Ҳувал Абҳо! Парвардигоро! Мӯри заифам ва пашшаи наҳиф. Бол ва паре шикаста дорам ва пое аз дурии бодияи ҳасрат ҳаста. Чашми гирёнам бин ва ҷигари сӯзонам назар фармо. Оҳ ва фиғонам ҷамъи туюрро ба фарёд оварда, ва оҳи пурҳасрати қалбам чун шуълаи сӯзон ба ҷони ҷаҳон оташ зада. Аз уфуқи Абҳоят файзи анвор кун ва аз малакути аълоят базли асрор намо. Эй Найсони иноят, бориш ва резиш арзон кун, ва Эй Шамси Ҳақикат, тобиш ва дурахшиш фаровон бинамо. Шояд ин қулуби афсурда тоза ва зинда гардад ва ин нуфуси мурда ҳаёти беандоза ёбад.
- `Abdu'l-Bahá