Return to BahaiPrayers.net  

Эй Парвардигори меҳрабон! Шарқ дар хаяҷон аст ва Ғарб дар мавҷи бепоён. Нафаҳоти қудс дар интишор, ва анвори Шамси Ҳақиқат аз малакути ғайб зоҳир ва ошкор. Тартили оёти тавҳид аст, ва тамаввуҷи роёти таҷрид. Бонги суруш аст, ва наҳанги маҳвият ва фано дар хурӯш. Аз ҳар карона фарёди: «Ё Баҳоул Абҳо!» баланд ва аз ҳар тараф нидои: «Ё Алиял Аъло!» муртафеъ. Валвалае дар ҷаҳон нест, ҷуз ғулғулаи ҷилваи Дилбари Якто ва зилзилае дар олам на, ҷуз эҳтизози муҳаббати Маҳбуби беҳамто. Аҳиббои илоҳӣ дар ҷамеъи диёр бо нафаси мушкбор чун шамъ равшананд ва ёрони раҳмонӣ дар ҷамеъи ақолим монанди гулҳои шукуфта аз тарфи чаман, даме наёсоянд ва нафасе барнаёранд, ҷуз ба зикри Ту ва орзуе надоранд, ҷуз хидмати Амри Ту. Чаманистони ҳақиқатро булбули хушилҳонанд, ва гулистони ҳидоятро шукуфаҳои муаттари бадиул алвон. Хиёбони ҳақоиқро тарроҳии гулҳои маъонӣ намоянд, ва ҷӯйбори ҳидоятро монанди сарви равон биёроянд. Уфуқи вуҷудро нуҷуми бозиғанд, ва матолеъи офоқро кавокиби ломеъ, мазоҳири таъйиданд ва машореқи нури тавфиқ. Эй Худованди меҳрабон! Куллро собит ва мустақим бидор ва илал абад сотеъ, ва ломеъ, ва пуранвор кун, то ҳар дам аз гулшани иноят насиме вазад, ва аз ями мавҳибат шабнаме расад. Рашаҳоти саҳоби муҳаббат тароват бахшад, ва нафаҳоти гулшани ваҳдат машомҳо муаттар кунад. Эй Дилбари офоқ, партави ишроқе! Эй Маҳбуби ҷаҳон, ҷилваи ҷамоле! Эй Қавии Қадир, ҳифз ва амоне! Эй Малики вуҷуд, зуҳури қудрат ва султоне! Эй Худованди меҳрабон! Дар баъзе булдон аҳли туғён дар ҳавҷ ва мавҷанд, ва муҳаррикини беинсоф шаб ва рӯз дар эътисоф. Золимон чун гург дар камин, ва ағноме мазлум ва бе носир ва муъин. Ғизолони барри ваҳдатро киллоб дар пай, ва тазарвони куҳсори ҳидоятро ғуробони ҳасад дар ақиб. Эй Парвардигор! Ҳифз ва ҳимоят фармо. Эй Ҳофизи Ҳақиқӣ! Сиёнат ва ҳимоят кун. Дар паноҳи Хеш маҳрус дор ва ба авни Худ аз шурур масун бидор. Туӣ Ҳофизи Ҳақиқӣ ва Ҳориси Ғайбӣ ва Нигаҳбони Малакутӣ ва Меҳрабони Осмонӣ.

 


English  
ភាសាខ្មែរ  
አማርኛ.  
Afrikaans  
Alaska Native  
American Indian  
Azərbaycan  
Bahasa Indonesia  
Bahasa Malaysia  
Bidayuh  
Bosanski  
Canadian Indigenous  
Català  
Cebuano  
Česky  
Chamorro  
Chichewa  
Corsica  
Cymraeg  
Daga  
Dansk  
Deutsch  
Dzongkha  
Eesti  
Español  
Esperanto  
Euskara  
Fiji  
Filipino  
Føroyar  
Français  
Frysk  
Hausa  
Hawaiian  
Hiri Motu  
Hrvatski  
Irish  
Íslenska  
Italiano  
Kabyle  
Kalaallisut  
Kiribati  
Kiswahili  
Kreyol Ayisyen  
Kuanua  
Kube  
Latviešu  
Lëtzebuergesch  
Lietuvių  
Luganda  
Magyar  
Malagasy  
Malti  
Māori  
Marshallese  
Melpa  
Montenegrin  
Nalik  
Namibia  
Nederlands  
Norsk  
Papiamentu  
Polski  
Português (BR)  
România  
Sámi  
Samoan  
Sarawak  
Sesotho  
Shqip  
Slovenščina  
Slovensky  
Sranan Tongo  
Srpski српски  
Suomi  
Svenska  
Tetum  
Tiếng Việt  
Tok Pisin  
Tongan  
Türkçe  
Türkmençe  
Tuvalu  
Vanuatu  
ελληνικά  
Беларускі  
български  
Кыргыз  
Монгол хэл  
Русский  
Тоҷикӣ  
Україна  
հայերեն  
اُردُو  
العربية  
فارسی  
नेपाली  
मराठी  
हिंदी  
বাংলা  
ગુજરાતી  
ଓଡ଼ିଆ  
தமிழ்  
తెలుగు  
ಕನ್ನಡ  
മലയാളം  
ภาษาไทย  
ພາສາລາວ  
한국어  
日本語  
简体中文  
繁體中文