Ба номи Худованди Меҳрабон! Эй Меҳрабон! Дусте аз дустон ёдат намуд, ёдат намудем. Имруз он чӣ дида мешавад, гувоҳӣ медиҳад ва бандагонро ба Худованди Якто мехонад. Бигу: Имруз Офтоби Биноӣ аз Осмони Доноӣ ҳувайдо. Некуст касе, ки дид ва шинохт. Он чӣ аз пеш гуфта шуд, дар ин рузгор падидор. Бигу: Эй дустон! Худро аз дарёи бахшиши яздонӣ дур манамоед, чӣ ки У бисёр наздик омада. Он ки пинҳон буд омада, ва хуб омада. Бар як дасташ оби зиндагонӣ ва бар дасти дигар фармони озодӣ; бигузоред ва бигиред. Бигузоред, он чӣ дар ҷаҳон дида мешавад ва бигиред, он чиро, ки дасти бахшиш мебахшад. Омада он чӣ чашми рузгор монанди он надида. Эй дустон! Бишитобед, бишитобед! Бишнавед, бишнавед! Кирдори дастурон мардумонро аз Кирдгор дур намуда. Ба ҷои ниёз оз намудор, роҳи Худованди Худоро гум кардаанд. Гумроҳанд ва худро дорои роҳ медонанд. Пешвоёнро гувоҳ намудем ва огоҳ кардем, то дар ин Руз гувоҳӣ диҳанд ва бандагонро ба Пок Яздон расонанд. Бигу: Эй дастурон! Аз хоб бархезед ва аз беҳушӣ ба ҳуш гароед. Овози Бениёзро ба гуши ҷон бишнавед ба он чӣ сазовори Рузи Худованд аст, рафтор намоед. Имруз меҳтар касе аст, ки дид ва огаҳ шуд. Ва кеҳтар касе, ки гуфтори Доноро наёфт ва Дусти тозаро дар ҷомаи тоза нашинохт. Дарёи доноӣ падидор ва офтоби биноӣ намудор. Бишнавед, нидои Гуяндаи Пояндаро вахудро аз он чӣ сазовор нест пок ва покиза намоед, то шоистаи боргоҳи Офаридгор шавед. Бигу: Имруз Худованд дар анҷуман сухан мефармояд. Наздик шавед ва гуфторашро биёбед. Гуфтор пайки дидори Уст, шуморо аз торикӣ раҳонад ва ба рушаноӣ расонад. Номатро шунидем ва дар нома ёдат намудем. Ин ёд монанди ниҳолест, ки ба дасти бахшиш киштем. Зуд аст, ки бо баргу бори тозаи беандоза падидор шавад. Худованди Худо чунин фармуда, ва роҳ намуда. Уст Тавоно ва Бино, ва Уст Гуянда ва Доно.
- Bahá'u'lláh