Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд! Ба ҳикмати куброят иқтирон дар байни ақрон муқаддар фармудӣ, то сулолаи инсон дар олами имкон тасалсул ёбад ва ҳамвора, то ҷаҳон боқӣ, ба убудият ва ибодат ва парастиш ва ниёиши даргоҳи Аҳадиятат машғул ва маълуф гарданд.
“Ва мо халақтул – ҷинна вал– инса илло лияъбудуни”. Ҳол, ин ду мурғи ошёнаи муҳаббататро дар малакути раҳмониятат ақди иқтирон бибанд ва василаи ҳусули файзи ҷовидон фармо, то аз иҷтимоъи он ду баҳри муҳаббат мавҷи улфат бархезад ва лаолии сулолаи наҷибаи муқаддаса бар соҳили вуҷуд резад.
”Мараҷал баҳрайни ялтақиёни, байнаҳумо барзахун ло ябғиёни. Фабиайи олои Раббикумо туказзибaни, яхруҷу миноҳумо ал- луълуъу вал марҷон”. Эй Худованди Меҳрабон! Ин иқтиронро асбоби тавлиди дурру марҷон фармо. Иннака Антал-Муқтадирул- Азизул-Ғафур-ул-Раҳмонул- Раҳим.
- `Abdu'l-Bahá