Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ҳарчанд гунаҳкорем, вале ғуфрони Ту аъзам аз ҳар гуноҳ, ҳарчанд зулмати исён зоҳир ва аён, вале кавкаби раҳматат дурахшонтар аз маҳи тобон, партаве он зулматро маҳв намояд ва мавҷе он хас ва хошокро зоил кунад. Эй Парвардигор, Эй Омурзгор, бахшишат офаринишро ҳаёти ҷадид бахшид ва хуршеди эҳсонат аз уфуқи имкон бидурахшид, бо вуҷуди ин мавоҳиб осиёнро чӣ ғам ва чӣ бок, ҷамеъ мултаҷӣ ба каҳфи манеъ ва лоиз ба малози рафеъ. Мавҳибате ато фармо, ки сироҷи қулуб ба нури ҳудо равшан гардад ва ҳадоиқи нуфус ба баҳори доимӣ гулшан шавад. Туӣ Бахшанда ва Меҳрубон ва Омурзандаи ҳар пажмурдаи пурисён. Иннака Антал-Раҳмон, ё Азимал-Ғуфрон ва иннака Антал-Аффувул-Ғафурул-Мустаъон.
- `Abdu'l-Bahá