Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигори Омурзгор! Ин тифли кӯдак сироҷи маҳфил буд ва мурғи хушилҳони он манзил тиловати оёт менамуд, ва ба абдаъи алҳон тартили каламот мекард. Булбули гӯё буд, ва ба оҳанги Малаъи аъло дамсоз. Ҳол аз гулхани фонӣ ба гулшани боқӣ парвоз намуд, то дар малакути роз ба нағма ва овоз пардозад. Эй Парвардигор! Алтофи бепоён шоён кун ва ғуфрон ройгон фармо. Туӣ Омурзанда ва Меҳрабон.
- `Abdu'l-Bahá