Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Меҳрубоно! Ин ҷамъ муҳиббон ва дӯстони Ту, окифи кӯи Туанд ва дилдодаи рӯи Ту ва ошуфтаи роҳ дар ҷустуҷӯи Туанд. Парешонанд ва дилрешонанд ва бесару сомонанд, раҳме фармо ва марҳамате кун, ки дар зилли Сидраи Раҳмоният ба лаҳазоти айни иноят манзур гарданд, ва дар сояи ҷаноҳи мавҳибат ва хиёми марҳамат биёраманд. Ташнагони зулоли алтофанд, бар баҳри аъзам ворид кун, ва гумгаштагони бодияи иштиёқанд, ба қибоби васлат роҳ бинамо, асири занҷири ҳубби Туанд аз ҳар қайде озод фармо, ва далели роҳи рости ризои Туанд, далолат фармо. Ташнаи салсабили Туанд, сероб кун, ва хастаи тири ҳиҷрони Туанд, ба нафаҳоти башорати васл масрур фармо. Ҳол, ки ҷамоли нуронӣ аз уфуқи имконӣ мастур фармудӣ ба насоими риёзи Малакутат ҷон эҳсон кун ва фуюзоти шифоҳияи калимотатро манъ фармудӣ, фуюзоти ғайбияи руҳонияро арзон кун. Пок Яздоно! Мутазарреъ ба даргоҳи Аҳадиятанд, ба фарёд рас ва мубтаҳил ба боби Ҳазрати Вoҳидиятанд, малҷаъ ва паноҳе бибахш. Туӣ Муқтадир ва Меҳрубон, ва Туӣ Тавоно ва Раҳмон.
- `Abdu'l-Bahá