Ҳуваллоҳ! Бахшанда Яздоно! Ин бандагон озодагон буданд, ва ин ҷонҳои тобон ба нури ҳидоятат равшан ва дурахшанда гаштанд. Ҷоми саршор аз бодаи муҳаббатат нӯшиданд, ва асрори бепоён аз автори маърифатат шуниданд. Дил ба Ту бастанд, ва аз доми бегонагӣ ҷастанд, ва ба ягонагии Ту пайвастанд. Ин нуфуси нафисаро аниси лоҳутиён фар– мо, ва дар ҳалқаи хосон дарор, ва дар хилватгоҳи олами боло маҳрами асрор кун, ва мустағриқи баҳри анвор фармо. Туӣ Бахшанда ва Дурахшанда ва Меҳрабон.
- `Abdu'l-Bahá