Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин гунаҳкор шармсор аст ва гирифтори ҳавоҷиси ин хокдони торик ва тор. Эй Маҳбуби Меҳрабон! Аз нафс ва ҳаво безор кун ва гирифтори муҳаббати Хеш фармо, то аз худ бигзарам рӯи Ту ҷӯям, хӯи Ту хоҳaм, роҳи Ту пӯям. Аз ҳар қайде озод шавам ва аз ҳар ғаме ва балое дилшод гардам. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда ва Меҳрабон.
- `Abdu'l-Bahá