Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин ҷамъро шамъи рӯшан фармо ва нуфусро тайид кун, рӯйҳоро нуронӣ намо ва хӯйҳоро гулзор ва гулшан фармо, ҷонҳоро ба нафасоти қудс зинда кун ва нуфусро ба ҳидояти кубро нафис фармо. Бахшиши осмонӣ мабзул кун ва мавҳибати раҳмонӣ шоён фармо ва дар каҳфи ҳифз ва ҳимояти Хеш маҳфуз ва масун дор, алтофи бепоён шомил кун ва иноёти махсуса комил фармо. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Доно.
- `Abdu'l-Bahá