Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ситоиш Туро, ки ин бенаворо бонаво кардӣ ва ин мустамандро ба ганҷи равон далолат фармудӣ. Ин қофилаи гумгаштаро ба Каъбаи Мақсуд ҳидоят фармудӣ ва ин моҳии ташналабро аз маъини айни тасним нӯшондӣ, пас агар дар даҳон сад ҳазор забон бикушоям ва ба ҳар забон ҳамд ва ситоиши Ту намоям, аз ӯҳдаи шукри алтофат дарнаёям, ки чунин мавҳибате мабзул фармудӣ ва чунин эҳсон ройгон доштӣ. Эй Яздони Меҳрубон, собит намо ва нобит кун, мустақим фармо ва дар маҳфили асрор ҳамдам ва надим кун. Эй Карим, Туӣ соҳиби фазли азим. Иннака Антал-Раҳмонул- Раҳим.
- `Abdu'l-Bahá