Ҳуваллоҳ Эй Парвардигор, Худовандо! Мо нотавонем; Туӣ Парвардигори қувват ва қудрат. Мо бечораем; Туӣ Пуршукуҳ, Азиз. Мо бенавоем; Туӣ Карим ва Дорандаи ҳама чиз. Баҳри хидмат бар Остони муқаддасат моро бо лутфи Худ ёрӣ деҳ. Ва барои ситоиши Ту дар субҳгоҳон моро бо файзи қувватбахши Худ мадад фармо. Моро имкон деҳ, то дар маҳалли тулуъи зикрат Туро ситоиш кунем. Бар нашри нафаҳоти муқаддасат дар миёни халқи Худ қодир кун, камари ҳиммат бибахш, то дар миёни бандагонат бар хидматат пардозем, ва битавонем ҳамаи халқҳоро ба Исми Аъзами Ту ҳидоят, ва ҳамаи мардумонро ба соҳилҳои уқёнуси пуршукуҳи ягонагии Ту роҳ намоем. Эй Худованд! Моро аз вобастагиҳо бар ин олам ва оламиён, аз гуноҳони гузашта ва аз мусибатҳое ки моро дар пешанд, наҷот деҳ, то тавонем Каломи Туро бо камоли шодӣ ва хуррамӣ баланд бардорем, ва шаб ва руз Туро ситоиш кунем, то тавонем ҳамаи мардумро ба роҳи ҳидоят даъват намоем, ва ба онҳо бирасонем, ки адолатро риоя кунанд. То тавонем оятҳои ягонагии Туро дар байни ҳамаи офариниш бихонем. Туӣ Қодир ба ҳар чизе, ки Туро писанд ояд. Ба ростӣ, Туӣ Ғолиб ва Тавоно. тарҷума аз арабӣ
- `Abdu'l-Bahá