Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ситоиш ва ниёиш ва шукр ва парастиш Туро сазовор, ки муваффақ ва муайяд бар субут ва русух бар Аҳд ва Паймон намудӣ ва қуввати тамассук бар урватул– вусқо бахшидӣ. Ҳар пардаеро аз пеши дида даридӣ ва ҳар ҳоилеро аз сироти мустақим барандохтӣ ва ҳар монеъро аз мушоҳидаи нури мубин бипардохтӣ.Чашмҳо равшан фармудӣ ва собитин бар Мисоқро шамъи анҷуман кардӣ. Aлами Аҳдро дар офоқи умам чунон баланд намудӣ, ки ҳар пир ва барно ва кӯдак ва бузург, ва доно ва ёр ва ағёр ва бегона ва ошно, нотавон ва тавоно маҷбур бар эътироф гаштанд, ва маҷоли инкор ба ҷиҳати нафсе боқӣ ва барқарор намонд. Пас бояд он ёрони бовафо дар ҳар он сад ҳазор шукр ба даргоҳи Аҳадиятат намоянд, ки ба ин таъйид ва тавфиқ ва истиқомат муваффақ гаштанд.
- `Abdu'l-Bahá