Илоҳо, Маъбудо! Ибодатро аз самараи вуҷуд маҳрум манамо, ва аз баҳри ҷудат қисмате ато фармо. Туӣ Муқтадире, ки куввати олам қуввататро заиф нанамуд, ва шавкати умарои арз Туро аз машийятат боз надошт. Аз Ту металабам фазли қадиматро ва инояти ҷадидатро. Туӣ Фаззол ва Ғаффор, ва Туӣ Бахшанда ва Тавоно.
- Bahá'u'lláh