Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, падар ва модари ин бандаи даргоҳро дар дарёи ғуфрон ғута деҳ ва аз гуноҳ ва хато пок ва муқаддас намо. Афв ва бахшиш шоён намо ва ғуфрон ва омурзиш арзон кун. Туӣ Омурзанда ва Туӣ Ғафур ва Туӣ Бахшандаи файзи мавфур. Эй Омурзгор, ҳарчанд гунаҳкорем вале умед ба ваъд ва навиди Ту дорем ва ҳарчанд дар зулмати хато мубталоем, валекин таваҷҷӯҳ ба субҳи ато дошта ва дорем. Ба он чӣ сазовори даргоҳ аст, муомила кун ва ҳар чӣ шойгони боргоҳ аст, шоён фармо. Туӣ Ғафур, Туӣ Аффув ва Туӣ Бахшандаи ҳар қусур.
- `Abdu'l-Bahá