Илоҳо, Маъбудо, Малико, Мақсудо! Ба чӣ лисон Туро шукр намоям. Ғофил будам, огоҳам фармудӣ. Муъриз будам бар иқбол таъйид намудӣ. Мурда будам аз оби ҳаёт зиндагӣ бахшидӣ. Паҷмурда будам, аз кавсари Баён, ки аз қалами Раҳмон ҷорӣ шуда, тозагӣ ато кардӣ. Парвардигоро! Вуҷуди кулл аз ҷудат мавҷуд, аз баҳри карамат маҳрум мафармо ва аз дарёи раҳматат манъ макун. Дар ҳар ҳол тавфиқ ва таъйид металабам, ва аз самои фазл бахшиши қадиматро соилам. Туӣ Молики ато ва Султони малакути бақо.
- Bahá'u'lláh