Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, Эй Кирдигори меҳрабон, бандагонат дар акноф ва атроф мутафарриқ ва муташаттит ва парешон, саргардон, бесару сомон, дар ҳар нафасе дар доме гирифтор ва дар ҳар явме дар буме саргардон. Ба ёди Ту дилхушанд ва ба нори муҳаббатат дар оташ, саргаштаи кӯи Туанд ва ошуфтаи мӯй ва рӯи Ту. Инояте кун ва марҳамате намо, ки кулл дар зилли мамдуд ва сояи хаймаи маҳмуд, дар таҳти ливои мақсуд муҷтамеъ гарданд ва бар ароик ва сурури мутақобилин ҷолис гарданд, ва аз каъси мавҳибат нӯшанд ва аз саҳбои иноят сармаст гарданд, Туӣ Қодир ва Тавоно. Эй Парвардигор, ин сироҷҳои рӯшанро аз арёҳи имтиҳон ва ифтитон муҳофизат фармо, ва ин туюри бол ва паршикастаро дар ҳадиқаи фазл ошёна бахш, ин бенасибонро насиб деҳ ва ин дармондагонро дармоне иноят кун. Туӣ Карим, Туӣ Раҳим ва Туӣ Алим.
- `Abdu'l-Bahá