Ҳувалабҳо! Омурзанда ва Меҳрубоно! Ин ҷонҳои пок аз зиндони хок озод шуданд ва ба ҷаҳони Ту парвоз карданд. Некхӯ буданд ва мафтуни рӯи Ту ва ташнаи ҷӯи Ту. Дар замони зиндагонӣ ба нафҳаи раҳмонӣ зинда шуданд, дидаи бино ёфтанд, гӯши шунаво доштанд. Аз ҳар бастагӣ озод буданд ва пайваста ба иноётат хуррам ва дилшод. Ҳол ба ҷаҳони роз парвоз намуданд ва дар ҷивори раҳматат ба шаҷараи Тубо лона ва ошёна созанд ва ба нағма ва тарона пардозанд. Худоё, ин нуфусро гуноҳ биёмурз ва аз чоҳ ба авҷи моҳ бирасон. Дар гулшани алтоф роҳ деҳ ва дар чамани афв ва ғуфрон паноҳ бахш, сарвари озодагон намо ва дар ҳалқаи муқаррабон дарор. Бозмондагонро навозиш фармо ва осоиш бахш, ва зевари олами офариниш кун, то ба ситоиши Ту пардозанд ва ба тасбеҳ ва тақдиси Ту. Туӣ Аффув, Туӣ Ғафур, Туӣ Омурзанда ва Меҳрубон.
- `Abdu'l-Bahá