Ҳуваллоҳ! Худованди меҳрабоно! Ин ҷамъ дар зилли раҳмати Туанд ва ин нуфус мутаваҷҷеҳ ба малакути Ту. Худоё, бандагонем, карам иноят кун. Фақиронем, аз канзи осмонӣ бахш, нодонем ба ҳақоиқи ашё далолат кун. Заифем, қуввати осмонӣ расон. Фонӣ ҳастем, ба олами бақо дарор. Муҳтоҷем ва мунтазири тайиди Ту. Агар иноятат расад, қатра дарё шавад; зарра офтоб гардад. Агар аз алтофат маҳрум монад, аз ҳар чиз бебаҳра ва насиб шавад. Пас, иноят кун ва марҳамат фармо, то алами ваҳдати олами инсонӣ баланд намоем ва нуронияти осмонӣ Шарқ ва Ғарбро иҳота кунад. Ҷамеъи аҳзоб муттаҳид шаванд ва ҳаёти абадӣ ҷӯянд ва тарвиҷи ваҳдати олами инсонӣ намоянд ва сулҳи умумӣ интишор диҳанд. Туӣ Карим! Туӣ Муътӣ! Туӣ Меҳрабон!
- `Abdu'l-Bahá