Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ошиқонро аз бало соғари лабрез дар ком рез, ва муштоқонро дар роҳи муҳаббатат заҳри шаҳд кун ва нӯши неш намо, сарҳоро зиннати синон кун, ва дилҳоро ҳадафи саҳими беамон фармо. Ин ҷони пажмурдаро дар сабили фидо зинда фармо ва ин қалби афсурдаро ба каъси ҷафо тароват ва латофат бахш, мадҳуши ҷоми аласт кун ва сармасти паймона ба даст фармо, ба ҷонфишонӣ муайяд фармо ва ба қурбонӣ муваффақ кун. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Доно ва Бино ва Шунаво.
- `Abdu'l-Bahá