Парвардигоро, Меҳрабоно, Подшаҳо, Додрасо! Ҳамд ва сано ва шукр ва баҳо Туро сазост, ки ганҷи шиносоиро дар дил вадиъа гузордӣ ва латифаи вуҷудро аз об ва гил барангехтӣ. Туӣ Тавоное, ки қувват ва шавкати ибод Туро заиф нанамуд ва лашкари ғафлат ва аскари ғурур ва сарват Туро аз ирода боз надошт дар ҳине, ки сиҳоми зағина ва бағзо аз ҷамиъи ҷиҳот тайёр, ба истиқомати тамом қоим, ва бимо янбағӣ қоил. Зулми фароъина Туро аз гуфтор манъ накард ва қаҳри ҷабобира аз иродаи ғолиба манъ насохт. Эй Парвардигор, дастуронро роҳ намо ва ба ҷунуди доноӣ ва илми ладуннӣ мадад бахш. Шояд ибоди Туро ба роҳи рост ва хабари бузург башорат диҳанд ва фоиз намоянд. Эй Карим, нурат сотеъ ва амрат ғолиб ва ҳукмат нофиз. Авлиёатро аз дарёи бахшишат маҳрум масоз, ва аз барои ҳар як, аз қалами иноят он чӣ алявм сазовори фазли Туст, марқум намо ва муқаддар фармо. Туӣ Тавоно ва Туӣ Доно ва Бино. Эй Парвардигор! Дастуронро огоҳ намо, то бо огоҳии худ ғофилинро огоҳ намоянд ва гумроҳонро ба роҳ оранд, то кулл дар зилли қибоби азамат ва сидраи раҳмат ҷамъ шаванд ва бишнаванд он чиро, ки қувваи сомеъа аз барои он ба зуҳур омада, ва мушоҳида намоянд он чиро, ки қувваи босира аз барои он мавҷуд гашта. Амр амри Ту, ва ҷонҳо қурбони Ту.
- Bahá'u'lláh