Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Яздоно, Меҳрабоно! Ин бандаи Ту аз ақси билоди Шарқ ба Ғарб шитофт, ки шояд аз нафаҳоти иноётат машомҳои ин нуфус муаттар шавад, насими гулшани ҳидоят бар ин мамолик бивазад, нуфус истеъдоди алтофи Ту ёбанд, қулуб мустабшар ба башороти Ту гарданд, дидаҳо мушоҳидаи нури ҳақиқат намояд, гӯшҳо аз нидои малакут баҳра ва насиб гирад. Эй Парвардигор, дилҳоро равшан кун, Эй Худованди Меҳрабон, қулубро рашки гулзор ва гулшан фармо. Эй Маҳбуби беҳамто нафаҳоти иноёт бивазон, анвори эҳсон тобон кун, то дилҳо пок ва покиза шаванд, аз тайидоти Ту баҳра ва насиб гиранд, ин ҷамъ роҳи Ту пӯянд, рози Ту ҷӯянд, рӯи Ту бинанд, хӯи Ту гиранд. Эй Парвардигор, алтофи бепоён арзон фармо, ганҷи ҳидоят ройгон кун, то ин бечорагон чора ёбанд. Туӣ Меҳрабон, Туӣ Бахшанда, Туӣ Доно ва Туӣ Тавоно.
- `Abdu'l-Bahá