Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Меҳрабоно, ин ҷамъ таваҷҷӯҳ ба Ту доранд, муноҷот ба сӯи Ту намоянд, дар ниҳояти тазарруъ ба малакути Ту табаттул кунанд ва талаби афв ва ғуфрон намоянд. Худоё, ин ҷамъро мӯҳтарам кун, ин нуфусро муқаддас намо, анвори ҳидоят тобон кун, қулубро мунаввар фармо ва нуфусро мустабшар кун, ҷамеъро дар малакути Худ дохил фармо ва дар ду ҷаҳон комрон намо.Худоё, мо залилем азиз фармо, оҷизем қудрат иноят фармо, фақирем аз канзи малакут ғанӣ намо, алилем шифо иноят кун. Худоё ба ризои Худ далолат фармо ва аз шуъуни нафс ва ҳаво муқаддас дор.
Худоё, моро бар муҳаббати Худ собит намо ва бар ҷамеъи халқ меҳрабон фармо, муваффақ бар хидмати олами инсонӣ кун, то ба ҷамеъи бандагонат хидмат намоем, ҷамеъи халқатро дӯст дорем ва ба ҷамеъи башар меҳрабон бошем. Худоё, Туӣ Муқтадир, Туӣ Раҳим, Туӣ Ғафур ва Туӣ Бузургвор.
- `Abdu'l-Bahá