Ҳувалабҳо! Поко, Яздоно, Маҳбуби меҳрабоно, ин ёрон ошуфтаи бӯи Туанд ва саргаштаи кӯи Ту, аз ҳар қайде растанд ва ба муҳаббати Ту пайвастанд, аз ҷаҳон ва ҷаҳониён безоранд, ва ба ишқи Ту мафтун ва гирифтор. Ҷуз иноятат ҳеҷ дардеро дармон нахоҳанд, ва дар сабилат ҳеҷ захмеро марҳаме наҷӯянд, ҳамвора орзуи бахшиши бепоён намоянд, ва таманнои алтофи бекарон кунанд. Эй Бахшандаи Меҳрабон, ин залилони Хешро азиз фармо ва ин асирони муҳаббататро амир кун ва ба фалаки асир бирасон ва дар ҷонфишонӣ ба сарири иззати абадия истиқрор деҳ. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бино ва Шунаво. Лакалҳамду ало мо адлалта ва лака шукр бимо ваффайта, наҳмадука ва нашкарука алал ато, ва натазаррау алайк фӣ кулли сабоҳин ва масоъ.
- `Abdu'l-Bahá