Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро! Ин бандагонро паноҳ Туӣ. Воқифи асрор ва огоҳ Туӣ. Ҷамеъи мо оҷизем ва Ту муқтадир ва Тавоно. Ҷамеъи мо гунаҳкорем ва Туӣ Ғофирул-зунуб ва Раҳим ва Раҳмон. Парвардигоро! Назар ба қусури мо манамо, ба фазл ва мавҳибати Хеш муомила кун. Хатои мо бисёр аст, вале баҳри раҳмати Ту бепоён. Аҷзи мо бисёр аст, валекин таъйид ва тавфиқи Ту ошкор. Пас таъйид деҳ ва тавфиқ бахш ва моро ба он чӣ сазовори Даргоҳ аст муваффақ намо. Дилҳоро рушан кун ва чашмҳоро бино намо ва гӯшҳоро шунаво кун, мурдагонро зинда фармо ва маризонро шифо бахш. Фақиронро ғанӣ намо ва хоифонро амният бахш ва моро дар Малакути Хеш қабул намо ва ба нури ҳидоят рушан кун. Туӣ Муқтадир, Туӣ Тавоно, Туӣ Карим, Туӣ Раҳим ва Туӣ Меҳрабон!
- `Abdu'l-Bahá