Ҳуваллоҳ! Эй Яздони Меҳрабон! Ҷамеъи башарро аз як сулола халқ фармудӣ, то аъзои як хонадон гарданд ва бандагони Ҳазрати Ту шаванд. Дар зилли суродиқи фазлат маъво бахшидӣ ва бар хони неъматат муҷтамеъ кардӣ ва аз ишроқоти анвори иноятат мунаввар сохтӣ. Эй Худо! Туӣ Меҳрабон, Туӣ Малҷаъ ва Паноҳ ва Бахшандаи файзи ҳаёт! Тоҷи инсониро зинати ҳар саре фармудӣ, ва хилъати мавҳибатро зевари кулли башар, то ғариқи дарёи раҳматат шаванд. Эй Мавлои меҳрабон! Куллро муттаҳид фармо ва мазоҳиби мухталифаро ба якдигар улфат бахш. Ҷамеъи милалро, миллати воҳида кун то аҷзои як хонумон гарданд, ва руи заминро як ватан донанд ва ба ниҳояти иттиҳод улфат ҷуянд. Эй Худо! Рояти ваҳдати олами инсониро баланд фармо ва сулҳи аъзамро мустақар кун! Қулубро ба якдигар илтиём деҳ. Эй Худо! Эй Падари меҳрабон, қулубамонро аз нафаҳоти муҳаббатат шодмон кун ва дидаҳоро ба нури ҳидоятат равшан намо ва гушҳоро аз нағамоти ҷонпарвар муталаззиз фармо. Дар савни иноятат малҷаъ ва паноҳ бахш. Иннака Антал Қавиюл Қадир. Ё Сатторал уюб, ва Ё Ғаффорал зунуб.
- `Abdu'l-Bahá