Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори омурзгор, ин мурғони беошёнро дар ҳадиқаи сабот ва истиқомат дар шохсори Сидраи Мунтаҳо паноҳ иноят фармо, ва ин моҳиёни луҷаи тавҳидро дар баҳри аъзами иноятат ғувс деҳ, ва ин бесомонони саҳрои муҳаббататро дар каҳфи манеъ ва малози рафеъи ҳифз ва ҳиросатат манзил ва маъво эҳсон кун. То ба авн ва фазл ва ҷудат дар самои вуҷуд чун анҷуми ҳидоят бидурахшанд, ва дар анҷумани олам чун чароғҳои муҳаббатуллоҳ рӯшан ва мунаввар гарданд, амтори ғамоми раҳмат бошанд ва ашиъаи офтоби уфуқи ҳақиқат, лисони нотиқ гарданд ва фазли собиқ шаванд, чашми бино бошанд ва гӯши шунаво, дори пурбор гарданд ва гулзоре бо нафаҳоти мушкбор, амвоҷи дарёи осори қедам шаванд ва насоими гулшани Исми Аъзам, маҳбати илҳом бошанд ва машриқи анвор ва мазҳари алтофи Рабби Мухтор, дар Малаъи муқаррабин маҳшур гарданд ва дар зумраи мухлисин маъдуд ва маъруф. Аз ҳарорати муҳаббатуллоҳ чун шӯъла сӯзон бошанд ва дар фирқати Ҷамоли Маннон абри гирён, ба вафои Илоҳӣ рӯяшон рӯшан гардад ва ба инояти Ҳазрати Яздонӣ дилҳошон лолазор ва гулшан. Ҳар як дар Амруллоҳ алами мубин гарданд ва дар истиқомат бар Аҳд ва Паймон ҳисни матин.
- `Abdu'l-Bahá