Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари меҳрабон! Ин ёрон сармасти ҷоми паймонанд, ва дар муҳаббатат саргашта ва бодияпаймо. Аз фироқат пурэҳтироқанд, ва ба ишроқат дар ниҳояти иштиёқ. Аз Малакути ғайби ҷаҳони пинҳон таҷаллӣ иноят намо, ва партави мавҳибат афшон. Ҳар дам файзи ҷадид фирист, ва фазли бадеъ падид фармо. Эй Парвардигор, мо нотавонем, Туӣ Тавоно. Мӯронем, ва Туӣ Сулаймони Малакути Абҳо! Инояте фармо ва мавҳибате бинамо, то шӯълае занем ва ламъе нисор кунем. Қуввате бинамоем, ва хидмате муҷро дорем. Сабаби нуронияти ин ҷаҳони зулмонӣ гардем, ва рӯҳоният дар ин хокдони фонӣ. Даме наёсоем, ва худро ба шууни фония наёлоем. Базми ҳидоят биёроем, ва ба хуни хеш, оёти муҳаббат бинигорем, хавф ва хатар бигзорем, шаҷари пурсамар шавем, ва дар ин ҷаҳони бебуниён сабаби зуҳури камолоти олами инсон гардем. Иннака Антал Каримул-Раҳим-ул-Ғафурул-Таввоб.
- `Abdu'l-Bahá