Илоҳо, Маъбудо, Мақсудо, Каримо, Раҳимо! Ҷонҳо аз Ту ва иқтидорҳо дар қабзаи қудрати Ту. Ҳар киро баланд кунӣ аз малак бигзарад, ва ба мақоми “Ва рафъаноҳу маконан алиян” расад, ва ҳар киро бияндозӣ, аз хок пасттар, балки ҳеҷ аз у беҳтар. Парвардигоро! Бо табоҳкорӣ ва гунаҳкорӣ ва адами парҳезкорӣ, мақъади сидқ металабем ва лиқои Малики Муқтадир меҷуем. Амр, амри Туст ва ҳукм они Ту, ва олами қудрат зери фармони Ту. Ҳар чӣ кунӣ адли сирф аст, бил фазли маҳз. Як таҷаллӣ аз таҷаллиёти Исми Раҳмонат расми исёнро аз ҷаҳон барандозад ва маҳв намояд. Ва як насим аз насоими Явми Зуҳурат оламро ба хилъати тоза музайян фармояд. Эй Тавоно, нотавононро тавоноӣ бахш ва мурдагонро зиндагӣ ато фармо. Шояд Туро биёбанд, ва ба дарёи огоҳият роҳ ёбанд ва бар Амрат мустақим монанд. Агар аз луғоти мухталифаи олам урфи санои Ту мутазаввеъ шавад, ҳама маҳбуби ҷон ва мақсуди равон. Чӣ тозӣ, чӣ форсӣ, агар аз он маҳрум монад қобили зикр на, чӣ алфоз, чӣ маъонӣ. Эй Парвардигор, аз Ту металабем, куллро роҳнамоӣ ва ҳидоят фармоӣ. Туӣ Қодир ва Тавоно ва Олим ва Бино.
- Bahá'u'lláh