Бигӯ: Эй Оқои ман, ва Мавлои ман, ва Илоҳи ман ва Падидоварандаи ман! Суол мекунам аз дарёи бахшиши Ту, ки ин ниҳоли навраста дар бӯстони муҳаббати Худро аз Кавсари Ҳаявон бинӯшон, ва аз арёҳи хариф ҳифзаш намо. Туӣ Тавоно ва Туӣ Доно. Эй Худои ман! Ба Ту рӯй овардам ва Туро зикр менамоям, ва ба муборакии Исмат аз дунат фориғ ва озодам. Эй Худо! Ба Ту нозирем ва аз Ту металабем зоҳир кун аз мо он чиро, ки сазовори Ту ва айёми Ту аст. Туӣ Атокунанда ва Бахшанда.
- Bahá'u'lláh