Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори! Ҳарчанд гунаҳкорам, вале ба бахшишат умедвор, мустамандам ва фақир. Туӣ Арҷманд ва Муҷир. Дардмандам ва ҳақир. Туӣ Дармони ҳар алил ва асир. Худовандо, таъйиде бахш ва тавфиқе эҳсон фармо, то ба хидматат кӯшам ва ридои мавҳибат пӯшам ва салсабили иноят нӯшам ва ал-баҳоу алайк.
- `Abdu'l-Bahá