Ҳуваллоҳ! Худованди Меҳрабоно, Каримо, Раҳимо, ин ҷамъро ба шамъи муҳаббатат рӯшан намо, ва ин нуфусро ба нафасоти Руҳулқудс зинда кун. Анвори осмонӣ бибахш, ва мавҳибати кубро мабзул дор. Тайидоти ғайбия бирасон ва мукошифоти руҳония арзон фармо, дидаҳоро ба нури ҳудо рӯшан кун ва дилҳоро ба фуюзоти номутаноҳӣ ғибтаи гулшан намо, арвоҳро башорати кубро деҳ ва нуфусро ба мавҳибати узмо муфтахар намо. Эй Парвардигор, фақиронем, ганҷи малакут арзонӣ намо, залилонем дар малакутат азиз фармо, бесару сомонем дар паноҳат малҷаъ ва маъво деҳ, толибонем ба алтофи бепоён раҳбарӣ намо, сокитонем нутқи фасеҳ бахш, беқувватем қудрати малакут эҳсон фармо. Парвардигоро, Омурзгоро, хато бибахш, ато бидеҳ, гуноҳ биёмурз, моро одоби раҳмонӣ биёмуз. Туӣ Диҳанда, Туӣ Бахшанда, Туӣ Меҳрабон.
- `Abdu'l-Bahá