Эй бандаи Ҳақ! Ҳиммате бинамо, ва домане ба камар зан, ва қасди мақоми баландтар аз афлок намо! Эй бандаи Ҳақ! Рахши сареъ ҳозир, майдони васеъ мавҷуд, гӯи саодат дар пеш, ва чавгони иноят дар даст. Вақти ҷавалон аст, ва рабудани гӯй аз майдон! Ман он чӣ шарти балоғ аст бо ту мегуям: Бишитоб! Бишитоб, ки вақт танг аст ва оҳанги Мутриб наздик ба интиҳо! Агар дар ин базм каф назанӣ, даф назанӣ, овоз нахонӣ ва шаҳноз баланд накунӣ дигар дар чи замон махмур ва маст гардӣ? Вал Баҳову алайк
- `Abdu'l-Bahá