Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо, Муқтадиро! Шаҳодат медиҳам, ки Ту ба васфи мумкинот маъруф нашавӣ, ва бо азкори мавҷудот мавсуф нагардӣ. олам ва уқули умам ба соҳати Қудсат ало моянбағӣ роҳ наёбад ва пай набарад. Оё чӣ хато аҳли мадинаи асморо аз Уфуқи аълоят манъ намуд ва аз тақарруб ба Баҳри аъзамат маҳрум сохт? Як ҳарф аз Китоби Ту – уммул баён, ва як калима аз он – муҷиди имкон. Чӣ носипосӣ аз ибодат зоҳир, ки куллро аз шиносоият боз доштӣ? Як қатра аз дарёи раҳматат нори ҷаҳимро бияфсурад ва як ҷазва аз нори муҳаббатат оламро барафрузад. Эй Алим! Агарчи ғофилем, валекин ба карамат муташаббис, ва агарчи ҷоҳилем ба баҳри илмат муттаваҷеҳ. Туӣ он Ҷаводе, ки касрати хато Туро аз ато боз надорад, ва эърози аҳли олам неъмататро садд нанамояд. Боби фазлат лозол мафтуҳ буда, шабнаме аз дарёи раҳматат куллро ба тарози тақдис музайян фармояд ва рашҳе аз баҳри ҷудат тамоми вуҷудро ба ғанои ҳақиқӣ фоиз намояд. Эй Саттор, парда бармадор! Лозол зуҳуроти карамат оламро иҳота намуда ва анвори Исми Аъзамат бар кулл тобида. Ибодатро аз бадоеъи фазлат маҳрум манамо ва огоҳӣ бахш, то бар ваҳдониятат гувоҳӣ диҳанд ва шиносоӣ деҳ то ба Суят биштобанд. Раҳматат мумкинотро иҳота намуда ва фазлат куллро ахз карда, аз амвоҷи баҳри бахшишат буҳури талаб ва тамаъ зоҳир, ҳар чи Ҳастӣ Туӣ. Модунат лоиқи зикр на, ило бил духули фи зиллика вал вуруд фи бисотик. Дар ҳар ҳол омурзиши қадиматро металабем, ва фазли ъамиматро меҷуем. Умед чунон, ки нафсеро аз фазлат маҳрум насозӣ ва аз тарози адл ва инсоф манъ нанамоӣ. Туӣ Султони карам ва Молики ато вал муҳаймин ало манфил арзи вас само.
- Bahá'u'lláh