Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин нуфуси тайибаи тоҳираро абнои малакут фармо, ва ин вуҷуҳи нурониро сироҷҳои раҳмонӣ кун, ин қулуби зиндаро саршор аз бодаи муҳаббатат фармо, ва ин ҷонҳои озодро ба башороти кубро фараҳ ва масаррати бемунтаҳо бахш. Забонҳоро ба зикрат нотиқ кун ва дидаҳоро ба мушоҳидаи анвори малакутат рӯшан фармо. Эй Парвардигор, файзи осмонӣ бахш ва ҳаёти абадӣ карам фармо ва ин нуфусро ба қуввати малакутӣ ба мавҳибати осмонӣ, ва ахлоқоти раҳмонӣ, ва мавоҳиби субҳонӣ, ва инҷизоби қалбӣ, ва башорати руҳӣ, ва тайиди Руҳулқудс муваффақ ва муайяд фармо. Туӣ муқтадир ва Азиз ва Тавоно, ва Туӣ Олим ва Воқиф ва Бино.
- `Abdu'l-Bahá