Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро! Нафси нафисe ба Малакути шуҳуд сууд намуд, ва аз хокдони фонӣ ба ҷаҳони ҷовидонӣ шитофт. Меҳмони ҷадид аст, азиз фармо, бандаи қадим аст, хилъати бадеъ ато кун. Эй бениёз! Биёмурз ва бинавоз, ва ба хилватгоҳи роз роҳ деҳ, ва дар маҳфили таҷаллӣ ҳамдам ва дамсоз намо. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Меҳрабон, ва Туӣ Омурзанда, ва Навозанда ва Тавоно.
- `Abdu'l-Bahá