Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, мо гунаҳкорем ва Ту Омурзгор, мо ситамкорем ва Ту Бузургвор. Хато бипӯш, гуноҳ бибахш, қусур афв кун, бино кун ва шунаво, ҳушёр фармо ва доно. Мутанаббеҳ кун ва мутазаккир, мутазарреъ фармо ва мутафаккир. Малҷаъ ва паноҳӣ ва марҷаъи субҳгоҳ, огоҳӣ ва гувоҳ, ки ҷуз Ту наҷӯям ва ба ғайр аз роҳат напӯям ва ҷуз саноят нагӯям. Эй Яздони Меҳрабон, мустаҳақи раъфат ва иноятем, ва муҳтоҷи афв ва мағфират. Додрасо, ба фарёд рас. Инака антал-Раҳмонул-Раҳим.
- `Abdu'l-Bahá