Ӯст Дурахшанда ва Тобон! Эй Худованд! Ин бандаи мустамандро дар даргоҳи Худовандият арҷманд намо ва ин уфтодаи бечораро баланд ва донишманд фармо. Дилашро дарё кун ва ҷонашро ҳамдами ҷаҳони боло, ҳамрози Суруш ва ҳамовози мурғи пурхурӯш, то чун паррандагони гулшани осмонӣ бинолад ва чун сарви озод дар ҷӯйбори хуши яздонӣ биболад ва осоиш ёбад.
- `Abdu'l-Bahá