Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин нафси пок таваҷҷӯҳ ба малакути Ту намуд, ва тазаррӯъ ва зорӣ кард, то ҳол асири носут буд, ҳол қасди вуруд дар малакути бақо намуд ва таваҷҷӯҳ ба ҷаҳонӣ руҳонӣ кард, ва умеди алтофи номутаноҳӣ дошт. Эй Омурзгор, гуноҳ биёмурз ва афв ва ғуфрон мабзул дор, ин ташнаро ба чашмаи ҳаёт расон ва ин моҳиро дар баҳри бепоёни ғуфрон ғӯта деҳ, то ин тайр ба гулшани раҳмонӣ парвоз намояд ва дар ҳадиқаи афв ва мағфирати номутаноҳӣ дарояд. Туӣ Омурзанда ва Бахшанда, ва Меҳрабон.
- `Abdu'l-Bahá