги дарёи омурзиши Туро дорад ва ин хор ва зорро, ки даргоҳи арҷмандии Туро хоҳон аст ва ин бенаворо, ки канори осмони дороии Туро меҷӯяд. Ҳар он чӣ хоҳӣ, фармон – фармони Туст. Гувоҳӣ медиҳам бар ин ки Туӣ Сутуда дар рафтори Худ, ва Фармонраво дар доварии Худ ва Дорои Хости Озод дар фармони Худ.

Сипас бигзор дастонашро бардорад ва се бор Исми Аъзамро бигӯяд. Пас аз он хам шуда, ду даст дар рӯи ду зону гузорад, дар назди Худованд, ки ситоиш ва баландӣ сазовори Ӯст, бигӯяд:

Эй Худои ман, мебинӣ равони маро дар зарраҳои пайкари ман ва тани ман аз шӯри парастиши Ту ва меҳри саршор ба ёди Ту ва сипоси Ту ба шодӣ ва ҷӯш ва хурӯш омадааст ва гувоҳӣ медиҳад ба он чӣ Забони Фармони Ту дар подшоҳии гуфтори Ту ва осмони дониши Ту гувоҳӣ дод. Эй Парвардигори ман, дар ин ҷо дӯст дорам аз Ту ниёз намоям, ҳама он чиро, ки дар пеши Туст, то бенавоии худро ошкор намоям ва диҳиши Ту ва дороии Туро барафрозам ва нотавонии худро падидор намоям ва нируи Ту ва тавоноии Туро намудор созам.

Сипас рост биистад ва ду бор дастонашро барои ниёиш бардорад ва бигӯяд:

Нест Худое ҷуз Ту, Бисёр Арҷманд ва Бисёр Бахшанда. Нест Худое ҷуз Ту, Довар дар оғоз ва анҷом. Худои ман, Худои ман, омурзиши Ту маро далер намуд ва меҳрабонии Ту маро ниру бахшид ва овози Ту маро бедор кард ва бахшиши Ту маро бархезонид ва ба сӯи Ту роҳ намуд, вагарна ман кӣ ҳастам, ва чӣ лаёқате доштам, ки дар пеши дарвозаи шаҳри наздикии Ту биистам, ё сӯи равшании дурахшандаи канори осмони хости Ту рӯ оварам? Эй Парвардигори ман, мебинӣ ин бечораро, дарвозаи диҳиши Туро мезанад ва ин нопойдорро, ки рӯди зиндагонии пояндаро аз дастони бахшиши Ту мехоҳад. Дар ҳама рӯзгорон фармон – фармони Туст, эй Худованди номҳо, ва аз ман фармонбарӣ ва хушнудист, эй Офаринандаи осмонҳо!

Пас аз он се бор дастонашро бардошта бигӯяд:

Худованд аз ҳар як бузурге бузургтар аст!

Сипас пешонӣ бар замин биниҳад ва бигӯяд:

Ту пок ва бисёр баландӣ, аз ин ки ба осмони наздикии Ту ёдҳои наздикшудагон бирасанд, ё паррандагони дилҳои дӯстони бериё ба остони дарвозаи Ту бирасанд. Гувоҳӣ медиҳам ба ин ки покӣ аз ситоишҳо ва покизаӣ аз номҳо. Нест Худое, ҷуз Ту Бисёр Баланд ва Бисёр Дурахшон.

Сипас нишинад ва бигӯяд:

Гувоҳӣ медиҳам ба он чӣ ҳама офариниш ва Анҷумани Боло ва Биҳишти Боло ва аз паси он Забони Бузургӣ аз Канори Осмони Абҳо гувоҳӣ дод, ки Туӣ Худованд, нест Худое, ҷуз Ту ва он касе, ки падидор шуд, Ӯст Рози Ниҳон ва Рамзи Пинҳон, ки ба воситаи Ӯ ҳарфи “Коф” ба рукни “Нун”- и худ пайваст. Гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки ин ҳамон Номест, ки аз Хомаи Боло фуруд омадааст ва дар Китобҳои Худованд – Парвардигори Тахти Подшоҳии осмонҳои баланд ва замини зери онон, ёд гардидааст.

Сипас рост биистад ва бигӯяд:

Эй Худованди офариниш ва Дорандаи ҷаҳони нопадид ва падидор! Сиришки маро ва оҳи сарди маро мебинӣ ва нолаи маро ва фарёди маро ва оҳи дили маро мешунавӣ? Савганд ба Арҷмандии Ту! Корҳои зишти ман маро нагузоштанд, ки ба Ту наздик шавам ва гуноҳони ман маро аз даргоҳи поки Ту дур намуданд. Эй Парвардигори ман, меҳри Ту маро об кард, ва ҷудоии Ту маро нест ва нобуд кард, ва дурии Ту маро бисӯхт. Ниёз мекунам Туро, ба нақши ҳар ду пои Ту дар ин биёбон ва ба фарёди “Фармонбардорам!” “Фармонбардорам!”-и баргузидагони Ту дар ин бекаронӣ, ва ба вазишҳои хуши пайки гуфтори Ту, ва бодҳои хуши бомдоди Падидории Ту, то ин ки дар сарнавишти ман бинависӣ, то ба мушоҳидаи зебоият сарафроз гардам, ва аз рӯи он чӣ дар Китоби Туст, рафтор намоям.

Сипас се бор Исми Аъзамро бигӯяд ва хам шавад, ва ду даст дар рӯи ду зону гузорад ва бигӯяд:

Ситоиш Туро сазост, эй Худои ман, зеро маро ҳангоми ёдат ва сипосат дастгирӣ намудӣ, ва ба шиносоии Бомдоди нишонаҳоят сарафроз кардӣ, ва водор намудӣ, ки ба Фармонравоии Ту фармонбар шавам, ва ба Худовандии Ту сар фуруд оварам, ва ба ростии он чӣ Забони Бузургии Ту падидор намуд, гувоҳӣ диҳам.

Сипас рост биистад ва бигӯяд:

Худои ман, Худои ман. Саркашии ман пушти маро шикаст ва ноогоҳии ман маро нест кард, ҳар гоҳ ки дар бадкирдории худ ва неккирдории Ту меандешам, ҷигарам об мешавад ва хун дар рагҳоям ба ҷӯш ва хурӯш меояд. Ба зебоии Ту савганд, эй Орзуи ҷаҳон, ин рӯй шарм медорад, ки ба сӯи Ту нигоҳ кунад, ва дастони умед шармсор гаштаанд, ки ба осмони бахшиши Ту баланд гарданд. Мебинӣ, эй Худои ман, сиришкам маро аз ёд ва сипос бозмедорад, эй Парвардигори Тахти Боло ва замин. Ниёз мекунам Туро, ба нишонаҳои Подшоҳии Ту ва розҳои Фармонравоии Ту, то ба дӯстонатон чунон, ки сазовори бахшиши Туст ва шоистаи диҳиши Ту, рафтор намоӣ, эй Подшаҳи ҷаҳони нопадид ва падидор.

Сипас се бор Исми Аъзамро бигӯяд ва пешонӣ бар замин ниҳад ва бигӯяд:

Ситоиш Туро сазост, эй Худои мо, зеро барои мо он чиро фуруд овардӣ, ки моро ба Ту наздик менамояд, ва низ аз ҳар як накӯие, ки дар Китобҳоят ва навиштаҳоят фуруд овардаӣ, моро рӯзӣ медиҳӣ. Эй Парвардигор, ниёз мекунем Туро, то моро аз сипоҳи гумон ва андешандаи фиребанда нигаҳ дорӣ. Ба ростӣ, Туӣ Бисёр Арҷманд ва бисёр Доно.

Сипас сар аз саҷда бардорад, нишинад ва бигӯяд:

Гувоҳӣ медиҳам, эй Худои ман, ба он чӣ баргузидагони Ту гувоҳӣ додаанд, ва мепазирам он чиро, ки аҳли фирдавси боло, ва биҳишти боло, ва ононе, ки дар гирди Тахти Бузурги Ту мечархиданд, пазируфтаанд. Подшоҳии замин ва осмон аз они Туст, эй Худованди ҷаҳонҳо!

#14614
- Bahá'u'lláh

 

Он касе, ки мехоҳад намоз бигузорад, бояд рӯ ба сӯи Қибла оварад, он гоҳ ба хондани намоз шурӯъ намояд. Вақти хондани ин намоз дар як рӯз як бор аст, аз ниcфирӯзӣ то нишастани офтоб.

Шаҳодат медиҳам, Эй Худои ман, ба ин ки Ту маро офаридаӣ, то Туро бишиносам ва Туро парастиш намоям.

Шаҳодат медиҳам, дар ин ҳангом, ба нотавонии худ ва тавоноии Ту ва бенавоии худ ва дороии Ту. Нест Худое, ҷуз Ту, Нигаҳбон ва Ҷовидон.

#14612
- Bahá'u'lláh

 

Оне, ки мехоҳад намоз бигузорад, бояд дастонашро бишӯяд ва ҳангоми шустан бигӯяд:

Эй Худои ман, ба дастони ман ниру бибахш, то Китоби Туро ба пойдорие бигирад, ки сипоҳи ҷаҳон ӯро боз надорад, сипас ӯро аз доштани он чӣ ки аз Ӯ нест нигаҳдорӣ намо. Ба ростӣ Туӣ Зӯрманд ва Бисёр Тавоно.

*Ва ҳангоми шустани рӯй бигӯяд:

Эй Парвардигори ман, рӯи худро ба сӯи Ту намудам, ба равшании Рӯят дурахшандааш намо, сипас аз рӯй овардан ба сӯи касе, ҷуз Ту, нигоҳаш дор.

Сипас рӯ ба Қибла рост истода бигӯяд:

Худованд гувоҳӣ додааст, ба ин, ки нест Худое, ҷуз Ӯ. Подшоҳии Фармон ва Офариниш аз Ӯст. Ӯ, ба ростӣ, Онеро падидор намуд, ки Бомдоди Зуҳур аст ва Гӯяндаи кӯҳи Тур ва ба Ӯ Канори Осмони Боло дурахшон шуд ва Дарахти Марзи Вопасин ба гуфтор омад ва бонг дар миёни осмон ва замин баланд гардид: “Гӯши ҳуш фаро доред: замин ва осмон ва арҷмандӣ ва фармонравоии яздонӣ аз они Худованди мардумон аст – аз они Дорандаи Тахти Подшоҳии Осмонҳои Боло ва замине, ки дар зери онон аст.

[Ин бахши дарози намоз аст.]

Сипас хам шуда, ду даст дар рӯи ду зону гузорад ва бигӯяд:

Пок ва бартарӣ Ту, аз ёди ман ва ёди дигарон ва аз ситоиши ҳар он кас, ки дар осмон ва дар замин аст.

Сипас ду дастро дар рӯ ба рӯи чеҳра гирифта бигӯяд:

Эй Худои ман, он касеро, ки бо ангуштони умед ба домани меҳрабонии Ту ва бахшиши Ту чанг задааст, ноумед магардон. Эй Меҳрабонтарини Меҳрабонон!

Сипас нишинад ва бигӯяд:

Гувоҳӣ медиҳам, ба яктоии Ту ва беҳамтоии Ту ва ба ин ки Туӣ Худованд, нест Худое, ҷуз Ту. Ба ростӣ, Амратро падидор намудӣ ва ба аҳдат вафо кардӣ ва дарвозаи бахшишатро ба рӯи ононе, ки дар осмон ва дар заминанд, боз кардӣ. Шодбош ва осоиш, дуруд ва ситоиш бар он дӯстони Ту бод, ки дигаргунӣ ва гардиши рӯзгор ононро аз рӯ овардан ба сӯи Ту боз надошт, ва дар орзуи он чӣ дар назди Туст, аз он чӣ дар назди онҳо буд, гузаштанд.

Агар касе ба ҷои бахши дароз гуфтори осмонии зеринро бихонад, бaсанда аст:

Худованд гувоҳӣ медиҳад, ба ин ки нест Худое, ҷуз Ӯ, Нигаҳбон ва Ҷовидон.

Ва ҳамчунин ҳангоми нишастан, хондани ин гуфтори осмонӣ басанда аст:

Гувоҳӣ медиҳам, ба яктоии Ту ва беҳамтоии Ту ва ба ин ки Туӣ Худованд, нест Худое ҷуз Ту.

Намози миёна дар як руз бояд: дар бомдод; нимрӯзӣ; ва бегоҳӣ хонда шавад.

#14613
- Bahá'u'lláh

 

General

АЗ “АДИЪАИ ҲАЗРАТИ МАХБУБ”

Ҳувал ҳай! Шаҷараи амо дар ҳаракат аст, ва сидраи вафо дар баҳҷат, то давҳаи бақо дар арзи Аҳадийя мағрус шавад, ва варақаи нуро аз фунуни лақо ба варқо мақрун гардад, ки шояд аз муонисати ин ду латифаи раббонӣ ва ду дақиқаи самадонӣ талъати солисӣ пайдо шавад, то натиҷаи (фаъаззно ба солис) дар арсаи зуҳур машҳуд ояд вассалом!

#15684
- Bahá'u'lláh

 

Қалами Аъло аҳли Баҳоро ба фуюзоти раҳмония башорат медиҳад, ва ҷамеъро насиҳат мефармояд, то кулл ба нусҳиллоҳ Молики Асмоъ бимо иродаҳул маҳбуб фоиз шаванд. Ҷидол ва низоъ ва фасод мардуд буда ва ҳаст. Бояд аҳиббои илоҳӣ ба лиҳози муҳаббат дар халқ назар намоянд, ва ба насоеҳи мушфиқона ва аъмоли тайиба куллро ба уфуқи ҳидоят кашонанд. Басо аз нуфус, ки худро ба Ҳақ нисбат додаанд ва сабаби тазийъи Амруллоҳ шудаанд. Иҷтиноб аз чунин нуфус лозим, ва баъзе аз нос, ки ба мақсуди аслӣ дар айёми илоҳӣ фоиз нашудаанд, ва раҳиқи маъониро аз каъси баён наёшомидаанд, аз аъмоли ғофилин ва афъоли муддаъин мутаваҳҳим Чунончи мушоҳида шуд, баъзе аз нуфус, ки ба самои имон иртиқоъ ҷустанд, ба сабаби аъмол ва ақволи анфоси козиба аз уфуқи иззи аҳадийя муҳтаҷиб монданд, маъа он ки солҳо ин фардро шунидаанд. Гар ҷумлаи коинот гарданд, бар домани кибриёаш нанишинад гард. Баъзе аз ибод он чӣ аз муддаиёни муҳаббат мулоҳиза намоянд, ба Ҳақ нисбат медиҳанд, фабеъса мо ҳум яъмалун. Дар ҷамиъи аъсор ахёр ва ашрор буда ва хоҳанд буд. Ан эътабиру ё улил абсор. Қулуби тоҳира ва абсори мунира ва нуфуси закия бояд дар ҷамиъи аҳён ба уфуқи Амр нозир бошанд на ба аъмол ва ақволи муддаиён ва козибон. Аз Ҳақ Ҷалла Ҷалола масъалат намоед ҷамеъро ҳидоят фармояд. Ва ба ризои Матлаъи Оёт, ки айни ризои Уст фоиз фармояд. Иннаҳу лаҳу вал Муҷибул Муътиюл Ғафурул Карим. Маҳзи фазл ва иноят ин Лавҳ аз самоъи машияти Илоҳия нозил. То ҷамеъи аҳиббо ба моиродаллоҳ мутталеъ шаванд, ва аз шуруринуфусиаммораэҳтирознамоянд. Ҳар мутакаллимеро содиқ надонанд, ва ҳар қоилеро аз аҳли Сафинаи Ҳамро нашуморанд. Иннаҳу ла ҳувал Мубайинул Мутакаллимул Содиқул Мутаолиюл Азизул Амин.

#15685
- Bahá'u'lláh

 

АЙЕМИ ҲОЪ

Айеми Ҳоъ-рӯзҳои иловашуда дар тақвими баҳоӣ, ки мобайни моҳҳои Мулк ва Аъло ҷой гирифтаанд, мутобиқ бо 26 феврал то 1 март, ки рӯзҳои омодашавӣ барои даромадан ба моҳи Рӯзаанд, ва бояд ба меҳмоннавозӣ кардан ва ҳадя додан, ба бахшишу хайрот ва ситоишу зикри Илоҳӣ бахшида шаванд.

Эй Худои ман ва Оташи ман ва Равшании ман! Рӯзҳое, ки Эй Дорандаи Номҳо, дар Китоби Худ Айёми Ҳоъ номидаӣ даромаданд ва рӯзҳои рӯзае, ки аз Қалами Аълои Худ дастур додаӣ, то риоят шаванд, ба ононе, ки дар Подшоҳии Осмонии офаринишанд, наздик шудаанд.

Эй Парвардигори ман! Суол мекунам Туро, ба он рӯзҳо ва ба онҳое, ки дар он ба ресмони амрҳои Ту ва дастаи аҳкоми Ту чанг задаанд, то барои ҳар яке қароргоҳе дар паноҳи Худ ва мақоме дар пешгоҳи зуҳури нури Рӯи Худ бисозӣ. Эй Парвардигори ман! Онҳо бандагоне ҳастанд, ки ҳаво ононро аз он чӣ дар Китоби Ту нозил шудааст, манъ нанамуд.

Дар назди Амри Ту сар фуруд овардаанд ва Китоби Туро ба қуввае, ки аз сӯи Туст ба даст гирифтаанд, ва он чиро, ки аз назди Ту дастур дода шудааст, риоят мекунанд, ва он чиро, ки аз сӯи Ту барои онҳо нозил шудааст, мепазиранд.

Эй Парвардигори ман! Мебинӣ он чиро ки дар алвоҳи Ту нозил шудааст, онҳо иқрор шудаанд ва эътироф намудаанд. Эй Парвардигори ман! Аз дасти бахшиши Худ ба онҳо оби зиндагонии поянда бинӯшон. Сипас, барои онҳо музди онеро муайян намо, ки дар баҳри дидори Ту ғарқ шуд ва ба маи сурхи ноби Ту даст ёфт.

Суол мекунам Туро, Эй Подшаҳи подшаҳон ва Меҳрабони зердастон! То барои онҳо хайри дунё ва охиратро муқаддар намоӣ. Сипас барои онҳо он чиро муқаррар намо, ки касе аз халқи Ту онро нашинохт, сипас онҳоро аз ононе бигардон, ки дар гирди Ту тавоф намуданд, ва дар ҳар як оламе аз оламҳои Ту, дар гирди Тахти Ту тавоф менамоянд.

Ба ростӣ, Туӣ Тавоно ва Доно ва Огоҳ.

#14627
- Bahá'u'lláh

 

Айеми Ҳоъ-рузҳои иловашуда дар тақвими баҳоӣ, ки мобайни моҳҳои Мулк ва Аъло ҷой гирифтаанд, мутобиқ бо 26 феврал то 1 март, ки рузҳои омодашавӣ барои даромадан ба моҳи Рузаанд, ва бояд ба меҳмоннавозӣ кардан ва ҳадя додан, ба бахшишу хайрот ва ситоишу зикри Илоҳӣ бахшида шаванд.

Эй Худои ман ва Оташи ман ва Равшании ман! Рузҳое, ки Эй Дорандаи Номҳо, дар Китоби Худ Айёми Ҳоъ номидаӣ даромаданд ва рузҳои рузае, ки аз Қалами Аълои Худ дастур додаӣ, то риоят шаванд, ба ононе, ки дар Подшоҳии Осмонии офаринишанд, наздик шудаанд. Эй Парвардигори ман! Суол мекунам Туро, ба он рузҳо ва ба онҳое, ки дар он ба ресмони амрҳои Ту ва дастаи аҳкоми Ту чанг задаанд, то барои ҳар яке қароргоҳе дар паноҳи Худ ва мақоме дар пешгоҳи зуҳури нури Руйи Худ бисозӣ. Эй Парвардигори ман! Онҳо бандагоне ҳастанд, ки ҳаво ононро аз он чӣ дар Китоби Ту нозил шудааст, манъ нанамуд. Дар назди Амри Ту сар фуруд овардаанд ва Китоби Туро ба қуввае, ки аз суйи Туст ба даст гирифтаанд, ва он чиро, ки аз назди Ту дастур дода шудааст, риоят мекунанд, ва он чиро, ки аз суйи Ту барои онҳо нозил шудааст, Эй Парвардигори ман! Мебинӣ он чиро ки дар алвоҳи Ту нозил шудааст, онҳо иқрор шудаанд ва эътироф намудаанд. Эй Парвардигори ман! Аз дасти бахшиши Худ ба онҳо оби зиндагонии поянда бинушон. Сипас, музди онеро муайян намо, ки дар баҳри дидори Ту ғарқ шуд ва ба майи сурхи ноби Ту даст ёфт. Суол мекунам Туро, Эй Подшаҳи подшаҳон ва Меҳрабони зердастон! То барои онҳо хайри дунё ва охиратро муқаддар намоӣ. Сипас барои онҳо он чиро муқаррар намо, ки касе аз халқи Ту онро нашинохт, сипас онҳоро аз ононе бигардон, ки дар гирди Ту тавоф намуданд, ва дар ҳар як оламе аз оламҳои Ту, дар гирди Тахти Ту тавоф менамоянд. Ба ростӣ, Туӣ Тавоно ва Доно ва Огоҳ.

#15674
- Bahá'u'lláh

 

АФВ ВА БАХШИШ

Поко Подшоҳо! Ҳар огоҳе бар яктоият гувоҳӣ дода, Туӣ Он Тавоное, ки ҷудат вуҷудро мавҷуд фармуд ва хатои ибод атоятро бознадошт. Эй Карим, аз матлаъи нурат мунаввар намо, ва аз машриқи ғаноят сарвати ҳақиқӣ бахш. Туӣ Бахшанда ва Тавоно.

#15638
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо! Ба як калима аз калимоти улё арз ва саморо халқ фармудӣ, ва ба як қатра аз дарёи ҷудат вуҷудро мавҷуд намудӣ. Туӣ Муқтадире, ки қувват ва қудрати ҷабобираи арз ва фароинаи билод Туро аз ирода манъ нанамуд. Эй Карим, фақире ба бобат таваҷҷуҳ намуда, ва заифе ба ҳабли иқтидорат тамассук ҷуста. Аз Ту карами қадиматро металабад, ва афви ҷадидатро соил ва омил. Уро аз дарёи фазлат маҳрум манамо, ва аз кавсари зиндагонии абадӣ мамнуъ масоз. Туӣ Қодир ва Тавоно. Эй Парвардигор! Зарроти олам бар ғаноят гувоҳанд, ва бар фазлат муқир ва муътариф. Оё мисли Ту Ғанӣ, мисли мани фақирро маҳрум менамояд? Ҳошо ва калло! Ашҳаду ва яшҳаду кулул-ашё, бианнака Анта Акрамул-Акрамин ва Арҳaмур Роҳимин.

#15639
- Bahá'u'lláh

 

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони меҳрубон! Саропо гунаҳем ва хоки раҳем ва мутазарреъ дар ҳар субҳгаҳем. Эй Бузургвор, хато бипӯш ва ато бибахш, вафо бифармо, сафо иноят кун, то нури ҳидоят тобад ва партави мавҳибат биафзояд. Шамъи ғуфрон барафрӯзад, пардаи исён бисӯзад, субҳи умед дамад, зулмати навмед зоил гардад, насими алтоф бивазад ва шамими эҳсон мурур намояд, машомҳо муаттар гардад, рӯйҳо мунаввар шавад. Туӣ Бахшанда ва Меҳрубон ва Дурахшанда ва Тобон.

#14455
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Таваҷҷуҳ ба малакути ғайби Абҳо кун ва муноҷот намо: Эй Яздони меҳрубон, ғариқи баҳри исёнам, тариқи ғуфрон бинамо. Саросар қусурам, аз доми ғурур раҳоӣ бахш. Ҷисмониям, рӯҳонӣ намо. Имкониям, раҳмонӣ кун. Ташнаи моъи маъинам, ба айни тасним далолат фармо. Муштоқи дидорам, мушоҳидаи анвор муяссар фармо. Аз худ безорам, гирифтори Хеш кун ва аз оламиён дар канорам, нафҳаи зулфи мушкбор ба машомам ор. Саргардонам, сару сомон бахш. Бечораам, овораам, паноҳ деҳ. Муштоқам ба висоқи висол дарор. Дар эҳтироқам, нури ишроқ бибор. Заифам, тавоно намо. Фақирам, канзи ғано ато кун. Дардмандам, дармон деҳ. Ҷариҳам, марҳам ато кун. Гирифторам, раҳоӣ бахш. Пургуноҳам, аз зиллати исён бираҳон. Дар зилли иноят маскан бахш ва ба сирфи мавҳибат муомила фармо, то пай ба ҷаҳони дигар барам ва ба кишвари дигар раҳбар шавам. Аз каъси таҳур сармаст гардам ва дар майхонаи муҳаббат майпараст шавам. Туӣ Қодир ва Тавоно, ва Туӣ Карим ва Раҳим ва Пурато.

#14456
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори Меҳрубон! Ҳарчанд гунаҳкорам, вале ба бахшишат умедвор, мустамандам ва фақир. Туӣ Арҷманд ва Муҷир. Дардмандам ва ҳақир. Туӣ Дармони ҳар алил ва асир. Худовандо, таъйиде бахш ва тавфиқе эҳсон фармо, то бар хидматат кӯшам ва ридои мавҳибат пӯшам ва аз салсабили иноят нӯшам.

#14457
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ҳарчанд гунаҳкорем, вале ғуфрони Ту аъзам аз ҳар гуноҳ, ҳарчанд зулмати исён зоҳир ва аён, вале кавкаби раҳматат дурахшонтар аз маҳи тобон, партаве он зулматро маҳв намояд ва мавҷе он хас ва хошокро зоил кунад. Эй Парвардигор, Эй Омурзгор, бахшишат офаринишро ҳаёти ҷадид бахшид ва хуршеди эҳсонат аз уфуқи имкон бидурахшид, бо вуҷуди ин мавоҳиб осиёнро чӣ ғам ва чӣ бок, ҷамеъ мултаҷӣ ба каҳфи манеъ ва лоиз ба малози рафеъ. Мавҳибате ато фармо, ки сироҷи қулуб ба нури ҳудо равшан гардад ва ҳадоиқи нуфус ба баҳори доимӣ гулшан шавад. Туӣ Бахшанда ва Меҳрубон ва Омурзандаи ҳар пажмурдаи пурисён. Иннака Антар– Раҳмон, ё Азимал– Ғуфрон ва иннака Антал– Аффувул– Ғафурул– Мустаъон.

#14458
- `Abdu'l-Bahá

 

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Ҷамоли Абҳо, Эй Ҳазрати Кибриё! Ин саргаштагон гумгаштагони кӯи Туанд ва савдоиёни рӯи Ту. Инояте фармо, ки қулуб ҷилвагоҳи рӯи Ту гардад ва судур оташкадаҳои пурсӯз. Анвори асрор бар сароир битобад ва партави биниш бар басоир занад.

#14459
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Дар ҳар нафасе сар ба туроби аҷз ва ниёз ниҳам ва тазарруъ ва зорӣ намоям, ки: Эй Худованди Бениёзам ва Маҳрами розам ва Ёри Дилнавозам, он ёрони деринро маззоқ шаккарин намо ва дар даргоҳи Аҳадиятат бандаи нозанин фармо ва дар айвони иллийин садрнишин кун. Туӣ Ҳаннон, Туӣ Маннон, Туӣ Меҳрубон.

#14460
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Омурзгор! Ҳама гунаҳкорем ва ҷафокирдор. Ту Омурзандаӣ, Ту Бахшандаи Меҳрубон. Дар қадр ва лаёқат мангар, дар фазл ва афв бинигар, моро дар баҳри ғуфрон ғариқ кун ва дар Ҷаннати Абҳо бо Малаъи аъло рафиқ. Туӣ Раҳим, Туӣ Раҳмон.

#14461
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро! Ин бандагонро паноҳ Туӣ. Воқифи асрор ва огоҳ Туӣ. Ҷамеъи мо оҷизем ва Ту муқтадир ва Тавоно. Ҷамеъи мо гунаҳкорем ва Туӣ Ғофируз– зунуб ва Раҳим ва Раҳмон. Парвардигоро! Назар ба қусури мо манамо, ба фазл ва мавҳибати Хеш муомила кун. Хатои мо бисёр аст, вале баҳри раҳмати Ту бепоён. Аҷзи мо бисёр аст, валекин таъйид ва тавфиқи Ту ошкор. Пас таъйид деҳ ва тавфиқ бахш ва моро ба он чӣ сазовори даргоҳи Туст, муваффақ намо. Дилҳоро рушан кун ва чашмҳоро бино намо ва гӯшҳоро шунаво кун, мурдагонро зинда фармо ва маризонро шифо бахш. Фақиронро ғанӣ намо ва хоифонро амният бахш ва моро дар Малакути Хеш қабул намо ва ба нури ҳидоят рушан кун. Туӣ Муқтадир, Туӣ Тавоно, Туӣ Карим, Туӣ Раҳим ва Туӣ Меҳрабон!

#14462
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй муниси ёрон! Таваҷҷӯҳ ба ҷаҳони Яздон намо ва табаттул ба Малакути пинҳон кун ва ин муноҷот бинамо: Эй Дилбари яктои ман, овораи саҳроям ва саргаштаи бодияпаймо дар раҳат афтон ва хезон ва сармасти паймонаи паймон. Уфтодаам, бечораам, дилдодаам, шайдоиям, савдоиям, вале рӯй ба сӯи Ту орам ва орзуи кӯи Ту дорам. Дар ҳиҷронам, пурҳирмонам, бесарусомонам, ба лутф ва иноятат шоёнам. Асирам муҷир шав, уфтодаам дастгир шав. Ғарибам муниси ҷон шав. Бекасам муъини дилу ҷон гард. Аз ҷаҳон ва ҷаҳониён безор фармо ва дар паноҳи Хеш манзил ва қарор бахш. Аз модун мустағнӣ кун ва аз атои Хеш баҳра ва насиб деҳ. Гуноҳ биёмурз. Хато бипуш. Афв ва ғуфрон фармо, зеро гунаҳкорем, бадрафторем, дар баҳри исён мустағрақем. Туӣ Маҳбуби меҳрубон ва Туӣ Бахшандаи гуноҳон. Эй Парвардигор, иқтидор деҳ, собит ва пойдор намо. Бесабр ва қарор кун ва маҷнуни ҷамоли пуранвор намо, ва мафтуни он зулфи мушкбор фармо, то бегона ва хеш фаромӯш намоем ва монанди дарё ба ҷӯш ва хурӯш оем, ва аз паймонаи паймон маст ва мадҳуш гардем. Туӣ Бахшанда ва Меҳрубон, ва Туӣ Омурзанда ва Омӯзандаи ёрон.

#14463
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ҳарчанд оҷиз ва нотавонам, вале Ту Қодир ва Тавоно. Шармандаем, дармондаем ва оҷиз мондаем. Ту Муъинӣ, Ту Заҳирӣ, Ту Дастгирӣ. Он чӣ сазовори Парвардигорист шоён фармо ва он чӣ шоёни Омурзгорист арзон кун. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда ва Ҳифзкунанда ва Меҳрубон.

#14464
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин гунаҳкор шармсор аст ва гирифтори ҳавоҷиси ин хокдони торик ва тор. Эй Маҳбуби Меҳрабон! Аз нафс ва ҳаво безор кун ва гирифтори муҳаббати Хеш фармо, то аз худ бигзарем рӯи Ту ҷӯем, хӯи Ту хоҳем, роҳи Ту пӯем. Аз ҳар қайде озод шавем ва аз ҳар ғаме ва балое дилшод гардем. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда ва Меҳрабон.

#14465
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор! Ҳарчанд гунаҳкорем вале ба бахшишат умедвор, мустамандем ва фақир, Туӣ арҷманд ва муҷир, дардмандем ва ҳақир, Туӣ дармони ҳар алил ва асир. Худовандо, таъйиде бахш ва тавфиқе эҳсон фармо, то дар хидматат кӯшам, ва ридои мавҳибат пӯшам, ва салсабили иноят нӯшам. Вал Баҳоу Алайк.

#14466
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳо Эй Худованди меҳрабон! Мо гунаҳкорем ва Ту Омурзгор ва мо табоҳкорем ва Ту Аффуви Ғаффор. Ҳар чанд мавҷи гунаҳ авҷ гирифтааст, вале ба афв ва ғуфронат муътамидем, ва ҳарчанд сели исён дар ниҳояти туғён аст, вале ба бахшиш ва эҳсонат мутавассилем. Эй Худои Пурато! Хато бипӯш. Дарёи раҳмат ба ҷӯш овар ва ҷоми мағфират бинӯшон. Ҳарчанд зулмати зунуб шадид аст, вале маҳи тобони мағфиратат бас мунир. Эй Худованд! Ин мустамандро дар айвони баланд ҷой деҳ ва арҷманд фармо, ва дар фалаки ғуфрон ахтари тобон кун, ва дар сояи дарахти умед маскан ва маъво бахш. Туӣ Ғафур ва Тавоно.

#14467
- `Abdu'l-Bahá

 

Аллоҳу Абҳо Эй Худои Пурато! Хато бипӯш ва бахшиши ройгон ва омурзиши бепоён мабзул фармо. Чашмҳоро боз ва гӯшҳоро бо роз дамсоз кун, то дар ин каври азим оёти тавҳид таҷассум намояд ва ҳақиқати таҷрид таҳаққуқ ёбад, чӣ ки сазовори ин каври нуронӣ чунин мавҳибати Раҳмонӣ аст.

#14468
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, гунаҳкорам ва Ту Омурзгор, қосирам ва Ту Ғофир, дар зулмати исёнам ва Ту Нури ғуфрон. Пас– Эй Худованди Меҳрабон, хато бибахш, ато бидеҳ, гуноҳ биёмурз, паноҳ ато кун, дар чашмаи Айюб ғӯта деҳ ва аз ҷамеъи илал ва амроз шифо бахш. Пок ва муқаддас кун ва аз файзи тақдис насиб ато фармо, то ҳузн ва андӯҳ зоил гардад ва фараҳ ва сурур ҳосил шавад, яъс мубаддал ба умед гардад ва хавф мунқалиб ба раҷо. Туӣ Аффув ва Ғафур ва Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

#14469
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин гунаҳкорро аз ағёр безор намо ва ба муҳаббати Хеш гирифтор намо аз банд ва каманди ҳаво ва ҳавас раҳо кун, ва дар доми муҳаббати ҷамоли Абҳо биафкан, то он чӣ ғайри Ӯст фаромӯш кунам, ва аз бодаи муҳаббатат сармаст ва мадҳуш гардам. Эй Худованд, нодонам ва ба гумони хеш гирифтор, чорае кун ва ин афтодаро аз нафси аммора наҷот бахш, ҳар дам васвасае намояд ва дар ҳар нафас доми тозае ниҳад. Эй Худованд, Ту наҷот бахш ва раҳоӣ деҳ, ва ба нафаҳоти қудси Хеш чорае кун, шояд ин дил аз олами об ва гил раҳоӣ ёбад, ва дар авҷи Раҳмонӣ парвоз намояд, ва ба руҳи инқитоъ биосояд.

#14470
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор, ин нуфус ошуфтаи рӯи Туанд ва гумгаштаи кӯи Ту ва ошиқони хулқ ва хӯи Ту, сармасти ҷоми Туанд ва паррандагони боми Ту, мурғони дастомӯзи иноятанд, ва булбулони шайдои гулҳои ҳақиқат, ташнагони чашмаи раҳматанд, ва оворагони иқлими марҳамат. Эй Омурзгор, гуноҳи бандагон ғуфрон намо ва паноҳ ба бечорагон бахш. Туӣ Худои меҳрабон, ва Туӣ Соҳиби афв ва ғуфрон, заифонро қувват бахш ва алилонро шифо иноят фармо ва мустамандонро арҷманд кун ва афсурдагонро иштиъол бахш. Аз шарри ифтитони азим маҳфуз ва аз садамоти имтиҳони шадид масун бидор, бар Аҳд ва Мисоқ мустақим кун ва бар паймон ва имон мустадим. Дар зилли Малакути Абҳоят манзил деҳ ва дар паноҳи ҷабарути аълоят маъво бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, Туӣ Шунаванда ва Бино.

#14471
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, Эй Кирдигор, мо гунаҳкорем ва Ту Омурзгор, ва мо муқассирем ва Ту Бузургвор. Ҳарчанд исён монанди дарёи бепоён, вале афв ва ғуфрони Ту аъзам аз он. Чун нури бахшишат бидурахшад, зуламоти исён ҳарчанд торик ва ҳолик бошад, зилли зоил гардад. Чун моҳи таҳур аз малакутат, Эй Рабби Ғафур, нозил шавад, авсохи хато ҳарчанд азим бошад, мафқуд гардад ва саъюот бадал ба ҳасаноти мавфур шавад. Эй Худованд, ин бандаи мустамандро ба авҷи баланд бирасон ва ин абди мискинро дар даргоҳи Аҳадиятат паноҳ деҳ. Ҳарчанд пургуноҳем, дар ҷивори раҳмати кубро маъво бахш, зеро Ту Бахшанда ва Меҳрабонӣ, ва Аффув ва Ғафур бар аҳли ҷаҳон. Он чӣ сазовори раҳмат аст шоён фармо, ва он чӣ лоиқ аст мабзул дор. Туӣ Раҳмон, Туӣ Яздон, Туӣ Ҳаннон, Туӣ Маннон.

#14472
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро, ҳарчанд гунаҳкорам, вале ҷуз Ту паноҳ надорам. Шукр Туро, ки дар ин оворагии кӯҳ ва саҳро ва бечорагӣ ва озурдагӣ дар дарё, боз ба фарёд расидӣ ва таъйид фармудӣ ва тавфиқ бахшидӣ, ва ба хидмати остонат сазовор кардӣ. Мӯреро қуввати Сулаймонӣ бахшидӣ ва пашшаеро шери бешаи Раҳмонӣ фармудӣ, қатраеро мавҷи дарё додӣ ва зарраеро ба зурваи алтоф расондӣ. Ҳарчӣ буд аз Ту буд, ва илло хоки заифро чӣ қуввате, ва вуҷуди наҳифро чӣ қудрате. Парвардигоро, ба гуноҳ магир, паноҳ деҳ. Исён мабин ғуфрон намо, дар лаёқат мангар, боби иноят бигшо. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, Туӣ Олим ва Бино

#14473
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин гунаҳкорро бедор кун, ҳушёр намо, ва аз ҳастии хеш безор кун, ва нуронияти осмонӣ бахш, ва нафаси раҳмонӣ бидам. Зевари олами инсонӣ намо, роҳати виҷдонӣ деҳ, қуввати раббонӣ ато фармо. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда, ва Меҳрабон, ва Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14474
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Пок Яздоно, кулл гунаҳкорем ва Ту Омурзгор, ҷамеъ ҷомеъи уюбем ва Ту кошифи куруб, гуноҳи ин осиёнро дар лавҳи маҳфуз сабт мафармо ва аз раққи маншур маҳв кун, назар ба истеҳқоқ ва истеъдод мафармо, ба он чӣ шоёни остони раҳмоният аст, муомила фармо, ғуфрон сифати ҷалил аст ва афв ва сафҳ аз аъзам нуути Он Худованди маҷид, пас гуноҳи ин бечорагонро бибахш ва аз қусури ин осиён даргузар, занби ин абд азъам зунуб, ва гуноҳи ин бепаноҳ бузургтар аз кӯҳи пуршукӯҳ, аввал қусури ин бесар ва сомонро бибахш, пас гуноҳи ҳар осии нодон. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон ва Туӣ Омурзанда ва Мустаъон.

#14475
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Худованди меҳрабон, мо гунаҳкорем ва Ту Омурзгор ва мо табоҳкорем ва Ту Аффуви Ғаффор, ҳарчанд мавҷи гуноҳ авҷ гирифтааст, вале ба афв ва ғуфронат мӯътамидем, ва ҳарчанд сели исён дар ниҳояти туғён аст, вале ба бахшиш ва эҳсонат мутавассилем. Эй Худои Пурато, хато бипӯш, дарёи раҳмат ба ҷӯш овар ва ҷоми мағфират бинӯшон, ҳарчанд зулмати зунуб шадид аст, вале маҳи тобони мағфиратат бас мунир. Эй Худованд, ин мустамандро дар айвони баланд ҷой деҳ ва арҷманд фармо ва дар фалаки ғуфрон ахтари тобон кун ва дар сояи дарахти умед маскан ва маъво бахш. Туӣ Ғафур ва Тавоно.

#14476
- `Abdu'l-Bahá

 

Эй Парвардигор, Хатоёти ин нуфусро афв кун ва сайюоти ин залилонро сатр намо, Ту Воқифӣ, Ту Олимӣ, Ту Мутталеъӣ, Ту Огоҳӣ. Мо гунаҳкорем, мо хатокорем, мо ғофилем, мо ҷоҳилем. Ту Аффувӣ, Ту Ғафурӣ, Ту Бузургворӣ, Ту Омурзгорӣ. Иннака Антал Таввобул Саттор.

#14477
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро, ин мурғон шикастапаранд, бол ва паре бибахш ва дар авҷи афв ва ғуфрон парвоз деҳ, ва ин бечорагонро дар паноҳи омурзиши Хеш маскан ва маъво бахш, ин ташнагонро ба чашмаи алтоф бирасон ва ин мӯҳтоҷонро ба хони неъмати Хеш ҳозир фармо, аз шаби тор ва торики ҳирмон ва ҳиҷрон наҷот бахш, ва ба субҳи висол дида рӯшан намо, хато бибахш, ато бидеҳ, ва ба ончи навид бахшидӣ, вафо бифармо. Эй Худои Меҳрабон, ҳарчанд гунаҳкорем, вале ба афви Ту умедвор ва ҳарчанд беистеъдодем, вале ба бахшиш ва додат дар ниҳояти эътимод. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда ва Омурзгор ва Меҳрабон.

#14478
- `Abdu'l-Bahá

 

Аллоҳу Абҳо! Эй Қавии Қадир! Кулл дар қабзаи қудрат асирем, Ту Муҷир, Ту Дастгир. Инояте кун, мавҳибате фармо, дарвозаҳои фазл бикушо, ва назари алтоф афкан. Насими ҷонбахш бифирист, дилҳои муштоқро зинда кун, дидаҳоро равшан кун, ва соҳати дилҳоро рашки гулзор ва чаман намо. Башорат ба арвоҳ деҳ, ва масаррат ба ҷонҳо бахш. Қувваи қадима зоҳир намо, ва қудрати азима боҳир. Туюри нуфусро дар ҳавои дигар парвоз деҳ, ва маҳрамони носутро ба асрори малакут дамсоз кун. Қадами cобит бахш, қалби росих ато фармо. Мо гунаҳкорем, Ту Омурзгор. Мо бандагонем Ту Парвардигор. Бесару сомонем, Туӣ малҷаъ ва паноҳ. Бар нашри нафаҳотат таъйид кун, бар эълони Калимотат тавфиқ бахш. Бесаронро сарварон кун, бенавоёнро ганҷи равон бахш. Нотавононро тавоноӣ бахш, заифонро қуввати осмонӣ деҳ. Туӣ Парвардигор, Туӣ Омурзгор, Туӣ Довари Кирдигор.

#14479
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор, ба ончи сазовор аст муваффақ кун, Эй Омурзгор ба он чӣ лоиқ аст муайяд фармо. Ин дастҳо ба домани афват пайваста, ва ин дилҳо ба муҳаббатат муқайяд ва баста, иноят кун, мавҳибат бахш.

#14480
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, мо гунаҳкорем ва Ту Омурзгор, мо ситамкорем ва Ту Бузургвор. Хато бипӯш, гуноҳ бибахш, қусур афв кун, бино кун ва шунаво, ҳушёр фармо ва доно. Мутанаббеҳ кун ва мутазаккир, мутазарреъ фармо ва мутафак– кир. Малҷаъ ва паноҳӣ ва марҷаъи субҳгоҳ, огоҳӣ ва гувоҳ, ки ҷуз Ту наҷӯям ва ба ғайр аз роҳат напӯям ва ҷуз саноят нагӯям. Эй Яздони Меҳрабон, мустаҳақи раъфат ва иноятем, ва муҳтоҷи афв ва мағфират. Додрасо, ба фарёд рас. Иннака Антар Раҳмону Раҳим.

#14481
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй бандаи Ҳақ, дасти ниёз ба даргоҳи Ҳазрати Бениёз бардор ва бигӯ: Эй Парвардигор! Гунаҳкорем афв ва мағфират фармо, мӯҳтоҷем аз канзи Малакут бахшише намо, овораем дар паноҳи лутфат маъво бахш, бечораем қувват ва қудрате иноят кун. Туӣ Фаззол, Туӣ Карим ва Тавоно.

#14482
- `Abdu'l-Bahá

 

АҲД ВА МИСОҚ

Рабби ва Раҷои! Аййид аҳиббоака алос–субути ало Мисоқикал – Азими вал –истиқомати фӣ Амрикал – мубини вал – амали бимо амартаҳум фӣ Китобикал – мунири ҳатто якуну аъломул–ҳудо ва суруҷул–аъло ва янобиъул – ҳикматил – кубро ва нуҷумул –ҳудо фӣ уфуқил – уло. Иннака Антал – Қавийюл – Муқтадирул – Қадир.

(Эй Худои ман ва Умеди ман! Дӯстонатро таъйид фармо, то дар Паймони Азимат устувор бимонанд ва дар Амри мубинат мустақим ва пойдор ва он чиро дар Китоби мунират амр фармудаӣ, амал намоянд, то ин ки аъломи роҳнамо ва чароғҳои боло ва сарчашмаҳои хиради воло ва ситораҳои ҳидоят дар уфуқи азамат гарданд. Туӣ Қавӣ, Муқтадир ва Тавоно.)

#14640
- Bahá'u'lláh

 

Эй Худои ман ва Умеди Дустонатро таъйид фармо, то дар Паймони азимат устувор бимонанд ва дар Амри мубинат мустақим ва пойдор ва он чиро дар Китоби мунират амр фармудаӣ, амал намоянд, то ин ки аъломи роҳнамо ва чароғҳои боло сарчашмаҳои хиради воло ва ситораҳои ҳидоят дар уфуқи азамат гарданд. Туӣ Қавӣ, Муқтадир ва Тавоно.

#15671
- Bahá'u'lláh

 

Уст Муқтадир ва Мухтор Эй Молики исмҳо ва Офарандаи осмонҳо Халос намо аҳибборо Аз сиҷни душманон Туӣ Султони қазо Ва Тобанда аз уфуқи офариниш Эй Асли бақо Қасам ба умри Баҳо Ноумед нанамо онҳоро Балки кумак ва ёрӣ деҳ Дар ҳақиқат Ту Ҳокими ба он чӣ хоҳӣ Ва дар қабзаи Ту олами офариниш Дандонҳои душманони Ту омодаи газидан Гушти ошиқонатро Ҳифз намо ин ҳамроҳонро Эй Молики ҳамаи инсонҳо Ва Оне Ки ҳукм мекунӣ дар Рузи Қиёмат.

#15672
- Bahá'u'lláh

 

Ҳувалабҳо! Эй бандаи пурвафои Ҷамоли Қедам! Зинда ба Исми Аъзами, ранҷури балоро дигар чӣ ғаме? Амвоҷи ато ҳар як чу яме, дарёи ҷафо шабнаме, дигар чӣ ғаме? Ҳуҷуми аъдо торикии шабе, таъйиди Малакути Абҳо ҷилваи субҳдаме, дигар чӣ ғаме? Шамотати ҷуҳало чун танини магасе, ва нидои Малаи Аъло бонги фарёдрасе, дигар чӣ ғаме? Муқовимати уламо чун истиқомати пашшаи бенаво, қуввати Калиматуллоҳ чун реҳи сар– сари шадидулқуво, дигар чӣ ғаме? Сустии ноқизин чун ҳаракати мури бевафо, сатвати Мисоқ салтанати самовоти уло, дигар чӣ ғаме? Бунёди умам, бунёде бар ҳаво, асоси Амруллоҳ қасри машиди зирваи улиё, дигар чӣ ғаме? Вал– Баҳову алайк.

#14445
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Меҳрубон Яздони ман! Маҳзи иноят рӯҳи вуҷуд дамидӣ ва хилъати ҳаёт бахшидӣ ва аз чашмаи ҳидоят нӯшонидӣ ва нидои аласт ба самъи ин абд расондӣ ва бонги Субҳона Рабби– ял– Абҳо масмӯъ фармудӣ ва дар зилли Шаҷараи Анисо маъво додӣ ва аз каъси Мисоқ нӯшонидӣ ва ба фазли махсус мухассас доштӣ ва ба фавзи азим муваффақ намудӣ. Ҳол Эй Парвардигор, ин мискинро алами мубин фармо ва ин ҳазинро дар уфуқи мунир равшан кун. Туӣ Фаззол ва Меҳрубон.

#14446
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин нуфус муштоқи дидоранд ва савдоиёни он зулфи мушкбор. Ҳар дам фарёде намоянд ва оҳ ва фиғоне бароранд ва истидъои инояте кунанд ва мавҳибате талабанд. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон, ва Туӣ Раҳим ва Раҳмон, ва Туӣ Воҳиби фазли бепоён. Эй Худованди Бахшанда! Ин нуфусро собити Аҳд намо, росихи паймон кун. Мунҷазиб ба нафаҳоти тақдис намо ва мутазаккир ба оёти тавҳид кун. Машмули лаҳазоти айни раҳмоният намо ва маҷзуби ҷамоли нуроният кун. Ҳар дам таъйиди ҷадид бахш, ва дар ҳар нафас нафаси раҳмон ба машом бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Доно.

#14447
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Худои меҳрабон! Шукр Туро, ки бедор намудӣ ва ҳушёр кардӣ. Чашми бино додӣ ва гӯши шунаво эҳсон намудӣ. Ба Малакути Хеш далолат кардӣ ва ба сабили Худ ҳидоят фармудӣ. Роҳи рост бинамудӣ ва дар сафинаи наҷот даровардӣ. Худоё! Маро мустақим бидор ва собит ва росих кун. Аз имтиҳоноти шадида маҳфуз бидор, ва дар ҳисни ҳасини Аҳд ва Мисоқ масун ва маъмун фармо. Туӣ Тавоно ва Туӣ Бино ва Туӣ Шунаво. Эй Худои Меҳрабон! Диле ато кун, ки монанди зуҷоҷ ба сироҷи муҳаббатат равшан бошад ва фикре ато кун, ки ба файзи руҳонӣ ҷаҳонро гулшан намояд. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон ва Туӣ Худованди Азимул Эҳсон.

#14448
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони беанбоз! Ниёз орем ва намоз, ки ин бандагонро ба рози Хеш дамсоз намо, ва аз овози ҳотифи Малаъи аъло мустамеъ фармо. Бар сироти Аҳд ва Паймонат собитқадам кун, ва ба зикри Ҷамоли Муборакат ҳамдам намо. Аз ҷоми аҳадиятат бинӯшон, ва аз шаҳди иноятат бичашон, ва ба фазли азими Ҷамоли Қадимат фоиз кун. Ин бандаи даргоҳатро ба боргоҳи Аҳадиятат роҳ деҳ, ва ин умедвори раҳмататро навмед магардон, ва бар паймон ва имон маҳкам ва устувор намо.

#14449
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд! Ин ёрони мустамандро дар Аҳди Аласт собитқадам дор ва аз бодаи иноят сармаст фармо ва ба нафаҳоти алтоф муҳтаз кун ва ба мавоҳиби ин Каври муқаддас мухассас намо. Иннака Антал Каримур Раҳим.

#14450
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Пок Яздони ман ва Худованди меҳрабони ман! Қуввате деҳ, то муқовимати ғавоили басити замин намоем ва қудрате бахш, ки чун баҳри муҳит мавҷ бар соҳили Шарқ ва Ғарб занем.

#14451
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ситоиш ва ниёиш, шукр ва парастиш Туро сазовор, ки муваффақ ва муайяд бар субут ва русух бар Аҳд ва Паймон намудӣ ва қуввати тамассук ба урватул– вусқо бахшидӣ. Ҳар пардаеро аз пеши дида даридӣ ва ҳар ҳоилеро аз сироти мустақим барандохтӣ ва мунеъеро аз мушоҳидаи нури мубин бипардохтӣ.Чашмҳо равшан фармудӣ ва собитин бар Мисоқро шамъи анҷуман кардӣ. Алами Аҳдро дар офоқи умам чунон баланд намудӣ, ки ҳар пир ва барно ва кӯдак ва бузург, ва доно ва ёр ва ағёр ва бегона ва ошно, нотавон ва тавоно маҷбур бар эътироф гаштанд, ва маҷоли инкор ба ҷиҳати нафсе боқӣ ва барқарор намонд. Пас бояд он ёрони бовафо дар ҳар он сад ҳазор шукр ба даргоҳи Аҳадиятат намоянд, ки ба ин таъйид ва тавфиқ ва истиқомат муваффақ гаштанд.

#14452
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Бахшанда, ва Дурахшанда, ва Меҳрабон! Шукр Туро, ки шоҳроҳи ҳақиқат намудӣ ва иноят фармудӣ, ва субҳи рӯшан толеъ намудӣ ва фазли гулшани восеъ бигустурдӣ, дар зилли Шаҷараи Анисо маъво бахшидӣ, базми аласт оростӣ, аз ҷоми Мисоқ сармаст фармудӣ ва дар зумраи собитон ин дӯстонро маҳшур намудӣ. Эй Меҳрабон, Туӣ Муассиси Аҳд ва Паймон, Эй Яздон Туӣ малҷаъ ва паноҳи росихон! Эй Маннон, Туӣ музилли бехирадон ва мунтақими аз мутазалзилон.

#14453
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, мoро мустақим бар Aмрат бидор, ва дар имтиҳон собит дар муҳаббат кун, ва дар дарёи иноятат мустағрақ дор. Туӣ Диҳанда ва Меҳрабон.

#14454
- `Abdu'l-Bahá

 

БОНУВОН

Бисмиллоҳил Муҳайминил Қайюм! Эй канизи Ман, ба ин баён, ки аз машриқи фами Раҳмон ишроқ намуда, нотиқ бош! Эй Парвардигори ман ва Якто Худованди Бемонанди ман! Шаҳодат медиҳам ба яктоии Ту ва ба ин ки аз барои Ту вазир ва муъине набуда ва нест. Ламязал якто будаӣ, ва лоязол хоҳӣ буд. Эй Худои ман ва Маҳбуби ҷони ман! Имрӯз рӯзест, ки Фуроти раҳмат ҷорӣ, ва офтоби карам мушриқ, ва самои иноят муртафеъ аст. Қасам медиҳам Туро ба Исми Сатторат, ки он чӣ ба ғайри ризои Ту амал шуда, сатр фармоӣ ва ба Исми Ғафурат аз мо даргузарӣ ва бо хилаъи ғуфрон ибод ва эмои Худро музайян дорӣ. Эй Маҳбуби ман ва Мақсуди ман! Мушоҳида менамоӣ канизи Худро, ки ба Ту таваҷҷӯҳ намуда, ва ба нори муҳаббатат муштаил гашта, ва ба бениёзии Ту тамассук ҷуста, ва дастҳои риҷоро ба шатри Ту баланд намуда. Ато фармо он чиро, ки сазовори Туст. Эй Парвардигори ман! Дар ин рӯзи муборак канизони Худро маҳрум мафармо, ва аз Қалами Аъло аҷри Лиқо аз барои кулл сабт намо.

Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Бино ва Доно.

#14628
- Bahá'u'lláh

 

Бигӯ Эй Илоҳи ман, ва Маҳбуби ман, ва Сайиди ман, ва Санади ман, ва Мақсуди ман! Шаҳодат медиҳад, ҷон ва равон ва лисон ба ин ки воҳид будаӣ, ва шибҳ ва мисл барои Ту набуда ва нахоҳад буд. Ҷамеъи алсун аз васфат оҷиз ва ҷамеъи қулуб аз ирфонат қосир буда ва хоҳад буд. Эй Парвардигори ман! Аҷз ва фақр ва фанои канизи худро мушоҳида менамоӣ. Ин соиле аст, иродаи боби Ту намуда, ва фақире аст, қасди дарёи ғанои Ту карда. Суол мекунам аз Ту, ба дарёи бахшиши Ту ва офтоби иноят ва самои фазли Ту, ки муқаддар фармоӣ аз Қалами Аъло аз барои ин амаи Худ, он чӣ сазовори бузургии Туст.

#14629
- Bahá'u'lláh

 

Ҳуваллоҳ! Эй багум! Асҳоби нор бош ва аҳли риё мабош! Кофир бош, ва мокир мабош! Дар майхона сокин шав, ва дар кӯчаи тазвир марав! Аз Худо битарс ва аз мулло матарс! Сар бидеҳ ва дил мадеҳ! Зери санг қарор, гир ва дар сояи таҳтулҳанак маъво магир! Ин аст, овозҳои Найи қудсӣ ва нағамоти Булбули Фирдавсӣ, ки ҷасадҳои фониро ҷоне бахшад, ва ҷисми туробиро равон ва Руҳи Масеҳӣ диҳад ва нури Илоҳӣ бахшад, ва ба ҳарфе олами фониро ба мулки боқӣ кашад.

#14630
- Bahá'u'lláh

 

Ҳамд Туро Эй Худои ман! Яке аз канизони Ту, ки ба Ту ва ба оёти Ту имон овардааст, дар зери сояи дарахти ягонагии Ту ворид шуд. Суол мекунам Туро эй Худои ман, ба Исми Ту, ки Ошкору Ниҳон аст, то бигузорӣ ки ӯ аз Шароби ноби махтуми Ту биёшомад, то ки он ӯро аз худ дур созад ва комилан ба ёди Ту мутеъ гардонад, ва аз ҳама кас ба ҷуз Ту мунқатеъ созад. Эй Парвардигори ман, акнун ки илми Худро бар ӯ ошкор сохтаӣ, ба фазли Худ ӯро аз файзат маҳрум мафармо, ва алҳол, ки ӯро назди Худ хондаӣ, ба фазлат ӯро аз Худ дур насоз. Пас, ӯро бо он чӣ ки бартар аз ҳамаи он чи, ки руи замини Ту мавҷуд аст таъмин кун. Ба ростӣ Туӣ Бахшояндатарин ва бахшишат азим аст. Агар бар яке аз офаридаҳоят он чиро, ки ба мулки замину осмон баробар бошад, ато кунӣ, ба қадри заррае аз мулкат кам нахоҳад шуд. Ту хеле бузургтарӣ аз он, ки мардум хоҳанд Туро Бузург номанд, зеро ин унвон танҳо яке аз номҳои Туст, ки ҳамаи онҳо танҳо ба ишораи иродаи Ту офарида шудаанд. Нест Худое ҷуз Ту, Муқтадир, Мутаол, Алим ва Карим.

#14631
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Мақсудо! Фақире аз фуқаро қасди баҳри ато намуда ва ҷоҳиле аз ҷуҳало батаҷаллиёти офтоби илмат таваҷҷуҳ карда. Суол мекунам Туро ба дамоъе, ки дар роҳи Ту дар Эрон рехта шуд, ва ба нуфусе, ки сатвати золимин ва зулми мушрикин ишонро аз таваҷҷуҳ ба Ту манъ манамуд, ва аз тақарруб боз надошт, ин ки канизи худро аз нуоқи ноиқин ва шубаҳоти мурибин ҳифз фармоӣ, ва дар зилли қибоби Исми каримат маъво диҳӣ. Туӣ Қодир бар кулл ва Муҳаймин бар кулл. Ашҳаду ва ташҳадул ашё куллаҳо би аннака Антал Муқтадирул Қадир.

#15669
- Bahá'u'lláh

 

Ҳуваллоҳ! Эй аматуллоҳ! Розӣ ба қазо бош ва ҳар навъ, ки тақдир маҷро менамояд хушнуд гард. Ҳамчунон гумон манамо, ки ончи орзуи инсон аст, хайри инсон аст. Чи бисер орзу адувве ҷон аст ва сабаби зиллат ва ҳавон. Пас умурро ба яди қудрат таслим намо, ва аз худ хоҳиш мадор. Албатта фазл шомил гардад ва ончи сабаби хайри ту аст, ҳосил шавад. Ва алайкат таҳияту вас сано.

#14540
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин канизро дар малакути иззатат азиз намо ва ин эморо дар остони муқаддасат мақбул фармо, қулубашонро мунаввар кун, то сазовори остони Аҳадиятат гарданд ва ба ибодат ва хидмат ва тазарруъ ва аҷз ва ниёз пардозанд. Ба зикри Ту зинда гарданд ва ба муҳаббати Ту ҳаёти ҷовидонӣ ёбанд. Антал Карим, ва Антал Раҳим, ва Антал Азизул Раъуфул Раббил Қадим.

#14541
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Пок Яздоно, Худованди меҳрабоно, шукр Туро, ки ин эморо азиз намудӣ ва ин ночизонро тоҷи мавҳибат бар сар ниҳодӣ, дари бахшоиш гушудӣ ва рух бинамудӣ ва дилҳо бирабудӣ. Эй Раббӣ Вадуд, ситоиш натавонем ва аз ӯҳдаи ниёиш барнаёем, оҷизем ва ночиз, қосирем ва бетамиз, вале рӯи Ту ҷӯем, сӯи Ту пӯем, санои Ту гӯем, асири занҷири муҳаббатем ва дастгири амири кишвари мавҳибат, шукр Туро, ки шаҳду шакар ба комҳо рехтӣ ва ин канизонро комёб намудӣ. Алҳамду лака вал шукру лака вал фазлу лакал мавҳибату минка. Иннака Антал Муқтадирул Атуфул Рауф.

#14542
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованд! Ин канизи мустамандро дар малакути Хеш қабул намо, ва ба файзи абадӣ маҳзуз фармо. Ҷоми ишқ бинӯшон ва нури ирфон бибахш. Дар чашмаи Айюб ғӯта деҳ ва аз меҳан ва оломи ахлоқи башарӣ шифо бахш. Партаве аз сифоти Хеш мабзул фармо. Осмонӣ кун, Раббонӣ намо. Нафасоти Руҳулқудс бидам. Ба руҳи ваҳдати олами инсонӣ зинда намо. Лисони нотиқ деҳ. Қалби фориғ бахш. Ҳуҷаҷ ва бурҳон илҳом кун ва сабаби ҳидояти нуфус фармо. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Карим ва Раҳим ва Доно.

#14543
- `Abdu'l-Bahá

 

ГУЗАШТАГОН

Ҳуваллоҳ! Яздони меҳрубоно! Ин канизи азиз валаҳангез буд ва бо ақл ва тамиз муштоқи дидор буд ва орзуи он диёр менамуд ва бо чашме ашкбор таваҷҷӯҳ ба малакути асрор дошт, басо шабҳо, ки машғул ба роз ва ниёз буд ва басо рӯзҳо ба ёди ту ҳамдам ва дамсоз. Ҳеҷ субҳе ғофил набуд ва ҳеҷ шоме офил нагашт. Монанди мурғи хушоҳанг ҳар дам ба тиловати алвоҳ ва оётат машғул буд ва ба масобаи оина орзуи нури таҷаллӣ менамуд. Эй Омурзгор, ин ҳушёрро ба боргоҳи бузургвории Хеш роҳ деҳ ва ин мурғи дастомӯзро ба ҳадиқаи бақо парвоз бахш, ин муштоқи пурэҳтироқро ба висоқи висол дохил кун ва ин ошуфтаи парешонро аз ҳирмон наҷот бахш, ва ба айвони раҳмон дарор. Эй Парвардигор, ҳарчанд гунаҳкоронем, Туӣ Омурзгор, ҳарчанд ғариқи баҳри исёнем, Туӣ Худованди Меҳрубон, афви қусур фармо ва мағфирати мавфур бинамо, файзи ҳузур бахш ва саҳбои сурур бинӯшон. Мо асири хатоем ва Туӣ амири ато, мо ғариқи маъсиятем ва Ту Худованди раҳмати кубро. Ҳарчи ҳастем мансуб ба остони Туем ва ҳарчи бошем муқими даргоҳи Ту. Туӣ Бахшанда ва Дурахшанда ва Поянда ва Меҳрубон ва Туӣ Карим ва Раҳим ва Азимул– эҳсон ва Касирул– ғуфрон. Иннака Антат– Таввобу ё Раббал– арбоб.

#14395
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро! Нафси нафисe ба Малакути шуҳуд сууд намуд, ва аз хокдони фонӣ ба ҷаҳони ҷовидонӣ шитофт. Меҳмони ҷадид аст, азиз фармо, бандаи қадим аст, хилъати бадеъ ато кун. Эй Беанбоз! Биёмурз ва бинавоз, ва ба хилватгоҳи роз роҳ деҳ, ва дар маҳфили таҷаллӣ ҳамдам ва дамсоз намо. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Меҳрабон, ва Туӣ Омурзанда, ва Навозанда ва Тавоно.

#14396
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳиял Абҳо! Эй Парвардигор! Ту Омурзгорӣ! Эй Кирдигор, Ту Бузургворӣ! Ин бандаи азизро дар нузли иззатат маъво деҳ, ва ин бечораи афтодаро дар ҷивори раҳматат сар ва сомон бахш. Аз ҷоми Лиқо бинушон ва дар зилли Шаҷараи Тубо маскан ва маъво деҳ. Ба мавҳибати Лиқо мушарраф дор, ва ба саодати абадия муаззаз фармо. Ва бозмондагони он нафси нафисро муайяд фармо, то бар қадами он падари азиз рафтор намоянд, ва ба хулқ ва хӯи ӯ байни оламиён машҳур шаванд. Роҳи Ту пӯянд ва ризои Ту ҷӯянд ва санои Ту гӯянд. Туӣ Худованди Меҳрабон, ва Туӣ Яздони Маннон.

#14397
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Омурзанда ва Меҳрубоно! Ин ҷонҳои пок аз зиндони хок озод шуданд ва ба ҷаҳони Ту парвоз карданд. Некхӯ буданд ва мафтуни рӯи Ту ва ташнаи ҷӯи Ту. Дар замони зиндагонӣ ба нафҳаи раҳмонӣ зинда буданд, дидаи бино ёфтанд, гӯши шунаво доштанд. Аз ҳар бастагӣ озод буданд ва пайваста ба иноятат хуррам ва дилшод. Ҳол ба ҷаҳони роз парвоз намуданд ва дар ҷивори раҳматат ба шаҷараи Тубо лона ва ошёна созанд ва ба нағма ва тарона пардозанд. Худоё, ин нуфусро гуноҳ биёмурз ва аз чоҳ ба авҷи моҳ бирасон. Дар гулшани алтоф роҳ деҳ ва дар чамани афв ва ғуфрон паноҳ бахш, сарвари озодагон намо ва дар ҳалқаи муқаррабон дарор. Бозмондагонро навозиш фармо ва осоиш бахш, ва зевари олами офариниш кун, то ба ситоиши Ту пардозанд ва ба тасбеҳ ва тақдиси Ту. Туӣ Аффув, Туӣ Ғафур, Туӣ Омурзанда ва Меҳрубон.

#14398
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин нафси пок таваҷҷӯҳ ба малакути Ту намуд, ва тазаррӯъ ва зорӣ кард, то ҳол асири носут буд, ҳол қасди вуруд дар малакути бақо намуд ва таваҷҷӯҳ ба малакути ҷаҳонӣ кард, ва умеди алтофи номутаноҳӣ дошт. Эй Омурзгор, гуноҳ биёмурз ва афв ва ғуфрон мабзул дор, ин ташнаро ба чашмаи ҳаёт расон ва ин моҳиро дар баҳри бепоёни ғуфрон ғӯта деҳ, то ин тайр ба гулшани раҳмонӣ парвоз намояд ва дар ҳадиқаи афв ва мағфирати номутаноҳӣ дарояд. Туӣ Омурзанда ва Бахшанда, ва Меҳрабон.

#14399
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худои Омурзанда! Модари меҳрубони маро гуноҳ биёмурз. Қусур афв фармо. Назаре иноят бинамо ва дар малакути Хеш дохил кун.

Худоё! Маро аз бадве ҳаёт тарбият намуд, парвариш дод, вале ман мукофоти заҳамоти ӯ нанамудам. Ту мукофот фармо. Ӯро ҳаёти абадия бахш ва дар малакути Хеш азиз фармо. Туӣ Омурзанда ва Бахшанда ва Меҳрабон.

#14400
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд! Ин мустаманд ба даргоҳат афтода. Шӯрида ва ошуфта, шефта ва дилдода талаби омурзиш аз барои модари меҳрубон менамояд. Туӣ Бахшандаи Ягона, ва Диҳандаи ҳар ошно ва бегона. Омурзиш фармо, то сабаби резиши борони раҳмат гардад ва парвариши ҷони он канизи мӯҳтарам. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон ва Туӣ Пояндаи Ҳазрати Яздон.

#14401
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, падар ва модари ин бандаи даргоҳро дар дарёи ғуфрон ғута деҳ ва аз хато пок ва муқаддас намо. Афв ва бахшиш шоён намо ва ғуфрон ва омурзиш арзон кун. Туӣ Омурзанда ва Туӣ Ғафур ва Туӣ Бахшандаи файзи мавфур. Эй Омурзгор, ҳарчанд гунаҳкорем вале умед ба ваъд ва навиди Ту дорем ва ҳарчанд дар зулмати хато мубталоем, валекин таваҷҷӯҳ ба субҳи ато дошта ва дорем. Ба он чӣ сазовори даргоҳ аст, муомила кун ва ҳар чӣ шойгони боргоҳ аст, шоён фармо. Туӣ Ғафур, Туӣ Аффув ва Туӣ Бахшандаи ҳар қусур.

#14402
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Бандапарвар! Падари ин меҳрпарварро ба биҳишти барин раҳбар шав, ва аз гуноҳ ва хато даргузар, то дар ҷаҳони дигар бо рухи мунаввар дар миёни озодагон машҳур гардад, ва ба назари иноят манзур. Туӣ Карим ва Раҳим ва Ғафур ва Рауф ва Меҳрабон.

#14403
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигори Омурзгор! Ин тифли кӯдак сироҷи маҳфил буд ва мурғи хушилҳони он манзил. Ҳар субҳ тиловати оёт менамуд, ва ба абдаъи илҳон тартили каламот мекард. Булбули гӯё буд, ва ба оҳанги Малаъи аъло дамсоз. Ҳол аз гулхани фонӣ ба гулшани боқӣ парвоз намуд, то дар малакути роз ба нағма ва овоз пардозад. Эй Парвардигор! Алтофи бепоён шоён кун ва ғуфрон ройгон фармо. Туӣ Омурзанда ва Меҳрабон.

#14404
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Омурзгоро, Эзиди бузургворо, ин ҷонҳо монанди мурғони тезпар аз доми хокдон озод шуданд ва ба ҷаҳони осмон парвоз намуданд, аз лонаи хок раҳиданд ва ба ошёнаи ҷаҳони пок париданд, ба ин умеданд, ки дар гулшани равшани ҷаҳони боло бар сарви боғи биҳишт нишеман ҷӯянд ва дар кохи омурзиш ҷой гиранд. Худованди Меҳрабоно, ҳар равони покро ба даргоҳи Изадӣ роҳ деҳ ва ҳар мустаманди бечораро дар минуи ҳумоюнии Хеш арҷманд фармо ва дар дарёи диҳиш ва бахшиш андоз, ва дидани рӯи тобон раво дор. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Омурзанда ва Меҳрабон, ва алайкум Баҳоул Абҳо.

#14405
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Бахшанда Яздоно! Ин бандагон озодагон буданд, ва ин ҷонҳои тобон ба нури ҳидоятат равшан ва дурахшанда гаштанд. Ҷоми саршор аз бодаи муҳаббатат нӯшиданд, ва асрори бепоён аз автори маърифатат шуниданд. Дил ба Ту бастанд, ва аз доми бегонагӣ ҷастанд, ва ба ягонагии Ту пайвастанд. Ин нуфуси нафисаро аниси лоҳутиён фар– мо, ва дар ҳалқаи хосон дарор, ва дар хилватгоҳи олами боло маҳрами асрор кун, ва ғариқи баҳри анвор фармо. Туӣ Бахшанда ва Дурахшанда ва Меҳрабон.

#14406
- `Abdu'l-Bahá

 

ДУОИ САРИ СУФРА

Ҳуваллоҳ! Худовандо! Чигуна Туро шукр намоем. Наъмои Ту номутаноҳист ва шукронаи мо маҳдуд. Чигуна маҳдуд шукри ғайри маҳдуд намояд. Оҷизем аз шукри алтофи Ту ва ба камоли аҷз таваҷҷуҳ ба Малакути Ту менамоем ва талаби издиёди неъмат ва атои Ту мекунем. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Тавоно.

#14544
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Худовандо! Пок ва Муқаддасӣ ва Бениёз ва Муназзаҳӣ. Ин бандаи бечораро дар паноҳи Ҳазрати аҳадиятат малҷаъ ва паноҳ бахш. Ва дар зилли Сидраи Бемунтаҳоят маскан ва маъво иноят кун.

#14545
- `Abdu'l-Bahá

 

ЗИЁРАТНОМА

Дар Равзаи Муборака ва Мақоми Аъло хонда мешавад. ҳамчунин одатан дар ёдбуди солрузи Онон зиёрат карда мешавад.

Ситоише, ки аз Нафси Аълои ту падидор гардид ва баҳое, ки аз Ҷамоли абҳои Ту тулуъ кард, бар Ту бод, Эй Мазҳари Кибриё ва Султони Бақо ва Малики ҳар он кас, ки дар осмон ва дар замин аст. Гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки ба воситаи Ту салтанати Илоҳӣ ва иқтидори У ва азамати Илоҳӣ ва бузургии У зоҳир шуд. Ва ба воситаи Ту дар осмони сарнавишт Офтобҳои бостон дурахшон шуданд ва аз уфуқи офариниш зебоии нопадидор рахшанда гардид ва гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки ба ҳаракате аз Қалами Ту ҳукми «Коф ва Нун» зоҳир шуд ва рози пинҳони Худованд ошкор гардид ва ба ҳар як офаридае ҳастӣ бахшида шуд ва ҳамаи Зуҳурҳо фиристода шуданд. Гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки дар ҷамоли Ту ҷамоли Маъбуд зоҳир шуд ва аз руйи Ту руйи Мақсуд дурахшид ва бо калимае аз назди Худ байни ҳамаи офариниш доварӣ кардаӣ ва мухлисони Ту ба баландтарин фароз расиданд ва мушрикин ба пасттарин пастӣ афтиданд. Ва гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки оне ки Туро шинохт, Худовандро шинохт ва оне, ки ба дидори Ту расид, ба дидори Худованд расид. Хушо аз барои оне, ки ба ту ва гуфтори осмонии Ту гаравид ва ба фармонравоии Ту сар фуруд овард ва ба Дидори Ту сарафроз гардид ва дар гирди Ту чарх зад ва дар ру ба руйи Тахти Ту ҳозир шуд. Пас вой бар оне, ки бар Ту ситам намуд ва Туро инкор кард ва ба оёти Ту бовар накард ва ба зидди фармонравоии Ту ҷиҳод кард ва бар сари Ту лашкар кашид. Ва дар назди Руйи Ту ғурур намуд ва ба бурҳони Ту муҷодала кард ва аз ҳукумати Ту ва иқтидори Ту фирор намуд ва аз он мушрикин шумурда шуд, ки номашон бо ангушти амр дар алвоҳи поки Ту нигошта шуд. Пас аз дасти рости меҳрабонии Худ ва ғамхории Худ ба суйи ман буйи хуши бахшишҳои Худро бифирист Эй Худои ман ва Маҳбуби ман, то маро аз худ ва аз ҷаҳон ҷудо намояд ва ба саропардаи наздикии Ту ва дидори Ту бирасонад. Он чӣ хоҳӣ бар он тавоноӣ ва ба ростӣ, аз ҳама чиз болоӣ. Саноуллоҳ ва зикри У, ва Bahaullah ва нури У бар Ту бод, Эй Ҷамолулоҳ! Гувоҳӣ медиҳам бар ин, ки чашми офариниш мазлуме чун Ту надидааст. Дар рузҳои Худ дар гирдоби балоҳо ғарқ шудӣ. Боре дар зери кунд ва занҷир гирифтор будӣ ва бори дигар дар зери шамшери душманон қарор доштӣ. Бо ин ҳама, Ту ба ҳама мардумон фармон додӣ, ки он чиро риоя намоянд, ки аз суйи Оне, ки Донанда ва Хирадманд аст дастур дода Руҳи ман фидои зулмҳое бод, ки бар Ту расид! Ва ҷони ман фидои балоҳое, ки кашидӣ! Суол мекунам Туро, ба Ту ва ононе, ки руйҳои онон аз нурҳои Руйи Ту дурахшон шуданд ва ба ононе, ки барои муҳаббати Ту он чиро, ки ба онҳо дастур дода шуда буд, риоят намуданд, то он пардаҳоеро, ки дар байни Ту ва халқи Ту монеъ шудаанд, аз миён бардорӣ ва аз дунё ва охират бар ман рузӣ бибахшоӣ. Ба ростӣ Туи Тавоно ва Баланд ва Азиз ва Омурзанда ва Меҳрабон. Баракат бифирист, Парвардигор, Эй Худои ман бар Сидраи Илоҳӣ ва бар авроқи У, ва ағсон ва афнони У, ва ба поя ва навдаҳои аз он руйида то он даме, ки Номҳои Зебои Ту ва Сифоти Болои Ту поянда аст. Сипас Уро аз бадкирдории душманон ва сипоҳи золимон муҳофизат намо. Ба ростӣ, Туӣ Муқтадир ва бисёр Тавоно. Ва боз баракат бифирист, Худоё, Эй Худои ман, бар он бандагон ва канизони Худ, ки ба ҷамоли Ту фоиз шуданд. Ба ростӣ, Туӣ Кариме, ки бахшишаш бепоён аст. Нест Худое, ҷуз Ту, Ғафур ва Карим.

#15678
- Bahá'u'lláh

 

ЗИЁФАТ

Бисмиллоҳил Ақдасул Азимул Алиюл Абҳо! Илоҳо, Мақсудо, Маҳбубо, Каримо, Раҳимо! Туӣ он Алиме, ки ҳеҷ амре аз Ту мастур набуда ва нахоҳад буд ва Туӣ он Хабире, ки аз асрори қулуб ва нуфус ва судур огоҳ буда ва хоҳӣ буд. Ҳар амали поке ба масобеҳи нур ба Ту роҷеъ. Иродаат хокро аз афлок бигзаронад ва сатватат сахраи саморо об намояд. Эй Худованди Доно! Абдат зиёфати Туро ирода намуда, аз у бипазир ва қабулаш фармо. Туӣ Кариме, ки аҳаде аз аввалин ва охирин аз самои фазлат маҳрум барнагашт. Ин хидматро аз абдат Муҳаммад қабл Ҳасан ба тарози қабул музайян фармо. Туӣ Муҳаймин бар ҳамаи ашё ва Муҳит бар арз ва само. Ло Илоҳа илло Антал Фаззол ул Карим.

#15652
- Bahá'u'lláh

 

ИЗДИВОҶ

Ӯст Диҳанда ва Бахшанда! Ситоиш бод, бар Худованди Қадим, ҳамеша Барпо, Ҷовидон ва Поянда. Оне, ки дар ҳастии худ гувоҳӣ дод, ки ба ростӣ; Ӯст Якто ва Беанбоз ва Бекарон ва Боло. Мо гувоҳӣ медиҳем, ба ростӣ, нест Худое, ҷуз Ӯ. Ва яктоии Ӯро эътироф менамоем ва ягонагии Ӯро иқрор шудаем. Ошёни Ӯ дар баландиҳои дастнорас ва беҳамтост, дар фарози шукӯҳи Ӯ; пок аст аз ёди ҳама, ба ҷуз Худ, покиза аст, аз ситоиши ҳама, ба ҷуз Худ. Ва ҳангоме, ки Ӯ хост, бахшиш ва диҳиши худро ба мардумон падидор фармояд ва назмро дар ҷаҳон пойдор намояд, Ӯ фармонҳо фуруд овард ва қонунҳо офарид; дар миёни онҳо қонуни никоҳро барпо фармуд онро чун Қалъа аз барои хушбахтӣ ва раҳоӣ, ва онро ба мо дастур дод, дар он чӣ дар осмони покӣ дар Номаи Бисёр Пок фуруд оварда шуд. Ӯ ҳамегӯяд, бузург аст ҷалоли Ӯ:

“Издивоҷ намоед, эй мардум, то аз шумо тавонад он касе намудор гардад, ки Маро дар миёни бандагони Ман ёд намояд; ин аст, яке аз фармонҳои Ман бар шумо; онро пайравӣ намоед, чун ёвар барои худ”.

#14643
- Bahá'u'lláh

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд! Ба ҳикмати куброят иқтирон дар байни ақрон муқаддар фармудӣ, то сулолаи инсон дар олами имкон тасалсул ёбад ва ҳамвора, то ҷаҳон боқӣ, ба убудият ва ибодат ва парастиш ва ниёиши даргоҳи Аҳадиятат машғул ва маъруф гарданд.

“Ва мо халақтун– ҷинна вал– инса илло лияъбудуни”. Ҳол, ин ки мурғи ошёнаи муҳаббататро дар малакути раҳмониятат ақди иқтирон бибанд ва василаи ҳусули файзи ҷовидон фармо, то аз иҷтимоъи он ду баҳри муҳаббат мавҷи улфат бархезад ва лаолии сулолаи наҷибаи муқаддаса бар соҳили вуҷуд резад.

”Мараҷал баҳрайни ялтақиёни, байнаҳумо барзахун ло ябғиёни. Фабиайи олои Раббикумо туказзибaни, яхруҷу миноҳумо ал– луълуъу вал марҷон”. Эй Худованди Меҳрабон! Ин иқтиронро асбоби тавлиди дурру марҷон фармо. Иннака Антал– Муқтадирул– Азизул– Ғафур– ул– Раҳмонур– Раҳим.

#14609
- `Abdu'l-Bahá

 

ИНҚИТОЪ

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори меҳрабон, дӯстонро дар савни ҳимояти Хеш маҳфуз дор, ва аз кам ва беш безор кун, аз кавн ва имкон, ва олоиши аквон мунқатеъ фармо, ва ба нафаҳоти ломакон зинда ва тар ва тоза.

#14500
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори меҳрубон, ин ёрони Хешро аз бегона ва хеш безор намо ва ба нафаҳоти риёзи Малакути Абҳоят ҳамроз ва дамсоз фармо, чашмҳоро ба мушоҳидаи анвор равшан намо ва ҷонҳоро гулзор ва чаман. Қулубро ҳадиқаи вафо кун ва судурро маъини фуюзоти Малаъи аъло. Файзи Руҳулқудс арзон фармо ва қуввати Руҳуламин ройгон кун, то дӯстонат ба қуввати лоҳутӣ ва қудрати Малакутӣ ва сатвати ҷабарутӣ ва таъйиде самоъӣ ва ҷунуде осмонӣ ва нафасе Раҳмонӣ ва бахшише Яздонӣ ва яди байзоии Калимӣ ва нафҳаи Масеҳоӣ ва хуллате Халилӣ ва муҳаббате Ҳабибӣ ва ҷамоле Юсуфӣ ва иштиёқе Яъқубӣ ва сабре Айюбӣ бар хидматат қиём намоянд. Рабби ваффиқҳум алозолик. Иннака Антал Қавиюл Қадир.

#14501
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Ё ман таваҷҷаҳа бикуллиятиҳи Иллаллоҳ. Ҳарчанд дар таҳрир тақсири Абдулбаҳо бисёр аст, вале қалби мунири ёрон огоҳ, ки дақиқае нисён ҳосил на. Дар ҷамеъи авқот ба муноҷот пардозам, ки Эй Парвардигори Беанбоз, он аброрро дар зилли иноятат парвариш деҳ ва он аҳрорро аз ҷамъи қуюдот озод фармо ва дар ҳар нафасе бар машомашон арза дор, то ба ҷон ва дил ба муҳаббатат рӯҳ ва райҳон ёбанд ва монанди нори мавқида дар ниҳояти илтиҳоб ба оташи ишқат афрӯзанд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Карим ва Раҳим ва Бино.

#14502
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй мутамассик ба урватулвусқо, ҷаҳоне дар ҷаҳду кӯшиш аст ва оламе дар саъю кашокаш. Ҳар сареро сиррест ва ҳар нафсеро ҳавасе. Яке дар водии айш ва ишрат саргардон ва дигаре дар паи иззат пӯён, ва бархе дар ақиби мансаб ва бузургӣ давон, ва дар тиҳи тиҷорат волеҳ ва ҳайрон, ва ҷамъе дар саҳрои вазорат ва иморат афтон ва хезон, ва маъдуде бар сарири салтанат муаззаб ва ҳаросон. Агар насиҳати Абҳо шунавӣ аз ҷамеъи ин андешаҳо озод шав, ва аз кулли ин олудагиҳо пок ва мубарро гард, бандагии даргоҳи Ҷамоли Абҳо ҷӯй, то шаҳриёри шаҳриёрон гардӣ ва сарвари ҷаҳони осмон шавӣ.

#14503
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Пас лисони нотиқ ба шукронаи алтофи Ҳазрати Холиқ бикушоед ва бигӯед: Парвардигоро ситоиш Туро сазост, ки ин бекасонро ба хиёми иноятат роҳ додӣ ва ин фақиронро ба канзи иноят далолат фармудӣ ва ин залилонро ба иззати қадима ҳидоят кардӣ, ҳамд Туро, шукр Туро, Эй Парвардигор.

#14504
- `Abdu'l-Bahá

 

ИНҚИТОЪ ВА ТАВАККУЛ

Каримо, Раҳимо! Гувоҳӣ медиҳам ба ваҳдоният ва фардонияти Ту ва аз Ту металабам, он чиро, ки ба давоми мулк ва малакут боқӣ ва поянда аст. Туӣ Молики малакут ва Султони ғайб ва шуҳуд. Эй Парвардигор! Мискине бар баҳри ғаноят таваҷҷуҳ намуда ва соиле ба зайли карамат иқбол карда, уро маҳрум манамо. Туӣ Он Фаззоле, ки зарроти коинот бар фазлат гувоҳӣ дода. Туӣ Он Бахшандае, ки ҷамеъи мумкинот бар бахшишат эътироф намуда. Ин банда аз кулл гузашта, ва ба ҳиболи ҷуд ва азёли карамат тамассук ва ташаббус ҷуста, ва дар ҷамeъи аҳвол ба Ту нозир, ва Туро шокир. Агар иҷобат фармоӣ, Маҳмудӣ дар амр ва агар рад намоӣ Мутоъӣ дар ҳукм. Туӣ Он Муқтадире, ки кулл назди Зуҳураш оҷиз ва қосир мушоҳида шаванд. Эй Карим! Ин абдро ба худ вомагузор. Туӣ Қодир ва Тавоно, ва Молики ҷуд ва ато.

#15664
- Bahá'u'lláh

 

ҚАБЛ АЗ САФАР

Уст Худованди Бузургвор! Азамат ва иқтидор сазовори Уст. Эй он, ки дар назди Мазлум ёд шудаӣ! Дар ҳангоми хуруҷ аз шаҳр бигу: Эй Худои Ман, Эй Худои Ман! Ба ресмони инояти Ту чанг зада, аз хонаи худ берун шудам ва ҷони худро ба амонат дар зери ҳифзи Ту ва ҳимояти Ту месупорам. Суол мекунам Туро, ба он қудрати Ту, ки ба он авлиёи худро аз гумроҳ, ва аз ҳар як ситамкори якрав, ва аз ҳар як табоҳкори бероҳ ҳифз намудӣ, ки маро низ ба ҷуди Худ, ва фазли Худ ҳифз намоӣ, ва ба тавоноии Худ, ва қуввати Худ, маро ба хонаи худ баргардонӣ. Ба ростӣ, Туӣ Муқтадир ва Нигаҳбон ва Ҷовидон.

#15651
- Bahá'u'lláh

 

КУДАКОН

Ҳуваллоҳ! Худоё! Ҳидоят намо, ҳифз фармо. Сироҷе равшан кун, ситораи дурахшанда намо. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14523
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд! Ин тифли ширхорро аз пистони иноят шир деҳ ва дар маҳди савн ва ҳимоят маҳфуз ва масун дор, ва дар оғӯши алтоф парвариш деҳ.

#14524
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди меҳрабон! Ин атфоли нозанин сунъи дасти қудрати Туанд ва оёти азамати Ту. Худоё! Ин кӯдаконро маҳфуз бидор. Муайяд бар таъолим кун ва муваффақ бар хидмати олами инсонӣ фармо. Худоё! Ин атфол дурдонаанд, дар оғӯши садафи иноят парвариш деҳ. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

#14525
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Тифли сағирам, пистони иноятро садйи азиз кун ва аз шаҳд ва шир муҳаббатат нашъу намо бахш. Ва дар оғӯши маърифатат парвариш деҳ. Дар кӯдакӣ озодагӣ деҳ ва фарзонагӣ бахш ва ин бениёзро маҳрами Малакути роз намо. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14526
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худоё! Тифлам, дар зилли иноятат парвариш деҳ. Ниҳоли тозаам, ба рашаҳоти саҳоби иноят парвариш фармо. Гиёҳи ҳадиқаи муҳаббатам, дарахти борвар кун. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Меҳрабон ва Доно ва Бино.

#14527
- `Abdu'l-Bahá

 

Парвардигоро! Ин атфолро ниҳолҳои беҳамол кун ва дар ҳадиқаи Мисоқ нашъу намо бахш ва ба файзи саҳоби Малакути Абҳо тароват ва латофат деҳ. Меҳрабоно! Тифли сағирам, ба духул дар Малакут кабир фармо. Дар заминам, осмонӣ фармо. Носутиям, лоҳутӣ фармо. Зулмониям, нуронӣ кун. Ҷисмониям, руҳонӣ намо. Ва мазҳари фуюзоти номутаноҳӣ фармо. Туӣ Муқтадир ва Меҳрабон.

#14528
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрабон! Ин дарахтонро зиннати ҷаннати Абҳо намо ва ба файзи осмонӣ парвариш деҳ. Сабзу хуррам кун, ва шабнам нисор намо. Пироҳани сундусе бипӯш ва тоҷе аз шукуфаи абқарӣ бар сар неҳ. Самараи тайиба бибахш ва роиҳаи муаттара ато фармо. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон, ва Дурахшанда ва Тобон.

#14529
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Раббӣ, Раббӣ! Кӯдакам хурдсол, аз пистони иноят шир деҳ, ва дар оғӯши муҳаббатат парвариш бахш, ва дар дабистони ҳидоят таълим фармо, ва дар зилли иноятат тарбият кун. Аз торикӣ бираҳон, шамъи рушан кун. Аз пажмурдагӣ наҷот дода, гули гулшан фармо. Бандаи остон кун, ва хулқ ва хӯи ростон бахш. Мавҳибати олами инсонӣ кун ва тоҷе аз ҳаёти абадия бар сар неҳ. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Шунаванда ва Бино.

#14530
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрабон! Ин духтари малакутро таъйид фармо ва тавфиқ бахш, то бар Амрат собит ва мустақим монад ва монанди булбули гулшани асрор ба абдаъи алҳон дар ҷаннати Абҳо бисарояд ва ҷамеъро шодмон намояд, ва дар миёни баноти Малакут азиз фармо, ва ба ҳаёти абадия муваффақ фармо. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

#14531
- `Abdu'l-Bahá

 

Эй Парвардигор! Ин духтари Малакутро дар ду ҷаҳон азиз намо. Аз ҷаҳони хок ва хокиён безор кун ва ба ҷаҳони боқӣ ҳамдам ва ҳамроз намо. Қуввати таъйид бахш ва ба нафасоти Руҳулқудс тақвият намо, то ба хидмат қиём намояд. Туӣ Тавоно.

#14532
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Ҷалили Акбар! Ин канизи сағирро духтари хушахтар фармо; ва дар даргоҳи аҳадиятат азиз кун; ва аз ҷоми муҳаббатат лабрез намо, то шӯр ва валаҳе ангезад ва мушк ва анбаре безад. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Доно ва Б ино.

#14533
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худовандо! Ин тифли сағирро дар оғӯши муҳаббатат парвариш фармо ва аз садйи иноят шир деҳ. Ин ниҳоли тозаро дар гулшани муҳаббатат бинишон ва ба рашаҳоти саҳоби иноят парвариш деҳ. Аз атфоли малакут кун ва ба ҷаҳони лоҳут ҳидоят фармо. Туӣ Муқтадир ва Меҳрабон, ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда, ва Собиқ– ул– инъом.

#14534
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худои меҳрабон, ҳарчанд кӯдаконем бенаво ва тифлонем нотавон, парешонем ва бесару сомон, вале ниҳолҳои боғем ва Ту боғбон.

Парвардигоро, ба файзи абри иноят ва ҳарорати Шамси Ҳақиқат ва ҳубуби насими ҳидоят ин ниҳолҳоро нашв ва намо деҳ ва тароват ва латофат бахш, то барг ва шукуфа орад ва мусмири самар гардад. Худованди меҳрабоно, нодонем доно кун, бечашмем бино фармо, мурдаем зинда кун, бекасем бинавоз ва меҳрубон бош, муваффақ бар таолим ва таълим кун, ва муайяд бар таҳсил ва такмил. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Меҳрабон.

#14535
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худо! Тифли маъсумам, дар паноҳи Худ ҳифз намо. Инояте кун. Раҳмате бифармо. Тарбият намо. Ба неъмат бипарвар. Қобилияте бахш, то Малакутӣ гардам, раббонӣ шавам, руҳонӣ шавам, нуронӣ гардам. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Меҳрабон.

#14536
- `Abdu'l-Bahá

 

ЛАВҲИ АҲМАД

Уст, Cултони Алим ва Ҳаким. Ин аст, Булбули Фирдавс, ки бар шохаҳои Сидраи Бақо бо лаҳнҳои қудсӣ ва ширин месарояд, ва башорат медиҳад мухлисонро ба наздикии Худованд ва даъват мекунад муъминини Ваҳдати Илоҳиро ба соҳати Қарибии Худованди Карим, ва хабар медиҳад мунқатеъонро, ба паёме, ки падидор гардида аз суйи Малики Азизи Фарид ва роҳ менамояд муҳиббонро ба суйи нишастгоҳи қудс, сипас ба суйи ин Манзари мунир. Бигу: ин ҳамон Манзари акбар аст, ки дар Алвоҳи Мурсалин пешгуйӣ гардидааст ва ба он ҳақ аз ботил ҷудо мегардад, ва ҳикмати ҳар як амр озмуда мешавад. Бигу: Ба ростӣ ин ҳамон ки самарҳои Аллоҳи Таъолӣ, Муқтадир ва Азимро ба бор овардааст. Эй Аҳмад! Шаҳодат бидеҳ, ба ин ки ба ростӣ, Уст Аллоҳ, нест Илоҳе, ҷуз Аллоҳ, ва Уст Султон, Нигаҳбон, Азиз ва Қадир. Ва Онеро, ки У бо номи Алӣ фиристод, У ҳақ аст аз назди Аллоҳ, ва кулл ба фармони У омилем. Бигу: ё қавм! Итоат намоед ба фармонҳои Аллоҳ, ки дар Баён фарз ҳастанд аз назди Азиз ва Ҳаким. Бигу: Уст Султони Расулон ва китоби Уст Модар-Китоб, агар ҳастед аз орифон. Инчунин ин Булбул нидо менамояд шуморо аз ин зиндон. Ва аз Уст танҳо иблоғи ин паёми мубин. Ҳар ки хост, бигзор аз ин панд эъроз намояд ва ҳар он ки хост, бигзор сабили Парвардигори худро интихоб намояд. Бигу: ё қавм! Агар ин оятҳоро инкор менамоед, пас аз руйи кадом ҳуҷҷат ба Аллоҳ имон овардаед? Биёваред онро, эй ҷамъи козибон! На! Савганд ба Оне, ки ҷони ман дар дасти Уст, ба он қудрат надоранд ва ҳаргиз нахоҳанд дошт. Агарчи ҷамъ шаванд барои ёрии Ё Аҳмад! Фаромуш манамо фазли Маро дар ғайби Ман. Ба ёд ор Маро дар рузҳои худ, ва ғусса ва ғурбати Маро дар ин зиндони дурдаст. Ва ончунон муcтақим бош дар ҳубби Ман, ки наларзад қалбат, агарчи бар сарат биборанд сайфҳои душманон ва манъ кунанд туро ҳамаи онон, ки дар заминанд ва дар осмон. Чун шуълаи нор бош бар аъдоям, ва кавсари бақо бар аҳиббоям ва мабош аз шаккунандагон. Ва агар маҳзуни дар сабилам, ва ё хор ва зорӣ аз баҳри Исмам, дар изтироб мабош ва таваккул кун ба Аллоҳ, Рабби худат ва Рабби падарон. Чунки мардумон дар роҳҳои ваҳм саргардонанд ва аз фаҳмиш маҳруманд, то битавонанд Аллоҳро ба чашми худ бишносанд, ё Нағамоти Уро бо гуши худ бишнаванд. Мо бар он шоҳидем, ва ту ҳам аз шоҳидон. Инчунин, таассуботашон парда гашт дар миёни онон ва қалбҳояшон ва монеъ шуд онҳоро аз сабили Аллоҳи Алии Азим. Ва ту худ яқин бидон, ба ростӣ, он касе, ки аз ин Ҷамол эъроз менамояд, низ эъроз менамояд аз Расулони қабл ва такаббур мекунад ба Аллоҳ, аз аввали ло аввал ва то абадулобидин. Ҳифз кун Ин лавҳро, ё Аҳмад, сипас қироат кун онро дар айёми худ, ва боз мадор худро аз он! Ба ростӣ, Аллоҳ барои ҳар касе, ки онро қироат мекунад, аҷри сад шаҳид ва ибодати ҳар ду ҷаҳонро муқаддар намудааст. Туро сарафроз фармудем ба ин фазл аз суйи Худ ва раҳмате аз назди Худ, то бошӣ аз Ба Аллоҳ савганд, агар бошад касе дар сахтӣ ё ҳузн, ва қироат намояд ин лавҳро бо сидқи ошкор, Аллоҳ рафъ мекунад ҳузни уро, ва ҳал менамояд душвориҳои уро, ва бартараф мекунад мусибатҳои уро. Аллоҳ аст Раҳмон ва Раҳим. Вал ҳамду лиллоҳи Раббил оламин!

#15676
- Bahá'u'lláh

 

ЛАВҲИ ДАРЁНАВАРДИ МУҚҚАДАС

Уст Азиз ва Маҳбуб!

Эй Дарёнаварди Муқаддас! Киштии Пояндаи Худро дар Анҷумани Боло ҳозир кун.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Сипас онро дар баҳри қадим, ба Номи Бисёр Аҷиби У, фаровар.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Сипас бар он руҳҳои малакутиро, ба Номи Худованди Баланди Баландтарин, савор кун.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Пас лангар аз киштӣ бардор, то дар уқёнуси бузургӣ шино кунад, то аҳли онро ба ҷойҳои наздикӣ ба камингоҳи поянда бирасонад.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Чун бар канори оби пок, соҳили ёқутӣ расиданд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Пас онҳоро дар ин мақоми осмонии нопадидор берун намо.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ин мақомест, ки Худованд, дар он ба Оташи Ҷамоли Худ дар дарахти поянда намудор шуд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Дар он мақом ҳайкалҳои Амри У кафшҳои нафс ва ҳаворо аз по бароварданд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Дар он Арҷмандии Мусо бо сипоҳи поянда чарх мезанад.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ин мақомест, ки дар он Дасти Худованд аз ҷомаи бузургии У берун оварда шуд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ин мақомест, ки дар он Киштии Амр ҳаргиз ҳаракат намекунад, агарчи бар аҳли он ҳамаи Номҳои Яздон хонда шавад.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Пас Эй Дарёнаварди Пок, он чиро ба аҳли киштӣ биёмуз, ки Мо ба ту дар паси пардаи пушида омухтем.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Шояд онҳо дар марзҳои чун барф сапед ва пок дар намонанд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва бо болҳои руҳ, ба мақоме, ки Худованд аз ёди ҷаҳонҳои офариниш онро пок намудааст, парвоз намоянд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва дар ҳаво чун паррандагони наздик,

дар фармонравоии дидор ҳаракат намоянд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва ба розҳои нуҳуфта дар баҳрҳои равшанӣ огоҳ шаванд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Онҳо аз ҳама роҳҳои бастаи ҷаҳонӣ гузаштанд, то ин ки ба мақоми ягонагии илоҳӣ ва маркази раҳнамоии осмонӣ расиданд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Хостанд ба мақоме бирасанд, ки Худованд онро аз мартабаҳои онҳо болотар сохта буд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Дар он ҳангом ситораи сузанда ва шуълавар онҳоро аз миёни сокинони Подшоҳии Дидори У ронд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва онҳо Овози Бузургиро аз паси саропардаи ғайб, аз Камингоҳи Баҳо шуниданд;

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ки Эй фариштагони нигаҳдор! Ононро ба ҳудуди худи онҳо, ба ҷаҳоне, ки дар зер аст, баргардонед.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Зеро онҳо хостанд дар ҳавое парвоз намоянд, ки дар он кабутари осмонӣ пар назадааст.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва киштиҳои орзуҳо ва дилҳои доноён дар он ҳаракат намекунад.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Дар он ҳангом, душизаи осмонӣ аз ғурфаҳои боло сари худро берун баровард.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва бо ишораи абру ба анҷумани покон фармуд:

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Равшании руйи у аз замин то осмонро дурахшон мекунад.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва чун дурахшиши зебоии у бар касоне, ки аз хок сиришта шудаанд, уфтод.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Дар он ҳангом ҳамаи офариниш дар гурҳои нестӣ ба ҷуш ва хуруш омад.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Сипас овози худро бо оҳанге баланд кард, ки ҳеҷ гуши шунавандае, аз оғози беоғоз нашунида буд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва гуфт: Ба Номи Худо! Он касе, ки дар дили худ буйи хуши муҳаббат аз Ҷавони Ироқии Нуронӣ надорад.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ҳар чӣ хирадманд ҳам бошад, наметавонад, ки ба равшанӣ ва ҷалоли осмони боло бирасад.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Он гоҳ ба яке аз канизони худ фармуд:

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Аз қасрҳои поянда бар пайкари офтоб дар ин фазо фуруд ой.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Сипас диққат бидеҳ, ки имруз дар дилҳои худ пинҳонӣ чӣ розеро нуҳуфта медоранд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Агар буйи пироҳани Ҷавонеро, ки дар саропардаи равшанӣ аз дасти сангдилон пинҳон аст, пайдо намудӣ.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Он гаҳ дар худ фарёд каш, то ба он касоне, ки дар ғурфаҳои фирдавс аз пайкарҳои бениёзӣ сокинанд, бишнаванд ва огоҳ шаванд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва онҳо ҳам аз ғурфаҳои поянда фуруд оянд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва дасту пои онҳо биларзад, ҳангоме ки дар ҳавои вафо парвоз мекунанд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва шояд буйи хуши Маҳбубро аз пироҳани онон дарёбанд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Он гоҳ Чеҳраи Душизаи Наздикӣ аз канори осмони Ғурфаҳо бидурахшид, ба монанди он равшание, ки аз Руйи бар ҳайкали фонии У пошида мешуд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва ба зеваре фуруд омад, ки осмонҳо ва он чӣ дар уст дурахшанда гардид.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Чун ҳаракат намуд, дар ҳаво, ҳама чизҳо дар заминҳои покӣ ва бузургӣ муаттар ва хушбу гардид.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Чун ба он ҷой расид, бо қади чун сарви равон дар дили офариниш барпо шуд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Сипас буе аз онҳо кашидан хост аз замоне, ки на оғозро медонад на анҷомро.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо! Ва он чӣ мехост аз онҳо пайдо накард ва ин аст, яке аз қиссаҳои аҷиб.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Сипас фарёд баровард ва нола кард ба мақоми худ ба қасри ёқутӣ баргашт.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Сипас забони ширини у калимаи пинҳониеро гуфт.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва дар миёни Анҷумани Боло ва душизаҳои поянда нидо кард.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

«Ба Худо савганд! Аз он даъвогарон бодҳои хуши Вафоро наёфтам!

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ба Худо савганд! Ҷавон дар сарзамини бегона, яккаву танҳо дар дасти ононест, ки аз Худо баргаштаанд.»

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва пас аз он дар худ бигирист ва фарёд кашид, гиристан ва фарёде, ки аҳли Анҷумани Боло аз он ба гиря ва фарёд ва ларза даромаданд.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ва бар хок афтид ва ҷон супурд, гуё ки уро садо карданд ва у гуш дод ба Оне, ки уро ба Подшоҳии Боло даъват кард.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Пок аст, Оне, ки уро аз ҷавҳари меҳр дар миёни дили биҳишти боло офарид.

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Он гоҳ душизаҳои биҳиштие аз ғурфаҳои худ берун баромаданд, ки чашми ҳеҷ касе аз аҳли биҳишти боло дар онон наафтода буд.

Пок аст, Парвардигори ман,

Дар гирди у ҷамъ шуданд ва пайкари уро дар хок бар руйи замин афтида ёфтанд;

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

Ҳангоме, ки ҳоли уро ба чашм диданд ва пай бурданд ба ҳарфе аз сухане, ки Ҷавон ба онҳо гуфт. Сарҳои худ урён намуданд ва пироҳан бар тан дариданд, ва бар руйи худ силиҳо заданд, ва шодмониро фаромуш намуданд, ва ашк аз чашмон сарозер рехтанд, ва бо дастони худ бар рухсорҳои худ муштҳо кубиданд. Ва ин аст яке аз мусибатҳои асроромез

Пок аст, Парвардигори ман, Абҳо!

#15675
- Bahá'u'lláh

 

ЛАВҲИ МУБОРАКИ ШИФО

Ӯст Дармонбахш ва Бениёз ва Ёвар ва Бахшанда ва Меҳрабон.

Туро нидо мекунам, Эй Олӣ, Эй Бовафо, Эй Баҳо! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Фармонраво, Эй Барафрозанда, Эй Довар! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Якто, Эй Ҷовидон, Эй Беҳамто! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Сутуда, Эй Пок, Эй Ёридиҳанда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Доно. Эй Хирадманд, Эй Бузург! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Бахшанда, Эй Бузург, Эй Сарнавиштсоз! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Расонанда, Эй Кушоянда, Эй Бахшоянда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Маъшуқ, Эй Маҳбуб, Эй Маҷзуб! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Азиз, Эй Ёвар, Эй Муқтадир! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Фармонфармо, Эй Қоим, Эй Доно! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Равон, Эй Равшанӣ, Эй Падидор! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Паноҳи ҳама, Эй Ошкор бар ҳама, Эй Пинҳон аз ҳама! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Нопадидор, Эй Пирӯз, Эй Диҳанда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Тавоно, Эй Ёридиҳанда, Эй Пӯшанда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Офаринанда, Эй Посухдиҳанда, Эй аз реша Баркананда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Бароянда, Эй Фарогиранда, Эй Барафрозанда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Фориғ, Эй Болиғ, Эй Собиғ! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Судбахш, Эй Нигаҳдор, Эй Офаранда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Боло, Эй Зебо, Эй Пурато! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Додпарвар, Эй Фозил, Эй Бахшанда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Қайюм, Эй Ҷовидонтарин, Эй Донотарин! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Шукӯҳманд, Эй Қадимтарини Рӯзҳо, Эй Бахшанда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Маҳфуз, Эй Худованди шодмониҳо, Эй Созгор! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Хушрафтортарин бо ҳама, Эй Меҳрабонтарин бо ҳама, Эй Бахшанда! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Биҳишти ҳама, Эй Паноҳгоҳи ҳама, Эй Нигаҳбони ҳама! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Ёвар ба ҳама, Эй Фарёдрас ба ҳама, Эй Ҷонбахш! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Кошиф, Эй Ношиф, Эй Меҳрабон! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Ҷони ман, Эй Ҷонони ман, Эй Имони ман!

Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Серобкунандаи ташнагон, Эй Худованди Боло, Эй Гаронбаҳо!

Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Бузургтарин ёд, Эй Покниҳодтарин ном, ва Эй Расми Бисёр Қадим! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Бисёр Сутуда, Эй Бисёр Пок, Эй Бисёр Покиза!

Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Кушоянда, Эй Андарздиҳанда, Эй Раҳонанда!

Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Дӯст, Эй Пизишк, Эй Дилрабо!

Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Ҷалол, Эй Ҷамол, Эй Бахшанда!

Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Устувор, Эй Ошиқ, Эй Худованди саҳаргоҳон!

Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Дурахшон, Эй Тобон, Эй Оварандаи Шодмонӣ! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Худованди Пурато, Эй Ғамгусор, Эй Меҳрабон! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Омурзанда, Эй Ёвар, Эй Ғамхор! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Пойдор, Эй Ҷонбахш, Эй Сароғози ҳама офариниш! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Оне, ки аз ҳама чиз огаҳӣ, Эй Худованди Бино, Эй Офаринандаи Гуфтор! Туӣ Бениёз ва Туӣ Дармондиҳанда ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Ошкору ҳам Пинҳон, Эй Нопадиду ҳам Падидор, Эй Бинандае, ки ҳама дар ҷустуҷӯи Туанд! Туӣ Бениёз, ва Туӣ Дармондиҳанда, ва Туӣ Поянда, Эй Поянда!

Туро нидо мекунам, Эй Қотили оши-қон, Эй Бахшандаи фосиқон!

Эй Бениёз Туро нидо мекунам, Эй Бениёз!

Эй Дармондиҳанда Туро нидо мекунам, эй Дармондиҳанда!

Эй Поянда, Туро нидо мекунам, Эй Поянда! Покӣ Ту, Эй Худои ман! Суол мекунам, Туро ба бахшиши Ту, ки ба воситаи он дарвозаҳои фазл ва ато кушода шуд ва ба он Пайкари Поки Ту ба тахти Подшоҳии Поянда пойдор шуд ва ба меҳрабонии Ту, ки ба он офаринишро ба хони бахшиш ва диҳиши Худ даъват намудӣ ва ба инояти Ту ки ба он, дар Худи Ту аз сӯи ҳар он кас, ки дар осмонҳо ва дар замин аст, дар ҳангоми Зуҳури Азамати Худ ва салтанати Худ ва Тулӯъи Иззати ҳукумати Худ ба калимаи “Оре” посух додӣ.

Ва суол мекунам, Туро ба ин Номҳои Зебои Бузургтарин ва ба ин сифатҳои болои бахшандатарин, ва ба Ёди Баланди Баландтарини Ту, ва ба Зебоии покиза ва беолоиши Ту, ва ба Равшании пинҳони Ту дар саропардаи Пинҳонтарини Ту ва ба Номи Ту, ки бо пироҳани мусибат пӯшида шудааст, то дорандаи ин Лавҳи Муборакро нигоҳ дорӣ, сипас онеро, ки ба ӯ рӯ ба рӯ мешавад, сипас онеро, ки аз гирди хонае, ки он дар ӯст, мегузарад. Сипас ба воситаи он ҳар як бемор ва дардманд, ва бенаворо аз ҳар бало ва макрӯҳ, ва офат, ва ҳузн шифо бахш. Сипас ба он ҳар касеро, ки мехоҳад дар роҳҳои ҳидояти Ту ва роҳҳои рости бахшиши Ту ва омурзиши Ту дарояд, роҳ бинамо.

Ба ростӣ, Туӣ Арҷманд, Бениёз, Дармонбахш, Нигаҳбон, Диҳанда, Ғамхор, Бахшанда ва Меҳрабон.

#14615
- Bahá'u'lláh

 

ЛАВҲИ ЭҲТИРОҚ

Ба номи Худованди Қадимтарин ва Бузургтарин!

Мухлисонат аз нори фироқи Ту сухтаанд. Куҷост, дурахшиши анвори Лиқои Ту, ё Маҳбуби оламҳо?

Тарк шудаанд муқаррабонат дар зулмати ҳиҷрон. Куҷост, ишроқи субҳи висоли Ту, ё Мақсуди оламҳо?

Афсурдаанд ҷасадҳои асфиёи Ту дар арзи дурӣ. Куҷост, баҳри наздикии Ту, ё Ҷаззоби оламҳо?

Дастони умед ба суйи осмони бахшиш ва меҳрабонии Ту баланд гардидаанд. Куҷост, борони атои Ту, Эй Посухдиҳандаи оламҳо?

Кофирин аз ҳар су ба зулм ва ситам бархостаанд. Куҷост, тасхири қалами тақдири Ту, Эй Мусаххири оламҳо?

Овози сагон аз ҳар су баланд гардидааст. Куҷост, шери бешаи сатвати Ту, Эй Қаҳҳори оламҳо?

Сардӣ ҳамаи мардумонро фаро гирифтааст. Куҷост, гармии меҳри Ту, Эй Оташи оламҳо?

Бадбахтӣ ба авҷи аъло расидааст. Куҷост, падидориҳои наҷоти Ту, Эй Наҷотдиҳандаи оламҳо?

Торикӣ бисёрии офаринишро иҳота намудааст. Куҷост, нурҳои дурахшиши Ту, Эй Дурахшандаи оламҳо?

Гарданҳо барои нифоқ дароз шудаанд. Куҷоянд, шамшерҳои интиқоми Ту, Эй Ҳалоккунандаи оламҳо?

Хорӣ ба пасттарин ҳадди худ расидааст. Куҷоянд, нишонаҳои иззати ту, Эй Иззати оламҳо?

Ҳузн Матлаъи Исми Раҳмони Туро фаро гирифтааст. Куҷост, сурури Мазҳари Зуҳури Ту, Эй Фараҳи оламҳо?

Мебинӣ, бомдоди Нишонаҳои Ту дар паси пардаҳои гуфторҳои зишт афтодааст. Куҷост, ангушти қудрати Ту, Эй Иқтидори оламҳо?

Ташнагии дардангез ҳамаи инсонҳоро фаро гирифтааст. Куҷост, руди ғамхории Ту, Эй Раҳмати оламҳо?

Ҳирс ҳамаи мардумонро гирифтор намудааст. Куҷоянд, таҷассуми инқитоъи Ту, Эй Мавлои оламҳо?

Мебинӣ, Мазлумро, ки танҳост дар ғурбат: Куҷост, сипоҳи Амри Ту, Эй Султони оламҳо?

Танҳо дар диёри ғариб тарк гардидаам. Куҷоянд, нишонҳои бовафоии Ту, Эй Вафои оламҳо?

Ранҷу озори пеш аз марг ҳамаи мардумонро иҳота намудааст. Куҷоянд, қатраҳои баҳри Ҳаявони Ту, Эй Ҳаёти оламҳо?

Васвасаҳои Шайтон дар ҳама офариниш дамида шуд. Куҷост, шиҳоби нори Ту, Эй Равшании оламҳо?

Аксарияти мардумон аз сармастии хоҳишҳои нафс табоҳ гардидаанд. Куҷоянд, бомдодҳои тақвои Ту, Эй Мақсуди оламҳо?

Мебинӣ, Ин Мазлумро, зери ҳиҷоби зулм, дар байни аҳли Шом. Куҷост, дурахшиши нурҳои саҳаргоҳи Ту, Эй Равшании оламҳо?

Мебинӣ, ки Ман мамнуъам аз баён. Пас аз куҷо нағамоти Ту зоҳир гардад, Эй Варқои оламҳо?

Иҳота кардаанд хаёлҳо ва гумонҳо аксари одамонро. Куҷоянд, маҳалҳои тулуъи иқони Ту, Эй Оромии оламҳо?

Баҳо дар баҳри бало ғарқ гардидааст. Куҷост, Сафинаи наҷоти Ту, Эй Раҳонандаи оламҳо?

Мебинӣ, Матлаъи оёти Ту дар зулмати офариниш аст. Куҷост, шамси уфуқи инояти Ту. Эй Равшанибахши оламҳо?

Чароғҳои сидқу сафо ва ғайрат ва вафо хомуш гардидаанд. Куҷоянд, нишонаҳои хашми қасосгири Ту, Эй Муҳаррики оламҳо?

Оё мебинӣ, касе ба Ту ёрӣ диҳад, ё дар фикри он бошад ки дар роҳи меҳри Ту бар сари У чӣ омад? Акнун Қалами Ман бигзор бозистад, Эй Маҳбуби оламҳо!

Шохаҳои дарахти осмонии Сидратул Мунтаҳо аз вазишҳои бодҳои сарнавишт шикастанд. Куҷост, парчамҳои ёрии Ту, Эй Ёвари оламҳо?

Ин Руй аз ғубори туҳмат пинҳон. Куҷост, насими раҳмати Ту, Эй Раҳмони оламҳо?

Ҷомаи тақдис зи дасти нопокон олудааст. Куҷост, тарози муқаддасии Ту, Эй Зинатдиҳандаи оламҳо?

Аз он чӣ дастони мардумон аз худ кардаанд, баҳри бахшиш ором шуд ва аз мавҷафшонӣ бозмонд. Куҷост, мавҷҳои фазли Ту, Эй Муроди оламҳо?

Дар ба суйи Лиқои Илоҳӣ аз ситами душманони Ту баста шуд. Куҷост, калиди бахшиши Ту, Эй Кушояндаи оламҳо?

Баргҳо аз боди самуми нифоқ зард гардидаанд. Куҷост, борони сели абри диҳиши Ту. Эй Диҳандаи оламҳо?

Ҳамаи офариниш аз ғубори исён торик гардидааст. Куҷост, нафаҳоти ғуфрони Ту, Эй Ғаффори оламҳо?

Ин Ҷавон дар сарзамини беобу гиёҳ танҳост. Куҷост, борони найсони осмони фазли Ту, Эй Фарёдраси оламҳо?

Эй Қалами Аъло, Мо нидои бисёр ширини Туро дар фармонравоии поянда шунидем! Гуш бидеҳ ба он чӣ Забони Азамат ба он ба гуфтор омад, Эй Мазлуми оламҳо!

Агар сардӣ набошад, чӣ гуна гармии гуфтори Ту падидор гардад, Эй Мубайини оламҳо?

Ва агар бадбахтӣ набошад, чӣ гуна офтоби бурдбории Ту дурахшон гардад, Эй Рушаноии оламҳо?

Шикоят макун аз ашрор! Зеро ки Ту халқ шудаӣ барои сабр кардан, Эй Сабри оламҳо.

Чӣ ширин аст, дурахшидани Ту аз уфуқи Мисоқ дар миёни барангезандагони нифоқ ва иштиёқи Ту ба Худованд, Эй Ишқи оламҳо.

Ба воситаи Ту парчами истиқлол бар баландтарин фарозҳои куҳҳо барафрошта гардид ва баҳри бахшиш ба мавҷ даромад, Эй Валаҳи оламҳо.

Ба танҳоии Ту Офтоби Яктоӣ дурахшон шуд. Бо дурафтодагии Ту сарзамини ягонагӣ ороиш ёфт. Пас сабр кун, Эй Ғариби оламҳо.

Мо зиллатро пироҳани иззат ва мусибатро зинати пайкари Ту намудем, Эй Фахри оламҳо.

Мебинӣ, дилҳо аз кина пур гардидаанд, ва чашм пушидан бар он аз Туст, Эй Саттори гуноҳони оламҳо!

Вақте шамшерҳо бар сарат кашиданд, бипазир! Вақте тирҳо ба суят парвоз кунанд, истиқбол бигир! Эй Фидои оламҳо!

Оё Ту нола мекунӣ, ё Ман нола хоҳам кард? Балки аз камии ёварони Ту гиря хоҳам кард. Эй Оне, ки дар ҳаққаш баланд гардид фиғони оламҳо!

Ба ростӣ, Ман, Эй Маҳбуби Абҳо, нидои Туро шунидам; ва акнун руйи Баҳо аз ҳарорати бало шуълавар аст, ва аз нурҳои калимаи дурахшандаи Ту, ва У бо вафо дар қурбонгоҳ бархост, ва мунтазири ризои Туст, Эй Сарнавиштофарини оламҳо.

Эй Алӣ Акбар, шукр гуй Парвардигорро, барои Лавҳе, ки аз он метавонӣ буйи хуши мазлумияти Маро дарёбӣ, ва дарк намоӣ, ончиро ки фаро гирифтааст Моро дар роҳи Худованди Маъбуди оламҳо.

Агарчи ҳама бандагон инро бихонанд ва дар он бияндешанд, дар рагҳои онон норе хоҳад барафрухт, ки аз он фурузон хоҳанд гардид оламҳо.

#15677
- Bahá'u'lláh

 

МАВЛУДИ ҲАЗРАТИ

Ал-Ақдасул-Амнаъул-Аъзам Иди Мавлуд омад, ва Ҷамоли Худованди Тавоно ва Азиз ва Дустдошта, бар Тахт барқарор шуд. Хушо аз барои оне, ки дар ин руз дар назди Руйи Ту ҳозир шуд, ва нигоҳи Худованди Нигаҳбони Ҷовидон бар у афтод. Бигу: Ба ростӣ, Мо ин идро дар зиндони аъзам ҷашн гирифтем, баъди он ки подшоҳон бар зидди Мо қиём намуданд. Қудрати ҳеҷ золиме Моро манъ нанамуд ва сипоҳи замин Моро парешон насохт. Ин аст, ончи Бахшанда дар ин мақоми сутуда бар он шаҳодат Бигу: Оё Ҷавҳари Оромиш аз ғавғои офариниш парешон мешавад? На, савганд ба Ҷамоли Дурахшони У, бар ончи буд ва ҳаст. Ин Сатвати Худост, ки ҳама офаринишро иҳота кардааст ва ин Қудрати Уст, ки ҳар шоҳид ва машҳудро нигаҳбон аст. Ба ҳабли иқтидор тамассук намоед ва Парвардигори Мухтори худро зикр кунед, дар ин бомдоде, ки ба он ҳар як ғайби макнуне равшан шуд. Инчунин, Забони Ҷовидонӣ дар рузе, ки дар он раҳиқи махтум кушода шуд, сухан меронад. Мабодо авҳоми ононе, ки Худоро инкор намудаанд, шуморо парешон намояд ё гумонҳо аз ин шоҳроҳ шуморо боздоранд. Эй аҳли Баҳо! Бо болҳои инқитоъ дар ҳавои муҳаббати Парвардигори Бахшанда парвоз намоед ва ба он чӣ дар Лавҳи Маҳфуз нозил шудааст, Уро ёрӣ диҳед. Мабодо, бо касе аз бандагон муҷодила намоед. Ба буйи хуши Яздон ва гуфтори У зоҳир шавед! Ҳамаи руйҳо ба буйи хуши Яздон ва гуфтори У таваҷҷуҳ мекунанд. Ба ростӣ, ононе, ки имруз ғафлат намудаанд онҳо аз хоҳишҳои нафсонӣ сармаст гаштаанд ва огаҳ намешаванд. Хушо аз барои оне, ки ба Матлаъи Оёти Парвардигори худ бо итоат ва фармонбардорӣ таваҷҷуҳ Ба ростӣ, ту дар байни бандагон қиём кун! Ва ба ёди онон он чиро биёвар, ки дар китоби Парвардигори Азиз ва Мухтори онон нозил шудааст. Бигу: Аз Худо битарсед! Ва авҳоми ононеро, ки аз пайи ҳар бадкирдори шаккок мераванд, пайравӣ манамоед. Бо дилҳои равшан ба суйи Тахти Парвардигори Молики Асмо ру намоед! Ба ростӣ, У шуморо дастгирӣ менамояд. Нест Худое, ҷуз У, Азиз ва Маннон. Оё шумо ба суйи ғадире мешитобед?! Дар ҳолате, ки дарёи бепоён дар пеши руйи шумост?! Ба У ру намоед ва ҳар як бутпарасти найрангбозро пайравӣ манамоед! Инчунин, Парандаи Бақо дар шохсори Сидраи Мунтаҳо месарояд. Қасам ба Худо! Ба як замзамаи У Анҷумани Боло шефта гардид, сипас сокинони шаҳрҳои номҳо, сипас ононе, ки дар гирди Тахти Осмонӣ дар шабонгоҳон ва саҳаргоҳон чарх мезананд. Инчунин боронҳои гуфтор аз осмони хости Бахшанда Яздон биборид. Эй мардумон ба У ру намоед! Ва касонеро пайравӣ манамоед, ки ба Оёти Худованд муҷодила намуданд. Ҳангоме, ки нозил шуд ва ҳангоме, ки бо ҳуҷҷат ва бурҳон омад Бахшанда Яздони худро инкор намуданд

#15679
- Bahá'u'lláh

 

МАВЛУДИ ҲАЗРАТИ АЪЛО

Ба Номи Мавлуде, ки Худованд Уро Мубашшири Номи Азиз ва Дустдоштаи Худ намуд. Лавҳе аз суйи Мо барои шабе, ки дар он осмонҳо ва замин равшан шуд, аз нури дурахшоне, ки ба воситаи он аҳли ҷаҳонҳо, фурузон шуданд. Хушо аз барои ту, эй шаб, ки дар ту Рузи Худованд таваллуд шуд, ки Мо Уро, барои аҳли мадоини асмо чароғи наҷот намудем ва барои ононе, ки дар майдонҳои бақоянд ҷоми комронӣ фармудем ва барои ҳама офариниш сарчашмаи шодӣ ва хуррамӣ намудем. Баланд аст Худованд – Офарандаи осмон, Оне, ки уро водор намуд, ки ба ин номе ба гуфтор ояд, ки ба он пардаҳои мавҳум ва абрҳои гумон дарида шуд ва номи Қайюм аз уфуқи яқин дурахшон гардид ва хатми раҳиқи ҳаявон кушода шуд! Ва боби илм ва баён ба руйи офариниш боз гардид ва вазиши Раҳмон бар тамоми руйи замин ҷорӣ шуд. Некуст, он ҳине, ки дар он Ганҷи Худованди Тавоно, Доно ва Хирадманд падидор гардид. Эй аҳли замин ва осмон! Ба ростӣ, шаби нахустинро Худованд нишонае барои шаби дигаре намуд, ки дар у Оне ба ҷаҳон омад, ки ба ёдҳо шинохта нашавад ва ба ситоишҳо сутуда нагардад. Хушо аз барои он касе, ки дар бораи ин ду шаб андеша намояд, у зоҳирро ҳамоҳанги ботин бинад ва ба розҳои Яздон огоҳ таи он аркони ширк ба ларза афтод ва бутҳои хаёлӣ беҳуш гардид ва парчами “нест Худое, ҷуз У, Тавоно ва Баланд, ва Беҳамто ва Якто, ва Нигаҳбон ва Азиз, ва Дастнорас” барафрошта шуд. Ва дар он шаб буйи хуши висол вазид ва дарвозаҳои дидор дар анҷом боз гардид ва ҳама офариниш ба гуфтор омад: «Мулк аз они Худованд – Дорандаи Номҳост, Оне, ки ба Қудрате омад, ки оламҳоро иҳота намудааст», ва дар он Анҷумани Боло Рабби Алии Абҳои худро бо овозҳои шодиёна пешвоз гирифт, ва ситоиш намуд. Ва ҳақиқатҳои номҳои Дорандаи охират ва дунёро мадҳу сано хонд, барои ин Зуҳуре, ки ба воситаи он куҳҳо ба суйи Дорои Боло парвоз Маҳбуб таваҷҷуҳ карданд, ва баргҳо аз бодҳои орзумандӣ ба ҷунбиш омаданд, ва дарахтон аз ҷазби овози Соҳибихтиёр нидо намуданд, ва олам аз шавқи лиқои молики Қедам ба ҷушу хуруш омад, ва ҳамаи офариниш аз Калимаи Пинҳоние, ки ба Ин Исми Аъзам покиза гардида буд, тоза шуд. Эй шаби пурато, Мо дар ту Модари Китобро мебинем. Оё У Мавлуд аст ё Китоб? На! Қасам ба ҷони Ман, ҳамаи инҳо дар мақоми номҳоянд. Худованд Уро аз ҳамаи номҳо пок намудааст. Ба воситаи У Ғайби Макнун ва Сирри Махзун зоҳир шуд. На, қасам ба умри ман, ҳамаи инҳо дар мақоми сифот ёд мешаванд, ва ба ростӣ У Султони сифот аст. Ба воситаи У мазҳарҳое зоҳир шуданд, ки пеш аз У набуданд, магар Худованд. Хушо аз барои ононе, ки бовар намуданд! Ин аст, ки Килки Боло дар ҳайрат афтод ва мегуяд: Эй Оне, ки ба воситаи номҳо ёд нагардӣ, маро биомурз, ба қуввати Худ, ки замин ва осмонро нигаҳбон ва ҳукмфармост. Зеро ман ба офариниши Ту халқ шудам. Чӣ гуна тавонам он чиро зикр намоям, ки ба воситаи офариниш зикр нашавад. Бо вуҷуди ин қасам ба иззати Ту, агар он чиро, ки Ту ба ман илҳом бахшидаӣ зикр намоям, ҳама коинот бечуну чаро аз фараҳ ва шодмонӣ ҳалок ва нест шаванд. Пас чӣ гуна мавҷафшонии баҳри баёни Туро дар ин мақоми равшан ва пурҷалол ва ҷойгоҳи болотарини дуртарин зикр Эй Рабби ман! Бубахш, ки ин қалами лол зикри мақоми аъзами Ту намуд. Сипас ба ман раҳм намо, Эй Дорандаи ман ва Султони ман! Ва аз ман бигзар, ки дар пеши Ту хато намудам. Ба ростӣ, Туӣ Диҳанда ва Тавоно ва Омурзанда ва Пурато.

#15680
- Bahá'u'lláh

 

МАДАД ВА ҲИМОЯТ

Илоҳо, Илоҳо! Дустонатро аз баҳри карамат маҳрум манамо ва бо малоикаи муқаррабин куллро мадад фармо, то ба истиқомати тамом ин ду явмро дар хидматат сарф намоянд. Туӣ Қодир ва Тавоно.

#15632
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо Маъбудо, Мақсудо! Ба камоли аҷз ва ибтиҳол аз Ту масъалат менамоям, ин абдро аз шарри ноақин ҳифз фармоӣ, ва аз зилли Сидраи Мунтаҳо ва сарири Қалами Аъло маҳрум насозӣ. Ашҳаду иннал явмака вал амр амрик асъалука ба сиротикал мустақим ва набаикал азим ан туаййидани ало мо юрфаъу биамрика байна ибодик. Иннака Антал Муқтадирул ало Моташоъ. Ло Илоҳа илло Антал Муҳайминул Қайюм.

#15633
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Каримо, Якто Худовандо! Ҷудат вуҷудро ҳастӣ бахшид ва мавҷуд намуд. Аз дарёи раҳматат маҳрумаш манамо. Ин мазлумонро дар зилли cидраи адлат маъво деҳ ва фақиронро ба баҳри ғаноят роҳ намо. Туӣ Молики ҷуд ва Султони ато.

#15634
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Каримо, Раҳимо! Туӣ Он Султоне, ки салотини олам, назди Исме аз Асмоят хозеъ ва хошеъ. Эй Карим! Карамат оламро иҳота намуда ва раҳматат сибқат гирифта. Туро қасам медиҳам, ба Калимаи улё ва иқтидори Қалами Аъло, ки ин абдро муайяд фармоӣ бар он чӣ лоиқи айёми Туст. Ғарибе иродаи ватани аъло намуда, ва қосиде қасди ғояти қусво карда. Уро мадад фармо, то бар хидматат қиём намояд, ва ба интишори авомир ва аҳкомат машғул гардад. Эй Карим! Ин фақирро аз баҳри ғаноят маҳрум манамо, ва ин мискинро дар зилли раҳматат мақарр деҳ, ки шояд аз нафаҳоти Ваҳй тоза шавад ва ба ҳаёти абадӣ фоиз гардад. Туӣ Қодир ва Тавоно ва Туӣ Олим ва Доно. Ло Илоҳа илло Антал Алиюл Аъло.

#15635
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Бениёзо, Каримо, Раҳимо, Малико, Молико! Ҳама ибоди Туанд ва аз калимаи Ту аз адам ба вуҷуд омадаанд. Ва муътарифанд бар фақри худ ва ғанои Ту, ва ҷаҳли худ ва илми Ту, ва заъфи худ ва иқтидори Ту, ва аҷзи худ ва султонии Ту. Эй Карим, моро аз амтори самои раҳматат маҳрум манамо ва аз амвоҷи баҳри карамат манъ макун. Ин ниҳолҳои вуҷуд ба яди инояти Ту ғарс шуда, ҳол вақти тараққӣ ва нумув аст, ва мунтазири найсони инояти Ту ва рабиъи макрамати Ту буда ва ҳаст. Аз оби “ва ҷаално миналмоъи кулли шайин ҳай” моро манъ манамо, осори карамат аз қабл дар донӣ ва қосӣ, ва мутеъ ва осӣ ва ҳол мавҷуд ва машҳуд. Пас ба бурҳон собит шуд, карамат маҳдуд набуда афват таваққуф накарда, ва ҷудат аз мавҷудот манъ нашуда. Дар ҳар ҳол осори фазли бемунтаҳоят ба абсори адл ва инсоф мушоҳида шуда ва мешавад. Назди баҳри ғуфрон исёни ин ибод мазкур на, ва дар арсаи сарват ва ғано фақр ва эҳтиёҷи ин ибодро миқдоре на. Аз бадоеъи атоят металабем, ва дасти раҷоъ ба боргоҳи азаматат баланд намудаем. Эй Ғаффор, аз мо ба ҷудат даргузар, ва Эй Саттор, ба карамат сатр намо, ва Эй Фаззол, фазлатро боз мадор. Маҳрумем, валокин аз Туем, маҳрум манамо. Баъидем валекин бисоти қурбатро омол соилем, моро манъ макун. Туӣ Роҳнамо ва Соҳиби ато. Ло илоҳа илло анта Раббул арш вассаро ва Моликал охирати вал увло.

#15636
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Малико, Мақсудо! Ба чӣ лисон Туро шукр намоям. Ғофил будам, огоҳам фармудӣ. Муъриз будам бар иқбол таъйид намудӣ. Мурда будам аз оби ҳаёт зиндагӣ бахшидӣ. Паҷмурда будам, аз кавсари Баён, ки аз қалами Раҳмон ҷорӣ шуда, тозагӣ ато кардӣ. Парвардигоро! Вуҷуди кулл аз ҷудат мавҷуд, аз баҳри карамат маҳрум мафармо ва аз дарёи раҳматат манъ макун. Дар ҳар ҳол тавфиқ ва таъйид бам, ва аз самои фазл бахшиши қадиматро соилам. Туӣ Молики ато ва Султони малакути бақо.

#15637
- Bahá'u'lláh

 

МАҲОФИЛИ РУҲОНӢ

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин гурӯҳи ҷоннисор ёрони деринанд, ва бо ҳам ҳамдам ва ҳамнишин. Гуфтугӯ ширин ва шаккарин, ва базм монанди биҳишти барин, зеро рӯи Ту ҷӯянд, роҳи Ту пӯянд, рози Ту гӯянд ва ҳар дам дар ҷустуҷӯянд, ки ончи шоёни ин рӯзгор аст, биёбанд ва ҷаҳон биёроянд. Эй Бахшанда! Чаранда ва парандаро паноҳӣ, ва ба рози дарун огоҳ. Ҷӯяндагонро ёбандагон кун, ва орзумандонро шодмон фармо. Ташнагонро сероб кун ва озурдагонро осоиши дил ва ҷон бахш. Ситоиш Туро, ки роҳ намудӣ ва раҳбар фармудӣ ва бахшиш афзудӣ. Ва ин мурғонро ба ошёна ва лона ва кошонаи баланд роҳ бинамудӣ. Туӣ Бино ва Доно ва Тавоно ва Шунаво.

#14575
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрабон! Ин ёрон саргаштаи кӯи Туанд ва дилдодаи Рӯи Ту ва мутаваҷҷеҳ ба малакути Ту. Аз саҳбои имон сармастанд ва дар маҳфили Мисоқ ҷоми иштиёқ дар даст. Мӯҳтоҷи алтофанд ва муштоқи мавҳибати осмон. Эй Парвардигор! Ин нуфусро мавриди иноят фармо ва малҳузи назари раҳмоният кун. Ҳар якро шамъе равшан фармо, то ба нури ҳудо он иқлимро мунаввар намоянд. Ҷамеъро бо ин абд дар убудияти Остони Муқаддас шарик ва саҳим кун.Эй Парвардигор! Нуфуси заифаро қавӣ кун ва дидаи муштоқонро ба мушоҳидаи Ҷамоли малакут мунаввар фармо, то кулл ба қуввате малакутӣ, ва файзе ҷабарутӣ, ва мавҳибате осмонӣ, ва нафасе раҳмонӣ, ва таъйиде раббонӣ, бар хидматат қиём намоянд. Шубаҳоти аҳли иртиёбро зоил кунанд ва толибонро баёни ҳуҷҷат ва бурҳон намоянд. Маризонро шифо диҳанд, ва фақиронро рауф ва меҳрабон гарданд. Бечорагонро малҷаъ ва маъво шаванд ва афсурдагонро муштаил намоянд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Худованди Меҳрабон.

#14576
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро! Ҳарчанд мӯри нотавонем, моҳи тобон гардон. Пашшаи залилем, подшаҳи ҷалил фармо. Чоҳуфтодаем, aзизи Миср фармо. Бечораем қавии аср фармо. Мӯҳтоҷем ва музтарем, ғанӣ ва тавонгар намо. Ҷуз Ту нахоҳем ва ба ғайр аз Ту наҷӯем.

#14577
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳо Эй Парвардигор! Мустамандонем, марҳамате кун ва фақиронем аз баҳри ғано насибе бахш. Муҳтоҷем, илоҷе деҳ. Залилонем, иззате бибахш. Ҷамеъи туюр ва вуҳуш аз хони неъматат рӯзихор ва ҷамеъи коинот аз файзи иноятат баҳрабардор. Ин заифро аз файзи ҷалил маҳрум мафармо ва ин нотавонро аз тавоноии Хеш инояте бахш. Ризқи явмиро ройгон деҳ. Маишати заруриро баракате эҳсон фармо, то мустағнӣ аз дуни Ту гардем ва ба куллӣ ба ёди Ту уфтем. Роҳи Ту пӯем, Руӣ Ту ҷуем, Рози Ту гӯем. Туӣ Тавонои Меҳрабон ва Туӣ Розиқи олами инсон. Ва алайка ат – таҳияту вас – сано!

#14578
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Худованди меҳрабон, инояте фармо ва мавҳибате бинамо, то ҳиммати ин бенавоён баланд гардад ва бандҳо бугсалем ва аз бегонагон безор шавем ва ба Ту дил бандем ва ба тамомӣ дар доми ишқат гирифтор шавем. Оташе дар дил барафрӯзем ва ҳуҷаботи мосиво бисӯзем ва чашм аз модун бидӯзем, ва ба мушоҳидаи ҷамол дар Малакути Абҳоят боз кунем.

#14579
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари Абҳо, Эй Маҳбуби Якто, дил аз ҳар ду ҷаҳон бардоштем, чун алами муҳаббатат барафроштем. Рух аз олам ва оламиён бартофтем чун рӯи дилҷӯи Ту ёфтем, чашм аз ғайри Ту бастем чун ба ҷамоли Ту гушудем. Эй Маъшуқи ҳақиқӣ, партаве дар дилҳо афкан ва ҷилвае дар қулуб бинамо, то аз ҳар қайде озод гардем ва ба куллӣ гирифтори Ту шавем, шӯълаи Мисоқ гардем ва нуҷуми бозиға аз матлаъи ишроқ.

#14580
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори Тавоно, ин бандагони нотавонатро аз қуюди ҳастӣ озодӣ бахш ва аз доми худпарастӣ раҳоӣ деҳ, ҷамеъи моро дар паноҳи иноят манзил ва маъво деҳ, ва кулли моро дар каҳфи ҳифз ва ҳиросат ва инқитоъ ва ҳуррийят аз шууни нафс ва ҳаво наҷот бахш. То ҷамеъ муттафиқ ва муттаҳид шуда, дар зилли хаймаи якранги Ту оем, ва аз сирот гузашта, дар ҷаннати Абҳои ваҳдати аслия дохил гардем. Иннака Антал Карим, иннака Антал Раҳим, ло Илоҳа илло Антал Қавиюл Қадир.

#14581
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Меҳрабоно, нуфус дар Маҳфили Руҳонӣ дар ниҳояти табаттул ва тазарруъ ҳозир шудем ва таваҷҷӯҳ ба малакути Ту намудем ва орзуи тайид ва тавфиқ менамоем, то бо якдигар муттаҳид шавем ва муттафиқ гардем ва монанди шаҳд ва шир ба ҳам биёмезем ва сабаби зуҳури ваҳдати олами инсонӣ гардем, бо дили пок ва ҷони тобнок муноҷот кунем, ва талаби ҳоҷот намоем. Парвардигоро, назар ба гуноҳ манамо, ба фазл ва иноятат муомила фармо, гуноҳ бибахш ато бифармо, нори муҳаббат барафрӯз ва пардаи авҳом ва нафс ва ҳаво бисӯз, моро аз шарри нафс маҳфуз ва масун бидор, ва дар зилли ҳимоятат роҳат ва осоиш бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14582
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худовандо, Омурзгоро, ин маҷмаъро тайид кун ва тавфиқ бахш, то оламро ба нури иттиҳод рӯшан намояд, Шарқ ва Ғарбро ба партави муҳаббат ва нури иттифоқ мунаввар кунад.

Эй Бахшандаи Меҳрабон, дилҳоро ба нафасоти Руҳулқудс зинда кун, ва рӯйҳоро монанди шамъ афрӯхта намо, то ҷаҳонро нуронӣ кунанд ва нуфусро раҳмонӣ намоянд. Туӣ Бахшанда ва Туӣ Диҳанда ва Туӣ Меҳрабон.

#14583
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин ҷамъ маҳзи муҳаббат ба ин маҳфил омаданд, ва бо камоли ҳубб ва вафоқ ҳозир шуданд. Худоё, рӯйҳоро мунаввар кун, арвоҳро ба башорати кубро мустабшар фармо, чашмҳоро ба мушоҳидаи оёти ҳудо рӯшан кун, ва гӯшҳоро ба истимоъи нидои Аъло мултаз фармо. Парвардигоро, хатокорем Ту мағфират кун, гунаҳкорем Ту афв фармо, дар паноҳи Худ паноҳ деҳ нуқсонро ба ғуфрон комил кун. Ин нуфусро аз олами авҳом бираҳон ва ба ҳақиқат далолат бинамо, то таҳаррии ҳақиқат кунанд, аз олами носут дур шаванд, ва ба олами малакут наздик гарданд, аз ҷаҳони зулмонӣ ба фазои нуронӣ дароянд. Аз зуламоти имкон бираҳон ва ба анвори ломакон мунаввар фармо, мазоҳири анвор кун ва матолеъи асмор намо, аз ғайр безор фармо ва мутталеъ бар асрор намо. Эй Парвардигор, Ту Омурзгорӣ ва Доно, Ту Бахшандаӣ ва Тавоно, ва Туӣ Қодир ва Бино.

#14584
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин анҷуманро рӯшан намо ва ин ҷамъро шамъи олам кун, зеро нияташон хайри умумӣ аст, ва мақсадашон хидмат ба олами инсонӣ. Эй Худованди Меҳрабон, чунин анҷуман сазовори алтоф аст ва чунин ҷамъ лоиқи фазл ва мавҳибати бепоён. Туӣ Муқтадир ва Азиз, ва Тавоно, ва Туӣ Худованди Якто ва Беҳамто.

#14585
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди беҳамто, ин нуфусро саропо нуронӣ ва қулубашонро раҳмонӣ кун, ва ҷонашонро субҳонӣ намо ва дар ҷамеъи маротиб ба он чӣ лоиқи ин явми аъзам аст, қиём намоянд ва муваффақ ба ризои Ту шаванд.

#14586
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, Эй Омурзгор, ин маҳфил ба зикри Ту ороста ва ин ҷамъ таваҷҷӯҳ ба малакути Ту намуда, дилҳо пурмасаррат аст, ва ҷонҳо дар ниҳояти башорат. Худованди Меҳрабоно, ин ҷамъро шодмон кун ва дар малакути Хеш комрон фармо, гуноҳ бибахш, паноҳ бидеҳ, огоҳ кун ва ба боргоҳи малакут дарор. Туӣ Диҳанда, Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

#14587
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худовандо, Меҳрабоно, Каримо, Раҳимо, мо бандагони остони Туем ва ҷамеъ дар зилли ваҳдонияти Ту, офтоби раҳматат бар кулл мушриқ, ва абри иноятат бар кулл боранда, алтофат шомили кулл аст ва фазлат розиқи кулл, ҷамеъро муҳофиза фармоӣ ва куллро ба назари макрумат манзур дорӣ. Эй Парвардигор, алтофи бепоён шомил кун, нури ҳидоят барафрӯз, чашмҳоро рӯшан кун, дилҳоро сурури абадӣ бахш, нуфусро руҳи тоза деҳ ва ҳаёти абадия эҳсон фармо, абвоби ирфон бикушо, нури имон тобон намо, дар зилли иноятат куллро муттаҳид кун, ва ҷамеъро муттафиқ фармо. То ҷамеъ анвори як шамс шаванд, амвоҷи як дарё гарданд, асмори як шаҷар шаванд, аз як чашма нӯшанд, аз як насим ба эҳтизоз оянд, аз як анвор иқтибос намоянд. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Тавоно.

#14588
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони Меҳрабон ва Бахшанда ва Дурахшандаи замин ва осмон, мо ҷамъем парешони Ту, мустамандем дарвешони Ту, оворагонем бечорагон, ва афтодагонем ошуфтагон, афсурдагонем пажмурдагон. Дардмандем, дармоне бахш, ранҷбарем, давое иноят кун, афсурдаем шӯълае деҳ, пажмурдаем ламъае биафшон, бегонаем ошно кун. Парвонаем парсӯхтаи шамъи вафо фармо, ташнаем ва ба хуни дил оғушта, чашмаи хушгувор бирасон ва аз оби ҳаёт бинӯшон, валвала дар шаҳр андоз ва ошубе дар офоқ афкан ва дилҳо ҳайрони Ту гардад ва ҷонҳо қурбони Ту.

#14589
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худованди Меҳрабоно, Каримо, Раҳимо, ин ҷамъро ба шамъи муҳаббатат рӯшан намо, ва ин нуфусро ба нафасоти Руҳулқудс зинда кун. Анвори осмонӣ бибахш, ва мавҳибати кубро мабзул дор. Тайидоти ғайбия бирасон ва мукошифоти руҳония арзон фармо, дидаҳоро ба нури ҳудо рӯшан кун ва дилҳоро ба фуюзоти номутаноҳӣ ғибтаи гулшан намо, арвоҳро башорати кубро деҳ ва нуфусро ба мавҳибати азиме муфтахар намо. Эй Парвардигор, фақиронем, ганҷи малакут арзонӣ намо, залилонем дар малакутат азиз фармо, бесару сомонем дар паноҳат малҷаъ ва маъво деҳ, толибонем ба алтофи бепоён раҳбарӣ намо, сокитонем нутқи фасеҳ бахш, беқувватем қудрати малакут эҳсон фармо. Парвардигоро, Омурзгоро, хато бибахш, ато бидеҳ, гуноҳ биёмурз, моро одоби раҳмонӣ биёмуз. Туӣ Диҳанда, Туӣ Бахшанда, Туӣ Меҳрабон.

#14590
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Меҳрабоно, ин ҷамъ таваҷҷӯҳ ба Ту доранд, муноҷот ба сӯи Ту намоянд, дар ниҳояти тазарруъ ба малакути Ту табаттул кунанд ва талаби афв ва ғуфрон намоянд. Худоё, ин ҷамъро мӯҳтарам кун, ин нуфусро муқаддас намо, анвори ҳидоят тобон кун, қулубро мунаввар фармо ва нуфусро мустабшар кун, ҷамеъро дар малакути Худ дохил фармо ва дар ду ҷаҳон комрон намо.Худоё, мо залилем азиз фармо, оҷизем қудрат иноят фармо, фақирем аз канзи малакут ғанӣ намо, алилем сафо иноят кун. Худоё ба ризои Худ далолат фармо ва аз савни нафс ва ҳаво муқаддас дор.

Худоё, моро бар муҳаббати Худ собит намо ва бар ҷамеъи халқ меҳрабон фармо, муваффақ бар хидмати олами инсонӣ кун, то ба ҷамеъи бандагонат хидмат намоем, ҷамеъи халқатро дӯст дорем ва ба ҷамеъи башар меҳрабон бошем. Худоё, Туӣ Муқтадир, Туӣ Раҳим, Туӣ Ғафур ва Туӣ Бузургвор.

#14591
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин ҷамъро мазҳари авотифи Раҳмония фармо ва матолеъи алтофи субҳония намо, аз баҳри бекарон сероб кун ва аз офтоби матлаъи ҳақиқат равшан ва тобон намо, файзе бахш, ки анвораш дар субҳи абадӣ мунташир, инояте, кун, ки осораш дар мулки сармадӣ муштаҳар. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон. Иннака Антал Каримул Мутаъол.

#14592
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин нуфуси тайибаи тоҳираро абнои малакут фармо, ва ин вуҷуҳи нурониро сироҷҳои раҳмонӣ кун, ин қулуби зиндаро саршор аз бодаи муҳаббатат фармо, ва ин ҷонҳои озодро ба башороти кубро фараҳ ва масаррати бемунтаҳо бахш. Забонҳоро ба зикрат нотиқ кун ва дидаҳоро ба мушоҳидаи анвори малакутат рӯшан фармо. Эй Парвардигор, файзи осмонӣ бахш ва ҳаёти абадӣ карам фармо ва ин нуфусро ба қуввати малакутӣ ба мавҳибати осмонӣ, ва ахлоқоти раҳмонӣ, ва мавоҳиби субҳонӣ, ва инҷизоби қалбӣ, ва башорати руҳӣ, ва тайиди Руҳулқудс муваффақ ва муайяд фармо. Туӣ Бахшанда ва Азиз ва Тавоно, ва Туӣ Олим ва Воқиф ва Бино.

#14593
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин ҷамъро шамъи рӯшан фармо ва нуфусро тайид кун, рӯйҳоро нуронӣ намо ва хӯйҳоро гулзор ва гулшан фармо, ҷонҳоро ба нафасоти қудс зинда кун ва нуфусро ба ҳидояти кубро нафис фармо. Бахшиши осмонӣ мабзул кун ва мавҳибати раҳмонӣ шоён фармо ва дар каҳфи ҳифз ва ҳимояти Хеш маҳфуз ва масун дор, алтофи бепоён шоён кун ва иноёти махсуса комил фармо. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Доно.

#14594
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрабон, басиратҳоро равшан кун, гӯшҳоро шунаво намо, дилҳои мурдаро зинда кун, нуфуси хобро бедор намо, Худовандо, моро аз ҳар қайде озод фармо ва ба ҷаҳони номаҳдуди Хеш далолат кун. Худовандо инояте бифармо, ки Туро бишносем ва ошиқи ҷамоли Ту бошем, ҷӯёи Шамси Ҳақиқат бошем, аз ҳар уфқе толеъ шавад, толиби роиҳаи тайиба бошем, аз ҳар гуле интишор ёбад. Худовандо, моро аз олами маҳдуд наҷот деҳ ва ба ҷаҳони номаҳдуди Хеш расон, то дар сабили Ту сулук намоем, ҷустуҷӯи Ту намоем ва мушоҳидаи ҷамол ва камоли Ту кунем. Туӣ Бахшанда, Туӣ Меҳрабон, Туӣ Қодир ва Тавоно.

#14595
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин дӯстон ёрони Туанд ва ин ҷамъ ошиқони парешони Ту, малҷаъе ҷуз паноҳи Ту надоранд ва маъмане ба ғайр аз боргоҳи Ту наҷӯянд, пас мадад фармо ва иноят ва нусрат фармо ва ҳидоят, ва ба он чӣ ризои Худат аст, далолат кун ва бар Амрат мустақим ва устувор бидор, бечорагонем, оворагонем, дармондагонем, афсурдагонем, пажмурдагонем, ҷоне бибахш ва равоне бидеҳ, даре бикушо, кушоише бинамо, сар ва сомоне бахш, дардро дармоне бинамо, захмро марҳаме кун ва заҳрро шаккаре намо, зуламотро анвор кун ва заҳамотро роҳати ошкор, ҷуз Ту надонем, ҷуз Ту наҷӯем, ҷуз Номат нагӯем ҷуз дар бодияи муҳаббатат напӯем, марҳамат фармо, иноят кун, ҳидоят бахш. Иннака Антал Қавиюл Қадир.

#14596
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор, Эй Меҳрабон, ин дӯстон мӯътакифи остонанд ва ин ёрон аз ҳарорати муҳаббат шӯълаи сӯзон. Ба ёди Ту чун баҳр маввоҷанд, ва дар анҷумани тавҳид чун сироҷи ваҳҳоҷ, ҳар як мавҷе дар баҳри иноятанд ва ҳар як дурҷе аз лаолии ҳидоят, дар саҳаргоҳ бо дили огоҳ бигирянд, бизоранд, ва дар шабонгоҳ ба ёди ҷамол бихобанд ва биёраманд, Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон ва Туӣ Поянда ва Раҳмон. Эй Бениёз, мурдагонро биёмурз ва бозмондагонро бинавоз, дармондагонро дармон шав ва озодагонро паноҳ ва амон, аз қусур даргузар ва зунуб бибахшо. Ту Сатторӣ, Ту Омурзгор.

#14597
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худовандо, ин нуфусро ёрӣ кун ва бузургворӣ бахш, ва аз ҳар қайде орӣ фармо ва нигаҳдорӣ кун, ва дилдорӣ деҳ ва ба ҷамеъи омол ва орзу бархурдорӣ бахш. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда ва Меҳрабон.

#14598
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Худованди меҳрабон, ин асирони занҷири муҳаббататро дастгир шав ва малҷаъ ва паноҳ ва муҷир, нафаҳоти қудс аз гулшани иноят бифирист ва соҳати дилҳоро гулистони муҳаббат кун ва чаманистони ҳақиқат намо. Аз ғайри Худ безор кун ва ба роз ва ниёз дамсоз фармо, мӯри ҳақирро Сулаймони иқлими ҷалил кун, ва зарраи фақирро амири авҷи асир фармо. Қатраро мавҳибати баҳр бахш, ва сабзаро тароват ва латофати шаҷараи ахзар ато фармо, кулл ёрони Туанд ва бандагони даргоҳи Ту, фазл ва ҷуд мабзул дор ва дар ин явми масъуд тайиди махсусе машҳуд кун. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон ва Дурахшанда ва Тобон.

#14599
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Маҳбуби беанбоз, ин нуфус ёрони Туанд ва бандагони остони Ту ва сармасти саҳбои Туанд ва саргаштаи саҳрои Ту, ташнаи салсабили Туанд ва пайравони далели ҷалили Ту. Таъйид фармо, тавфиқ ато кун, то ҳар як ояти ҳудо гарданд ва мавҳибати Малаъи аъло, мазоҳири асрори тавҳид шаванд ва матолеъи анвори таҷрид, ҷунуди малакут шаванд ва ҷавиши ҳаётбахши Ҳайи лоямуд, сипоҳи нафс ва ҳаворо дар ҳам шикананд ва паноҳи раҳмат ва тақво ҷӯянд, сабаби ҳаёт шаванд ва руҳи наҷот бахшанд. Эй Парвардигор, Эй Омурзгор, инояте фармо, ки кулл ҳарифони базми Илоҳӣ гарданд, ва сармастони бодаи муҳаббати Ҳазрати Яздонӣ.

#14600
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Худованди бениёз, ин дилҳоро ба рози Хеш дамсоз кун ва аз бегона ва хеш бениёз фармо, аз ҷоми сабуҳӣ дар субҳи аҳадият бинӯшон ва аз ҷоми аласт сармаст намо, ин бандагон вола ва шайдои Туанд ва ин муштоқон ошуфта ва парешони Ту, саргаштаи кӯи Туанд ва пурҷазба дар рӯи Ту ва галаи оҳуи Ту, дар биёбони ҳиҷрон саргашта ва саргардон ҳастем ва дар водии ҳирмон парешон, бадрақаи иноят бифирист ва пайки ҳидоят, то бӯе аз кӯи Ту ба машом дарояд ва партаве аз рӯят дар кулбаи эҳзони ин ҳасратзадагон афтад, зулмати дайҷур ба нур табдил гардад ва гулхани ҳирмон гулшани эҳсон гардад. Туӣ Тавоно ва Бино ва Шунаво.

#14601
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалоҳ Парвардигоро, Яздоно, Меҳрабоно! Ин бандаи Ту аз ақси билоди Шарқ ба Ғарб шитофт, ки шояд аз нафаҳоти иноётат машомҳои ин нуфус муаттар шавад, насими гулшани ҳидоят бар ин мамолик бивазад, нуфус истеъдоди алтофи Ту ёбанд, қулуб мустабшар ба башороти Ту гарданд, дидаҳо мушоҳидаи нури ҳақиқат намояд, гӯшҳо аз нидои малакут баҳра ва насиб гирад. Эй Парвардигор, дилҳоро равшан кун, Эй Худованди Меҳрабон, қулубро рашки гулзор ва гулшан фармо. Эй Маҳбуби беҳамто нафаҳоти иноёт бивазон, анвори эҳсон тобон кун, то дилҳо пок ва покиза шаванд, аз тайидот баҳра ва насиб гиранд, ин ҷамъ роҳи Ту пӯянд, рози Ту ҷӯянд, рӯи Ту бинанд, хӯи Ту гиранд. Эй Парвардигор, алтофи бепоён арзон фармо, ганҷи ҳидоят ройгон кун, то ин бечорагон чора ёбанд. Туӣ Меҳрабон, Туӣ Бахшанда, Туӣ Доно ва Туӣ Тавоно.

#14602
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳо Парвардигоро! Омурзгоро! Ҷамъе ҳастем, парешони Ту ҳастем ва ҳарчанд бегонаем, вале хешони Ту ҳастем. Бесару сомонем ва бечора ва бедармон. Хастаи ҳар тирем ва захмии ҳар шамшер. Дармоне аз дорухонаи раҳматат иноят фармо, ва марҳаме аз дарёқи форуқи аъзамат марҳамат кун, то ин дилҳои шикастаро сулвате ҳосил гардад ва ин ҷонҳои пажмурдаи афсурдаро роҳат ва масаррате муяссар шавад. Ин шоми эҳзонро субҳи равшане аз пай дарояд ва ин самми нақиъро шаҳди бадиъе таскин бахшад. Вал Баҳоу алайка ва алал – лазина шарибу ар – раҳиқал махтума мин яди Раббикар Раҳмонир Раҳим.

#14603
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигори меҳрабон! Ин анҷуман ба ҷиҳати нусрати Калиматуллоҳ ва Руҳулқудс ташкил шуда, тайид ва тавфиқ бахш ва муайяд ба қувваи осмонӣ намо. То ин анҷуман чун шӯълаи нуронӣ барафрӯзад ва анвори Раҳмонӣ мабзул дорад, ва атрофро рӯшан кунад. Таолими осмонӣ тарвиҷ намояд ва ба ваҳдати олами инсонӣ хидмат кунад. Нуфусро аз зуламоти олами табиат мунсалих намояд ва ба нуронияти Илоҳия рӯшан намояд, таъмид ба руҳ, ва нур ва ҳаёти абадия бахшад.

#14604
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Поко, Яздоно, Маҳбуби меҳрабоно, ин ёрон ошуфтаи бӯи Туанд ва саргаштаи кӯи Ту, аз ҳар қайде растанд ва ба муҳаббати Ту пайвастанд, аз ҷаҳон ва ҷаҳониён безоранд, ва ба ишқи Ту мафтун ва гирифтор. Ҷуз иноятат ҳеҷ дардеро дармон нахоҳанд, ва дар сабилат ҳеҷ захмеро марҳаме наҷӯянд, ҳамвора орзуи бахшиши бепоён намоянд, ва таманнои алтофи бекарон кунанд. Эй Бахшандаи Меҳрабон, ин залилони Хешро азиз фармо ва ин асирони муҳаббататро амир кун ва ба фалаки асир бирасон ва дар ҷонфишонӣ ба сарири иззати абадия истиқрор деҳ. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бино ва Шунаво. Лакалҳамду ало мо азлалта ва лака шукр бимо ваффайта, наҳмадука ва нашкарука алал ато, ва натазаррау алайк би

#14605
- `Abdu'l-Bahá

 

МОДАРИ ОЯНДА

Парвардигоро! Парвардигоро! Шукр ва ситоиш Туро барои он неъмате, ки канизи хоксори Худро бахшидӣ. Ин канизат Туро зорӣ ва илтиҷо мекунад, зеро ба ростӣ ӯро ба малакути ошкори Худ раҳнамун сохтӣ ва Даъвати азими Худро ба ӯ расондӣ, то дар ҷаҳони имкон оётеро, ки ба зуҳури подшоҳии пирӯзманди Ту бар ҳама чиз шаҳодат медиҳанд, бибинад. Эй Парвардигори ман, онеро, ки дар батни ман аст, ба Ту мебахшам. Ӯро дар мулки Худ фарзанди сутуда ва ба неъмату саховати Хеш хушбахт гардон. Дар зилли тарбияти Ту инкишоф ёбад ва ба воя расад. Ба ростӣ, ки Ту Бахшояндаӣ! Ба ростӣ, ки Ту Парвардигори неъматҳои бузурги!

#14522
- `Abdu'l-Bahá

 

МУНОҶОТИ ЛИҚО

Ин муноҷоти Ҳазрати Абдулбаҳо ҳангоми зиёрат дар Ҳарами Ӯ ва ҳамчунин дар мавридҳои дигар қироат карда мешавад.

Муноҷоти зеринро ҳар касе бо фармонбардорӣ ва орзумандии сахт бихонад сабаби хурсандӣ ва шодии дили ин банда гардад. Ин ҳатто мисли вохӯрии рӯ ба рӯ бо ӯ хоҳад шуд.

Ҳуваллоҳ! Илоҳӣ, Илоҳӣ! Бо фармонбардорӣ ва гиря ва зорӣ ба сӯи Ту дастони ниёиши худро баланд менамоям ва рӯи худро бо хоки остоне мепӯшонам, ки аз идроки донишмандон ва ситоиши ҳар он касе, ки Туро меситояд болотар аст, то ба бандаи хоксор ва фармонбардори Худ, ки дар назди дарвозаи яктоии Туст, бо нигоҳҳои чашмони бахшандагӣ бингарӣ ва дар баҳрҳои меҳрабонии ҷовидонии Худ ғарқаш намоӣ.

Эй Парвардигор! Ин бандаи бенаво фармонбардори Туст. Ниёз менамояд Туро ва зорӣ мекунад Туро. Асир дар дасти Туст. Ба Ту ба камоли орзумандӣ ниёиш мекунад; ба Ту умед дорад; дар пеши рӯи Ту гирён аст; Туро нидо мекунад ва илтиҷо мекунад ва мегӯяд: Эй Парвардигор! Эй Худои ман! Дастам бигир, то ба дӯстони Ту хидмат намоям ва дар бандагӣ ба Ҳазрати Яктоии Худ қувватам бибахш, ва ҷабинамро ба равшании парастиш дар боргоҳи поки Худ ва аз муноҷот ба Подшоҳии Бузургии Худ дурахшанда намо. Ёр ва ёварам бош, то дар остонаи осмонии дарвозаи Ту нест гардам, ва ёриям намо то дар фармонравоии поки Ту аз ҳама чиз бигзарам. Эй Парвардигор! Аз ҷоми нестӣ бинӯшон ва пироҳани нестӣ бипӯшон, ва дар баҳри нестӣ ғарқ намо, ва маро хоки пои аҳиббои Худ гардон ва бибахшой, то битавонам ҷони худро дар замине, ки аз қадамҳои баргузидагони Ту, дар роҳи Ту, сарсабз ва хуррам гаштааст, фидо намоям, Эй Парвардигори арҷмандӣ дар Осмони Боло! Бо ин муноҷот бандаи Ту, Туро дар саҳаргоҳон ва шабонгоҳон нидо менамояд. Орзуи дили ӯро иҷро намо. Эй Парвардигор! Дили ӯро рушан намо, синаи ӯро шодмон кун, чароғи ӯро барафрӯз, то ӯ ба хидмати Амри Ту ва бандагони Ту сарафроз гардад. Туӣ Диҳанда ва Ғамхор ва Пурато ва Азиз ва Меҳрабон ва Бахшанда.

#14606
- `Abdu'l-Bahá

 

МУНОҶОТҲО АЗ ҚАЛАМИ ҲАЗРАТИ АЪЛО

Ҳал мин муфарриҷин ғайруллоҳ? Қул: Субҳоналлоҳ! Ҳуваллоҳ! Куллун ибодун лаҳу ва куллун биамриҳи қоимун.

(Оё ҳаст Наҷотдиҳандае дар душвориҳо, ба ҷуз Худо? Бигӯ: Ситоиш Худоро! Ӯст Худо! ҳама бандагони Ӯ ҳастанд ва ҳама мутеъи фармони Ӯ.)

#14619
- The Báb

 

Қул: Аллоҳу якфӣ кулла шайин ъан кулли шайин. Ва ло якфӣ ъаниллоҳи Раббика мин шайин. Ло фиссамовот ва ло фил арз ва ло мо байнаҳумо. Иннаҳу кона Алломан, Кофиян, Қадиран.

(Бигӯ: Худо ҳама чизро аз ҳама чиз бениёз намудааст. Ва ҳеҷ чиз аз Худованд – Парвардигори ту бениёз нест, на дар осмонҳо, ва на дар замин. Ва Ӯст дар Зоти худ Доно ва Дастгир ва Тавоно.)

#14620
- The Báb

 

Аллоҳумма ё Суббуҳу ё Қуддус! Ё Ҳаннону ё Маннон! Фарриҷ лано бил фазли вал эҳсон, иннака Раҳмонун Маннон.

(Эй Худои ман, Эй Сутудатарин, Эй Поктарин! Ба фазл ва эҳсон, моро наҷот бахш. Ба ростӣ, Туӣ Бахшанда ва Пурато. )

Суббуҳун, Қуддусун, Раббано ва Раббил малоикати вар-руҳ.

(Сутудатарин аст, Поктарин аст, Парвардигори мо ва Парвардигори малоика ва руҳ.

Субҳоннака Раббӣ ё Маҳбубӣ, сaббитнӣ ало Амрик; суммаҷъалнӣ минналазина мо нақазу Мисоқака ва мо итабаъу аснома зунуниҳим. Суммаҷъал лӣ мақъада сидқин ъин-дак ва ҳабнӣ мин ладунка раҳматан, алҳиқнӣ би ибодикаллазина ло хавфа алайҳим ва ло ҳум яҳзанун.

Ай Раббӣ, ло тадаънӣ бинафсӣ ва ло таҷъалнӣ маҳруман ан ирфони Мазҳари Нафсик ва ло тактубнӣ минналлазинаҳум ғафалу ан Лиқоик ваҷъалнӣ ё Илоҳӣ минналлазинаҳум ила Ҷамолика янзурун ва минҳу ясталлизун, биҳайсу лам юбаддилу онан минҳу бималакути милкис-самовоти вал-арз ва бикулли мо кона ва мо якун.

Ай Раббӣ фарҳимнӣ фи тилкал-айёмиллатӣ ахазатил ғафлату кулла суккони арзик. Суммарзуқнӣ, ё Илоҳӣ, хайра мо ъиндика ва иннака Антал Муқтадирул Азизул Каримул Ғафур. Ва ло таҷъалнӣ ё Илоҳӣ, миналлазинаҳум бил узуни саммо, ва бил ъайни ъамё ва бил лисони бакмо ва бил қалби ҳум ло яфқаҳун.

Ай Раббӣ, халлиснӣ мин норил ҷаҳли вал ҳаво, суммадхилнӣ фи ҷивори раҳматикал кубро, сумманзил алайя мо қаддартаҳу ли асфиёика ва иннака Антал Муқтадиру ало мо ташо ва иннака Антал Муҳайминул Қайюм.

(Пок ва бартарӣ Ту, Эй Парвардигори ман, Эй Маҳбуби ман! Дар Амри Худ маро собит ва устувор намо ва маро аз ононе бинамо, ки Аҳду Паймони Туро нашикастанд, ва бутҳои гумони худро пайравӣ нанамуданд; сипас дар назди Худ барои ман нишастгоҳи сидқ ва ростӣ муқаддар намо, ва аз пешгоҳи Худ ба ман раҳмате ато фармо, то маро дар миёни он касоне аз бандагони Ту ҷой диҳӣ, ки хавфе ба онҳо нахоҳад расид, ва андӯҳгин нахоҳанд шуд.

Эй Парвардигори ман, маро ба худ вомагузор ва маро аз ирфони Мазҳари Ҳақиқати Худ маҳрум манамо, ва маро аз он касоне нагардон, ки аз Лиқои Ту ғофил гаштаанд. Эй Худои ман, маро аз ононе бинамо, ки ба Ҷамоли Ту назар менамоянд ва аз Он лаззат мебаранд, ба ҳадде, ки оне аз ӯро ба малакути мулки осмонҳо ва замин ва он чӣ буда ва хоҳад буд иваз намекунанд.

Эй Парвардигори ман, ба ҳоли ман раҳм фармо, дар он рӯзҳое, ки ғафлат тамоми сокинони заминро иҳота намудааст. Сипас, Эй Парвардигори ман, аз атоҳои беҳтарине ки дар назди Туст, барои ман ризқ ва рӯзӣ муқаддар намо, ва ба ростӣ Туӣ Муқтадир ва Азиз, ва Диҳанда ва Омурзанда. Ва маро, Эй Худои ман, аз он касоне мафармо, ки ба гӯш кар ва ба чашм кӯр, ва ба забон гунганд, ва ба қалб чизе намефаҳманд. Эй Парвардигори ман, маро аз оташи ҷаҳл ва ҳаво наҷот бахш, ва ба паноҳи раҳмати бепоёни Худ даровар. Сипас бар ман он чиро нозил намо, ки барои асфиёи Худ муқаддар намудаӣ ва ба ростӣ, ҳар чӣ хоҳӣ бар он тавоноӣ ва Туӣ Нигаҳбон ва Ҷовидон.)

#14621
- The Báb

 

Ё Илоҳӣ, фалакал Баҳоул Абҳо вас-саноул узмо. Ҷалолатука аҷаллу мин ан туҳита биҳил авҳом ва иззатука аазу мин ан ясъаду илайҳо тайрул афъидати вал афҳом. Фал куллу муътарифун бил аҷзи ъаммо ястаҳиққу биҳи минал ҳамд.

Фасубҳонака ло яърифу аҳадун ҳамдака камо Анта, Анта. Ва ло яъламу аҳадун эҳсонака камо Анта, Анта. Ва Анта таъламу камо Анта, Анта. Ло юъламу кайфа Анта илло Анта.

Фаҳмадукаллоҳумма Раббано ало кулли ибдоъика ва ихтироъика ҳамдан шаъониян муталаълаъан, мин илҳомикаллази яъҷизу ъан эҳсоиҳи мо сивок. Ва лакал ҳамду ваш-шукру ало тилкан-неъматил ҷалилати вал оятил азимати фи аволимил Амри вал халқ, камо янбағӣ лимаҳзари ҳайбатика ва ҷалоли азаматик. Субҳонака азума ҳаққука ва мо қаддараҳу аҳадун ҳаққа қадрика ва ло яърифуҳу ҳаққал ирфони ғайрука.

Антаз-зоҳиру бил ҷуди ва ло юърафу мавҷудун сивока мин улувви зуҳурик. Субҳонака, ам лиғайрика минал вуҷуди ҳатто якуна далилан алайк, ам лиғайрика зикрин ҳатто уърифака биҳи, куллу маъруфин мин маъруфиятика қад талаълаъат ва куллул ашёи мин талаҷлуҷи машийятика қад талаҷлаҷат. Антал ақрабу бикуллин мин кулл.

Субҳонака тақаддаса маҷдука мин ан танола илайҳи айдиил увлил албоб ва таъоло дунуввука мин ан янҳадира ъанҳу сайлул афҳоми вал абсор…

(Эй Худои ман, бар Ту бод Баҳои Абҳо ва санои азимтарин. Бузургии Ту бузургтар аст аз он, ки хаёлҳо ӯро дарк намояд ва иззати Ту азизтар аст аз он ки мурғи дилҳо ва фаҳмҳо ба сӯи ӯ парвоз намояд, дар изҳори он чӣ сазовори ҳамди Туст ҳама муътарифи аҷзанд.

Пас Ту Пок ва болотарӣ! Касе ситоиши Туро нашинохт ончунон ки Худи Ту, ва касе эҳсони Туро надонист, ончунон ки Худи Ту, ва Ту медонӣ, ки Ту чӣ гунаӣ. Ва касе ба ғайри Ту намедонад, ки Ту чӣ гунаӣ.

Пас ситоиш Туро бод, Эй Худованд, Эй Парвардигори мо, бар ҳама офарида ва ихтироъи Ту, ситоише равшан ва дурахшон аз он илҳоми Ту, ки аз шумурдани он ҳама ба ҷуз Ту оҷизанд. Ва Туро ҳамд ва шукр бод бар ин неъмати ҷалил, ва ин ояти азим дар оламҳои Амр ва халқ, ончунон ки сазовори ҳузури ҳайбати Туст ва ҷалоли азамати Ту. Ту пок ва бартарӣ, он чӣ сазовори Туст азим аст, ва ҳеҷ кас ончунон ки шоистаи Туст, Туро қадр накард. Ва Туро касе нашнохт, ончунон ки сазовори шиносоии Туст, магар Худи Ту.

Ту ба воситаи ҷуди Худ зоҳирӣ, ва офариниш ғайр аз Ту ба ҳадди баландии Зуҳури Ту касеро намешиносад. Ту пок ва бартарӣ!

Оё ба ғайри Ту вуҷуде ҳаст, ки далел бар будани Ту гардад, ё ба ғайри Ту зикре ҳаст, то ба воситаи он шинохта шавӣ? Ҳар маъруфе аз маъруфияти Ту равшан гардид, ва ҳама чизҳо аз пай набурдан ба хости Ту норавшан шуданд. Туӣ наздиктар ба ҳар чизе аз ҳар чиз.

Ту пок ва бартарӣ! Муқаддас аст бузургии Ту, аз он ки донишмандон ба сӯи ӯ роҳе пайдо намоянд, ва баланд аст наздик будани Ту, то ба фаҳмишҳо ва бинишҳо онро дарк намоянд…)

#14622
- The Báb

 

Фасубҳонака ё Илоҳӣ, Анталлоҳу коинун қабла кулли шайин, ва анталлоҳу коинун баъда кулли шайин, ва анталлоҳу боқиюн баъда кули шайин, ва Анталлоҳу таъламу кулла шайин, ва Анталлоҳу тарҳаму ала кули шайин, ва Анталлоҳу таҳкуму байна кули шайин, ва Анталлоҳу ташҳаду ало кулли шайин, ва Анталлоҳу ва Рабби таъламу мавқифӣ ва ташҳаду сиррӣ ва ало ниятӣ.

Фағфир лӣ ва лилмуъминина мин аҳли иҷобатик. Вакфинӣ шарра ман ароданӣ би ҳузнин ав бисуин, фаиннака Раббу кулли шайин, такфӣ мин кулли аҳадин ва ло якфӣ минка аҳадун…

(Ту покӣ, Эй Худои ман! Туӣ Худованде, ки пеш аз ҳар чизе вуҷуд дoштӣ. Туӣ Худованде, ки баъд аз ҳар чизе вуҷуд дорӣ. Туӣ Худованде, ки пас аз ҳар чизе поянда мемонӣ. Туӣ Худованде, ки аз ҳама чиз огоҳӣ. Туӣ Худованде, ки бар ҳар чиз тавоноӣ. Туӣ Худованде, ки ба ҳама раҳм менамоӣ. Туӣ Худованде, ки дар байни ҳама доварӣ мекунӣ. Туӣ Худованде, ки дар Китоби Худ ба ҳар як чиз шаҳодат медиҳӣ. Туӣ Худованд-Парвардигори ман, ки аз ҳоли ман бохабарӣ, ва рози ошкор ва пинҳони маро мебинӣ.

Пас маро ва мӯъминони мутеъи Худро биёмурз, ва маро аз шарри он касе, ки ба ман ҳузн ва бадӣ мехоҳад ҳифз намо. Ба ростӣ, Туӣ Парвардигори ҳама офариниш ва аз ҳама кас бениёзӣ, ва касе аз Ту бениёз нест…)

#14623
- The Báb

 

Фа кам мин аҳёин ё Илоҳӣ қадд залат фӣ сабилика ли иртифоъи калиматика ва тавҳидика. Ва кам мин димоин ё Маҳбубӣ, қад ҳаракат байна ядайи Амрика ли иртифоъӣ ҳаққиятика ва тасбиҳик. Ва кам мин амволин қад ухизат фӣ сабили маҳаббатика би ғайри ҳаққин лиимтиноъи исботи тақдисика ва тамҷидик. Ва кам мин ақдомин қад машат алот-туроби лиэъзоми калимати қудсика ва таъзимик. Ва кам мин асвотин қад заҷҷат; ва кам мин қулубин қад изтарабат; ва кам мин масоиба азиматин ло юдрикуҳо ғайрука ва кам мин балоё разиятин ло юҳсиҳо сивок; куллу золика ё Илоҳӣ лииртифоъи истиқлоли қайюмиятик ва истимноъи истиҷлоли суббуҳиятик.

Қад қуддират куллу золика биқазоика лиясташҳаданна куллу халқиқа ало аннаҳум мо хулиқу илло лака. Ва қад инқатаъат ъанҳум мо таскуннуна биҳи қулубуҳум лиюқинанна ало ан мо насабта ила нафсика аъло ва аҷалла миммо ҳум биҳи юъминун.

Из лам тазал қудратука мустатилатан ло юъҷизуҳо мин шайин. Қад аҷрат тилкал қазоёул азимату лияшҳаданна куллу зо идрокин, бианнаҳо қад қудират лииртифоъи тавҳидика ва ҳуққиқат лииртифоъи тақдисик…

(Чӣ қадр зиндагон, Эй Худои ман, дар роҳи Ту барои баланд намудани Калимаи Ту ва ягонагии Ту хор шуданд. Чӣ қадр хунҳо Эй Маҳбуби ман, дар пешгоҳи Амри Ту барои баланд намудани ҳаққонияти Ту ва ситоиши Ту рехт. Чӣ қадр дороӣ дар роҳи муҳаббати Ту ноҳақ гирифта шуд, то пеши роҳи исботи покии Ту ва азамати Туро бигиранд. Чӣ қадр қадамҳо бар хок ниҳода шуд, то эҳтироми Туро ва ниёиши Туро иҷро намоянд. Чӣ қадр овозҳо фарёд кашиданд, ва чӣ қадр дилҳо парешон шуданд, ва чӣ қадр аз мусибатҳои азим, ки ғайр аз Ту касе онро дарк нанамояд, ва чӣ қадр аз балоҳои шадид, ки ғайр аз Ту касе онро шумурда натавонад, мушоҳида шуд. Ин ҳама Эй Худои ман, барои баланд намудани истиқлоли ҷовидонии Ту ва нусрат ва ҳимояти шукӯҳи ситоиши Туст.

Ин ҳама ба иродаи Ту муайян шуд, то ҳама халқи Ту бар ин шаҳодат диҳанд, ки халқ нашуданд, магар барои Ту. Қатъ шуд аз онҳо он чӣ ки ба воситаи он дилҳои онон таскин меёбад, то ба яқин бидонанд, ки барои ҳақиқати Худ болотар ва бузургтар аз он чӣ ки ба ӯ имон доранд нисбат надодаӣ.

Чун Қудрати Ту безавол ва доим аст ҳеҷ чизе ӯро оҷиз манамояд. Он иродаҳои азима иҷро шуд, то ҳар як ҳушманде ба ин гувоҳӣ диҳад, ки онҳо барои баланд намудани ягонагии Ту муайян шуда буданд ва барои баланд намудани покии Ту иҷро шуданд.)

#14624
- The Báb

 

Аллоҳума, иннӣ аъузу бика ва уъиду нафсӣ би оётика куллиҳо. Аллоҳума, иннӣ атавакаллу алайка фӣ сафарӣ ва ҳазарӣ ва шуғлӣ ва амалӣ, факфинӣ ъан кулли шайин, ё хайрар-роҳимин.

Аллоҳумма арзуқнӣ кайфа шиъта ва разинӣ бимо қаддарта лӣ.

Фаинна лакал амру куллуҳу…

(Худоё, ба Ту паноҳ мебарам ва ба ҳама нишонаҳои Ту рӯй меоварам. Худоё, ба Ту дар сафари худ ва ҳангоми дар хона будани худ ва дар шуғли худ ва амали худ таваккул менамоям. Пас аз ҳама чиз маро бениёз намо, Эй Беҳтарини Меҳрабонон!

Худоё, он тавре ки хоҳӣ ба ман ризқ ва рӯзӣ бидеҳ ва маро бo он чӣ барои ман муайян намудаӣ хушнуд намо.

Ба ростӣ тамоми амрҳо дар дасти Туст…)

#14625
- The Báb

 

Аллоҳума, иннака Анта Муфарриҷу кулли ҳаммин ва Мунқизу кулли карбин ва Музҳибу кулли ғаммин ва Мухаллису кулли абдин ва Мунқизу кулли нафсин, халлиснӣ Аллоҳумма бираҳматик, ваҷъалнӣ мин ибодикал мунқизин.

(Худоё, ба ростӣ Ту аз ҳар ғусса наҷот медиҳӣ ва ҳар андӯҳро аз байн мебарӣ ва ҳар ғамро мезудоӣ ва ҳар бандаро озод менамоӣ ва ҳар ҷонро раҳоӣ мебахшӣ. Худоё тавассути раҳмати Худ маро наҷот деҳ, ва аз он бандагони Худ қарор деҳ, ки раҳоӣ ёфтаанд…)

#14626
- The Báb

 

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин нуфус дӯстони Туанд ва ин ҷамъ ёрони Ту ва ин анҷуман парешони Ту. Аз насими иноят муҳтаззанд ва аз шамими мавҳибат машом муаттар, таҷаллии раҳмате кун ва тасаллии мавҳибате бахш, дилҳо озод кун ва ҷонҳоро зинда ба бахшиш ва атои маздод намо, дар савни ҳимоятат сиёнат фармо ва дар Амри азим ва султони мубинат истиқомат бахш. Халқи ҷадид кун ва рӯҳи тафрид бидам. Оташи ҳубб ва иттиҳод дар қулуб барафрӯз ва пардаи авҳоми мухталифа бисӯз, собит ва росих кун, нобит ва босиқ фармо. Абвоби ато бикушо, ҷоми сафо ба давр ор, базми иноят биёро ва мавоъиди мавҳибат нозил фармо, то самоӣ гарданд, Малакутӣ шаванд. Антал– Карим.

#14505
- `Abdu'l-Bahá

 

Аллоҳу Абҳо Эй нозир ба ваҷҳ, таваҷҷӯҳ ба Малакути Абҳо ва ҷабарути ғайби амо кун ва муноҷот намо ва бигӯ: Эй Парвардигори Меҳрубон, Эй Яздони Пок, ин бандаи заъифро дар зилли Калимаи Раҳмоният мақарр деҳ, ва ин абди ҳазинро дар сояи шаҷараи сурур маъво бахш, ва ин бенасибро насибе иноят кун, ва ин бебаҳраро баҳрае бахш. Аз баҳри иноят қатрае бирасон, ва аз наҳри мавҳибат рашҳае мабзул кун, то ҳаёти тоза ёбам ва мавҳибати беандоза ҷӯям.

#14506
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Меҳрубоно! Ин ҷамъ муҳиббон ва дӯстони Ту, окифи кӯи Туанд ва дилдодаи рӯи Ту ва ошуфтаи роҳ дар ҷустуҷӯи Туанд. Парешонанд ва дилрешонанд ва бесару сомонанд, раҳме фармо ва марҳамате кун, ки дар зилли Сидраи Раҳмоният ба лаҳазоти айни иноят манзур гарданд, ва дар сояи ҷаноҳи мавҳибат биёраманд. Ташнагони зулоли алтофанд, бар баҳри аъзам ворид кун, ва гумгаштагони бодияи иштиёқанд, ба қибоби васлат роҳ бинамо, асири занҷири ҳубби Туанд аз ҳар қайде озод фармо, ва далели роҳи рости ризои Туанд, далолат фармо. Ташнаи салсабили Туанд, сероб кун, ва хастаи тири ҳиҷрони Туанд, ба нафаҳоти башорати васл масрур фармо. Ҳол, ки ҷамоли нуронӣ аз уфуқи имконӣ мастур фармудӣ ба насоими риёзи Малакутат ҷон эҳсон кун ва фуюзоти шифоҳияи калимотатро манъ фармудӣ, фуюзоти ғайбияи руҳонияро арзон кун. Пок Яздоно! Мутазарреъ ба даргоҳи Аҳадиятанд, ба фарёд рас ва мубтаҳил ба боби Ҳазрати Вoҳидиятанд, малҷаъ ва паноҳе бибахш. Туӣ Муқтадир ва Меҳрубон, ва Туӣ Тавоно ва Раҳмон.

#14507
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Яздони Раҳмон! Ҷонам фидои хоки остонат, бӯи хуше ба машомам расон ва ба кӯи Хеш далолат фармо, бечораам чорае кун, овораам дили сад пора деҳ, муниси ҷонам бош ва роҳат ва масаррати виҷдонам гард, чун иноят кунӣ, унс аст ва чун адолат намоӣ, ваҳшат аст. Туӣ Раҳим ва Карим ва Меҳрабон.

#14508
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Худованд, Ту шоҳид ва огоҳӣ ки дар дил ва ҷон ҷуз орзуи ризои Ту муроде надорам, ва ҷуз дар базми Мисоқ роҳе ва коме наҷӯям. Шаб ва рӯз дардманди дарди Туам ва рӯз ва шаб маҷрӯҳи теғ ва хаданги Ту, ҷуз ба Малакути Абҳоят нола ва фиғон накунам ва ҷуз дар паноҳи Аҳадиятат амн ва амон наҷӯям. Безор аз ҳар бегонаам ва ба ягонагии Ту дил бастаам, аз ғайри Ту безорам ва аз модунат дар канор. Эй Парвардигор, муваффақ бидор, то аз савдоиёни Ту гардам ва аз шайдоиёни Ту шавам, сардафтари маҷнунони рӯи Ту гардам ва расвоиёни кӯи Ту. Ин мавҳибатро шоён фармо ва ин иноятро ройгон кун. Туӣ Парвардигор ва Туӣ Омурзгор.

#14509
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин азизон залили сабили Ту гаштанд, ва ин маҳруён дар роҳи муҳаббатат ба хун оғуштанд, ҳар синае монанди оина пора– пора гаштанд ва ҳар диле аз об ва гил озода, шарҳа– шарҳа шуда, сарҳои бузургвор дар зери пойҳои ҷуҳҳол поймол шуда, ҳанҷари нуронӣ ба ханҷари нуфуси зулмонӣ озурда гашта, ва ғуруби Раҳмонӣ ба саҳоми Шайтонӣ хаста гардиданд. Ин нуфуси нафиса дар дасти ҳар хасисе гирифтор шуда, ва ин вуҷуҳи нурония ба ғубори туғёни мазоҳири шайтоние афсурда гашта. Эй Парвардигор, аз он ҷоми саршор қатрае нисор фармо, ва аз он гулшани фидо нафҳае ба машоми ман ор, то мунҷазиби офоқ гардам ва саргашта ва савдоии он Ҷамоли пуранвор шавам ва ҷон ва равон қурбон намоям, ва алайкат таҳияту вас сано.

#14510
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди меҳрабон, мӯри заифам ҳашмати Сулаймонӣ бахш, зарраи фониям аз партави Шамси Ҳақиқат намоён фармо. Қатраам амвоҷи дарё бахш, пашшаам, уқоби авҷи иззат фармо, залилам дар малакутат азиз кун, бе ном ва нишонам, нишони таъйид бахш.

#14511
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин ҷавҳари аброрро ёр ва ёвар бош, комкор кун, бузургвор намо, ҳамвора машом аз нафаҳоти қудс муаттар кун ва дар ду ҷаҳон рӯи мунаввар намо, ва хӯи муанбар. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Тавоно.

#14512
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори омурзгор, ин мурғони беошёнро дар ҳадиқаи сабот ва истиқомат дар шохсори Сидраи Мунтаҳо паноҳ иноят фармо, ва ин моҳиёни луҷаи тавҳидро дар баҳри аъзами иноятат ғувс деҳ, ва ин бесомонони саҳрои муҳаббататро дар каҳфи манеъ ва малози рафеъи ҳифз ва ҳиросатат манзил ва маъво эҳсон кун. То ба авн ва фазл ва ҷудат дар самои вуҷуд чун анҷуми ҳидоят бидурахшанд, ва дар анҷумани олам чун чароғҳои муҳаббатуллоҳ рӯшан ва мунаввар гарданд, амтори ғамоми раҳмат бошанд ва ашиъаи офтоби уфуқи ҳақиқат, лисони нотиқ гарданд ва фазли собиқ шаванд, чашми бино бошанд ва гӯши шунаво, дори пурбор гарданд ва гулзоре бо нафаҳоти мушкбор, амвоҷи дарёи осори қедам шаванд ва насоими гулшани Исми Аъзам, маҳбати илҳом бошанд ва машриқи анвор ва мазҳари алтофи Рабби Мухтор, дар Малаъи муқаррабин машҳур гарданд ва дар зумраи мухлисин маъдуд ва маъруф. Аз ҳарорати муҳаббатуллоҳ чун шӯъла сӯзон бошанд ва дар фирқати Ҷамоли Маннон абри гирён, ба вафои Илоҳӣ рӯяшон рӯшан гардад ва ба инояти Ҳазрати Яздонӣ дилҳошон лолазор ва гулшан. Ҳар як дар Амруллоҳ алами мубин гарданд ва дар истиқомат бар Аҳд ва Паймон ҳисни матин.

#14513
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, Эй Кирдигори меҳрабон, бандагонат дар акноф ва атроф мутафарриқ ва муташаттит ва парешон, саргардон, бесару сомон, дар ҳар нафасе дар доме гирифтор ва дар ҳар явме дар буме саргардон. Ба ёди Ту дилхушанд ва ба нори муҳаббатат дар оташ, саргаштаи кӯи Туанд ва ошуфтаи мӯй ва рӯи Ту. Инояте кун ва марҳамате намо, ки кулл дар зилли мамдуд ва сояи хаймаи маҳмуд, дар таҳти ливои мақсуд муҷтамеъ гарданд ва дар ароик ва сурури мутақобилин ҷолис гарданд, ва аз коси мавҳибат нӯшанд ва аз саҳбои иноят сармаст гарданд, Туӣ Қодир ва Тавоно. Эй Парвардигор, ин сироҷҳои рӯшанро аз арёҳи имтиҳон ва ифтитон муҳофизат фармо, ва ин туюри бол ва паршикастаро дар ҳадиқаи фазл ошёна бахш, ин бенасибонро насиб деҳ ва ин дармондагонро дармоне иноят кун. Туӣ Карим, Туӣ Раҳим ва Туӣ Алим.

#14514
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин оворагонро ба сояи Хеш даровардӣ ва сар ва сомон додӣ, нестиро ҳастӣ додӣ ва нобудро вуҷуд бахшидӣ, ташнагонро оби гуворо додӣ ва гуруснагонро суфраи муҳанно густурдӣ, ва неъмати муҳайё ройгон намудӣ. Пас дар ҳар мавриде малҷаъ ва паноҳ бош, ва дар ҳар мақсаде муин ва мустаъон гард.Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Диҳанда, ва Шунаванда, ва Тавоно, ва Бино.

#14515
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигори оламиён, дар ин ҷаҳон ба оташи ишқат бисӯз ва дар он ҷаҳон ба мушоҳидаи рӯи маҳрӯят комрон фармо. Дар ин олам чун шамъ бигудоз ва дар он олам чун парвона гирди шӯълаи ҷамолат парвоз деҳ. Туӣ хуҷаста дилбари ман ва Туӣ фархунда ёри ҷонпарвари ман. Вал Баҳоу алайк.

#14516
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор, мурғони зорем, вале дар паноҳи Ту ошёна намудем, туюри хоксорем, вале авкори иқтидор ҷӯем, ва бепар ва болем, вале авҷи азим талабем ва рафрафи олия орзу намоем. Пас инояте мабзул фармо ва қуввате бибахш, то ҷаноҳи фалоҳ бирӯёнем ва дар ин фазои ғайримутаноҳӣ оғози парвоз кунем, ва ба Малакути Абҳоят дамсоз гардам.

#14517
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Худои ман, ҷонам фидои аҳиббоят, ин хуни афсурдаро дар сабили дӯстонат бар хок рез, ва ин тани фарсударо дар роҳи ёронат хоки роҳ ва ғубори ақдом намо, Эй Худои ман.

#14518
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор – Омурзгорӣ, ва Эй Кирдигор – Бузургворӣ.

Пас ёрони муштоқро баҳрае аз ишроқ деҳ ва ушшоқи рӯи Хешро партаве аз дилбари офоқ бахш, оворагони бодияи ҳиҷронро ба ҳарами висол дарор ва гумгаштагони саҳрои фироқро маҳрами ҳарами висол кун. Ошиқонро аз ҳирмон наҷот деҳ ва ошуфтагонро дар базми қурб сар ва сомон бахш, сомитонро нотиқ кун ва қонитонро умедвор фармо, бегонагонро ошно кун ва маҳрумонро маҳрами роз фармо, махмудонро барафрӯз, мунҷамидонро ба нори муҳаббатат бисӯз, тариқи ҳудо намо ва абвоби Малакути Абҳо бигшо, бунёди ҳасад ва бағзо барандоз, айвони муҳаббат ва вафо барафроз ва бечорагонро чора соз. Эй Дилбари меҳрабон, ҳар бенавое саргаштаи кӯи Ту ва ҳар мурғи бепар ва бол гирифтори мӯи Ту, ва саргашта ва саргардоне нозир ба сӯи Ту, ва ҳар сӯхтадиле ташнаи ҷӯи Ту, ва ҷаҳониён ҳарчанд ғофиланд, вале ба ҷон дар гуфтугӯи Ту, надонанд ва нашносанд, наҷӯянд ва напӯянд, вале мустаҳаққи алтофанд ва сазовори иноят ва аътоф. Эй Карим, назар ба истеъдоди ҳар сақим мафармо, ба фазли амим муомила кун ва ба нури мубин ҳидоят фармо, ёрони Хешро ёварӣ кун ва ошиқони малакути Ҷамолро башорати висол деҳ, ва дардмандони ишқро дармони дил ва ҷон бахш, ҳар якро бар хидмати остонат муваффақ кун ва дар зумраи ростон дарор, ор ва ози дӯстони ростон кун. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бахшанда ва Дурахшанда ва Тобон.

#14519
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ошиқонро аз бало соғари лабрез дар ком рез, ва муштоқонро дар роҳи муҳаббатат заҳри шаҳд кун ва нӯши неш намо, сарҳоро зиннати синон кун, ва дилҳоро ҳадафи саҳими беамон фармо. Ин ҷони пажмурдаро дар сабили фидо зинда фармо ва ин қалби афсурдаро ба коси ҷафо тароват ва латофат бахш, мадҳуши ҷоми аласт кун ва сармасти паймона ба даст фармо, ба ҷонфишонӣ муайяд фармо ва ба қурбонӣ муваффақ кун. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Доно ва Бино ва Шунаво.

#14520
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованд, ин гумгаштагони кӯи Хешро ошиқони фориғ аз бегона ва хеш фармо. Туӣ Қодир ва Тавоно.

#14521
- `Abdu'l-Bahá

 

НАВҶАВОНОН

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин навҷавонро нуронӣ кун ва ин бенаворо навое бахш ва огоҳӣ ато фармо ва дар ҳар субҳгоҳе мадади ҷадиде бахш, то дар паноҳи Ту аз ҳар гуноҳе маҳфуз ва масун монад ва ба хидмати Амрат пардозад. Гумроҳонро ҳидоят фармояд ва бечорагонро далолат кунад. Асиронро озод намояд ва ғофилонро бедор кунад. Ва ба ёд ва зикрат дамсоз шаванд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14537
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Пок Яздон, ин ниҳолони ҷӯйбори ҳидоятро аз борони абри иноят тар ва тоза фармо, ва ба насими риёзи аҳадият эҳтизозе бахш, ва ба ҳарорати Шамси Ҳақиқат ҷони тоза ато намо, то нашв ва намо намоянд, ва рӯз ба рӯз тараққӣ кунанд, ва шукуфта гарданд, ва пурбор ва барг шаванд. Эй Парвардигор, ҷумларо ҳушёр кун ва қувват ва иқтидор бахш ва мазоҳири тайид ва тавфиқ фармо, ки дар ниҳояти барозандагӣ дар байни халқ маҳшур шаванд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14538
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Худои меҳрабон, ин навгули гулистони муҳаббататро аз шабнами иноят тар ва тоза бифармо, ва ин тозаниҳоли бӯстони ҳидоятро ба тарбияти боғбони аҳадият парвариш деҳ ва ин шохи сабзро дар гулшани алтоф музайян ба шукуфа ва барг кун ва ин дурдонаи маърифатро дар оғӯши садафи раҳмат бипарвар. Эй Худованд, ҳар мустамандеро тавонгар намо ва ҳар дардмандеро дармон бахш, ҳар фақиреро ба ганҷи равон далолат кун ва ҳар асиреро аз занҷири қуюд озодӣ бахш. Туӣ Тавоно ва Бино, ва Огоҳ ва Шунаво, тайид эҳсон намо.

#14539
- `Abdu'l-Bahá

 

НАШРИ НАФАҲОТ ВА ТАБЛИҒ

Илоҳо, Маъбудо, Мақсудо, Каримо, Раҳимо! Ҷонҳо аз Ту ва иқтидорҳо дар қабзаи қудрати Ту. Ҳар киро баланд кунӣ аз малак бигзарад, ва ба мақоми “Ва рафъаноҳу маконан алиян” расад, ва ҳар киро бияндозӣ, аз хок пасттар, балки ҳеҷ аз у беҳтар. Парвардигоро! Бо табоҳкорӣ ва гунаҳкорӣ ва адами парҳезкорӣ, мақъади сидқ металабем ва лиқои Малики Муқтадир меҷуем. Амр, амри Туст ва ҳукм они Ту, ва олами қудрат зери фармони Ту. Ҳар чӣ кунӣ адли сирф аст, бил фазли маҳз. Як таҷаллӣ аз таҷаллиёти Исми Раҳмонат расми исёнро аз ҷаҳон барандозад ва маҳв намояд. Ва як насим аз насоими Явми Зуҳурат оламро ба хилъати тоза музайян фармояд. Эй Тавоно, нотавононро тавоноӣ бахш ва мурдагонро зиндагӣ ато фармо. Шояд Туро биёбанд, ва ба дарёи огоҳият роҳ ёбанд ва бар Амрат мустақим монанд. Агар аз луғоти мухталифаи олам арфи санои Ту мутазаввеъ шавад, ҳама маҳбуби ҷон ва мақсуди равон. Чӣ тозӣ, чӣ форсӣ, агар аз он маҳрум монад қобили зикр на, чӣ алфоз, чӣ маъонӣ. Эй Парвардигор, аз Ту металабем, куллро роҳнамоӣ ва ҳидоят фармоӣ. Туӣ Қодир ва Тавоно ва Олим ва Бино.

#15665
- Bahá'u'lláh

 

Парвардигоро, Меҳрабоно, Подшаҳо, Додрасо! Ҳамд ва сано ва шукр ва баҳо Туро сазост, ки ганҷи шиносоиро дар дил ва димоъ гузордӣ ва латифаи вуҷудро аз об ва гил барангехтӣ. Туӣ Тавоное, ки қувват ва шавкати ибод Туро заиф нанамуд ва лашкари ғафлат ва аскари ғурур ва сарват Туро аз ирода боз надошт дар ҳине, ки сиҳоми зағина ва бағзо аз ҷамиъи ҷиҳот тайёр, ба истиқомати тамом қоим, ва ба моянбағӣ қоил. Зулми фароина Туро аз гуфтор манъ накард ва қаҳри ҷабобира аз иродаи ғолиба манъ насохт. Эй Парвардигор, дастуронро роҳ намо ва ба ҷунуди доноӣ ва илми мадад бахш. Шояд ибоди Туро ба роҳи рост ва хабари бузург башорат диҳанд ва фоиз намоянд. Эй Карим, нурат сотеъ ва амрат ғолиб ва ҳукмат нофиз. Авлиёатро аз дарёи бахшишат маҳрум масоз, ва аз барои ҳар як, аз қалами иноят он чӣ барои алявм сазовори фазли Туст, марқум намо ва муқаддар фармо. Туӣ Тавоно ва Туӣ Доно ва Бино. Эй Парвардигор! Дастуронро огоҳ намо, то бо огоҳии худ ғофилинро огоҳ намоянд ва гумроҳонро ба роҳ оранд, то кулл дар зилли қибоби азамат ва сидраи раҳмат ҷамъ шаванд ва бишнаванд он чиро, ки қувваи сомеъа аз барои он ба зуҳур омада, ва мушоҳида намоянд он чиро, ки қувваи босира аз барои он мавҷуд гашта. Амр амри Ту, ва ҷонҳо қурбони Ту.

#15666
- Bahá'u'lláh

 

Дар мақоми муноҷот ва ибтиҳол бо Ғании Мутаъол ба ин калима нотиқ шав:

Ё Маҳбубӣ, ва Мақсудӣ, ва Ғояти Омоли! Мушоҳида менамоӣ ин абди фониро, ки ба Ту таваҷҷуҳ намуд, ва кавсари боқӣ талабида. Иноят фармо он чӣ сазовори бузургии Туст ва лоиқи айёми Ту. Суол мекунам Туро ба Исми Аъзам, ки ҳуҷаботи ибодро харқ намоӣ, ва боби раҳматро барояшон бинамоӣ ва бикушоӣ, ноиминро ба яди шафқат ва лутф бедор намоӣ, ва ғофилинро ба нидои базми латиф огоҳ созӣ то кулл ба Ту таваҷҷуҳ кунанд ва ба Ту иқбол намоянд. Эй Раббӣ, ло таҳримҳум ан фуюзоти саҳоби раҳматика ва насоими раббиил фазли фи айёмик. Ашҳаду анна раҳматика сабиқатил коинот ва иноятика аҳотат ман фил аразин вал самовот. Ло Илоҳа илло Антал Ғафурул.

#15667
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Малико, Маликал Мулуко! Аз Ту металабам тайид фармоӣ ва тавфиқ ато кунӣ, то ба он чӣ сазовори айёми Туст амал намоям, ва қобили ҷуд ва карами Туст, машғул гардам. Эй Карим, ғофилонро ба баҳри огоҳӣ роҳ намо ва канизонатро ба анвори Исмат мунаввар фармо ва ба аъмоли таъйибаи тоҳира, ва ахлоқи марзия муайяд дор. Лакал ҳамду вас сано ва лакал фазлу вал ато. Ин намлаи фонияро ба суродиқи ирфонат роҳ намудӣ ва дар зилли Хибоъи маҷдат маъво додӣ. Туӣ Бахшанда ва Тавоно, ва Доно ва Бино.

#15668
- Bahá'u'lláh

 

НИКОҲ

Суханони осмоние, ки бояд ҳам арӯс ва ҳам домод, ҳар кадом алоҳида, дар ҳузури ду шоҳид ба забон оранд, дар Китоби Мустатоби Ақдас чунин оварда шудааст:

Домод мегӯяд:

“Инно куллун лилоҳи розун”.

Арӯс мегӯяд:

“Инно куллун лиллоҳун розиёт”.

(Мо, ба ростӣ, ҳама, ба иродаи Худованд розием).

#14617
- Bahá'u'lláh

 

ПОЙДОРӢ ВА ИСТИҚОМАТ

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор! Ин бандаи дармондаро дар каҳфи манеъат маъво деҳ ва дар малози рафеъат маскан бахш. Шамъи равшане дар қалбаш барафрӯз ва чашмаи салсабиле аз дилаш ҷорӣ кун, абвоби файз бар рухаш баркушо ва асрори ғайб ба фуъодаш илҳом фармо. Туӣ Насир, Туӣ Заҳир, Туӣ Муҷир, Туӣ Дастгир. Чун ба Ту пардозем аз ҳама чиз озодем. Чун ба паймон ва имони Ту собит ва устуворем, аз ғайри Ту безорем. Парвардигоро раҳм кун, истиқомат бахш.

#14442
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин бандаи заъифро бо дӯстонат дар остони убудиятат мақар ва маъво бахш, то ба шурути убудият қиём, ва ҷон ва дил ва тан дар камоли сурур нисор намоем. Туӣ Муътӣ ва Муаййид дар шуъун.

#14443
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор! Ин ҳушёрро ба бахшиши осмонӣ бузургвор кун ва аз мавҳибати раҳмонӣ бархурдор намо. Ҳаёти абадӣ бахш ва иззати сармадӣ ато фармо. Тоҷе аз мавҳибати кубро бар сар неҳ ва хилъате аз сундуси истабрақи ҷаннати Абҳо дар бар кун. То ба файзи номутаноҳӣ мустафиз гардад ва ба инояти махсуса мухассас шавад. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14444
- `Abdu'l-Bahá

 

РОЗ ВА НИЁЗ ШУКР ВА СИТОИШ

Ҳувал Носирул Муъин! Илоҳо, Каримо, Раҳимо! Ба Ту таваҷҷуҳ намудаам, ва ба ҳабли иноятат мутамассикам, ва ба зайли карамат муташаббис. Туӣ Он Кариме, ки як қатра аз дарёи ғуфронат исёни оламиёнро маҳв намояд ва як калима аз фами иноятат оби ҳаявон ба аҳли имкон мабзул дорад. Эй Бахшандаи Якто! Абдатро маҳрум манамо, ва аз баҳри раҳматат қисмате ато намо, ва аз дарёи ҷудат насибе муқаддар фармо. Алсуни олам қобили зикрат на, ва афъидаи умам лоиқи идроки ҳастиат на. Ҳастии Ту варои идроки уқул, ва фавқи ирфони нуфус буда ва ҳаст. Ба камоли аҷз ва ибтиҳол бахшиши қадиматро металабам ва фазли амиматро меҷуям. Ту Доно ва Огоҳӣ. Ба зикрат зиндаам ва ба умеди лиқоят мавҷуд ва поянда. Он кун, ки сазовори бахшиши Туст, на лоиқи зикр ва санои ман. Ло Илоҳа илло Антал Ғафурул Карим. Алҳамду лака Анта Мақсудал қосидин

#15653
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо! Ин ниҳолест Ту ғарс намудӣ, аз амтори саҳоби раҳмат обаш деҳ. Туӣ Он Кариме, ки исёни олам Туро аз карам манъ манамуд ва аз бадоеъи фазлат боз надошт. Туе, ки ҷудат вуҷудро мавҷуд фармуд ва ба Уфқи аъло роҳ намуд. Ибодатро аз сироти мустақимат манъ мафармо. Туӣ Қодир ва Тавоно.

#15654
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо! Туро зикр менамоям ва ба ҳабли иноятат мутамассик ва ба зайли раҳматат муташаббисам, аз Ту омурзиши қадиматро металабам ва фазли амиматро меҷуям. Асъалука би анвори анбиёика ва русулика анту аййдани ало зикрика ва саноик вал амала бимо амартани биҳи фи Китобик. Иннака Антал Муқтадиру ало Моташо. Ло Илоҳа илло Антал Ғафурул Карим.

#15655
- Bahá'u'lláh

 

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ

Ҳуваллоҳ! Худовандо, Раҳимо, Каримо! Ибодатро ба сарчашмаи ҳаёти абадӣ бирасон ва аз азби Фурот саршор кун бандагонатро дар хулди барин дохил фармо ва аз шароби каъси кона мизоҷуҳо кофуран сармаст кун. Қулубро ба анвори раҳматат нуронӣ кун. Дидаҳоро равшан намо. Нуфусро масдари илҳомоти Ҳайи Қадир фармо ва арвоҳро маҳобити улуми ладуннӣ. Абвоби Малакутиро бар қулуби ёронат боз кун, ва ба ҳидояти кубро фоиз намо. Фақиронро аз баҳри бахшишат насибе деҳ, ва аз рашаҳоти дарёи бениҳоятат вуҷудоти олами кавнро тароват ва латофат бахш. Туӣ Бахшанда ва Тавоно ва Туӣ Доно ва Бино.

#14546
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ба ҷунуди Малаъи аъло нусрат намо ва ба ҷавиши малоика муҳаббат ва сафо иноят кун. Нағамоти қудс бифирист ва маҳофили унс муаттар намо. Файзи қадим мабзул дор ва фавзи азим шоён намо. Нури ҳақиқат ҷилва деҳ. Дидаи аҳли басират рӯшан кун. Оҳанги Малакути Абҳо ба гӯш расон ва ҳар дилтанги олами аданиро хушвақт кун. Абри раҳмат бифирист. Борони мавҳибат бибор. Чамани ҳидоят биоро. Раёҳини маонӣ инбот кун, ва султони гулро тоҷи мавҳибат бар сар неҳ, ва булбулони руҳониро ба ғазалхонӣ бихон, ва ҳақоиқ ва маонӣ таълим деҳ. Туӣ Парвардигор, Туӣ Кирдигор, Туӣ маҷалли Тур дар кишвари анвор.

#14547
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Илоҳӣ, гувоҳӣ, ки орзуи мушоҳидаи анвор кунам ва таманнои идроки асрор.Аз бегонагӣ безор намо ва ба ягонагии Хеш ошно ва комкор фармо. Ғамхорам ғамгусорӣ кун, хоксорам бузургворӣ намо. Яздони Меҳрабонам Туӣ, бахшише бахш, ки рухам тобанда ва дурахшанда гардад ва зиндагии поянда муяссар шавад.

#14548
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Ҳаййи Тавоно, паноҳи гунаҳкори ва Бахшанда ва Омурзгор, мо ғарқи хатоем ва Туӣ дарёи ато, мо дар зуламоти исёнем ва Ту офтоби фазл ва эҳсон. Парвардигоро, назар ба қусур мафармо ва ба ҳасби лаёқат ва аҷзи мавфури мо маъмул мадор, залилем ва алил азиз кун, ҷалил фармо, дармон бахш, дарёқи аъзами афв ва ғуфрон мабзул дор. Омурзгоро, ба исён магир, ҳар ҳайронеро Ту муҷирӣ ва дастгир. Аз олами носут безор намудӣ дар ҷаҳони малакут комкор кун, аз ҳайизи офот раҳонидӣ, ба гулшани алтоф бирасон. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда, ва Раҳонанда, ва Поянда, ва Меҳрабон.

#14549
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худоё, мо заифем, Ту қавӣ кун. Мо нодонем, Ту доно фармо. Худоё! Фақирем, ғанои малакутӣ деҳ. Худоё! Мурдаем, ҳаёти сармадӣ бахш. Худоё! Зиллати маҳзем, дар малакут азиз фармо. Агар таъйидоти осмонӣ шомил гардад, ҳар як аз мо ситораи дурахшанда гардад, ва илло аз хок пасттар шавад. Худоё! Таъйид кун, нусрат фармо. Моро ғолиб бар нафс ва ҳаво кун ва аз олами табиат наҷот деҳ. Худоё! Ба нафасоти Руҳулқудс зинда фармо, то ба хидмати Ту қиём намоем ва ба ибодати Ту машғул гардем ва ба ниҳояти сидқ ва сафо ба интишори осори малакутат пардозем. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

#14550
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Пок Яздони ман! Ин ёрони бовафо мафтуни рӯи Туанд ва маҷнуни мӯи Туанд ва саргаштаи кӯи Ту ва ташнаи ҷӯи Ту. Назари инояте фармо ва мавҳибате мабзул дор, ки ҳар дам руҳи ҷадиде ёбанд ва ҳаёти бадеъ хоҳанд, ба васоё ва насоеҳи Ту пардозанд, ва дарси ишқ ва муҳаббат биомӯзанд, ва ба муҷиби таолими раҳмонӣ равиш ва сулук намоянд. Эй Худои Меҳрабон! Ин бандагон аз бевафоён ҷафо диданд, ва дар ҳар рӯзe балоё кашиданд, ва таҳаммули машаққатҳои бепоён намуданд, ва сабр ва таҳаммул карданд, ва забон ба шукрона кушоданд, ва аз шиддати муҳаббатат гиристанд, ва хандиданд, ва дар ниҳояти сурур ва башошат оташи зулм ва ситамро гулзор ва гулшан ёфтанд. Чун ғунча шукуфтанд ва монанди гул ҷилва намуданд. Эй Худованди Якто! Ин нуфуси мутмаинаро ҷоми ато бахш, ва ин қулуби розияи марзияро нашъаи саҳбо эҳсон кун, то ёди камол ва ҷамолат бода гардад, ва ба нағма ва тарона пардозанд, ва сомеъинро фараҳ ва валаҳ бахшанд, ва толибонро ба ҷазб ва тараб оранд. Ҷоми ишқ ба давр оранд ва бодаи сурур ва шодмонии абадӣ бинӯшанд, ва бинушонанд. Худоё, ин мустамандонро тавонгар фармо ва ин мазлумонро арҷманд кун, ва ин саргаштагонро сару сомоне деҳ, ва ин маҳзунонро сурури абадӣ бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

#14551
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Таъйид бахш ва тавфиқ иноят кун. Ин абри тираро зоил кун ва ин ғамоми ҳоилро муталошӣ ва ботил. Насими ҷонбахш бивазон ва дилҳои мурдаро зинда кун. Борони раҳмат бибор ва ин гиёҳи афсурдаро таровати тоза намо. Ҳадоиқи қулубро ҷаннати Абҳо кун ва ҳақоиқи нуфусро риёзи Малаъи аъло. Эй Қадир! Раҷои ин абдро бипазир. Туӣ Тавоно, Туӣ Беҳамто.

#14552
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Раҳмон, Эй Раҳим! Дили чун миръот латифи софе ато кун, то ба анвори муҳаббатат равшан ва мунир гардад, ва ба илҳомоти руҳония ва маънавия малҳам фармо, то олами вуҷудро чун биҳишти барин намояд.

#14553
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин ёронро бинавоз ва ба оташи ишқ бигудоз ва ба розат дамсоз намо. Мавҳибати Малакути Абҳоят ройгон кун ва раҳмати Уфуқи Аълоят шоён фармо. Зеро мунҷазиби Ҷамоли нурониянд ва зинда аз нафаси раҳмонӣ. Сабзаи чаманзори ҳақиқатанд ва шукуфаи бӯстони маърифат. Овораи Туанд ва бечораи Ту. Уфтодаи Туанд ва дилдодаи Ту. Дар зилли ҷаноҳи аҳадиятат аз имтиҳоноти шадида ҳифз фармо ва дар паноҳи раҳмониятат аз ҳаводиси замона маҳрус дор. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Ҳозир ва Бино.

#14554
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари меҳрабон! Пок Яздони ман! Аз фазли бепоён имон ва иқон бахшидӣ ва абвоби ирфон гушудӣ. Ҷон башорат ёфт. Дил масаррат ҷуст. Дида бино шуд. Гӯш шунаво гардид. Анвори ишроқ мушоҳида шуд. Оҳанги Малаъи aъло истимоъ гардид. Яздони меҳрабоно! Чун ҳидоят шоён намудӣ ва иноят ройгон фармудӣ, дар паноҳи Хеш паноҳ деҳ ва интибоҳ бахш. Аз ағёр маҳфуз дор ва аз ашрор масун кун, то ҳамвора бо ёрони дил ва ҷон муонисат кунем ва бо аҳли истиқомат муҷолисат намоем ва рӯз ба рӯз бар муҳаббатат бияфзоем. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Қодир ва Азиз ва Бино ва Шунаво.

#14555
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Эй Паноҳи оворагон! Ту огоҳи фиғон ва оҳи субҳгоҳӣ. Инояте фармо ва раҳмате кун, то ҷонҳои муштоқон ба малакути аҳадиятат бишитобанд ва арвоҳи оворагон дар сояи раҳматат биёсоянд. Фурқати пурҳирқат ҷонро бигудозад, ва ҳирмон ва ҳиҷрон равонро мурда ва пажмурда намояд.Пас, Эй Худои меҳрабон, таъйиде бахш ва тавфиқе деҳ, то аз ин дом ва дона бираҳем ва ба ошёнаи раҳмат барпарем, ва дар шохсори ваҳдат, дар ҳадиқаи иноят ба анвоъи алҳон ба маҳомид ва нуути Ту машғул гардем.

#14556
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрабон! Ин дилро аз ҳар тааллуқе фориғ намо. Ва ин ҷонро ба ҳар башорате шодмонӣ бахш, аз қайди ошно ва бегона озод кун, ва ба муҳаббати Хеш гирифтор намо. То ба куллӣ шайдои Ту гардам ва девонаи Ту. Ҷуз Ту нахоҳам ва ҷуз Ту наҷӯям ва ба ғайр аз роҳи Ту напӯям ва ба ҷуз рози Ту нагӯям. Монанди мурғи саҳар дар доми муҳаббати Ту гирифтор гардам, ва шаб ва рӯз бинолам, ва бизорам, ва бигирям, ва бигӯям: « Ё Баҳоул– Абҳо!»

#14557
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худованди меҳрабоно! Ин ҷамъ дар зилли раҳмати Туанд ва ин нуфус мутаваҷҷеҳ ба малакути Ту. Худоё, бандагонем, карам иноят кун. Фақиронем, аз канзи осмонӣ бахш. Нодонем, аз ҳақоиқи ашё далолат кун. Заифем, қуввати осмонӣ расон. Фонӣ ҳастем, ба олами бақо дарор. Муҳтоҷем ва мунтазири тайиди Ту. Агар иноят расад, қатра дарё шавад; зарра офтоб гардад. Агар аз алтоф маҳрум монад, аз ҳар чиз бебаҳра ва насиб шавад. Пас, иноят кун ва марҳамат фармо, то алами ваҳдати олами инсонӣ баланд намоем ва нуронияти осмонӣ Шарқ ва Ғарбро иҳота кунад. Ҷамеъи аҳзоб муттаҳид шаванд ва ҳаёти абадӣ ҷӯянд ва тарвиҷи ваҳдати олами инсонӣ намоянд ва сулҳи умумӣ интишор диҳанд. Туӣ Карим! Туӣ Муътӣ! Туӣ Меҳрабон!

#14558
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Бениёз! Ёронро маҳрами роз намо ва оинаи ғаммоз кун, то дар ҷаҳон нағма ва овозе андозанд ва оҳанг ва шаҳнозе бинавозанд, ки ҷаҳони вуҷуд ба эҳтизоз ояд, ва дилбари ваҳдати инсонӣ парда барандозад, ва дар анҷумани олам ҷилва намояд.

#14559
- `Abdu'l-Bahá

 

Парвардигори меҳрабоно! Шукр Туро, шоҳроҳи ҳидоят бинамудӣ ва абвоби малакут бикушудӣ ва ба воситаи Шамси Ҳақиқат таҷаллӣ фармудӣ. Кӯрон бино намудӣ ва карон шунаво кардӣ, мурдагон зинда фармудӣ, ва фақирон ағниё кардӣ, гумроҳонро роҳ бинамудӣ, ва ташнагонро ба чашмаи ҳидоят далолат кардӣ, моҳиёни лабташнаро ба дарёи ҳақиқат расондӣ, ва мурғони овораро ба гулшани иноят даъват фармудӣ. Парвардигоро! Ҷамъе ҳастем, бандагони ту ва фақирони Ту, дуруфтодаем, муштоқони Ту, ташнаи чашмаи Туем ва дардманди дармони Туем. Дар раҳи Ту қадам ниҳодем ва мақсад ва орзуе, ҷуз нашри нафаҳоти Ту надорем, то нуфус фарёди «Иҳдинос– сиротал– мустақим» бароранд ва дида ба мушоҳидаи анвор рушан намоянд, аз зуламоти ҷаҳолат бираҳанд ва тоифи ҳавли сироҷи ҳидоят гарданд. Бенасибон насиб баранд ва маҳрумон маҳрами роз шаванд. Парвардигоро! Ба айни иноят назар фармо. Таъйиде осмонӣ фармо. Нафасоти Руҳулқудс мабзул дор, то ба хидмат муваффақ гардем ва монанди ситораҳои рушан дар ин ақолим ба нури ҳидоят бидурахшем. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Олим ва Бино.

#14560
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрабон! Ба фарёди бечорагон бирас. Эй Пок Яздон бар ин атфоли ятим раҳм фармо. Эй Худованди Бениёз! Ин сели шадидро қатъ кун. Эй Холиқи ҷаҳониён! Ин оташи афрӯхтаро хомӯш кун. Эй Додрас! Ба фарёди ятимон бирас. Эй Довари Ҳақиқӣ! Модарони ҷигархунро тасаллӣ деҳ. Эй Раҳмони Раҳим! Бар чашми гирён ва дили сӯзони падарон раҳм намо. Ин тӯфонро сокит кун, ва ин ҷанги ҷаҳонгирро ба сулҳ ва оштӣ мубаддал фармо. Туӣ Бино ва Шунаво.

#14561
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Пок Парвардигори Меҳрабон! Ситоиш Туро лоиқ ва сазо, ки аз моъи маъин халқ намудӣ ва дар аъло ғурафи иллийин мақарр ва мустақарр иноят фармудӣ. Аз Шаҷараи муборака инбот намудӣ ва ба найсони фазл парвариш додӣ ва ба насоими Аҳд ва Мисоқ муҳтаз фармудӣ.

#14562
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худоё! Шукр Туро, ки ин дил ва ҷон ба Ҷонон расондӣ. Ва ин бебаҳраро насиби бепоён бахшидӣ. Ин гумгаштаро ба Кӯи Хеш хондӣ. Ва ин саргаштаро дар паноҳи Худ сару сомон додӣ. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Поянда ва Меҳрабон.

#14563
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Худоё! Туро шукр бод, ки ин бегонаро ошнои Хеш намудӣ ва ин бечораро ба паноҳи Худ роҳ додӣ. Ташнаи ҷонсӯхтаро оби ҳаёт бахшидӣ ва моҳии лабташнаро ба азби Фурот даровардӣ.

Лакал ҳамду ало золик. Иннака Антал– Каримур– Раҳимул– Ваҳҳоб.

#14564
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳо! Эй Парвардигор! Ин бечорагонро чорае бахш ва ин дармондагонро дармоне ато фармо ва ин бенавоёнро фазл ва эҳсоне ато фармо. Ин нуфуси заифаро дар паноҳи Ҳазратат паноҳе деҳ ва ин фақирони наҳифро қуввате иноят фармо.

#14565
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳо! Парвардигоро! Мӯри заифам ва пашшаи наҳиф. Бол ва паре шикаста дорам ва пое аз дурии бодияи ҳасрат ҳаста. Чашми гирёнам бин ва ҷигари сӯзонам назар фармо. Оҳ ва фиғонам ҷамъи туюрро ба фарёд оварда, ва оҳи пурҳасрати қалбам чун шуълаи сӯзон ба ҷони ҷаҳон оташ зада. Аз уфуқи Абҳоят файзи анвор кун ва аз малакути аълоят базли асрор намо. Эй Найсони иноят, бориш ва резиш арзон кун, ва Эй Шамси Ҳақикат, тобиш ва рахшиш фаровон бинамо. Шояд ин қулуби афсурда тоза ва зинда гардад ва ин нуфуси мурда ҳаёти беандоза ёбад.

#14566
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди пурато! Сад ҳазор амир дар камандат асир, ва ҳазорон сарварон дар остонат посбон. Ин нафси нафис ба анфоси тайиби риёзи аҳадиятат машом муаттар намуда, ва ба мушоҳидаи оёти ваҳдониятат дида мунаввар карда. Ҳол монанди бози соъиди шаҳриёрӣ дар хатари тааррузи ҷуғдони ҳасуд ва зоғони ануд аст. Эй Парвардигор! Ту ҳифз ва ҳимоят фармо, ва бар ризоят муваффақ кун, ва ин ниҳоли беҳамоли боғи ҳидоятро ба файзи иноят ҳар дам тароват ва латофат ва тару тозагӣ ато фармо, то мири вафо гардад ва шамъи мунири анҷумани асфиё. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14567
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳо! Эй Парвардигор! Туӣ Омурзгор ва малҷаъ ва паноҳи ҳар гунаҳкор. Бечорагонем, чорае бахш. Дардмандонем, дармоне ато фармо. Бесар ва сомонем, малҷаъ ва паноҳе деҳ. Гумгаштагонем, ба даргоҳ ҳидоят фармо. Оворагонем, манзил ва маъвое ато фармо. Туӣ Меҳрабон. Туӣ Раҳмон. Туӣ Маннон. Туӣ Мустаъон.

#14568
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ёрон дар ҳар гӯша ва канор дар таҳти таҳдиди бегона ва ағёранд. Аз ҷон безор ва аз ҳар фикре дар каноранд. Рӯи Ту ҷӯянд ва сӯи Ту пӯянд, рози Ту гӯянд. Эй Дилбари меҳрабон! Бечорагонро аз бегонагон дар савни ҳимоят ҳифз ва сиёнат фармо. Ва афтодагонро ба яди қудрат баланд фармо. Ва бенасибонро ба файзи қадим баҳраи фаровон бахш. Маҳрумонро маҳрами асрор кун ва муштоқонро ба мавҳибати дидор бипарвар ва бинавоз, зеро асири он зулфи мушкборанд ва дар ҳар дам сад ҷон нисор намоянд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Бино.

#14569
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳо Эй Яздони Меҳрабони ман! Эй Ҷони ман! Эй Ҷонони ман! Ту огаҳӣ бар ошкор ва пинҳони ман. Ин ёрон сармасти бодаи паймонанд ва паймона ба дасти базми кайҳон. Ахтарони осмони меҳри Туанд ва чароғони нурафшони сипеҳри Ту, ва мурғони чаманистони биҳишти Ту. Ин ахтаронро дурахшон кун ва ин чароғонро рахшанда ба нури бепоён. Ин мурғонро гулбонги паҳлавӣ биёмӯз ва ин парандагонро паррандагӣ дар осмони озодагӣ. Шаб ва рӯз ба ёди рӯи Туанд ва ошуфтаи мӯи Ту, ва шефтаи хӯи Ту, ва мадҳуши бӯи Ту, ва саргаштаи кӯи Ту. Сипос Туро, ситоиш Туро, ниёиш Туро, ки офаринишро ба партави бахшиш оростӣ, ва ҷойгоҳи ростонро дар ҷаҳони боло хостӣ.

#14570
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалбаҳиюл Абҳо! Эй Яздони Пок! Ин бандаи деринро андӯҳгин махоҳ. Шодмонии осмонӣ бахш ва фарри яздонӣ бидеҳ. Ситораи равшан намо ва гули гулшан кун. Сарвари остон намо ва афсари ҷаҳони боло бар сар неҳ. Рӯяшро бидурахшон ва гавҳарашро бияфшон. Ҷонашро мушкбор кун ва дилашро гулзор намо, то бӯи хӯи хушаш ҷонпарвар гардад, ва партави рӯяш афзун аз моҳ ва ахтар.Туӣ Меҳрабон ва Туӣ Бахшанда ва Тавоно.

#14571
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин бандаи ҷоннисорро дар паноҳи Малакути Абҳоят маҳфуз ва масун дор ва дар зилли Шаҷараи Анисоят маҳфуз ва масрур. Қуввати тавҳид бахш, ва ояти тафрид фармо, ва ҷамъи аҳл ва атфол ва ёронашро дӯст дор.

#14572
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Торикии низоъ ва ҷидол ва қитол байни адён ва шууб ва ақвом уфуқи ҳақиқатро пӯшида ва пинҳон намуда, ҷаҳон мӯҳтоҷи нури ҳидоят аст. Пас, Эй Парвардигор! Инояте фармо, ки Шамси Ҳақиқат ҷаҳонро карон ба карон равшан намояд.

#14573
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ Эй Парвардигор, Худовандо! Мо нотавонем; Туӣ Парвардигори қувват ва қудрат. Мо бечораем; Туӣ Пуршукуҳ, Азиз. Мо бенавоем; Туӣ Карим ва Дорандаи ҳама чиз. Баҳри хидмат бар Остони муқаддасат моро бо лутфи Худ ёрӣ деҳ. Ва барои ситоиши Ту дар субҳгоҳон моро бо файзи қувватбахши Худ мадад фармо. Моро имкон деҳ, то дар маҳалли тулуъи зикрат Туро ситоиш кунем. Бар нашри нафаҳоти муқаддасат дар миёни халқи Худ қодир кун, камари ҳиммат бибахш, то дар миёни бандагонат бар хидматат пардозем, ва битавонем ҳамаи халқҳоро ба Исми Аъзами Ту ҳидоят, ва ҳамаи мардумонро ба соҳилҳои уқёнуси пуршукуҳи ягонагии Ту роҳ намоем. Эй Худованд! Моро аз вобастагиҳо бар ин олам ва оламиён, аз гуноҳони гузашта ва аз мусибатҳое ки моро дар пешанд, наҷот деҳ, то тавонем Каломи Туро бо камоли шодӣ ва хуррамӣ баланд бардорем, ва шаб ва руз Туро ситоиш кунем, то тавонем ҳамаи мардумро ба роҳи ҳидоят даъват намоем, ва ба онҳо бирасонем, ки адолатро риоя кунанд. То тавонем оятҳои ягонагии Туро дар байни ҳамаи офариниш бихонем. Туӣ Қодир ба ҳар чизе, ки Туро писанд ояд. Ба ростӣ, Туӣ Ғолиб ва Тавоно. *тарҷума аз арабӣ

#15690
- `Abdu'l-Bahá

 

СИФОТИ РУҲОНӢ

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро! Аброрро анвор бахш ва варақотро оёти Малакути асрор фармо. Рӯҳонӣ кун, нуронӣ фармо. Субҳонӣ кун, Раббонӣ намо ва ҳаёти ҷовидонӣ бахш ва бақои сармадӣ деҳ. Сироҷҳои нуронӣ намо ва оёти раҳмонӣ кун. Амвоҷи баҳри тақдис намо ва афвоҷи Малакути Абҳо кун, туюри ҳадиқаи маъонӣ намо ва моҳиёни дарёи сармадӣ кун. Аз ҳар офате маҳфуз намо ва аз ҳар ҳаводисе маҳрус ва масун кун. Дар сабили ризо солик фармо ва дар иқлими вафо молик кун. Ҳар дам рӯҳе ҷадид бидам ва дар ҳар нафас аз нафаси раҳмонӣ зинда намо, ва дар ҷамеъи маротиб тараққӣ бахш, ва ба ҷамеъи шуъун раҳнамун фармо. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Воқифи асрор ва Бино, ва алайҳум ва алайҳунна мин фазликал– Баҳо– ул– Абҳо.

#14434
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Аброрро бузургвор кун ва файзи абадӣ ошкор кун. Асрор падидор намо ва анвор интишор деҳ. Ҳар дилеро ҳамдами ёдат кун ва ҳар чашмеро равшан ва бино, дӯстонро азиз кун ва ёрони бофарҳанг ва тамиз намо. Ҳар якро шамъи ҷамъ кун ва шоҳиди анҷуман намо, ва сарви ин чаман кун ва товуси ин гулшан намо, то ҷаҳонро тазйин бахшанд ва ин нури мубин мунташир намоянд, ва ҷабин ба партави файзи қадим биёроянд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Бино. Ло илоҳа илло Антал– Каримур– Раҳимул– Муътиюл– Фаззол.

#14435
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Бо чашме ашкбор ва ҷоне оташбор ба даргоҳи Парвардигор тазаррӯъ ва ибтиҳол намоям, ки Эй Худованд, ёрони ҳушмандро бинавоз! Айши рӯҳонӣ муҳайё соз, базми Раббонӣ биёро ва ҷамоли нуронӣ бинамо. Эй Парвардигор, аброрро бузургвор кун ва файзи абадӣ ошкор кун. Асрор падидор намо ва анвор интишор деҳ. Ҳар дилеро ҳамдами ёдат кун ва ҳар чашмеро равшан ва бино. Дӯстонро азиз кун, ва ёрони бофарҳанг ва тамиз намо. Ҳар якро шамъи ҷамъ кун ва шоҳиди анҷуман намо, ва сарви чаман кун ва товуси ин гулшан намо, то ҷаҳонро тазйин бахшанд, ва ин нури мубин мунташир намоянд, ва ҷабин ба партави файзи қадим биороянд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Бино. Ло Иллоҳа илло Антал– Каримур– Раҳимул– Муътиюл– Фаззол.

#14436
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигори Меҳрубон! Ин касон бандаи остонанд ва дар ниҳояти сидқ ва ростӣ ва дурустӣ. Ҷоми омол саршор фармо, анвор тобон кун, партави иноят бибахш, мазҳари мавҳибат бифармо. Рӯз ба рӯз тараққӣ бахш ва алтоф афзун фармо, то ин нуфуси нафиса ба аъло дараҷаи фалоҳ ва наҷоҳ вусул биёбанд. Туӣ Муқтадир ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Бино.

#14437
- `Abdu'l-Bahá

 

СУБҲДАМ ВА ШАБ

Эй Худои ман! Дар канори Ту бедор шудам ва ҳар ки ин паноҳгоҳи Туро пайдо намуд, бояд дар Сояи ҳифзи Ту ва Қалъаи ҳимояти Ту бошад. Эй Парвардигори ман, ботини маро ба шукуҳи Бомдоди Зуҳури Худ равшан намо, ончунон, ки зоҳири маро ба равшании субҳи атои Худ равшан намудӣ.

#15648
- Bahá'u'lláh

 

Туӣ Зокир, ва Туӣ Мазкур. Эй Худои ман ва Подшаҳи ман, ва Mақсуди ман! Ин бандаи Ту мехоҳад, ки дар паноҳи раҳмати Ту бихобад, ва дар сояи саропардаи фазли Ту биёсояд, ва аз ҳимояти Ту ва ҳиросати Ту ёрӣ металабад.

#15649
- Bahá'u'lláh

 

СУЛҲ ВА ВАҲДАТ

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ёронро комгор кун ва ба убудият ҳамдам ва дамсоз фармо. Қулубро нуронӣ фармо ва вуҷуҳро раҳмонӣ кун, то бунёни муҳаббатат ва меҳрабонӣ дар олами инсонӣ таъсис гардад ва навъи башар ба якдигар мафтун ва меҳрпарвар гарданд. Шарқ даст дар оғуши Ғарб намояд. Фаранг бедаранг сабили муҳаббат пӯяд. Турк тоҷикро ҳамдам донад, ва ҳамоғуш ва меҳрабон шумурад. Кулл бо ҳам дар ниҳояти улфат ва ягонагӣ муошират ва мусоҳибат намоянд. Бегонагӣ намонад, зикри ағёр нашавад, ва ҳамдигарро ошно, ва ёр, ва ғамгусор гарданд. Эй Парвардигор! Ин шаби торро рӯзи равшан фармо ва ин буғз ва адовати байни милалро ба унс ва муҳаббат мубаддал кун, то олами офариниш осоиш ёбад ва ҷаҳони пурғурур аз олами илоҳӣ насиби мавфур ҷӯяд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бахшанда ва Дурахшанда ва Бино.

#14430
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Худоё, ин чӣ фазлест, ки иноят фармудӣ ва ин чӣ эҳсонест, ки арзон кардӣ. Қулубро ҳукми қалби воҳид додӣ ва нуфусро робитаи шахси мунфарид. Аҷсомро эҳсоси ҷон иноят кардӣ ва аҷсодро идроки рӯҳ ва равон. Ин зарроти туробияро ба шуоъи офтоби раҳмония намоиш ва вуҷуде иноят кардӣ ва ин қатароти фонияро ба амвоҷи баҳри Аҳадият ҳаяҷон ва тӯфон марҳамат фармудӣ. Эй Тавоное, ки коҳро қудрати кӯҳ иноят кунӣ ва хокро ҷилвагоҳи офтоби пуршукӯҳ фармоӣ. Лутф ва марҳамате, ки бар хидмати Амрат қиём намоем, то дар байни Малаъи имкон шармсор нагардем.

#14431
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй ёрони меҳрубони ман, Абдулбаҳо даме аз ёди шумо фароғат надорад, ҳамвора ба Атабаи муқаддасаи Ҳазрати Раҳмоният аҷзу ниёз намояд, ки Эй Парвардигор, Абдулбаҳои хоксорро ба хидмати аброр муваффақ фармо ва ин бандаи бесару поро ба убудияти аҳрор муайяд кун, то дар анҷумани олам ба нури муҳаббатат равшан гардад ва чунон ишроқе намояд, ки зулмати кулфат зоил гардад ва ҳақиқати улфат рух бикушояд. Офоқи инсонӣ нуронӣ гардад ва сулҳ ва салом ва оштӣ ва фалоҳи файзи раҳмонӣ шавад. Ваҳдати аслия ҷамол бинамояд ва равобити қадима шоҳиди анҷумани олам гардад. Ҳар як дигареро ҷонфишон шавад ва ҳар фард соири афродро қурбон гардад, кулл дар зилли убудиятат дароянд ва аз баҳри Аҳадият насиб баранд, оёти мусҳафи тавҳид шаванд ва роёти лашкари таҷрид гарданд, то ҷаҳони фонӣ намунаи олами боқӣ шавад ва фараҳ ва шодмонӣ ҷилваи олами инсонӣ.

#14432
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони Меҳрабон! Ҷамеъи башарро аз як сулола халқ фармудӣ, то аъзои як хонадон гарданд ва бандагони Ҳазрати Ту шаванд. Дар зилли суродиқи фазлат маъво бахшидӣ ва бар хони неъматат муҷтамеъ кардӣ ва аз ишроқоти анвори иноятат мунаввар сохтӣ. Эй Худо! Туӣ Меҳрабон, Туӣ Малҷаъ ва Паноҳ ва Бахшандаи файзи ҳаёт! Тоҷи инсониро зинати ҳар саре фармудӣ, ва хилъати мавҳибатро зевари кулли башар, то тариқи дарёи раҳматат шаванд. Эй Мавлои меҳрабон! Куллро муттаҳид фармо ва мазоҳири мухталифаро ба якдигар улфат бахш. Ҷамеъи милалро, миллати воҳида кун то аҷзои як хонумон гарданд, ва руи заминро як ватан донанд ва ба ниҳояти иттиҳод улфат ҷуянд. Эй Худо! Рояти ваҳдати олами инсониро баланд фармо ва сулҳи аъзамро мустақар кун! Қулубро ба якдигар илтиём деҳ. Эй Худо! Эй Падари меҳрабон, қулубамонро аз нафаҳоти муҳаббатат шодмон кун ва дидаҳоро ба нури ҳидоятат равшан намо ва гушҳоро аз нағамоти ҷонпарвар муталаззиз фармо. Дар савни иноят малҷаъ ва паноҳ бахш. Иннака Антал Қавиюл Қадир. Ё Сатторал уюб, ва Ё Ғаффорал зунуб.

#14433
- `Abdu'l-Bahá

 

ТАБЛИҒИ АМРУЛЛОҲ

Ҳувал– Абҳиял– Абҳо! Эй Бениёз! Он мурғони чаманро парвоз деҳ ва он булбулони гулшанро бо ғазалхонӣ дамсоз намо ва ба овози Малакути Абҳоят ҳамроз кун, ваҷд ва тарабе дар қулуб андоз ва ҷазб ва валаҳе дар афъида ва арвоҳ афкан, то ҳар як бо чанг ва даф ва най ҳай– ҳай оғоз намояд ва сифати ҳамди Ту гӯяд, то ҳайкали олам ба эҳтизоз ояд ва ба ҳалҳала ва валвала оҳанги чанги Илоҳиро ба Малакути Абҳо расонад.

#14421
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Худоё, ин бечорагонро дар зилли Сидраи Мунтаҳоят маъво бахш ва ин оворагони бодияи ҳирмонро дар ҷивори фазл ва иноят малҷаъ ва паноҳе деҳ, ин ташнагони мафозаи бенавоиро бар шотии баҳри Аҳадият бирасон ва ин толибони Малакути Абҳоятро ба сарзамини ваҳдоният восил кун, ин туюри болу пар шикастаро дар ҳадоиқи тақдис дохил кун ва ин мурғони дамбастаро ба алҳони ҷавҳари тавҳид дар ҷаннати таҷрид ва фирдавси тафрид овоз ва тарона бахш, ва ин залилонро ба иззати қадимаат далолат фармо ва ин алилонро ба дарёқи форуқи аъзамат дармоне ато кун, ва ин фуқароро дар зилли иноят маскан деҳ ва ин зуъафоро ба шадид– ул– қуво таъйид фармо, то ин гумгаштагони саҳрои муҳаббатат дар мадинаи тақдис ворид шаванд, ва ин беҳушони бодаи ишқат дар анҷумани тавҳид чун шамъ равшан шаванд.

#14422
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, он муштоқонрo таҷаллӣ иноят фармо ва абвоби мавҳибат бикушо. Аз ҳар олудагӣ тайиб ва тоҳир кун ва аз ҳар ношоистагӣ озодӣ бахш. Қамисашон чун пираҳани Юсуф муаттар кун ва хулқ ва хӯяшонро чун ҷайби насими сабо пурмушк ва анбар намо. Ба сифоти раҳмоният муттасиф кун ва ба ахлоқи рӯҳониён мутахаллиқ, то оёти тавҳид гарданд ва байиноти ишроқи Нури Рабби Фарид, сабаби иззати Амри Ту гарданд, ва иллати бузургвории қадри худ, то шиддаташон ба рахо мубаддал гардад ва фақрашон ба ғано. Иззати абадия ёбанд ва мавҳибати сармадия, мазоҳири тақдис гарданд ва матолеъи танзеҳ. Аз олами нуроният ва руҳоният ҳикоят кунанд, то ҷамеъи абвоб аз ҷамеъи ҷиҳот бар вуҷуҳашон гушуда гардад. Иннака Антал Қави– юл– Қадир.

#14423
- `Abdu'l-Bahá

 

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Худованди Беанбоз! Ин ҳақиқати мубтаҳиларо монанди шамъ равшан кун, то дар ҳар ҷамъ ба зикри Ту машғул гардад. Нури ҳудо барафрӯзад ва дар анҷумани Раҳмон монанди сироҷ бисӯзад ва ба ёрон нур бахшад. Эй Худованд, рӯҳе дар дилҳо бидам, ки ҳамдами Ту гарданд ва шавқе дар қулуб биандоз, ки ба зикри Ту дамсоз шаванд ҷонҳоро шӯр ва валаҳе деҳ ва дилҳоро ваҷд ва тарабе бахш, ки ҳар дам рӯҳе тоза ёбанд ва ба суруре беандоза расанд. Эй Худованди Меҳрубон! Ёронро рӯҳ ва райҳон бахш, таъйиди осмонӣ фармо, то ташнагонро ба салсабили иноят далолат кунанд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Шунаванда ва Бино.

#14424
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованд! Он нуфуси покро тобнок кун ва аз ҳазизи хок ба аъло дараҷаи афлок расон. Дилҳоро ҳадоиқи маонӣ кун ва ҷонҳоро ҷаннати раҳмонӣ фармо. Ба ҷунуди Малаъи аъло он ҷамъи бовафоро музаффар ва мансур кун ва ба фазли мавфур махсус фармо. Оёти тавҳид кун, ва роёти тамҷид фармо, ва рӯз ба рӯз таъйид бияфзо. Эй Яздон, он ҷамъ парешони Туанд ва он анҷуман ошно ва хешони Ту. Бахшиши бепоён ройгон фармо ва алтофи пинҳон арзон кун, то он ки ҳар як дар ин гулшани ҳақиқат гулбуни ҳидояте гарданд ва ҳар нафс ба нафаси раҳмонӣ ношири нафҳаи тайибаи ҳидоят шавад, забон ба баён кушоянд ва лисон ба бурҳон машғул намоянд. Иқомаи ҳуҷҷати қотиъа кунанд ва адиллаи сотиъа исбот намоянд. Дар ҷаннати Абҳо булбулони маонӣ гарданд ва дар анҷумани аъло сабаби тараб ва шодмонӣ шаванд. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Тавоно ва Туӣ Ҳоким ва Ғолиб ва Худованди Беҳамто.

#14425
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин ҷамъ ёрони Туанд ва ба Ҷамоли Ту мунҷазибанд, ва ба нори муҳаббат муштаъиланд. Ин нуфусро малоикаи осмонӣ намо ва ба нафҳаи Руҳулқудс зинда фармо. Лисоне нотиқ бахш, ва қалбе собит ато фармо. Қувваи осмонӣ деҳ ва сануҳоти Раҳмонӣ бахш, ва мураввиҷи ваҳдати башар фармо, ва сабаби муҳаббат ва улфати олами инсонӣ фармо, то зулумоти муҳликаи таассуби ҷоҳилӣ ба анвори Шамси Ҳақиқат маҳв ва зоил гардад, ва ин ҷаҳони зулмонӣ нуронӣ шавад, ва ин олами ҷисмонӣ партави ҷаҳони рӯҳонӣ гирад, ва ин алвони мухталифа мубаддал ба як ранг гардад, ва оҳанги тасбеҳ ба малакути тақдиси Ту расад. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14426
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Омурзгори Бузургвор! Ин гирифтори зулфи мушкборро аз бодаи муҳаббатат ҷоме саршор бахш, бедор ва ҳушёр кун, ғамхор ва ғамгусор гард, ва дилҷӯӣ намо, ва хушхӯӣ ато кун. Собит ва нобит фармо, ва қоим ва комил кун, муқаррари даргоҳ фармо ва воқиф ва огоҳ кун, шӯълаи ҷаҳонсӯз бахш ва нолаи ҷонсӯз деҳ, шамъи шабафрӯз фармо ва оҳи дилсӯз ато кун. Ношири нафаҳот фармо ва оёти боҳират кун. Ба кӯи Хеш роҳ деҳ ва ба партави рӯи Хеш равшан фармо. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Tавоно, Туӣ Бино ва Шунаво ва Худованди Беҳамто.

#14427
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди беҳамто! Эй Раббил– малакут. Ин нуфус сипоҳи осмонии Туанд, имдод фармо ва ба ҷунуди Малаъи аъло нусрат кун, то ҳар як назири урдуе шаванд ва он мамоликро ба муҳаббатуллоҳ ва нуронияти таолими Илоҳӣ фатҳ кунанд. Эй Худо! Заҳир ва насири онҳо бош, ва дар биёбон ва кӯҳ, ва дара ва ҷангалҳо, ва дарёҳо ва саҳроҳо мӯниси онҳо бош, то ба қуввати малакутӣ ва нафасоти Руҳулқудс фарёд зананд. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Тавоно ва Туӣ Доно ва Шунаво ва Бино.

#14428
- `Abdu'l-Bahá

 

Эй бандаи Ҳақ! Ҳиммате бинамо, ва домане ба камар зан, ва қасди мақоми баландтар аз афлок намо! Эй бандаи Ҳақ! Рахши сареъ ҳозир, майдони васеъ мавҷуд, гӯи саодат дар пеш, ва чавгони иноят дар даст. Вақти ҷавалон аст, ва рабудани гӯй аз майдон! Ман он чӣ шарти балоғ бо ту мегуям:

Бишитоб! Бишитоб, ки вақт танг аст ва оҳанги Мутриб наздик ба интиҳо! Агар дар ин базм каф назанӣ, даф назанӣ, овоз нахонӣ ва шаҳноз баланд накунӣ дигар дар чи замон махмур ва маст гардӣ? Вал Баҳову алайк

#14429
- `Abdu'l-Bahá

 

ТАЙИД ВА ТАВФИҚ

Илоҳо, Парвардигоро, Маҳбубо, Мақсудо! Ба Ту омадаам ва аз Ту металабам он чиро, ки сабаби бахшиши Ту аст. Туӣ баҳри ҷуд ва Молики вуҷуд. Лозол лиҳозат иллати зуҳури бахшиш ва ато. Ибоди Худро маҳрум манамо ва аз бисоти қудс ва қурб манъ мафармо. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон. Ло Илоҳа илло Антал Азизул Маннон.

#15640
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Мақсудо, Маҳбубо! Ваҷҳам ба анвори Ваҷҳат муттаваҷҷеҳ ва қалбам ба Шатри иноятат муқбил ва аз Ту металабам атои қадимат ва бахшиши ҷадидатро. Туӣ он Тавоное, ки ба як калима осмон ва заминро халқ намудӣ ва мазоҳири қувват ва қудрат, ва азамат, ва фазл, ва ҷуд, ва карамат қарор фармудӣ, то соҳибони басар осори қудрат ва азамататро дар кулли ашё мулоҳиза намоянд. Ва бар бузургиат гувоҳӣ диҳанд. Эй Худо, фақирро аз боби ғаноят маҳрум манамо, ва аз дарёи бахшишат манъ макун. Туӣ Соҳиби ато ва Қодир ва ва Тавоно ва Mуҳайминул алал асмоъ.

#15641
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо! Аз Туам ва ба Ту омадам. Қалбамро ба нури маърифатат мунир фармо. Туӣ Муқтадире, ки қудрати олам ва умам аз иқтидорат бознадошт. Аз як ишроқ аз найири карамат дарёҳои карам зоҳир, ва аз як таҷаллӣ аз найири ҷудат олами вуҷуд мавҷуд. Эй Парвардигор! Он чӣ лоиқи айёмат нест, ахз намо ва он чӣ қобил аст, ато фармо. Туӣ Он Бахшандае, ки бахшишат маҳдуд ба ҳудуд на. Ибоди Туем, Туро меҷуем ва аз Ту металабем. Туӣ Фаззол ва Туӣ Бахшанда.

#15642
- Bahá'u'lláh

 

Ё Ҳусейн, бигу! Парвардигоро, Туӣ Подшоҳе, ки Амратро ҷунуди олам манъ нанамуд, ва сатвати умам аз иқтидорат боз нaдошт. Туӣ Он Кариме, ки исёни аҳли имкон малакути ғуфронатро манъ нанамуд. Раҳматат ба масобаи ғайси ҳотил бар осӣ ва мутеъ нозил. Эй Раҳим! Бандагонатро аз дарёи бахшишат манъ манамо ва маҳрум масоз. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

#15643
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо! Шаҳодат медиҳад ин абди ту ба ваҳдонияти Ту ва фардонияти Ту, ва аз бадоеъи фазлат масъалат менамояд он чиро, ки сазовори бахшиши Ту аст, ва зуҳур ва бурузаш аз дафтари олам маҳв нашавад. Саҳоби авҳом уро сатр нанамояд, ва ғамоми зунун уро аз ишроқ боз надорад. Эй Карим! Ҳар соҳиби басар ва самъе бар карамат шаҳодат дода, ва бар сибқати раҳматат гувоҳ. Ибодатро аз дарёи шиносоӣ маҳрум манамо, ва аз анвори ваҷҳи Зуҳур манъ мафармо. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон. Ло Илоҳа илло Антал Азизул Маннон.

#15644
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Каримо, Раҳимо! Ин аст басари ман, амоми ваҷҳи Ту ва аз Ту металабад, он чиро, ки сазовори бахшиши Туст. Ва арз менамояд: Эй Худо! Маро аз барои мушоҳида халқ намудӣ. Аз ту металабам маро маҳрум мафармоӣ. Ва ин аст самъи ман ва арз мекунад: Маро аз барои исғо аз адам ба вуҷуд овардӣ. Эй Карим! Маро аз исғо маҳрум мафармо. Ҷамиъи мавҷудот бар бахшишат гувоҳанд. Муште фуқаро амоми малакути ғаноят ҳозир, ва ҷамъе осӣ амоми амвоҷи баҳри ғуфронат қоим. Фазли бемунтаҳоятро омил ва соиланд. Эй Парвардигор! Карамат иллати тамаъ шуда ва ҷудат сабаби ибром. Ибодатро маҳрум мафармо. Ҳам бибахш ва ҳам биёмурз, ва ҳам ато намо. Туӣ Қодир ва Тавоно.

#15645
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо! Ин мушти хокро аз эҳтизози калимаи муборака манъ манамо ва аз ҳарорати муҳаббат маҳрум масоз. Дарёҳои олам бар раҳмати муҳитат шоҳид ва гувоҳ, ва осмонҳо бар рафъат ва азаматат муқир ва муътариф. Эй Дарёи карам, қатрае ба шатрат таваҷҷуҳ намуда ва Эй Офтоби ҷуд, вуҷуд ҷудатро талаб карда. Ҳастият муқаддас аз далел ва бурҳон, ва истивоят бар арш муназзаҳ аз зикр ва баён. Раҷои афъида ва қулуб ва иртиқои аёди нуфус бар бахшишат гувоҳест содиқ, ва шоҳидест нотиқ. Чӣ ки агар карам набуд, даст иртифоъро намеомухт. Туроб чӣ, ва иртифоъ чӣ. Эй Карим! Найири раҳматат аз уфуқи ҳар шайъе зоҳир, ва наҷми атоят аз ҳар шатре сотеъ. Муҳтоҷони бобат атоятро металабанд ва ушшоқи руят, лиқоятро. Чун халқ аз Ту, ва умеди макнунаи қалб аз Ту. Сазовор он, ки амоми вуҷуҳи ағёр маҳрамони куятро ба тарози ҷадиде музайян намоӣ ва ба исми бадеъе фоиз фармоӣ. Туӣ Он, ки аз иродаат иродоти олам зоҳир ва аз машиятат машиёти умам нофиз. Раҷоъ аз қулуби толибонат қатъ нашуда ва намешавад. Гувоҳи ин мақом калимаи муборакаи “Ло тақнату!”. Эй Карим, ибодат дар баҳри нафс ва ҳаво мушоҳида мешаванд. Наҷотатро омил ва бахшишҳои қадиматро соил. Туӣ Қодир ва Тавоно ва Муъин ва Доно.

#15646
- Bahá'u'lláh

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин аброрро аз Малакути асрор пай дар пай таъйид ва тавфиқ фирист ва бар ҳар хайр муваффақ фармо, зеро сазовори ҳар иноятанд ва лоиқи ҳар мавҳибат. Ва алайҳим ал– Баҳо– ул– Абҳо.

#14438
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Раҳмон, Эй Яздон, бандае ҳастам заъиф ва наҳиф ва нотавон, вале дар паноҳи фазл ва мавҳибати Ту парвариш ёфтам ва аз садйи иноят ширхорам ва дар оғӯши раҳматат дар нашв ва намоям. Эй Худованд, ҳарчанд мустамандам, вале ҳар мустаманде ба инояти Ту арҷманд аст, ва ҳар тавонгаре бе алтофат фақир ва ҳоҷатманд. Эй Парвардигор, таъйиде фармо, ки ин ҳамли аъзамро қудрати таҳаммул монад, ва ин инояти куброро муҳофиза тавонам, зеро қувваи имтиҳон шадид аст ва сатвати ифтитон азим. Кӯҳ коҳ гардад, ва ҷабал хардал шавад. Ту огаҳӣ, ки дар замир ҷуз зикрат наҷӯям ва дар қалб ҷуз муҳаббатат нахоҳам. Бар хидмати аҳиббоят қоим намо, ва бар убудияти остонат доим кун. Туӣ Меҳрубон ва Туӣ Худованди Касир– ул– эҳсон.

#14439
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Бахшандаи Меҳрубон, ёронро дилу ҷон шодмон кун ва рӯҳ ва виҷдон ҷаннати ризвон фармо, дар ҳар даме таъйиди ҷадид бахш ва дар ҳар нафасе нафаси Раҳмонӣ бифирист, нуфусро оёти ҳудо кун ва вуҷуҳро суруҷи Малаъи аъло, забонҳо гӯё кун ва гӯшҳо шунаво намо, то тартили оёти тақдис кунанд ва истимоъи алҳони бадиъ аз Малакути ҷадид. Ҳар якро кавкабе кун ва аз уфуқи мавҳибати кубро дурахшанда фармо, то аз машриқи ҳудо бар қурун ва аъсор битобанд. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Бахшанда ва Дурахшанда ва Доно. Ло Иллоҳа илло Антал– Азизул– Мустаъон.

#14440
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Пок Яздоно! Таъйиде бахш ва тавфиқе иноят фармо, то бегона ва хеш фаромӯш кунем ва аз ҳар зикре хомӯш гардем, ва аз насоими риёзи тақдисат ба ҷӯш ва хурӯш оем. Эй Парвардигор! Бандаи Хешро ояти боҳира фармо ва рояти муштаҳира, наҷми бозиғ кун ва кавкаби бориқ. Ҳар дардеро дармон кун ва ҳар захмеро марҳами лутф ва эҳсон, ҳар ҷамъеро шамъи рӯшан кун ва дар ҳар анҷумане тӯтии хушсухан.

#14441
- `Abdu'l-Bahá

 

ТАЛАБИ МАДАД ВА ЁРӢ

Ӯст Дурахшанда ва Тобон! Эй Худованд! Ин бандаи мустамандро дар даргоҳи Худовандият арҷманд намо ва ин уфтодаи бечораро баланд ва донишманд фармо. Дилашро дарё кун ва ҷонашро ҳамдами ҷаҳони боло, ҳамрози Суруш ва ҳамовози мурғи пурхурӯш, то чун паррандагони гулшани осмонӣ бинолад ва осоиш ёбад.

#14379
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй мутазаккир ба зикри Илоҳӣ, ҳеҷ субҳе надамад, магар он ки бо забони пурниёз ба даргоҳи Худованди Беанбоз тазарруъ ва табаттул мешавад, ва ҳеҷ шоме наёяд, магар он ки дар ниҳояти риққат ба остони аҳадият ибтиҳол ва иҷтироҳ мегардад, ки Эй Худованди бемонанд, муқаддас аз бегона ва хеш ва пайванд, дардмандони Туем, дармоне иноят фармо. Мустамандони Туем, сар ва сомоне марҳамат кун, мадҳуши ҷоми аластем, ҷӯше бидеҳ ва боданӯши базми муҳаббатем хурӯше эҳсон кун. Гӯшҳо мунтазир, нидои Суруш бирасон, ҳушҳо мутарассид, илҳом бифармо, ин бандагонро бинавоз ва ин уфтодагонро бардор. Гунаҳкорем, биёмурз, афсурдагонем барафрӯз, пажмурдагонем ба нори муҳаббатат бисӯз. Туӣ Муътӣ, ва Тавоно, ва Ошно.

#14380
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй варақаи тайиба, дасти тазарруъ ба даргоҳи Аҳадият дароз кун ва оғози аҷз ва ниёз кун, ки Эй Бениёз, ин канизи ночизро дар остони муборакат қабул фармо ва ин бол ва пар шикастаро дар ҳавои қудси иноятат парвоз деҳ. Ин фақираро ба канзи ғано далолат фармо ва ин залиларо ба даргоҳи иззатат ҳидоят кун.

#14381
- `Abdu'l-Bahá

 

Аллоҳу Абҳо Эй Худои Ягона, ин бандаи Хешро тирози дибоҷи кайнунот фармо ва ин абди худро дар байни Малаъи имкон ба тоҷи убудият сарфароз кун. Ин бенаворо ба сирфи иноят пурнаво кун ва ин бесарусомонро дар паноҳи Хеш сару сомоне бахш. Аз каъси инқитоъ бинӯшон ва аз ҷоми иноят сармаст намо. Бандаи заъиф чӣ тавонад ва пашшаи наҳиф чӣ парвоз намояд, авҷи иззат куҷо, бол ва пари мурғи зиллат куҷо? Эй Парвардигор, Ту таъйид фармо, Ту тавфиқ бахш. Иннака Антал– Карим.

#14382
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори ман, Подшаҳи ман, Ҳокими ман ва Малики ман! Ман бо забон, дил ва ҷони худ Туро мехонам ва мегӯям: Ин бандаи Худро ҷомаи ғамхории Худ, пираҳани кӯмаки бебаҳоят, ва ҷавшани ҳифзи Худ дар бар кун. Ба ӯ ёрӣ деҳ, ки Туро ёд кунад, ва фазилатҳои Туро дар байни халқи Ту васф кунад, ва забонашро барои ҳамду санои Ту дар ҳар маҳфили ситоиши ягонагӣ ва муқаддасии Ту гуё кун. Ҳамоно Туӣ Пурқувват, Туӣ Пурқудрат, ва Азиз, ва Поянда.

#14383
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Якто Худованди меҳрабон! Ҳарчанд истеъдод ва қобилият мафқуд аст ва мушкилоти истиқомат дар балоё ғайри маҳсур, вале қобилият ва истеъдод амрест мавҳуби Ту. Худоё, истеъдод бахш ва қобилият деҳ, то ба истиқомати кубро муваффақ оем ва аз ин ҷаҳон ва ҷаҳониён даргузарем ва нори муҳаббатат барафрӯзем ва монанди шамъ бисӯзем, ва бигудозем, ва рӯшанӣ бахшем. Эй Раббул Малакут! Аз ин ҷаҳони авҳом бираҳон ва ба ҷаҳони бепоён бирасон, аз олами носут безор кун ва ба мавоҳиби Малакут комгор фармо. Аз ин нестии ҳастинамо бираҳон, ва ба ҳастии ҳаёти абадия муваффақ фармо. Сурур ва шодмонӣ бахш, ва хушӣ ва комронӣ ато фармо, дилҳоро ороме бахш ва ҷонҳоро роҳате ато кун, то чун ба Малакут сууд намоем, ба Лиқоят фоиз гардем, ва дар Анҷумани боло масрур ва шодмон бошем. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Тавоно.

#14384
- `Abdu'l-Bahá

 

Эй Яздони меҳрубон! Ин нуфус ёрони Туанд, ва ин ҷамъ парешони Ту. Мафтуни анвори Ҷамоланд ва маҷнуни он Зулфи мушкбор. Дилдодаи Туанд ва афтодаи Ту. Бечораи Туанд ва овораи Ту. Аз хеш ва бегона буриданд, ва ба ягонагии Ту пайвастанд, ва Туро парастиданд. Абнои носут буданд, наврасидагони Малакут намудӣ. Гиёҳи саҳрои ҳирмон буданд, ниҳолҳои гулшани ирфон фармудӣ. Хомӯш буданд гӯё кардӣ, махмуд буданд, равшан фармудӣ. Арзи ҳомида буданд, гулшани маонӣ кардӣ, атфоли олами инсонӣ буданд, ба рушд ва булуғи Малакутӣ расондӣ. Эй Меҳрабон! Ононро дар паноҳи Хеш паноҳ ва амон бахш, ва аз имтиҳон ва ифтитон маҳфуз фармо. Мадади ғайбӣ бахш, ва файзи лорайбӣ мабзул дор. Эй Дилбари меҳрубон! Онон ҷисманд ва Ту Ҷонӣ. Ҷисмро тароват ва латофат ба файзи руҳ аст, лиҳозо муҳтоҷи таъйиданд ва муштоқи нафасоти Руҳулқудс. Дар ин Амри ҷадид Туӣ Диҳанда, ва Парваранда, ва Бахшанда, ва Омурзанда, ва Дурахшанда аз Ҷаҳони пинҳон.

#14385
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Уқдаҳои мушкил дар кор афтода, ва ақаботи саъба дар роҳ пайдо шуда. Худовандо гиреҳ бикушо, ва қувват ва қудрат бинамо. Мушкил осон кун ва роҳи саъб саҳл намо. Эй Парвардигор! Уқдаи кор маҳкам аст, ва тааб ва машаққат бо ҳазорон саъубот тавъам. Ба ҷуз Ту муъине на, ва ба ғайр аз Ту ёваре нест. Уммед ба Ту дорем ва таваккул бар Ту намоем. Туӣ Роҳнамо ва Туӣ Гиреҳкушо, ва Туӣ Доно, ва Бино ва Шунаво.

#14386
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Маро бедор кун, ҳушёр намо. Аз ғайри Худ безор кун, ва ба муҳаббати ҷамолат гирифтор намо. Нафҳаи Руҳулқудс бахш, ва нидои Малакути Абҳо ба гӯш расон. Қуввати рӯ– ҳонӣ ато кун, ва сироҷи раҳмонӣ дар зуҷоҷи қалб барафрӯз. Аз ҳар банде озод кун, ва аз ҳар тааллуқе наҷот деҳ. То ҷуз ризои Ту наҷӯям, ва дуни роҳи Ту напӯям. Нуфуси ғофиларо ҳушёр кунам ва арвоҳи хуфтаро бедор намоям. Ташнагонро оби ҳаёт бахшам ва маризонро шифои Илоҳӣ диҳам. Ҳарчанд ҳақирам, залилам, фақирам, аммо пушт ва паноҳам Туӣ ва муин ва заҳир ҳам Туӣ. Таъйиде иноят фармо, ки кулл ҳайрон гарданд. Худоё! Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Бахшанда, ва Диҳанда ва Бино.

#14387
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Худованди меҳрабон! Ин нуфус бандагони остонанд ва посбонҳои ростон. Шаб ва рӯз ба нори муҳаббатат муштаиланд ва ба нафаҳоти қудсат мунис. Мақсуде ҷуз рози Ту надоранд ва орзуе ҷуз лиқои Ту наҷӯянд. Чун шамъ дар сӯз ва гудозанд ва чун мурғи саҳарӣ ҳамдами нағма ва овоз. Ҳар як дар ҷаннати Абҳоят сифати ҳамди Ту гӯянд ва аз ҷӯйбори раҳматат бинӯшанд, ва дар илали калимаат бикӯшанд ва аз оташи ишқат бисӯзанд ва биҷӯшанд. Эй Парвардигор, ин мурғони чаманистони муҳаббататро дар ҳадиқаи ҳақиқат лона ва ошёна бахш, ва ба таронаи вуҷуд ва сурур, ва шавқ ва шодмонӣ дар базми комронӣ дамсоз фармо. Абри раҳмат бибор. Баҳри муҳаббат ба мавҷ ор. Насими иноят бивазон ва партави мавҳибат мабзул дор, то ҳар як чун ҳабали росихи матин бар ин Аҳди разини расин собит ва барқарор монад, ва ба шукронаи эҳсонат забон кушоянд, ва ҳар ояте аз оёти тавҳид гарданд, ва ҳар кадом баёнае аз баёноти Китоби маҷид. Туӣ Ҷалилул эҳсон. Иннака Антал Каримул Муқтадирул Азизул Маннон.

#14388
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд, ёрони Абдулбаҳоро ёварӣ кун ва гунаҳкоронро бузургворӣ намо, базми ғуфрон биёро ва ҷоми фазл ва эҳсон бахш, бечорагон ва оворагонро малҷаъ ва паноҳ деҳ ва огоҳ фармо, дастгир шав, муҷир гард ва то ҳар асир ва фақир аз хони неъматат насиб ва баҳра бардорад. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Меҳрабон.

#14389
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Маҳбуби қадим ва Ёри дилнишин! Ман то чанд асири ҳирмон ва мубталои ҳиҷрон гардам? Ба хилватгоҳи Малакут роҳ бинамо, ва дар ҷилвагоҳи лоҳут машмули Айни иноят кун. Эй Яздон! Сулаймониям – Раҳмониям кун. Имкониям – Ломакониям намо. Офоқиям – ишроқиям кун, хокдониям – осмониям фармо. То ҷонфишонӣ кунам ва комронӣ намоям, тоҷи мавҳибат бар сар ниҳам ва наъраи “Ё Баҳо – Ул –Абҳо!” баланд кунам!

#14390
- `Abdu'l-Bahá

 

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ

Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари меҳрабон! Ин ёрон сармасти ҷоми паймонанд, ва дар муҳаббатат саргашта ва бодияпаймо. Аз фироқат пурэҳтироқанд, ва ба ишроқат дар ниҳояти иштиёқ. Аз Малакути ғайби ҷаҳони пинҳон таҷаллӣ иноят намо, ва партави мавҳибат афшон. Ҳар дам файзи ҷадид фирист, ва фазли бадеъ падид фармо. Эй Парвардигор, мо нотавонем, Туӣ Тавоно. Мӯронем, ва Туӣ Сулаймони Малакути Абҳо! Инояте фармо ва мавҳибате бинамо, то шӯълаи замин ва ламъӣ нисор кунем. Қуввате бинамоем, ва хидмате муҷро дорем. Сабаби нуронияти ин ҷаҳони зулмонӣ гардем, ва рӯҳоният дар ин хокдони фонӣ. Даме наёсоем, ва худро ба шууни фония наёлоем. Базми ҳидоят биёроем, ва ба хавф ва хатар бигзорем, шаҷари пурсамар шавем, ва дар ин ҷаҳони бебуниён сабаби зуҳури камолоти олами инсон гардем. Иннака Антал Каримул – Раҳим– ул – Ғафурул – Таввоб.

#14407
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованд! Фазл ва инояте ва ҳифз ва ҳимояте ва лутф ва сиёнате, то ниҳояти айём мумтоз аз бидоят гардад ва хотимат– ул– ҳаёт фотиҳат– ул– алтоф шавад. Дар ҳар дам лутф ва инояте расад ва ҳар нафас афв ва раҳмате мабзул гардад, то ин ки дар зилли мамдуд таҳти ливои маъқуд ба Малакути маҳмуд роҷеъ гардам. Туӣ Маннон ва Меҳрубон ва Туӣ Раб– бул– ҷуд вал– эҳсон.

#14408
- `Abdu'l-Bahá

 

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Парвардигор! Ин муштоқон ошуфтаи руи Туанд ва саргаштаи кӯи Ту ва мутаваҷҷеҳ ба сӯи Ту ва ошиқони хӯи дилҷӯи Ту. Ин нуфуси муборакро дар ҷаҳони малакут бар сарири иззати аҳадия истиқрор деҳ, ва иклили ҷалили мавоҳиби куллия бар сар неҳ, то дар ҷаҳони боло сарфароз гарданд ва бо нағма ва овоз ба шукронаи алтоф бипардозанд.Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Диҳанда, ва Бахшанда ва Бино.

#14409
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони меҳрабонам, ва орзуи дил ва ҷонам! Ёронатро инояте фармо, ва дустонатро мавҳибате бахш, ошиқонатро дилнишин бош, ва муштоқонатро ёр ва муниси ҷон ва қарин. Дилҳо ба оташи ишқат афрухтанд ва ҷигарҳо ба нори муҳаббатат сухтанд. Кулл орзуи қурбонгоҳи ишқ кунанд, то ҷонро ройгон фидо намоянд. Эй Парвардигор! Инояте фармо, ва ҳидояте кун ва нусрати руҳония бахш, ва ба муҳаббати осмонӣ сарафроз намо. Худоё! Моро ба фазл ва ҷуди Худ ёрӣ деҳ, ва қалби моро ба нури Лиқои Худ равшан соз. То дар маҳфилҳои шиносоии Ту чароғи ҳидоят, ва дар маҷлисҳои тибён оёти алтофи Ту гардем. Туӣ Раҳмон, Туӣ Карим ва Мустаъон .

#14410
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин олами зулмониро ҷаҳони анвор фармо ва мазоҳири шайтониро аброр ва ахёр кун. Абри раҳмат баланд фармо ва борони мавҳибат бибор ва насими ҷонпарвар бивазон ва анвори Шамси Ҳақиқат сотеъ фармо, то ин гиёҳи пажмурда тароват ва латофат ёбад, ва дарахтони бебарг ва шукуфа сабз ва хуррам гардад. Кӯрон бино шаванд ва карон шунаво гарданд. Нодонон доно гарданд ва ҷоҳилон воқифи асрори Яздон шаванд. Туӣ Муқтадир, ва Муқаддир, ва Мусаввир, ва Меҳрубон. Иннака Антал– Азиз– ул– Карим– ул– Маннон.

#14411
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Эй Омурзгор! Ёронро монанди гул ва райҳон ба рашаҳоти саҳоби иноят тароват ва латофат бахш ва мурғони чаманистони ҳақиқатро ба оҳанги малакути аҳадият ба нағма ва овоз ор. Ташнагони бодияи иштиёқро аз моъи маъин дар ин биҳишти барин сероб кун ва парвона– ҳои ишқ ва муҳаббатро ҳавли сироҷи ваҳҳоҷ парвоз деҳ ва ба ҳарорати шӯълаи нурония болу пар бисӯзон, то мазҳари ва лануҳияннаҳу ҳаётан таййиба гарданд ва матлаъи бал аҳёу инда Раббиҳим ярзуқун шаванд ва алайҳим – ат таҳияту вас – сано.

#14412
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуввалоҳ! Эй Худои Пуратои Зул–Манан!

Воқифи ҷону дилу асрори ман.

Дар саҳарҳо мӯниси ҷонам Туӣ,

Муталлеъ бар сӯз ва ҳирмонам Туӣ.

Ҳар диле пайваст бо зикрат даме,

Ҷуз ғами Ту менаҷуяд маҳраме.

Хун шавад он дил, ки бирёни Ту нест,

Кӯр беҳ чашме, ки гирёни Ту нест.

Дар шабони тира ва тор, Эй Қадир!

Ёди Ту дар дил чу мисбоҳи мунир.

Аз иноётат ба дил руҳе бидам,

То адам гардад, зи лутфи Ту қедам.

Дар лаёқат мангар ва дар қадрҳо.

Бингар андар фазли Худ Эй Зул–Ато!

Ин туюри болу пар ишкастаро,

Аз карам бол ва паре эҳсон намо.

#14413
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳиюл Абҳо! Эй Маҳбуби Якто ва Парвардигори беҳамто! Маҳзи фазл ва ҷуд, дарҳои бахшиш гушудӣ ва рух барафрӯхтӣ. Ва дилҳо рабудӣ ва ғамҳо зудудӣ ва нағмае сурудӣ, ки қалбҳо мафтун шуд ва ақлҳо маҷнун. Чӣ шуд, ки парданишин гаштӣ ва рӯи дилнишин пӯшидӣ, ҷонҳо маҳзун шуд ва ёрон дилхун. Бисоти сурур барчида шуд ва шохи ҳубур пажмурда ва хамида. Насими ҷонбахш сокин шуд ва оби ҳаёт рокид. Пас, Эй Парвардигор нафаҳоти асрор аз Малакути Абҳоят мунташир намо ва партави анвор аз Ҷабарути Аълоят ломеъ фармо, то офоқ муаттар ва мунаввар монад

#14414
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Худоё! Ин тайри ҳадиқаи ирфонро бол ва паре ато фармо ва ин парвонаи шамъи муҳаббататро қурб ва манзалате эҳсон кун, ин саргаштаи саҳрои ишқро ба хилватхонаи иноят далолат намо ва ин ташнаи бодияи ҳиҷронро ба баҳри Лиқои рӯҳонӣ бикашон. Ин бандаи қадимро надими базми алтоф кун ва ин фақири мискинро ба ғанои ҳақиқӣ мустағнӣ гардон.

#14415
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳо! Эй Парвардигор! Ин нуфус ошуфтаи Рӯи Туанд ва гумгаштаи Кӯи Ту ва ошиқони хулқу хӯи Ту. Сармасти ҷоми Туанд ва паррандагони боми Ту. Мурғони дастомӯзи иноятанд ва булбулони шайдои гулҳои ҳақиқат. Ташнагони чашмаи раҳматанд ва оворагони иқлими марҳамат. Эй Омурзгор! Гуноҳи бандагон ғуфрон намо ва паноҳ ба бечорагон бахш. Туӣ Худои Меҳрабон ва Туӣ соҳиби афв ва ғуфрон. Заифонро қувват бахш ва алилонро шифо иноят фармо ва мустамандонро арҷманд кун ва aфсурдагонро иштиол бахш. Аз шарри ифтитони азим маҳфуз, ва аз садамоти имтиҳони шадид масун бидор. Бар Аҳд ва Мисоқ мустақим кун ва бар паймон ва имон мустадим. Дар зилли Малакути Абҳоят манзил деҳ ва дар паноҳи ҷабарути аълоят маъво бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, Туӣ Шунаванда ва Бино.

#14416
- `Abdu'l-Bahá

 

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Дилбари Меҳрубон! Ёронро муниси дил ва ҷон бош.

Дар ҳар даме аз баҳри алтоф шабнаме бифирист ва дар ҳар нафасе бодаи тозае бинӯшон ва майпараст бигардон, то ҷоми саҳбои Илоҳӣ ба даст гиранд ва толибонро сармаст кунанд, ва ошиқонро нашъаи бодаи аласт бахшанд.

#14417
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари офоқ! Ин аҳли ишроқро аз ҳаловати соғари муҳаббатат ширинмаззоқ фармо. Туӣ Тавоно.

#14418
- `Abdu'l-Bahá

 

ФАЗЛ ВА ТАРАҚҚИЁТИ РУҲОНӢ

Илоҳо, Маъбудо! Ибодатро аз самараи вуҷуд маҳрум манамо, ва аз баҳри ҷудат қисмате ато фармо. Туӣ Муқтадире, ки куввати олам қуввататро заиф нанамуд, ва шавкати умарои арз Туро аз машийятат боз мадошт. Аз Ту металабам фазли қадиматро ва инояти ҷадидатро. Туӣ Фаззол ва Ғаффор, ва Туӣ Бахшанда ва Тавоно.

#15656
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Каримо, Раҳимо! Туӣ он Султоне, ки ба як калимаат вуҷуд мавҷуд гашт ва Туӣ он Кариме, ки аъмоли бандагон бахшишатро манъ нанамуд, ва зуҳуроти ҷудатро боз надошт. Аз Ту суол менамоям, ин абдро фоиз фармоӣ ба он чӣ сабаби наҷот аст дар ҷамеъи аволими Ту. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Олим ва Доно.

#15657
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо! Шаҳодат медиҳам ба ваҳдонияти Ту ва фардонияти Ту ва ба бахшишҳои қадим ва ҷадиди Ту. Туӣ Он Кариме, ки амтори саҳоби самои раҳматат бар шариф ва вазеъ борида. Ва ишроқоти анвори офтоби бахшишат бар осӣ ва мутеъ тобида. Эй Раҳиме, ки созиҷи раҳмат бобатро соҷид, ва ҷавҳари иноят Каъбаи Амратро тоиф. Аз Ту суол менамоем, фазли қадиматро металабем, ва ҷуди ҷадидатро меҷуем, ки бар мазоҳири вуҷуд раҳм фармоӣ ва аз фуюзоти айёмат маҳрум насозӣ. Ҷамеъ муҳтоҷ ва фақиранд, ва Антал Ғаниюл Ғолибул Қадир

#15658
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Каримо, Раҳимо! Оё аз барои олам самъ ва басар ато фармудӣ ва ё ин, ки маҳрум доштӣ? Аз Ту суол менамоям ба иззат ва азамат ва ҷуд ва карамат, ки он чӣ ато фармудӣ, зоҳир намоӣ, то неъматат бар оламиён ҳувайдо гардад, ва ишроқоти анвори найири ҷуд ҷамеъи вуҷудро мунаввар фармояд. Қасам ба Зоти муқаддасат, агар ба давоми мулк ва малакутат изҳор надорӣ, дар бахшиш ва атоят аз барои вуҷуд райбе ҳосил на. Ғано они Ту, ва фуқаро ба боби Ту. Агар ато фармоӣ, шокирем, ва агар маҳрум намоӣ, ҳомидем ва собирем. Эй Парвардигор! Аз иродаат ба вуҷуд омадем, ва ба Ту дар явми Ту роҷеъ гаштем. Ин ходим соил ва омил, ибодатро аз амвоҷи баҳри атоят манъ мафармо, ва куллро ба тарози ҷуд ва бахшишат музайян намо. Иннака Антал Муқтадирул Азизул Ҳамид.

#15659
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Малико! Ҳамд ва сано сазовори Туст, чаро ки аз мушти туроб халқро халқ фармудӣ ва гавҳари биниш ва дониш ато намудӣ. Эй Карим, аз Ту металабем он чиро, ки сабаби ҳаёти абадӣ ва зиндагии сармадист. Моро маҳрум манамо. Вуҷуд аз ҷудат мавҷуд, уро аз тирози иноят манъ мафармо ва куллро ба таҷаллиёти анвори найири тавҳид мунаввар гардон. Лакал амру фил мабдаил вал маод ва лакал ҳукму ё Моликал эҷод ва Моликал ибод.

#15660
- Bahá'u'lláh

 

Ба лисони ҷон Маҳбуби имконро нидо кун ва бигу! Эй Худои ман ва Молики ман, ва Дусти ман, ва Маҳбуби ҷон ва равони ман! Чӣ гуна аз уҳдаи шукри Ту бароям? Дар баҳри ғафлат ва нодонӣ мустағрақ будам, лисони фазлат маро нидо намуд, ва яди иноятат маро ахз кард. Эй Парвардигори ман! Ғафлати ман ба мақоме расид, ки маро аз Фуроти азби яқин маҳрум сохт, ва ба моъи садиди зунун роҳ намуд. Аз зикрат ғофил шудам, ва Ту аз ман ғофил нашудӣ. Аз ҳуббат махмуд будам, ва нори инояти Ту муштаъил. Ба кадом ваҷҳ ба Ту таваҷҷуҳ намоям, ва ба чӣ лисон Туро бихонам? Хиҷлат ва инфиъол маро фуру гирифта, ва аз ҷамеъи ҷиҳот маъюс сохта. Валекин Эй Парвардигори ман, ва Мақсуди ман ва Мавлои ман! Шунидаам, ки фармудаӣ: Имруз рузест, ки агар як бор нафсе аз руйи сидқ “Рабби! Аранӣ!” гуяд, аз Малакути Баён “Унзур! Tаронӣ!” истимоъ намояд. Ва аз ин калимаи муборакаи олия мақоми имруз маълум ва возеҳ аст. Ва ҳамчунин фармудаӣ, ки агар нафсе аз аввали ло аввал, аз ҷамеъи аъмоли ҳасана маҳрум монда бошад, ал явм тадоруки он мумкин аст. Чӣ ки дарёи ғуфрон дар имкон зоҳир, ва осмони бахшиш муртафеъ. Суол мекунам аз Ту, ба ҳурмати ин рузи муборак, ки масдар ва матлаъи айём аст, маро ба ризои Худ муваффақ бидорӣ, ва ба тарози қабул музайян намоӣ. Ай Раббӣ! Aнал мискин, ва индака Баҳрул ғано, ва ан ал ҷоҳил ва индака Кунузал илму вал ирфон, ва ан ал баъид, ва иннака Антал Муқтадирул Мутаолиюл Қариб.

#15661
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо, Муқтадиро! Шаҳодат медиҳам, ки Ту ба васфи мумкинот маъруф нашавӣ, ва бо азкори мавҷудот мавсуф нагардӣ. Идрокоти олам ва уқули умам ба соҳати Қудсат ало моянбағӣ роҳ наёбад ва пай набарад. Оё чӣ хато аҳли мадинаи асморо аз Уфуқи аълоят манъ намуд ва аз тақарруб ба Баҳри аъзамат маҳрум сохт? Як ҳарф аз Китоби Ту - уммул баён, ва як калима аз он - мавҷиби имкон. Чӣ носипосӣ аз ибодат зоҳир, ки куллро аз шиносоият боз доштӣ? Як қатра аз дарёи раҳматат нори ҷаҳимро бияфсурад ва як ҷазва аз нори муҳаббатат оламро барафрузад. Эй Алим! Агарчи ғофилем, валекин ба карамат муташаббис, ва агарчи ҷоҳилем ба баҳри илмат муттаваҷеҳ. Туӣ он Ҷаводе, ки касрати хато Туро аз ато боз надорад, ва эърози аҳли олам неъмататро садд нанамояд. Ба оби фазлат лозол мафтуҳ буда, шабнаме аз дарёи раҳматат куллро ба тарози тақдис музайян фармояд ва рашҳе аз баҳри ҷудат тамоми вуҷудро ба ғанои ҳақиқӣ фоиз намояд. Эй Саттор, парда бармадор! Лозол зуҳуроти карамат оламро иҳота намуда ва анвори Исми Аъзамат бар кулл тобида. Ибодатро аз бадоеъи фазлат маҳрум манамо ва огоҳӣ бахш, то бар ваҳдониятат гувоҳӣ диҳанд ва шиносоӣ деҳ то ба Суят Раҳматат мумкинотро иҳота намуда ва фазлат куллро ахз карда, аз амвоҷи баҳри бахшишат буҳури талаб ва тамаъ зоҳир, ҳар чи Ҳастӣ Туӣ. Модунат лоиқи зикр на, ило бид духул фи зиллика вал вуруд фи бисотик. Дар ҳар ҳол омурзиши қадиматро металабем, ва фазли ъамиматро меҷуем. Умед чунон, ки нафсеро аз фазлат маҳрум насозӣ ва аз тарози адл ва инсоф манъ нанамоӣ. Туӣ Султони карам ва Молики ато вал муҳаймин ало манфил арзи вас само.

#15662
- Bahá'u'lláh

 

Қалбан тоҳиран фахлуқ фия, Ё Илоҳӣ! Сирран сокинан ҷаддид фия, Ё Му-ноӣ! Ва би-руҳил-қуввати саббитнӣ ало Амрика Ё Маҳбубӣ! Ва би-нурил-азамати фа-шҳиднӣ ало сиротика Ё Раҷоӣ! Ва би-султонир- раъфати ило самои қудсика арриҷнӣ Ё Аввалӣ! Ва би-арёҳис-самадияти фа- бҳиҷнӣ Ё Охирӣ! Ва бинағамотил-азалияти фа-стариҳнӣ, Ё Мунисӣ! Ва би-ғанои Талъатикал-Қадимати наҷҷинӣ ан дуника Ё Сайидӣ! Ва би-зуҳури Кайнунатикад- Доимати башширнӣ Ё Зоҳиру фавқа зоҳирӣ, вал-Ботину дуна ботинӣ!

(Қалби поке дар ман офарин, Эй Худои ман, ва виҷдони маро оромии наве бахш, Эй Умеди ман! Ба василаи руҳи қувват маро дар Амри Худ устувор кун, Эй Маҳбуби ман ва ба нури иззати Худ роҳи Худро бар ман ошкор кун, Эй Мақсади хоҳиши ман! Тавассути қудрати ҷалоли Худ маро ба осмони қудсияти Худ барор, Эй Сарчашмаи ҳастии ман, ва аз насими ҷовидоният маро шод гардон, Эй Худои ман! Оҳангҳои ҷовидонии ту бар ман оромӣ бибахшад, Эй Ёри ман, ва ғанои Чеҳраи бостоният маро аз ҳама ҷуз Ту раҳоӣ бахшад, Эй Саркори ман, ва муҷдаи зуҳури Зоти нофаноят маро шодӣ бахшад, Эй, Он ки Ошкортарини ошкорҳост, ва Ниҳонтарини ниҳонҳост!)

#15663
- Bahá'u'lláh

 

ФАЗЛ ВА ҶУД

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди меҳрабон, ҳарчанд вуҷуди нобудам, вале умед ба фазл ва ҷуди Ту дорам ва ҳарчанд аз қобилият ва истеъдод маҳрумам, вале раҷо ба фазл ва инояти Ту дорам, гумроҳ будам, ҳидоят фармудӣ, нобино будам, бино кардӣ, маҳрум будам маҳрами роз фармудӣ, мурда будам ба нафаҳоти гулшани қудс зинда фармудӣ. Ҳол, Эй Парвардигор, истиқомат бахш, субут иноят фармо, то дар муҳаббати матлаъи Аҳадиятат собит монам ва аз анвори Шамси Ҳақиқат муқтабис гардам, ба зикр ва саноят нотиқ шавам ва ба ибодати ҷамоли Раҳмониятат машғул гардам. Ғайри Туро фаромӯш кунам ва аз зикри мосиво хомӯш шавам, ва аз ҷоми муҳаббатат сармаст ва мадҳуш гардам, ва ба хидмати Амрат пардозам ва ба абдаъи нағамот дар маҳофили эмои раҳмон лисон ба зикрат бикушоям, ва маҳфил биороям. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Муайяд ва Муваффақ ва Бино. Ё Раббиюл Аъло.

#14610
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Павардигоро, иноят фармо, ҳидоят бахш, парвариш деҳ, нашв ва намо ато кун, бинти малакут намо, файзи лоҳут бахш, руҳонӣ кун, нуронӣ намо, раҳмонӣ кун, осмонӣ фармо, то аз олами табиат раҳо ёбам ва аз ҷаҳони моварои табиат хабар гирам, зинда шавам, хулқ ва хӯи раҳмонӣ ҷӯям, нашри таолими Илоҳӣ намоям, фазли абадӣ талабам ва мавҳибати Илоҳӣ хоҳам. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Меҳрабон.

#14611
- `Abdu'l-Bahá

 

ХИДМАТ

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрубон, қулубро ба нури ҳидояти кубро мунаввар фармо. Ҷонҳоро ба башорати узмо ҳаёт бахш. Чашмҳоро ба мушоҳидаи анворат равшан кун. Гӯшҳоро ба истимоъи нидоят шунаво фармо. Моро дар Малакути тақдисат дохил намо ва ба нафасоти Руҳулқудс зинда кун. Ҳаёти абадия бахш, камолоти осмонӣ ато фармо. Худовандо ҷонҳои моро фидои худ кун ва моро руҳи ҷадид карам намо. Қуввате осмонӣ деҳ. Сурури абадӣ бахш. Муваффақ ба хидмати олами инсонӣ намо. Сабаби улфати байни қулуб кун. Худовандо, моро аз хоб бедор намо ва оқил ва ҳушёр кун, то ба асрори Китоби Муқаддасат воқиф гардем ва ба румузи калимотат пай барем. Туӣ Муқтадир, Туӣ Диҳанда, Туӣ Меҳрубон.

#14483
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Абдулбаҳо ҳамвора ба даргоҳи Аҳадият аҷз ва ибтиҳол намояд, ки: Эй Худованди беҳамто, ин нуфуси пуршавқ ва валаҳро ба раҳмати бепоён муваффақ фармо, то мавоҳиби олами инсонӣ гарданд ва мазоҳири алтофи Раббонӣ. Дар гулистони ҳидоят гулҳои пуртароват гарданд ва дар риёзи ҳақиқат дарахтонe, дар ниҳояти латофат. Эй Худованд, бар хидмати Хеш муваффақ фармо ва аз бегона ва хеш мустағнӣ кун. Дар ҳар даме шабнаме фирист, то гулшани қулуб сабз ва хуррам гардад ва раёҳини файзи иноят бирӯяд.

#14484
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ман гунаҳкорам ва Ту Омурзгор, мадҳуш аз хамри ғафлатам ҳуш иноят кун, машғул ба азкори ҷаҳон пурғамам, гӯше иноят фармо, то оҳанги Малаъи аъло бишнавад, ва гулбонги андалеби қудсат истимоъ намояд, ва нафаҳоти туюри шукр ба қуввае воҳия эҳсос кунад. Эй Парвардигор, парда аз чашм бардор, то мушоҳидаи оёти кубро кунам ва мулоҳизаи дақоиқи асрори кибриё намоям. Дилро ҷоне бибахш ва ҷонро руҳ ва райҳоне ато фармо, ки сазовори ин қарни азим бошад ва лоиқи ин асри маҷид. Ва алейкал Баҳо.

#14485
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худо! Ту шоҳидӣ ва гувоҳӣ, ки дар дил ва ҷон орзуе надорам, ҷуз он ки ба ризоят муваффақ гардам ва ба убудиятат муайяд шавам. Ба хидматат пардозам ва дар карми азимат бикӯшам, ва ҷон ва динро дар роҳат фидо намоям. Туӣ Доно, Туӣ Бино. Ҳеҷ орзуе, ҷуз ин надорам, ки аз муҳаббатат сар ба кӯҳ ва саҳро ниҳам ва фарёд ба зуҳури малакутат намоям ва нидоятро ба ҷамеъи гӯшҳо бирасонам. Эй Худо! Ин бечораро чорае бахш ва ин дардмандро дармоне деҳ ва ин маризро илоҷе ато кун. Бо қалбе сӯзон ва чашме гирён ба даргоҳат муноҷот менамоям: Эй Худо! Дар сабилат ҳар балоеро муҳайё ҳастам ва ҳар садмаеро ба ҷон ва дил орзу намоям. Эй Худо! Аз имтиҳон муҳофиза намо. Ту медонӣ, ки аз ҳар чизе гузаштаам ва аз ҳар фикре фориғ шудаам, ҷуз зикри Ту шуғле надорам ва ҷуз хидматат орзуе нахоҳам.

#14486
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Ҳаққул Қайюм! Илоҳӣ! Ту Бино ва Огоҳӣ, ки малҷаъ ва паноҳӣ. Ҷуз Ту наҷуста ва наҷӯям, ва ба ғайр аз сабили муҳаббатат роҳе напаймуда ва напӯям.Дар шабони тираи ноумедӣ дидаам ба субҳи умеди алтофи бениҳоятат равшан ва боз, ва дар саҳаргоҳӣ ин ҷон ва дили пажмурда ба ёди ҷамол ва камолат хуррам ва дамсоз. Ҳар қатрае, ки ба авотифи раҳмониятат муваффақ, баҳрест, бекарон ва ҳар заррае, ки ба партави иноятат муайяд, офтобест дурахшанда ва тобон. Пас– Эй Пок Яздони ман! Ин бандаи пуршӯр ва шайдоро дар паноҳи Худ паноҳ деҳ ва бар дӯстии Хеш дар олами ҳастӣ собит ва мустақим бидор, ва ин мурғи бепар ва болро дар ошёни Раҳмонии Худ, ва дар шохсори руҳонии Хеш,макон ва маъвое ато фармо.

#14487
- `Abdu'l-Bahá

 

ХИТОБ БА ЗАРДУШТИЁН

Ба номи Худованди Меҳрабон! Эй Меҳрабон! Дусте аз дустон ёдат намуд, ёдат намудем. Имруз он чӣ дида мешавад, гувоҳӣ медиҳад ва бандагонро ба Худованди Якто мехонад. Бигу: Имруз Офтоби Биноӣ аз Осмони Доноӣ ҳувайдо. Некуст касе, ки дид ва шинохт. Он чӣ аз пеш гуфта шуд, дар ин рузгор падидор. Бигу: Эй дустон! Худро аз дарёи бахшиши яздонӣ дур манамоед, чӣ ки У бисёр наздик омада. Он ки пинҳон буд омада, ва хуб омада. Бар як дасташ оби зиндагонӣ ва бар дасти дигар фармони озодӣ; бигузоред ва бигиред. Бигузоред, он чӣ дар ҷаҳон дида мешавад ва бигиред, он чиро, ки дасти бахшиш мебахшад. Омада он чӣ чашми рузгор монанди он надида. Эй дустон! Бишитобед, бишитобед! Бишнавед, бишнавед! Кирдори дастурон мардумонро аз Кирдгор дур намуда. Ба ҷои ниёз оз намудор, роҳи Худованди Худоро гум кардаанд. Гумроҳанд ва худро дорои роҳ медонанд. Пешвоёнро гувоҳ намудем ва огоҳ кардем, то дар ин Руз гувоҳӣ диҳанд ва бандагонро ба Пок Яздон расонанд. Бигу: Эй дастурон! Аз хоб бархезед ва аз беҳушӣ ба ҳуш гароед. Овози Бениёзро ба гуши ҷон бишнавед ба он чӣ сазовори Рузи Худованд аст, рафтор намоед. Имруз меҳтар касе аст, ки дид ва огаҳ шуд. Ва кеҳтар касе, ки гуфтори Доноро наёфт ва Дусти тозаро дар ҷомаи Дарёи доноӣ падидор ва офтоби биноӣ намудор. Бишнавед, нидои Гуяндаи Пояндаро ва худро аз он чӣ сазовор нест пок ва покиза намоед, то шоистаи боргоҳи Офаридгор шавед. Бигу: Имруз Худованд дар анҷуман сухан мефармояд. Наздик шавед ва гуфторашро биёбед. Гуфтор пайки дидори Уст, шуморо аз торикӣ раҳонад ва ба рушаноӣ расонад. Номатро шунидем ва дар нома ёдат намудем. Ин ёд монанди ниҳолест, ки ба дасти бахшиш киштем. Зуд аст, ки бо баргу бори тозаи беандоза падидор шавад. Худованди Худо чунин фармуда, ва роҳ намуда. Уст Тавоно ва Бино, ва Уст Гуянда ва Доно.

#15686
- Bahá'u'lláh

 

БА НОМИ ХУДОВАНДИ Бигу: Эй гумроҳон, пайки ростгу муҷда дод, ки Дуст меояд. Акнун омад, чаро афсурдаед? Он пок пушида бе парда омад, чаро паҷмурдаед? Оғоз ва анҷом, ҷунбиш ва ором ошкор. Имруз оғоз дар анҷом ва ҷунбиш дар ором намудор. Ин ҷунбиш аз гармии гуфтори Парвардигор дар офариниш ҳувайдо шуда. Ҳар ки ин гармӣ ёфт ба куйи Дуст шитофт, ва ҳар ки наёфт, бияфсурд. Афсурдане, ки ҳаргиз барнахост. Имруз марди дониш касе аст, ки офариниш уро аз биниш боз надошт, ва гуфтор уро аз кирдор дур нанамуд. Мурда касе, ки аз ин боди ҷонбахш дар ин бомдоди дилкаш бедор нашуд, ва баста марде, ки Кушояндаро нашнохт ва дар зиндони оз саргардон бимонд. Эй бандагон! Ҳар ки аз ин чашма чашид, ба зиндагии поянда расид, ва ҳар ки нанушид, аз мурдагон шумурда шуд. Бигу эй зишткорон! Оз шуморо аз шунидани овози Бениёз дур намуд. Озро бигузоред, то рози Кирдигор биёбед. Ва У монанди офтоби ҷаҳонтоб рушан ва падидор аст. Бигу эй нодонон! Гирифтории ногаҳон шуморо аз пай. Кушиш намоед, то бигзарад ва ба шумо осеб нарасонад. Исми бузурги Худованд, ки ба бузургӣ омада, бишносед. Уст Донанда ва Доранда, ва Нигаҳбон.

#15687
- Bahá'u'lláh

 

Ба Номи Дуст Эй дустон! Дарёи ҷуд дар амвоҷ! Ва офтоби карам дар ишроқ. Имруз рузи ситоиш аст, на замони олоиш. Бигу: Эй дустон! Равонро аз олоиши дунё пок созед ва ба ситоиши Дусти Якто бипардозед. Рузи забон имруз аст, чӣ ки махсуси сано халқ шуда. Рузи дидор имруз аст, чӣ ки Маҳбуб падидор гашта. Бо парҳои муҳаббати Раҳмон парвоз намоед, ки шояд ба қурби маънавӣ фоиз гардед. Эй дустон, аз ҳиҷрон маҳзун мабошед! Рузи шодӣ аст, вақти андуҳ на. Ҳар ки ба муҳаббати Раҳмон бархост, аз Мост ва ҳар ки ба ғайри Мо машғул, аз ағёр маҳсуб. Ин аст баёни Раҳмон. Тубо лиссомеъин! Бигу: Эй аҳли имкон! Талъати Раҳмон мефармояд: Имруз рузи гуфтор нест ва ҳангоми интизор на. Ба байиноти Раббония, ки аз машриқи Қалами Аҳадия мушриқ ва зоҳир шуда, рафтор намоед ва омил шавед! Эй аҳли диёри Парвардигор! Дусти Якто беҳиҷоб зоҳир ва дасти қудрати субҳонӣ аз уфуқи ҷайби яздонӣ боҳир, то вақт боқӣ аст, ба зикри Боқӣ машғул шавед, ва ба Ваҷҳи Изадӣ таваҷҷуҳ намоед. Сабили таваҷҷуҳро ба қалб қарор фармудем, зеро ки сабили зоҳир мамнуъ аст. Эй дустон! Арзи маърифати Раҳмон хароб ва вайрон мушоҳида шуд. Лизо Зореъи болеғ ва Ҳакими ҳозиқ фиристодем, то аъроқи фосида ва гиёҳҳои ло юсминаро тадобири комила қатъ намояд, ва ба амтори авомири илоҳия он арзро тарбият фармояд, то маҳалли инботи наботи тайиба ва ашҷори мусмира шавад. Ин аст, мақсуд аз ирсоли Расул ва инзоли Кутуб. Эй дустон! Дар садади тарбияти гумроҳон ва бедонишон бошед, ки шояд ниҳолҳои вуҷуди инсонӣ ба тирози рабиъи раҳмонӣ сарсабз ва хуррам шаванд. Ба гуши пок Нидоямро бишнавед, ва ба чашми пок ба уфуқи Ваҳйям таваҷҷуҳ намоед. Бедида касе, ки аз ин атийя маҳрум монд, ва бебасар нафсе, ки Молики қадарро нашинохт.

#15688
- Bahá'u'lláh

 

Ба Номи Он, ки бим аз Уст, ва умед аз У! Нахустин гуфтори Кирдигор ин аст! Бо синаи пок аз хоҳиш ва олоиш ва дили покиза аз рангҳои офариниш пеши Доно ва Бино ва Тавоно биёед ва ба он чӣ сазовори рузи Уст биборед. Имруз рузи дидор аст, чӣ ки Яздон бе парда падидор ва ошкор. Ба ҷони пок биштобед, шояд бирасед ва ба он чӣ сазовор аст пай баред! Аз оби парҳезкорӣ худро аз оз ва кирдорҳои ношоиста пок намоед, то рози рузи Бениёзро биёбед. Равшании нахустин дар рузи пасин падидор, ба се чиз дидор даст диҳад, ва растагорӣ падидор шавад: покии дил ва дида, ва покии гуш аз он чӣ шунида. Бигу: Эй дустон, Роҳнамо омад! Гуфтораш аз гуфторҳо падидор, ва роҳаш миёни роҳҳо намудор. Роҳ роҳи Уст, биёбед ва гуфтор гуфтори Уст, бишнавед. Имруз абри бахшиши Яздон меборад, ва Хуршеди доноӣ равшанӣ мебахшад ва ба Худ роҳ менамояд. Ҷавонмард он, ки роҳҳои гумонро гузошт, ва роҳи Худо гирифт. Эй дустон, дасти тавонои Яздон пардаҳои гумонро дарид, то чашм бибинад ва гуш аз шунидан боз намонад. Имруз рузи шунидан аст, бишнавед гуфтори Дусти якторо, ва ба он чӣ сазовор аст, рафтор намоед. Аз гуфтори порсӣ ба гуфтори тозӣ оғоз намудем... Имруз нур нотиқ ва нор мутакаллим, ва хуршеди ҳақиқӣ мушриқ. Ҷаҳд намо, шояд фоиз шавӣ ба он чӣ сазовори Явмуллоҳ аст. Агар дар он чӣ зоҳир шуда, тафаккур намоӣ, худро ғанӣ ва мустағнӣ аз суол мушоҳида кунӣ. Ҳақ муқаддас аст аз зунун ва авҳом, ва машийят ва иродаи аном. Бо илми “Яфъалу мояшоъ” ва рояти “Яҳкуму моюрид” омада. Ҳуҷҷат ва бурҳон фавқи мақомоти аҳли имкон зоҳир фармуда. Оёташ дар кутуб, зубур, ва алвоҳ мавҷуд ва машҳуд, ва баёноташ дар сувари мулук ва руус зоҳир ва ҳувайдо... Гар филҳақиқа ба басари инсоф дар он чӣ зикр намудем мушоҳида намоӣ, ва ба самъи адл исғо кунӣ, ба калимаи муборакаи “раҷъату илайк ё Мавлал олам мунқатеан анил умам” нотиқ шавӣ. Бишнав нидои Мазлумро ва қадам аз мақомоти зунун ва авҳоми аҳли имкон бардор, ва бар ломакон гузор...

#15689
- Bahá'u'lláh

 

ҲИФЗ ВА СИЁНАТ

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо! Қудрaтатро қудрати ибод манъ манамуд. Амратро бо қалам нусрат намудӣ ва ба Исми Аъзам даъват фармудӣ. Аз фазли азим ва карами амимат масъалат менамоем, ин ибодро аз шарри ноақин ҳифз фармоӣ, ки шояд мисли ҳизби қабл ба авҳом олуда нашавем. Эй Қадир, муқбилинро аз каъси яқин қисматe ато фармо ва аз анвори найири иқон маҳрум манамо. Иннака Антал Муқтадирул Алимул Ҳаким

#14632
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Мақсудо! Ба камоли аҷз ва ибтиҳол аз Ту масъалат менамоям, ин абдро аз шарри ноақин ҳифз фармоӣ, ва аз зилли Сидраи Мунтаҳо ва сарири Қалами Аъло маҳрум насозӣ. Ашҳаду иннал ювмака вал амр амрик. Асъалука ба сиротикал мустақим ва набаикал азим ан туаййидани ало мо юрфаъу беамрика байна ибодик. Иннака Антал Муқтадирул ало Моташоъ. Ло Илоҳа илло Антал Муҳайминул Қайюм.

#14633
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо, Каримо, Раҳимо! Ту Огоҳӣ ва Доноӣ, ки ин ибод лаолии муҳаббататро дар хазоини афъида ва қулуб ба Исмат ҳифз намуданд. Ҳол аз Ту металабем ва масъалат менамоем, моро аз сориқин ва хоинин ҳиросат намо ва ҳифз фармо. Туӣ Қодир ва Тавоно.

#14634
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳӣ, Илоҳӣ! Ин абдро аз шарри нафс ва ҳаво ҳифз фармо, ва ба нури бирр ва тақво музайян дор. Эй Молики ман! Мамлукат Туро зикр менамояд ва лозол басараш мунтазири иноёти ло ниҳояи Ту буда ва ҳаст. Пас боз кун боби раҳмататро, ва қисмате ато фармо, ин абди мутамассикатро. Аз як калимаи улё олами вуҷудро мавҷуд фармудӣ, ва ба анвоъи моида ва неъмат ва олои лотуҳсо музайян доштӣ. Туӣ Бахшанда ва Тавоно. Ло Илоҳа илло Антал Алиюл Абҳо.

#14635
- Bahá'u'lláh

 

Бигӯ: Эй Оқои ман, ва Мавлои ман, ва Падидоварандаи ман! Суол мекунам аз дарёи бахшиши Ту, ки ин ниҳоли навраста дар бӯстони муҳаббати Худро аз Кавсари Ҳаявон бинӯшон, ва аз арёҳи хариф ҳифзаш намо. Туӣ Тавоно ва Туӣ Доно. Эй Худои ман! Ба Ту рӯй овардам ва Туро зикр менамоям, ва ба муборакии Исмат аз дунат фориғ ва озодам. Эй Худо! Ба Ту нозирем ва аз Ту металабем зоҳир кун аз мо он чиро, ки сазовори Ту ва айёми Ту аст. Туӣ Атокунанда ва Бахшанда.

#14636
- Bahá'u'lláh

 

Ба номи Худованди Якто! Илоҳо, Каримо, Раҳимо! Шаҳодат медиҳам ба ваҳдоният ва фардонияти Ту, ва ба ин, ки аз барои Ту шибҳ ва мисле набуда ва нест. Ҷудат олами вуҷудро мавҷуд фармуд ва карамат умамро ба Исми Аъзам роҳ намуд. Баъзе ба васвоси ханнос аз дарёи раҳматат маҳрум гаштанд ва бархе аз таҷаллиёти офтоби ҳақиқат мунаввар шуданд. Эй Карим, аз Ту омурзиши қадиматро металабам ва раҳмати амиматро меҷӯям. Ин абдро ҳифз намо, аз шубаҳоти нуфусе, ки эъроз намуданд ва аз дарёи илмат мамнуъанд. Илоҳӣ, Илоҳӣ! Аҳфиз абдика бе ҷудика ва карамика мин шарри аъдоикал лазина нақазу Аҳдика ва Мисоқик. Ай Раббӣ, ло тамнаъани ан раҳиқикал махтум. Сумма айидни алал истиқоматил кубро ли алло тамнаанӣ амоими ибодика анил тақарруби илайк. Иннака Антал Муқтадиру ало Моташо, ва фи қабзатика замоми ман фил самовоти вал аразин.

#14637
- Bahá'u'lláh

 

Эй Парвардигори ман! Аз Ту суол менамоям, ба дидаи ҳамешабедори Ту, ки дидагони маро аз нигоҳ ба сӯи дигаре, ҷуз Ту, ҳифз намоӣ. Сипас нури онҳоро барои мушоҳидаи осори Худ ва дидани Уфуқи Зуҳури Худ бияфзоӣ. Туӣ Оне, ки ҷавҳари қудрат дар назди зуҳурҳои қудрати Ту нотавон гардид. Нест Худое, ҷуз Ту, Қавӣ ва Ғолиб ва Номаҳдуд.

#14638
- Bahá'u'lláh

 

Илоҳӣ, Илоҳӣ! Сироҷи Амратро ба дуҳни ҳикмат барафрӯхтӣ, аз арёҳи мухталифа ҳифзаш намо. Сироҷ аз Ту, зуҷоҷ аз Ту, асбоби осмон ва замин дар қабзаи қудрати Ту. Умароро адл иноят фармо ва уламоро инсоф. Туӣ Он Муқтадире, ки ба ҳаракати қалам Амри мубраматро нусрат фармудӣ ва авлиёро роҳ намудӣ. Туӣ Молики қудрат ва Малики иқтидор. Ло Илоҳа илло Антал Азизул Мухтор.

#14639
- Bahá'u'lláh

 

Иннаҳу ла Ҳувал Муқтадирул Мухтор!

Ё Моликал – асмо ва Фотирас – само! Халлис аҳиббо Мин сиҷнел аъдо Иннака Султонул қазо Вал Мушриқул мин уфуқил бадо Ё аслал бақо Ле aмрил Баҳо Ло тақтур раҷо Фансур ҳоуло Антал Ҳокиму ало моташо Ва фи қабзатика Малакутил Иншо Қад шаҳазал анёб Лилаҳмил аҳбоб Ан эҳфазел aсҳоб Ё Молик ар рақоб Вал Ҳокиму фил маъоб

( Ӯст Муқтадир ва Мухтор Эй Молики исмҳо ва Офарандаи осмонҳо! Халос намо аҳибборо Аз сиҷни душманон Туӣ Султони қазо Ва Тобанда аз уфуқи офариниш Эй Асли бақо Қасам ба умри Баҳо Ноумед нанамо онҳоро Балки кумак ва ёрӣ деҳ Дар ҳақиқат Ту Ҳокими ба он чӣ хоҳӣ Ва дар қабзаи Ту олами офариниш Дандонҳои душманони Ту омодаи газидан Гушти ошиқонатро Ҳифз намо ин ҳамроҳонро Эй Молики ҳамаи инсонҳо Ва Оне Ки ҳукм мекунӣ дар Рӯзи Қиёмат.)

#14641
- Bahá'u'lláh

 

Эй Худои ман! Ба Ту руй овардам ва Туро зикр менамоям, ва ба муборакии Исмат аз дунат фориғ ва озодам. Эй Худо! Ба Ту нозирем ва аз Ту металабем зоҳир кун аз мо он чиро, ки сазовори Ту ва айёми Ту аст. Туӣ Атокунанда ва Бахшанда.

#15647
- Bahá'u'lláh

 

Эй Парвардигори меҳрабон! Шарқ дар хаяҷон аст ва Ғарб дар мавҷи бепоён. Нафаҳоти қудс дар интишор, ва анвори Шамси Ҳақиқат аз малакути ғайб зоҳир ва ошкор. Тартили оёти тавҳид аст, ва тамаввуҷи роёти таҷрид. Бонги суруш аст, ва наҳанги маҳвият ва фано дар хурӯш. Аз ҳар карона фарёди: «Ё Баҳоул Абҳо!» баланд ва аз ҳар тараф нидои: «Ё Алиял Аъло!» муртафеъ. Валвалае дар ҷаҳон нест, ҷуз ғулғулаи ҷилваи Дилбари Якто ва зилзилае дар олам на, ҷуз эҳтизози муҳаббати Маҳбуби беҳамто. Аҳиббои илоҳӣ дар ҷамеъи диёр бо нафаси мушкбор чун шамъ равшананд ва ёрони раҳмонӣ дар ҷамеъи ақолим монанди гулҳои шукуфта аз тарфи чаман, даме наёсоянд ва нафасе барнаёранд, ҷуз хидмати Амри Ту. Чаманистони ҳақиқатро булбули хушилҳонанд, ва гулистони ҳидоятро шукуфаҳои муаттари бадиул алвон. Хиёбони ҳақоиқро тарроҳии гулҳои маъонӣ намоянд, ва ҷӯйбори ҳидоятро монанди сарви равон биёроянд. Уфуқи вуҷудро нуҷуми бозиғанд, ва матолеъи офоқро кавокиби ломеъ, мазоҳири таъйиданд ва машореқи нури тавфиқ. Эй Худованди меҳрабон! Куллро собит ва мустақим бидор ва илал абад сотеъ, ва ломеъ, ва пуранвор кун, то ҳар дам аз гулшани иноят насиме вазад, ва аз ями мавҳибат шабнаме расад. Рашаҳоти саҳоби муҳаббат тароват бахшад, ва нафаҳоти гулшани ваҳдат машомҳо муаттар кунад. Эй Дилбари офоқ, партави ишроқе! Эй Маҳбуби ҷаҳон, ҷилваи ҷамоле! Эй Қавии Қадир, ҳифз ва амоне! Эй Малики вуҷуд, зуҳури қудрат ва султоне! Эй Худованди меҳрабон! Дар баъзе булдон аҳли туғён дар ҳавҷ ва мавҷанд, ва муҳаррикини беинсоф шаб ва рӯз дар эътисоф. Золимон чун гург дар камин, ва ағноме мазлум ва бе носир ва муъин. Ғизолони барри ваҳдатро киллоб дар пай, ва тазарвони куҳсори ҳидоятро ғуробони ҳасад дар ақиб. Эй Парвардигор! Ҳифз ва ҳимоят фармо. Эй Ҳофизи Ҳақиқӣ! Сиёнат ва ҳимоят кун. Дар паноҳи Хеш маҳрус дор ва ба авни Худ аз шурур масун бидор. Туӣ Ҳофизи Ҳақиқӣ ва Ҳориси Ғайбӣ ва Нигаҳбони Малакутӣ ва Меҳрабони Осмонӣ.

#14488
- `Abdu'l-Bahá

 

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Яздони Меҳрубон, ёронат бесар ва сомонанд ва дӯстонат асир дар дасти авонон аз ҳар тараф тир ва синоне ва аз ҳар шахсе захме беамон. Бо вуҷуди ин саргаштаи кӯи Туанд ва ошуфтаи мӯи Ту ва дилдодаи рӯи Ту. Ҳар балоеро вало донанд ва ҳар дардеро дармон шумуранд. Ғул ва занҷирро тоҷ ва сарир ёбанд ва зиндонро айвони бепоён донанд. Ба куллӣ ҷoнфишонанд. Эй Худованд, ҳушмандонро бинавоз ва ҳамдам ва ҳамрози Абдулбаҳо соз, то кулл ҷону дил дар каф гирифта нисори даргоҳи Ту намоем, ва рӯи Ту ҷӯем, ва ба кӯи Ту пай барем, ва рози Ту гӯем. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Воқиф ва Бино.

#14489
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари офоқ, шукр туро, ки дида ба дидорат равшан гардид, ва дилу ҷон аз нафаҳоти қудсат ғибтаи гулзор ва чаман шуд. Нафаҳоти унс мурур ёфт ва нафасоти Руҳулқудус мунташир шуд. Ҷон ба ҷонон расид ва дил роҳ ба боргоҳ ёфт, ва ба сирри макнун ва рамзи масун огоҳ шуд. Эй Парвардигор, дар савни ҳимоят маъво деҳ ва дар каҳфи иноят малҷаъ ва паноҳ бахш. Эй Меҳрубон, агар бинавозӣ, ҷавҳари вафо ва ҳақиқати атост, ва агар бигудозӣ, аҳли хато муставҷиби азоб ва ҷафост. Он чӣ шоёни остонаст, ройгон фармо ва он чӣ лоиқи ҳақоиқ аст, арзон кун. Залилеро ба сирфи мавҳибат азизи малакут фармо, ва ҳақиреро ба ниҳояти раъфат мазҳари файзи лоҳут намо. Эй Парвардигор, ҳифз кун, сиёнат фармо, то қадам налағзад ва ба асфали дараҷот нарасад. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Тавоно ва Туӣ Олим ва Бино ва Доно. Иннака Антал– Ғафур– ур– Раҳим.

#14490
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигори меҳрубон! Ин нуфус нидои Малакут шуниданд ва анвори Шамси Ҳақиқат диданд ва дар фазои ҷонфазои муҳаббат париданд. Ошиқони рӯи Туанд ва мунҷазибони хӯи Ту, ва орзуманди кӯи Ту ва мутаваҷҷеҳ ба сӯи Ту, ва ташнаи ҷӯи Ту ва машғул ба гуфтугӯи Ту. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Меҳрубон.

#14491
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй ёрони Илоҳӣ, дасти тазарруъ ва ниёз ба соҳати қудси Худованди Беанбоз баланд кунед ва муноҷот кунед, ки Эй Худованди бемонанд, мо бандагони хоксорем ва Ту Бузургвор. Гунаҳкоронем ва Ту Омурзгор. Асир ва фақир ва ҳақирем, ва Ту Муҷир ва Дастгир, мурони заъифем ва Ту Сулаймони пурҳашамати сарири фалаки асир, маҳзи фазл, ҳифз фармо ва савн ва авни Хеш дареғ мафармо. Худоё, имтиҳонат шадид аст ва ифтитонат ҳодими бунёди зубури ҳадид. Моро ҳиросат кун ва қувват бахш. Масрур фармо, шодӣ деҳ ва чун Абдулбаҳо бар убудияти остон муваффақ намо.

#14492
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, аҳли Баҳоро дар ҳар мавриде танзеҳ ва тақдис бахш ва аз ҳар олудагӣ покӣ ва озодагӣ ато кун. Аз иртикоби ҳар макруҳ наҷот деҳ ва аз қуюди ҳар одат раҳоӣ бахш, то пок ва озод бошанд ва тайиб ва тоҳир гарданд. Сазовори бандагии остони муқаддас шаванд ва лоиқи интисоб ба Ҳазрати Аҳадият.

#14493
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Дардмандонро дармон кун ва ҳушмандонро маҳрами айвон. Уфуқи иллийинро ба нури мубин равшан намо, ва соҳати дилҳоро рашки гулзор ва гулшан кун. Ҳар як аз аҳибборо наҷми ҳудо намо, ва ҳар як аҳли вафоро кавкабе сотеъ дар уфуқи аъло. Ниҳолҳои ҳадиқаи раҳмониятро тароват ва латофат бахш, ва наврасидагони боргоҳи aҳадиятро сабоҳат ва малоҳат деҳ. Бандагони деринатро анвори илийин фармо, ва озодагони қадимро шаҳриёрони иқлими наъим кун. Рӯяшон барафрӯз, ва хӯяшонро мушки ҷон фармо, ва офоқро муаттар ва муанбар намо, дасташон яди байзо намо ва лафзашон луълӯи лоло, бурҳонашон суъбони мубин кун ва далелашон сануҳоти илийин. Заҳирашон шадидулқуво кун ва насирашон ҷунуди Малакути Абҳо.

#14494
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор! Бечорагонем, ба даргоҳи Ту паноҳ овардаем. Парешони рӯзгорем, дар боргоҳи Ту сар ва сомон ҷӯем. Афтодагонем, алтофи Туро нигаронем. Моро бар Аҳд ва Мисоқи Хеш собит ва мустақим фармо ва аз саҳоми шубаҳот маҳфуз дор ва дар зилли сaвн ва ҳимояти Хеш ҷой деҳ ва аз имтиҳон ва ифтитон моро масун дор. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14495
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори беанбоз! Муқаддас ва Муназзаҳ, Раҳими ва Меҳрабон, Муҷири ва Дастгир. Ин бечорагонро дар паноҳи Худ манзил деҳ, ва ин афтодагонро дар каҳфи ҳифз ва ҳимояти Хеш аз шарри аҳли нифоқ маҳфуз дор. Антал Ҳофизул Муқтадирул Азиз– ул Қадир.

#14496
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин бандагонро дар зилли шаҷараи иноят малҷаъ ва паноҳе бахш ва бар ҳақиқати асрорат огоҳӣ деҳ. Бар Аҳд ва Мисоқат собит ва маҳкам бидор ва бар паймон ва имонат устувор фармо, чӣ ки арёҳи ифтитон шадид аст ва сарсари имтиҳон ғуборангез. Худоё собит бидор, Худоё нобит кун, Худоё маҳфуз ва масун дор, ва маҳзуз ва маъмун бинамо. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Ҳофизи Беназир ва Ҳамто.

#14497
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Маҳбуби Якто, Эй Мақсуди беҳамто! Авн ва иноят фармудӣ, ва савн ва ҳимоят намудӣ. Бечораеро муъин ва заҳир гаштӣ, ва афтодаеро муҷир ва дастгир. Ситоиш ва ниёш Туро сазовор, ки Бузургворӣ, ва Муин ва Муҷири ҳар некукор. Эй Парвардигор! Маро собит бидор, то дар сабилат далели мутаҳаййирин гардам ва дар тариқат ҳодии ҳар толиби калил. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

#14498
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди меҳрабон! Мо асири доми ҳавоем ва ҳақир дар дасти авҳом. Аҷзи сирфем ва фақри баҳт. Нотавонем ва нодон. Парешонем ва бесомон. Мустамандем ва бепайванд. Уфтодаем, бечораем. Туӣ Яздони меҳрабон. Раҳме кун, фазле бинамо. Ҷуде кун, афве бифармо. Таъйиде мабзул дор ва тавфиқе эҳсон кун, то ба қуввати Ту ба хидмат пардозем; мутеъи Амрат шавем ва мунқоди ҳукмат гардем. Дил ба нори муҳаббатат афрӯзем ва чун парвона ҳавли шамъи мавҳибат болу пар сӯзем. Дида аз ғайри Ту дӯзем ва таваҷҷӯҳ ба Остони Муқаддасат андозем, то он ки дар Анҷумани Малаъи аълоят бо рухе тобон ва ҷабине мубин ва қалбе тобнок ва руҳе мустабшар мабъус гардем. Туӣ Қодир ва Тавоно ва Туӣ Олим ва Доно.

#14499
- `Abdu'l-Bahá

 

ХОНАВОДА

Ҳуваллоҳ! Эй Худо, Худои ман! Бо камоли фурӯтанӣ ва ғайрат, хоксорӣ ва вафодорӣ, ман аз Ту бо забон ва дили худ, бо рӯҳ ва ҷони худ, ва бо ақл ва тамизи худ илтиҷо дорам, ки барои ин хонаводае, ки дар субҳи мубини Ту ба паноҳгоҳи сояи Ту шитофтааст, ва дар каҳфи манеъи Ту раҳоӣ ҷустааст, ва дар қалъаи Тавоноии Ту паноҳ бурдааст, азизтарини орзуҳоро амалӣ гардонӣ, сазовортари– ни аъмол, ҳамаи иззат ва камол, лутф ва зебоӣ, шукуфоӣ ва наҷотро муқаддар намоӣ. Ба ростӣ, ки онҳо ба даъвати Ту гуш доданд, ва ба Остони Ту наздик шудаанд, бо оташи ишқи Ту афрӯхта гаштанд, ва ба нафаҳоти муқаддаси Ту ҷазб шуданд. Онҳо дар хидмати Амрат собитқадам, дар назди Лиқои Ту хоксор, дар сояи паноҳгоҳи Ту бошараф буданд. Онҳо ҳамчун дорандагони Исми Ту байни мардумони Ту машҳуранд, ва дар миёни бандагонат Туро ёд кунанд. Худоё, Эй Худои ман! Онҳоро бо ҷалоли қадимии Худ сарфароз кун, дар Подшоҳии Иззати Худ дастгирӣ намо ва дар ин Амр онҳоро бо лашкарҳои фазли Худ дар ин Рӯзи бузург кӯмак деҳ. Эй Парвардигор, Худои ман! Парчами онҳоро барафроз, ва бар онҳо ҳиссаи азими сиёнати Худро насиб гардон. Нишонаҳои онҳоро интишор деҳ, ва нурашонро афзоиш, то ки булури чароғи неъматҳои гуногуни Ту ва паҳнкунандагони меҳрубонӣ ва фазли Ту шаванд. Эй Парвардигор, Худои ман! Дар танҳоиашон онҳоро ҳамдам бош, ва дар лаҳзаҳои пуризтиробашон дар иҳотаи кӯмаки Худ қарор деҳ. Китоби Худро бар онҳо васият кун, ва ҳадияҳо ва атоҳои беандозаи Худро бибахш. Туӣ Қавӣ, Муқтадир, Азиз, Карим, ва Туӣ Раҳмон ва Раҳим.

#14419
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Бениёз! Бандагон ва канизонро бинавоз ва орзуи ҷамеъро шоён ва ройгон соз. Ба авҷи муҳаббат парвоз деҳ ва бо туюри ҳадиқаи алтоф ҳамроз ва дамсоз намо. Қуввате дигар бахш ва ҳолате хуштар ато фармо. Чашм аз хато бипӯш ва иззат ва баракат дар ин ҷаҳон ва он ҷаҳон ато фармо. Роҳат ва осоиш деҳ ва ба насоеҳ ва васоёи Хеш ороиш бахш ва аз озмоиш бираҳон. Бахшишат ҷаҳонгир аст ва алтофат муҷир ва дастгири ҳар мустаҷир. Адамро мавҳибати вуҷуд бахшидӣ ва саргаштагонро ба зилли мамдуд расондӣ ва ташнагонро ба моъи мавруд ворид намудӣ. Карамат амим аст ва фазл ва ҷудат азим. Иноятат офтоб аст ва машақот ва мушкилоти халқ зуламот. Партаве бияндоз ва ҷамеъи ёрон ва эмои раҳмонро роҳат соз. Туӣ Муқтадир ва Азиз ва Тавоно. Туӣ Доранда ва Раҳонанда ва Бинанда ва Меҳрабон.

#14420
- `Abdu'l-Bahá

 

ҲУҚУҚУЛЛОҲ

Бузурги Ту, Эй Раббул коинот ва Марҷаи мумкинот. Шаҳодат медиҳам бо лисони зоҳирӣ ва ботинии худ ба он ки Ту Худро зоҳир ва ошкор кардаӣ, оёти Худро нозил кардаӣ ва шаҳодати Худро эълон кардаӣ. Гувоҳӣ медиҳам, ки аз ҳар чизе ҷуз Худат бениёзӣ ва муқаддастарӣ аз ҳама ашёи заминӣ. Суол мекунам Туро ба иззати Амри азимат ва иқтидори Калимотат, ки таъйид намо касеро, ки мехоҳад он чиро, ки дар китоби Ту бар у муқаррар кардаӣ, ҳадя кунад ва амал кунад ба он чӣ, ки атри қабули Туро бирасонад. Ба ростӣ, Туӣ Муқтадир ва Файёз ва Ғафур ва Карим!

#15681
- Bahá'u'lláh

 

Ба Номи Ақдас ва Аъзам ва Абҳои Ман Эй дустони Ман, дар Ризвон нидои Парвардигори Раҳмони худро бишнавед. Ба ростӣ, У шуморо зикр менамояд ба фазле аз назди Худ, то ба фирдавс шуморо ҷазб намояд, ба ҷойгоҳе, ки дар он Тахти Парвардигори Омурзанда ва Диҳандаи шумо барқарор аст. Дарахти шиносоӣ дар замини гуфтор руйид ва нотиқ шуд, ки ба ростӣ, нест Худое, ҷуз Ман–Доно ва Хирадманд.Хушо аз барои оне, ки дар сояи барге аз баргҳои он даромад. Ба ростӣ гардиши рузгор уро андуҳгин манамояд ва шубҳаҳои касоне, ки аз Ҳақ ру гардонидаанд, уро ғамгин манамоянд. Оне, ки имруз ба Худованд ру оварад Анҷумани Боло ва аҳли шаҳрҳои бақо сипас ононе, ки бар киштии бузургӣ нишастаанд, сипас ҳақиқатҳои муқаррабон дар гирди у чарх хоҳанд зад. Эй дустони Ман, ки он ҷоед, бо болҳои инқитоъ дар ин фазое парвоз намоед, ки дар он заррае аз заррот ҳаргиз ҳаракат манамояд, магар он ки бигуяд он чиро, ки Сидраи Навро дар Қутби Сино гуфт: Ба ростӣ, нест Худое, ҷуз Ман, Пок ва Зебо. Дидаҳои Худро покиза намоед ва ба Уфуқи Аълои Ман таваҷҷуҳ кунед. Ба Худо савганд, ки зоҳир шуд он чӣ дар оламҳо зоҳир нагардида буд ва ба калимаи улёе нотиқ шуд, ки ба ҳарфе аз он офтобҳо дурахшанда гардиданд ва аз он огаҳ нашуд, магар Нафси Донои Ман. Ва ба воситаи У, аз оғози беоғоз, Китобҳои Худованд зоҳир мегардид ва ба воситаи У дилҳои ононе мунҷазиб шуд, ки аз он чӣ ҷуз Уст гузаштаанд ва ба руйи Дурахшандаи Тобони У руй Дар амри Худованд муттаҳид шавед ва тани худро ба ҷомаи дустӣ ва ягонагӣ биёроед. Инчунин Молики эҷод аз ин зиндони дурдаст ба шумо амр медиҳад: Оне, ки имруз ба он чӣ аз ҷониби Худованд дастур дода шудааст, сарафроз мегардад, ба гуфтори у офариниш ҷазб ва шефта мегардад ва ба ёди у коинот ба ҷуш ва хуруш меояд. Ин аст, шоистаи оне, ки имруз ба Беҳамто ва Огоҳ руй овард.

Барои шаҳрҳои Худованд ва диёри У чун бодҳои баҳорӣ бошед, то аз замини дилҳо сунбулҳои ёд ва ситоиши Худованд бируяд. Ба ростӣ, Уст, Мазҳари Дастгир ва Азиз ва Хирадманд. Ин Китобест, ки дар гирди он китобҳои офариниш чарх мезананд, валекин чӣ басо мардум дар ғафлатанд. Аҳком нозил фармудем ва он чиро хост рост ва ҳақ шарҳ додем, то пайравӣ намоед, он чиро ки ба Қуввае аз назди Мо ба шумо дастур дода шудааст. Ва ру наоред ба он касоне, ки аз Ин Руй эъроз намудаанд, ҳангоме ки аз Уфуқи ошкор дурахшон шуд. Эй Қавми Ман, ба Худованд ва амрҳои У тамассук ҷуед. Ба ростӣ, У шуморо аз ононе, ки эъроз намудаанд, бениёз мегардонад. Ба ростӣ, У бо он бандагонест, ки ба У ру Мабодо, ки пардаҳои башарӣ шуморо аз Манзари Акбар боздоранд ва ишораҳои қавм шуморо аз роҳи рости Ман манъ намоянд. Касоне, ки имрузҳо инкор намудаанд, агар онҳоро муъмин номем, оё рост гуфтаем? На, савганд ба Ҷони Ман, ки ҳақ аст! ба ин ҳар як орифи биное шаҳодат медиҳад. Ҷонҳои худро аз он касоне, ки худовандро инкор намудаанд ва бурҳони Уро рад намудаанд ва оёти У муҷодила кардаанд ҳифз намоед. Магар онҳо аз ҳалокшудагон нестанд? Аз он чӣ бутпарастон мегуянд андуҳгин машавед. Зуд аст, ки ҷонҳои худро дар ҳовияи қаҳр ва ҳайкалҳои шуморо дар мақоми пурато бинанд. Ба ростӣ мо уфуқи шиносоиро офтоби баёни Парвардигори Бахшандаи шумо равшан намудем ва онро ба фазле аз назди Худ ба шумо фиристодем ва Манам Бахшандаи Меҳрабон. Ҳангоме ки буйи хуши Яздонро аз гуфтори осмонии У пайдо намудед ба ёд ва ситоиши Яздон пардозед, то касоне, ки дар хобанд бедор шаванд ва ба Яздон Худованди Ҷаҳон ру намоянд. Ҷалол ва равшанӣ бар шумо бод, эй ёрони ман ва сано бар шумо бод, эй дустони Ман, ба суйи Худованд – Маҳбуби орифон. Шодӣ кунед, ки ин лавҳ аз осмони Парвардигори Файзбахш ва Диҳанда ва Азиз ва Азим нозил шуд.

#15682
- Bahá'u'lláh

 

ХУРУҶ АЗ МАНЗИЛ

Уст Нигаҳбон ва Ҷовидон! Эй Худои ман! Ба фазли Ту аз хоб бедор шудам ва ба Ту таваккул намуда, аз хона берун мебароям ва худро таслими иродаи Ту менамоям, пас аз осмони раҳматат аз назди Худ баракате бар ман бифирист. Сипас ончунон, ки маро аз хона солим ва устувор берун намудӣ, солим ба ин ҷо баргардон. Нест Худое, ҷуз Ту, Беҳамто ва Якто, ва Доно, ва Хирадманд.

#15650
- Bahá'u'lláh

 

ШАВҲАРОН

Худоё, Худои ман! Ин канизат Туро мехонад, ва таваккул мекунад, ва ба Ту рӯй меорад, ва аз Ту металабад, то наъмои фирдавси Худро бар ӯ нозил кунӣ ва асрори руҳониатро ошкор кунӣ, ва нурҳои раҳмониатро ба ӯ афканӣ. Эй Парвардигори ман! Дидагони шавҳарамро бино соз. Қалби ӯро ба нури маърифатат масрур кун. Зеҳнашро ба ҷамоли нуронии Худ ҷалб кун ва руҳи ӯро бо ошкор сохтани шукуҳҳои аёнат, шодӣ бахш.

Эй Парвардигори ман! Парда аз чашмонаш бардор. Неъматҳои фаровонатро бар ӯ бибор ва аз шароби муҳаббати Худ маст кун, ва аз фариштагоне қарор деҳ, ки пойҳояшон бар ин замин роҳ мераванд, дар ҳоле ки ҷонашон дар осмонҳои баланд авҷ мегиранд. Ӯро сироҷи равшан кун, ки бо нури ҳикмати Ту дар миёни қавми Ту медурахшад. Ҳамоно Туӣ Азиз ва Бахшанда, ва Бахшояндаи.

#14608
- `Abdu'l-Bahá

 

ШИФО

Эй Худои ман! Номи Ту шифои ман аст, ва зикри Ту давои ман аст, ва наздикӣ ба Ту умеди ман аст, ва меҳри Ту муниси ман аст, ва меҳрабонии Ту дар дунё ва охират табиби ман, ва дастгири ман аст. Ба ростӣ, Туӣ Диҳанда ва Доно ва Хирадманд.

#15673
- Bahá'u'lláh

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин ташнаи салсабили ҳаётро аз чашмаи ҳаявон бинӯшон ва ин алилро аз дармони малакутӣ муолиҷа фармо. Ин маризро шифои ҳақиқӣ бахш ва ин тариҳи фирошро аз дарёқи аъзам қувва ва тавоноӣ ато фармо. Туӣ Шофӣ, Туӣ Кофӣ, Туӣ Вофӣ.

#14391
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй мутаваҷҷеҳи Илаллоҳ, дида ба Малакути ғайби ҷабарут боз кун ва ба ин муноҷот оғози ниёз кун, ки Эй Меҳрабон! Ту сатр кун ва бипӯш, хато аз мо ато аз Ту, ҷафо аз мо вафо аз Ту, гуноҳ аз мо паноҳ аз Ту, беморӣ аз мо шифо аз Ту. Бипӯш ва биёмурз, вафо кун, паноҳ деҳ, шифо бахш.

#14392
- `Abdu'l-Bahá

 

Аллоҳу Абҳо Эй мутаваҷҷеҳи Илаллоҳ! Чашм аз ҷамеъи мосиво барбанд ва ба Малакути Абҳо баркушо. Он чӣ хоҳӣ аз Ӯ хоҳ ва он чӣ талабӣ аз Ӯ талаб. Ба назаре сад ҳазор ҳоҷот раво намояд ва ба илтифоте сад ҳазор дарди бедармон даво кунад. Ва ба инъитофе захмҳоро марҳам ниҳад, ва ба нигоҳе дилҳоро аз қайди ғам бираҳонад. Ончӣ кунад, Ӯ кунад, мо чӣ тавонем кард. Яфъалу мо яшоъ ва яҳкуму мо юрид аст. Пас сари таслим неҳ ва таваккул бар Рабби Раҳим беҳ. Вал Баҳоу алайк!

#14393
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Илоҳӣ, Илоҳӣ! Ба Ту руй овардаам, ва аз Ту обҳои уқёнуси шифоятро металабам. Эй Парвардигори ман! Бо марҳамати Худ маро ёрӣ деҳ, то дар хидмати халқат бошам, ва бандагони Туро шифо бахшам. Агар Ту маро кӯмак кунӣ, ҳар илоҷе аз ман доруи шифобахш барои ҳар беморӣ, маҷрои обҳои ҳаётбахш барои ҳар ташнагии сӯзон, ва малҳами оромибахш барои ҳар як қалби муштоқ гардад. Агар маро ёрӣ надиҳӣ, ҷуз ранҷ нахоҳад буд, ва ман ба душворӣ битавонам нафсеро шифо бахшам. Илоҳӣ, Илоҳӣ! Маро бо қудрати Худ барои шифои беморон дастгирӣ ва мадад кун. Дар ҳақиқат Туӣ Шифодиҳанда, Кифояткунанда, Оне Ки рафъкунандаи ҳамаи дарду бемориҳост, Оне Ки ҳукмфармо бар ҳамаи ашёст.

#14394
- `Abdu'l-Bahá

 

ШУКР ВА СИТОИШ

Ситоиш Туро сазост, Эй Худованди асмо ва Офаридгори само, зеро ибодатро ба Рузе ошно намудӣ, ки дар он оби чашмаи ҳаёт аз ангушти карамат ҷорӣ гардид; ва баҳори Мукошафа ва Лиқо, ба воситаи Зуҳурат, бар касоне, ки дар осмон ва заминанд, зоҳир шуд.

#15670
- Bahá'u'lláh

 

Ҳуваллоҳ! Эй тоифи Ҳавли матофи Малаъи аъло! Ду дасти шукрро ба Даргоҳи aҳадият баланд намо ва бигӯ: Эй мунтаҳо орзуи ошиқон! Эй Далели гумгаштагон! Ин бандаи заифро ба алтофи бепоён бинавохтӣ, ва ин бечораи залилро ба Даргоҳи aҳадиятат расондӣ. Ин ташнаи сӯхтаро аз айни иноят нӯшондӣ, ва ин беҷони афсурдаро ба насими раҳмат тар ва тоза намудӣ. Шукр Туро, ки аз фазли aкбар насиби авфар иноят фармудӣ, ва ба Равзаи Муборака мушарраф кардӣ. Аз файзи Малакути aбҳоят баҳраи бепоён металабaм. Муваффақ фармо, иноят кун.

#14370
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Ёри пинҳон, Эй Мақсуди ду ҷаҳон, Эй Маҳбуби меҳрабон! Ин бечорагон асири ишқи Туанд, ва он бенавоён мустаҷири остон. Ҳар шоме аз фироқ нола кунанд, ва ҳар субҳе аз ҳуҷуми аҳли нифоқ фарёд ва фиғон бароранд. Дар ҳар даме бо ғаме ҳамдаманд, ва дар ҳар нафасе ба зулми баднафасе мубтало. Бо вуҷуди ин ҳамд Туро, ки чун оташкада пуршӯълаанд, ва чун моҳ ва меҳр пурнур ва партавафшон. Чун алам дар Амр қад барафрохтаанд, ва чун мардон дар майдон тохтаанд. Чун шукуфа шукуфтаанд, ва чун гул хандон ва шодмон.Пас Эй Меҳрабон, ин нуфуси қудсияро бар таъйидоти Малакутии Худ муваффақ фармо, ва ин ҷонҳои покро мазоҳири оёти Лавлок кун. Иннака Aнтал Каримул – Раҳимул – Раъуфул – Раҳим.

#14371
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Фирдавси бенавоён, Эй Худованди меҳрабон! Ман чӣ лаёқате доштам, ки ин бахшиши азимро шоён фармудӣ, ва ин лутфи ҷалилро ройгон намудӣ, ба тақбили остони муқаддасат муваффақ кардӣ, чӣ остоне, ки ӯро Малаъи аъло посбон аст ва қулуби аҳли Малакути Абҳо муқим ва рокиъ ва соҷид ва окиф ва хозеъ чун ростон.

#14372
- `Abdu'l-Bahá

 

Ӯст Муқаддастарин ва Равшантарин! Ба Номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон! Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳонҳост! Эй Парвардигори ман, Паноҳгоҳи ман, ва Такиягоҳи ман! Чӣ гуна тавонам Туро зикр кунам, ҳатто агарчи бо ҳайратангезтарин суханони ситоиш, ё фасеҳтарин оҳангҳои васф бошад, Эй Худои Қодир ва Омурзанда, дар ҳоле ки огоҳ аз онам, ки забони ҳар як сухангӯи фасеҳ оҷиз, ва ҳар изҳори ситоише аз қалам ё забони инсон дар кӯшиши тасбеҳ кардани ҳатто яке аз нишонаҳои қудрати тавоноии Ту, ё ситоиши як Калимаи офаридашудае аз ҷониби Ту, ошуфта аст. Дар ҳақиқат, болҳои паррандагони ақлҳои инсонӣ дар кӯшиши боло рафтан ба суӣ фазои қудси Илоҳии Ту шикастаанд, ва анкабудони ваҳмҳо аз танидани торҳои заифи худ дар баландтарин қуллаҳои гунбади шиносоии Ту оҷизанд. Пас, ман ҳеҷ илоҷе надорам, ба ҷуз эътирофи нотавонӣ, ва норасоиҳои худ, ва ҳеҷ манзиле барои ман вуҷуд надорад, ҷуз дар қаъри фақр ва танҳоӣ. Дарвоқеъ, нотавонӣ дар дарки Ту – ҷавҳари фаҳмиш аст, иқрори норасоиҳо – ягона василаи расидан ба ҳузури Ту, ва эътирофи фақр – сарчашмаи сарвати ҳақиқӣ. Худовандо! Бо меҳрубонии Худ, ба ман ва бандагони самимии Худ, дар хидмат ба даргоҳи баландтарини Ту кӯ– мак деҳ. Моро дар ибодат ба қудсияти илоҳии Худ қавӣ гардон ва бигузор, то назди дари ягонагии Ту фурӯтан ва хоксор бошем. Эй Парвардигори ман! Қадамҳои маро дар роҳи Худ устувор кун, ва қалби маро бо шуоъҳои дурахшоне, ки аз осмони асрори Ту тобидаанд, равшан намо. Рӯҳи маро бо насими бедоркунандае, ки аз биҳишти бахшоиш ва бахшиши Ту мевазад, тароват деҳ, ва ҷони маро бо роиҳаи ҳаётбахше, ки аз марғзорҳои тақдиси Ту мерасад, масрур соз. Рӯи маро аз уфуқи ваҳдонияти Худ дурахшон кун, ва маро дар миёни ходимони самимии худ дарёб, ва дар қатори бандагони росих ва устувори Худ бишумор.

#14373
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳо Эй бандаи Ҳақ! Дасти шукрона ба даргоҳи Худованди ягона баланд намо ва бигӯ: Эй Баҳоҷон! Ҷонам ба фидоят, Эй Дилбари нозанинам, Эй Ёри дилнишинам, инояте фармо, ки дар Малакути Абҳоят бо рухе равшан ва виҷдонe чун гулзор ба чаман роҳ ёбам, ва дар хидмати Амрат кӯшам, ва ҷон дар раҳат афшонам, ва хоки раҳи аҳиббоят гардам. Иннака Антал Каримур– Раҳим.

#14374
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй ёрон, дасти шукрона ба даргоҳи Худованди Ягона баланд кунед ва бигӯед: Эй Худованди Якто, Эй Парвардигори беҳамто, ситоиш ва ниёиш Tуро, ки ин иклили ҷалилро бар сари ин зуъафо ниҳодӣ ва ин ридои иззати абадияро бар дӯши ин фуқаро додӣ. Партави тақдисат бар ҳайкали туробӣ зад, анвори ҷаҳони абадӣ зоҳир шуд. Шӯълаи иноятат аз нори мавқида зоҳир шуд ва қулубро ҳаёти ҷовидонӣ дод. Шукр Туро бар ин мавҳибат ва бар ин иноят ва бар ин раҳмат, ки ин зуъафоро ба он мухассас доштӣ. Туӣ Карим ва Раҳим ва Меҳрубон.

#14375
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Бениёз! Ситоиш Туро сазост, ки ин гумгаштагонро ба шоҳроҳи ҳидоят далолат фармудӣ ва ин ташнагонро ба айни иноят расондӣ ва ин дармондагонро дар зилли Калимаи Илоҳия паноҳ додӣ. Иннака Антал Карим.

#14376
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ситоиш Туро, ки ин бенаворо бонаво кардӣ ва ин мустамандро ба ганҷи равон далолат фармудӣ. Ин қофилаи гумгаштаро ба Каъбаи Мақсуд ҳидоят фармудӣ ва ин моҳии ташналабро аз маъини айни тасним нӯшондӣ, пас агар дар даҳон сад ҳазор забон бикушоям ва ба ҳар забон ҳамд ва ситоиши Ту намоям, аз ӯҳдаи шукри алтофат дарнаёям, ки чунин мавҳибате мабзул фармудӣ ва чунин эҳсон ройгон доштӣ. Эй Яздони Меҳрубон, собит намо ва нобит кун, мустақим фармо ва дар маҳфили асрор ҳамдам ва надим кун. Эй Карим, Туӣ соҳиби фазли азим. Иннака Антар – Раҳмонур – Раҳим.

#14377
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор! Ситоиш ва ниёиш Туро лоиқ ва сазовор, ки ин мурдаи афсурдаро ҷон бахшидӣ ва ин гумгаштаи саргаштаро ба доруламон роҳ додӣ. Ин бесарусомонро дар маъмани алтоф паноҳ додӣ ва ин ташнаи сӯхтаро ба раҳиқи махтум ва моъи азби ҳаявон сероб фармудӣ. Чӣ ки ба ҳидояти кубро фоиз доштӣ ва ба мавҳибати узмо мухассас кардӣ. Кирдигоро, шукр Туро, ҳамд Туро, ниёиш Туро.

#14378
- `Abdu'l-Bahá

 

Ҳувал Абҳиял Абҳо! Парвардигоро, Омурзгоро! Чӣ гуна забон ба ситоишат кушоям, ва парастиш ва ниёиш намоям? Тақрир айни тақсир аст, ва таҳрир далели нодонӣ дар ин aмри асир. Забон олате аст мураккаб аз аносир, савт ва баён аразе аст аз авориз. Ба олати унсурӣ ва савти оразӣ чӣ гуна тавон наът ва ситоиши Ҳазрати Бечун гуфт? Он чӣ гуям ва ҷуям аз мудракоти олами инсонӣ аст, ва дар таҳти иҳотаи олами башарӣ. Натоиҷи фикрия чӣ гуна ба маориҷи Илоҳия расад, ва анкабути авҳом, чӣ гуна ба лаъоби зунун ва афҳом ба рафрафи тақдис танад? Ҷуз баёни аҷз чорае на ва ба ғайр аз эътироф ба қусур баҳонае нест. Ту Ғании Мутаолӣ, ва муқаддас аз идроки уқули аҳли камол.

#15691
- `Abdu'l-Bahá

 

ЭРОН

Ба номи Яздони меҳрабон! Пок Яздоно, хоки Эронро аз оғоз мушкбез фармудӣ, ва шӯрангез, ва донишхез, ва гавҳаррез. Аз ховараш ҳамвора хуршедат нурафшон ва дар бохтараш моҳи тобон намоён, кишвараш меҳрпарвар, ва дашти биҳиштосояш пургул ва гиёҳи ҷонпарвар, ва кӯҳсораш пур аз меваи тоза ва тар, ва чаманзораш рашки боғи биҳишт, ҳушаш пайғоми суруш, ва ҷӯшаш чун дарёи жарф пурхурӯш. Рӯзгоре буд, ки оташи донишаш хомӯш шуд, ва ахтари бузургворияш пинҳон дар зери рӯпӯш, баҳораш хазон шуд ва гулзори дилрабояш хорзор, чашмаи ширинаш шӯр гашт, ва бузургони нозанинаш овора ва дар ба дари ҳар кишвари дур, партаваш торик шуд ва рудаш оби борик, то он ки дарёи бахшишат ба ҷӯш омад ва офтоби диҳиш дардамид, баҳори тоза расид ва боди ҷонпарвар вазид ва абри баҳман борид, партави он меҳри меҳрпарвар тобид, кишвар биҷунбид ва хокдон гулистон шуд ва хоки сиёҳ рашки бӯстон гашт, ҷаҳон ҷаҳони тоза шуд ва овоза баланд гашт, дашт ва кӯҳсор сабзу хуррам шуд, ва мурғони чаман ба тарона ва оҳанг ҳамдам шуданд.

Ҳангоми шодмонист, пайғоми осмонист, бунгоҳи ҷовидонӣ аст, бедор шав, бедор шав, Эй Парвардигори Бузургвор, ҳол анҷумане фароҳам шуда ва гурӯҳе ҳамдостон гашта, ки ба ҷон бикӯшанд, то аз он борони бахшишат баҳра ба ёрон диҳанд, ва кӯдакони худро ба нирӯи парваришат дар оғӯши ҳуш парварда, рашки донишмандон намоянд, оини осмонӣ биёмузанд ва бахшиши Яздонӣ ошкор кунанд. Пас Эй Парвардигори меҳрубон, Ту пушт ва паноҳ бош, ва нерӯи бозу бахш, то ба орзуи хеш расанд, ва аз кам ва беш даргузаранд, ва он марзу бумро чун намунаи ҷаҳони боло намоянд.

#14607
- `Abdu'l-Bahá

 

Occasional

АЙЕМИ СИЁМ

Дар «Китоб-и Ақдас» омадааст: «Туро аз ибтидои балоғат (15 солагӣ) ба намозу рӯза амр кардем; Инро Худои якто Парвардигори шумо ва Парвардигори падаронатон муқаррар кардааст.... Мусофир ва беморон ва заноне, ки ҳомиладор ҳастанд ва шир медиҳанд, рӯза гирифтан надоранд.... Аз таъом ва нӯшидан парҳез кунед аз тулӯи офтоб то ғуруби офтоб ва барҳазар бошед, ки нафс шуморо аз ин неъмате, ки дар Китоб муқаррар шудааст, маҳрум нанамояд».

Давраи Рӯза мутаносибан аз 1 ё 2 март то 19 ё 20 март аст

Ситоиш Туро бод, Эй Парвардигор, Эй Худои ман! Суол мекунам Туро ба ин Зуҳуре, ки ба он торикӣ ба равшанӣ мубаддал шуд ва Байти Маъмур сохта шуд ва Лавҳи Мастур нозил шуд ва Раққи Маншур кушода шуд, то бар ман ва ононе, ки ҳамроҳи мананд, он чиро нозил намоӣ, ки моро барои парвоз дар осмонҳои ҷалоли тавонои Ту омода намояд ва аз мо занги он шубҳаҳоеро бизудояд, ки онҳо касонеро, ки дар шакканд, аз даромадан ба Ҳарами Ягонаи Ту боздоштаанд.

Эй Парвардигори ман! Манам оне, ки ба ресмони ғамхории Ту чанг задааст, ва домани меҳрабонӣ ва диҳиши Туро сахт доштааст. Ба ман ва ба дӯстони ман хайри дунё ва охиратро муқаддар намо. Сипас онҳоро аз он неъмати макнунае, ки барои беҳтарин баргузидагони Худ муайян намудаӣ, рӯзӣ бибахш.

Эй Парвардигори ман! Ин ҳамон рӯзҳоест, ки Ту бар бандагони худ фармудаӣ, ки рӯза бигиранд. Хушо аз барои оне, ки танҳо барои ризои Ту рӯза дошт ва аз ҳама, ҷуз Ту, чашм барбаст. Эй Парвардигори ман! Маро ва ононро ба итоати аз Ту сарфароз намо. Ба ростӣ, он чӣ хоҳӣ бар он тавоноӣ.

Нест, Худое ҷуз Ту, Донои Хирадманд. Ҳама ситоиш бар Ту бод, бар Офаридгори ҷаҳонҳо!

#14644
- Bahá'u'lláh

 

Ба номи Мавъуди Китобҳои Худованди Доно ва Огоҳ!

Айёми рӯза фаро расидааст, ки дар он бандагоне, ки даври арши Ту ҳалқа задаанд ва ба ҳузури Ту расидаанд рӯза гирифтаанд. Бигӯ: Эй Худованди исмҳо ва Офаридгори осмон ва замин! Суол мекунам аз Номи Абҳои Ту то бипазири рӯзаи касонеро, ки ба хотири муҳаббати Ту ва ризои Ту рӯза гирифтаанд ва он чиро, ки дар Китобҳо ва Алвоҳи Худ дастур додаӣ ба ҷо овардаанд. Илтиҷо мекунам бо онҳо, то маро дар тарвиҷи Амрат муайяд ва дар муҳаббати Худ мустақим гардонӣ, то аз хурӯши ибоди Ту қадамҳоям налағзад. Ҳамоно Туӣ тавоно бар ҳар чӣ бихоҳӣ. Нест Худое ҷуз Ту, Зиндакунанда, Тавоно, Бахшандатарин ва Қадимтарин дар ин рӯзгор.

#14645
- Bahá'u'lláh

 

Муқаддаси Ту, Эй Худои ман! Ба амри Ту рӯза гирифтаем ва ба меҳр ва хушнудии Ту ифтор кардаем. Пас Эй Худои ман, он чиро ки дар роҳи Ту, маҳзи ризои хотири Ту, ва дар иҷрои амри Ту, бидуни он ки назаре ба ғайр аз сӯи Ту дошта бошем, анҷом додаем, аз мо бипазир. Пас моро, ва падарони моро, ва ҳар он касеро ки ба Ту ва оёти куброи Ту дар ин Зуҳури аъзами Абҳо имон дорад, мавриди афв ва ғуфрони Худ қарор деҳ.Туи тавоно бар ҳар он чи ки бихоҳӣ, ва Туи Баландмартаба ва Азиз, ва Мухтор.

#14646
- Bahá'u'lláh

 

НАМОЗИ МАЙИТ

Хондани намози майит дар ҳаққи оне фарз аст, ки синнаш бештар аз понздаҳ сол будааст. Ин ягона намозест, ки дар диёнати Баҳоӣ ба тариқи дастаҷамъӣ, дар ҳолате, ки як нафар онро мехонад ва дигарон рост меистанд, қироат мешавад. Дар вақти хондани ин намоз, ба сӯи Қибла рӯ овардан шарт нест.

Эй Худои ман! Ин бандаи Ту ва писари бандаи Туст, ки ба Ту ва ба оёти Ту имон оварда ва аз ҳама, ҷуз Ту гузашта, ба Ту рӯй овард. Ба ростӣ, Туӣ Меҳрабонтарини Меҳрабонон.

Суол мекунам, Туро, Эй Омурзандаи гуноҳон ва Пӯшандаи айбҳо, то ба ӯ ончунон рафтор намоӣ, ки шоистаи осмони бахшиши Туст ва дарёи диҳиши Ту ва ӯро дар паноҳи меҳрабонии бекарони Худ, ки аз замин ва осмон пешӣ гирифтааст, дохил намоӣ. Нест Худое ҷуз Ту, Омурзанда ва Диҳанда.

Сипас ба гуфтани такбир бояд шурӯъ намуд, шаш бор “Аллоҳу Абҳо” гуфт ва баъд аз он нуздаҳ мартаба ҳар яки ин оятҳоро такрор намуд:

Ба ростӣ, мо ҳама, Худоро парастиш менамоем.

Ба ростӣ, мо ҳама, Худоро саҷда менамоем.

Ба ростӣ, мо ҳама, ба Худо вафодорем.

Ба ростӣ, мо ҳама, Худоро зикр менамоем.

Ба ростӣ, мо ҳама, Худоро шукр мекунем.

Ба ростӣ, мо ҳама, барои Худо сабр менамоем.

#14642
- Bahá'u'lláh

 

Tablets

ЛАВҲИ МАРЯМ

Ҳув! Марямо! Исии ҷон биломакон уруҷ намуд, Қафаси Вуҷуд аз Тайри Маҳмуд холӣ монд ва Булбули қедам ба саҳрои адам ру намуд ва Андалеби Илоҳӣ бар Сидраи Раббонӣ ба хуруш омад.

Суродиқи Иззат бардарид, ва Ҳумои Рафъат аз шохсори баҳҷат барпарид,

Афлокҳои баланд бар хоки тира биншаст ва наъраҳо аз дили пурдард бархост,

Оби гуворо ба хун табдил шуд, ва Саҳни Фирдавси Барин ба хун омехта,

Бале, тири қазои Илоҳиро синаи мунири дустон лоиқ ва каманди балои номутаноҳиро гардани ошиқон шоиқ,

Ҳар куҷо хадангест бар садри аҳбоб ворид ояд, ва ҳар ҷо ғамест бар дили асҳоб нозил гардад, ошиқонро чашм тар бояд, ва маъшуқонро ноз ва карашма шояд, ҳабиб агар сад нола сарояд Маҳбуб бар ҷафо бияфзояд.

Агар Шарбати Висол хоҳӣ, тан ба завол дардеҳ, ва агар Хамри Ҷамол талабӣ, бар водии ҳирмон по неҳ.

Марямо, ҳузнро ба сурур бичаш, ва ғамро аз ҷоми фараҳ даркаш, агар хоҳӣ қадам дар кӯи талаб гузорӣ, собир бош ва рухро махарош, ва об аз дида мапош, ва аз бесаброн мабош. Пироҳани таслим бипӯш ва аз бодаи ризо бинӯш ва оламеро ба дирҳаме бифурӯш. Дилро ба қазо барбанд ва ба ҳукми қадар пайванд, чашми ибрат баркушо ва аз ғайри Дӯст дарпӯш, ки анқариб дар Мазҳари Қудс ҳалқа занем ва ба Ҳазрати Унс рӯ орем, ва аз барбати Ироқ нағмаи Ҳиҷозӣ бишнавем ва бо Дуст мулҳақ шавем, ногуфтанӣ бигӯем ва нодиданӣ бибинем, ва ношуниданӣ бишнавем ва ба оҳанги нур Ҳайкали Руҳро ба рақс оварем.

Ва дар ҳарими ҷон базми хушӣ биёроем, ва аз Соқии Ҷалол соғари ҷамол баргирем, ва ба ёди Рухи Зилҷалол Хамри Бемисол дарнӯшем. Чашмро аз об пок кун, ва дилро аз ҳузн бируб, ва қалбро аз ғам фориғ намо ва ба оҳанги малеҳ бархон:

Гар теғ борад дар кӯи он Моҳ,

Гардан наҳодем ал ҳукму Лиллоҳ.

#14616
- Bahá'u'lláh

 

НАВРУЗ

Ситоиш туро сазост, Эй Худои ман! Чунки Наврузро барои ононе, ки дар роҳи муҳаббати Ту руза гирифтаанд ва худро аз ҳар ончи Ту макруҳ шумурдаӣ боздоштаанд, ид сохтаӣ Эй Парвардигори ман! Аз оташи меҳри Худ ва гармии рузаи Худ ононро дар Амри Худ барафруз ва ба ёди Худ ва ситоиши Худ машғул дор. Эй Парвардигори ман! Чун онҳоро ба зевари руза биоростӣ, ба фазли Худ ва эҳсони Худ онҳоро ба зинати қабул низ биорой. Зеро рафтори мардумон танҳо ба қабули Ту вобастааст ва ба фармони Ту мутааллиқ аст. Агар бар он касе ки рузаро шикаст ҳукм фармоӣ ки он касе аст ки руза медорад, ба ростӣ, у аз он касоне шумурда мешавад, ки аз оғози беоғоз руза медоранд. Ва агар бар он касе, ки рузаро риоят мекунад, ҳукм намоӣ, ки рузаро шикаст, ба ростӣ у аз он касоне шумурда хоҳад шуд, ки пироҳани Амр ба воситаи онҳо гардолуд шуд ва аз оби софи ин чашмаи зиндагонӣ дур Туӣ Оне, ки ба воситаи Ту парчами «Туӣ Сутуда дар рафтори Худ» барафрошта шуд ва алами «Туӣ Мутоъ дар фармони Худ» баланд гардид. Эй Худои ман, ин мақомро ба бандагони Худ ошно намо, то бидонанд - Шарафи ҳар як амре аз амри Туст ва калимаи Туст ва фазли ҳар як амале аз иҷозати Ту ва иродаи Туст, то бибинанд, зимоми аъмол дар қабзаи қудрати Ту ва фармони Туст, то ҳеҷ чизе онҳоро аз Ҷамоли Ту бознадорад, ва дар ин рузҳое, ки дар он Масеҳ нутқ мефармояд: «Мулк аз они Туст Эй Офарандаи Руҳ!» ва Ҳабиб мегуяд: Ситоиш Туро сазост, Эй Маҳбуби беҳтарин, зеро Ҷамоли Худро зоҳир намудӣ ва барои баргузидагони Худ ончиро муқаддар намудаӣ, ки онҳоро водор менамояд, то ба қароргоҳи Исми Аъзами Ту бирасанд, ки аз он умматҳо ба нола даромаданд, магар оне, ки аз он чӣ ҷуз Туст, гузашт ва ба Оне руй овард, ки Намудори Ҷавҳари Туст ваПадидоркунандаи сифоти Ту». Эй Парвардигори ман! Имруз Ғусни Ту ва ононе, ки дар гирди Туанд рузаро кушоданд. Баъди оне, ки дар паноҳи Ту дар талаби хушнудии Ту руза гирифтанд. Бар у, ва бар онон, ва бар онҳое, ки дар ин рузҳо ба ҳузури Ту сарафроз гардидаанд, ҳар як некиеро, ки дар Китоби Худ муқаддар намудаӣ, дар сарнавишти онҳо бинавис. Сипас онҳоро рузӣ бидеҳ аз он чи, ки онҳоро дар дунё ва охират суд мебахшад. Антал-Алимул-Ҳаким

#15683
- Bahá'u'lláh

 

Наврӯз, 21 март, рӯзи нахустини сол мувофиқи тақвими баҳоист

Ситоиш туро сазост, Эй Худои ман! Чунки Наврӯзро барои ононе, ки дар роҳи муҳаббати Ту рӯза гирифтаанд ва худро аз ҳар ончи Ту макруҳ шумурдаӣ боздоштаанд, ид сохтаӣ Эй Парвардигори ман! Аз оташи меҳри Худ ва гармии рӯзаи Худ ононро дар Амри Худ барафрӯз ва ба еди Худ ва ситоиши Худ машғул дор.

Эй Парвардигори ман! Чун онҳоро ба зевари рӯза биоростӣ, ба фазли Худ ва эҳсони Худ онҳоро ба зинати қабул низ биорой. Зеро рафтори мардумон танҳо ба қабули Ту вобастааст ва ба фармони Ту мутааллиқ аст.

Агар бар он касе ки рӯзаро шикаст ҳукм фармоӣ ки он касе аст ки рӯза медорад, ба ростӣ, ӯ аз он касоне шумурда мешавад, ки аз оғози беоғоз рӯза медоранд. Ва агар бар он касе, ки рӯзаро риоят мекунад, ҳукм намоӣ, ки рӯзаро шикаст, ба ростӣ ӯ аз он касоне шумурда хоҳад шуд, ки пироҳани Амр ба воситаи онҳо гардолуд шуд ва аз оби софи ин чашмаи зиндагонӣ дур гаштаанд.

Туӣ Оне, ки ба воситаи Ту парчами «Туӣ Сутуда дар рафтори Худ» барафрошта шуд ва алами «Туӣ Мутоъ дар фармони Худ» баланд гардид. Эй Худои ман, ин мақомро ба бандагони Худ ошно намо, то бидонанд - Шарафи ҳар як амре аз амри Туст ва калимаи Туст ва фазли ҳар як амале аз иҷозати Ту ва иродаи Туст, то бибинанд, зимоми аъмол дар қабзаи қудрати Ту ва фармони Туст, то ҳеҷ чизе онҳоро аз Ҷамоли Ту бознадорад, ва дар ин рӯзҳое, ки дар он Масеҳ нутқ мефармояд: «Мулк аз они Туст Эй Офарандаи Рӯҳ!» ва Ҳабиб мегуяд: Ситоиш Туро сазост, Эй Маҳбуби беҳтарин, зеро Ҷамоли Худро зоҳир намудӣ ва барои баргузидагони Худ ончиро муқаддар намудаӣ, ки онҳоро водор менамояд, то ба қароргоҳи Исми Аъзами Ту бирасанд, ки аз он умматҳо ба нола даромаданд, магар оне, ки аз он чӣ ҷуз Туст, гузашт ва ба Оне рӯй овард, ки Намудори Ҷавҳари Туст ва Падидоркунандаи сифоти Ту».

Эй Парвардигори ман! Имруз Ғусни Ту ва ононе, ки дар гирди Туанд рӯзаро кушоданд. Баъди оне, ки дар паноҳи Ту дар талаби хушнудии Ту рӯза гирифтанд. Бар ӯ, ва бар онон, ва бар онҳое, ки дар ин рӯзҳо ба ҳузури Ту сарафроз гардидаанд, ҳар як некиеро, ки дар Китоби Худ муқаддар намудаӣ, дар сарнавишти онҳо бинавис. Сипас онҳоро рӯзӣ бидеҳ аз он чи, ки оноҳро дар дунё ва охират суд мебахшад

Антал-Алимул-Ҳаким.

#14618
- Bahá'u'lláh

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин дӯстон ёрони Туанд ва сармасти паймонаи паймони Ту. Ҳама парвардаи оғӯши бахшишанд, ва ширхори пистони диҳиши Худованди офариниш. Агар мустаманданд, вале ҳушманданд, агар нотавонанд, вале зӯрманданд, чӣ ки Ту пуштибонӣ, Ту Ёвари меҳрубонӣ. Дар ҷаҳони кайҳон сарбаланд намо, ва дар айвони Яздонӣ ҷой бидеҳ, дар анҷумани боло рӯсафед фармо, ва дари умед бигшо, ва аз бахшиши осмонӣ баҳра бахш, шаби тираро рӯз намо, ва рӯзи Наврузро фирӯз кун. Туӣ Тавоно, Туӣ Бино, Туӣ Шунаво, Туӣ Беҳамто, Туӣ Меҳрабон.

#14574
- `Abdu'l-Bahá