ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Дар аввал фармоиш ва амри Ман — молик шав ба қалби пок, беғаш, нек, нуронӣ, то молик шавӣ мулки доимӣ, боқӣ, ҳамешагӣ ва абадиро.
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Маҳбубтарини чизҳо назди Ман Инсоф аст. Руй магардон аз он, агар мебошӣ ба сӯи Ман моил, ва ғафлат мадор аз он, то бошӣ барои Ман амин. Ва ту муваффақ мешавӣ ба он кӣ бибинӣ ҳама чизро бо чашми худат, на бо чашми бандагон, ва бишносӣ онро бо шинохт ва огоҳии худат, на бо маърифат ва шинохти дигарон. Фикр кун дар он, ки чигуна сазовор аст ки бошӣ. Инсоф аз бахшиши Ман аст бар ту, ва инояти Ман аст барои ту. Пас қарор бидеҳ онро пеши ду чашмат!
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Дар қадимияти Зотам ва азалияти Вуҷудам будам, ва донистам муҳаббати Худро дар ту. Халқ фармудам туро ва нақш бастам бар ту мисоли Худамро, ва зоҳир фармудам барои ту ҷамоламро.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Дӯст доштам халқ кардани туро, пас халқ фармудам туро. Пас дӯст бидор Маро, то ин ки туро ёд кунам, ва бар ту рӯҳи ҳаёт ва зиндагонӣ сабт фармоям.
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Маро дӯст бидор, то туро дӯст бидорам. Агар Маро дӯст намедорӣ, ҳаргиз туро дӯст надорам, пас бидон эй банда!
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Биҳишти ту Ҳубби Ман аст, ва ҷаннати Ту – васл ва расидан ба Ман аст. Пас дохил шав дар он, ва таъхир макун. Ин аст ончи муқаддар шуда барои ту дар малакути аълои Мо, ва ҷабарути баландтарини Мо!
ЭЙ ПИСАРИ БАШАР!
Агар дӯст медорӣ Маро, пас руйгардон шав аз нафси худат, ва агар мехоҳӣ ризои Маро, пас чашм бипуш аз ризои худат, то бошӣ дар Ман фонӣ, то бошам дар ту боқӣ!
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Магар муқаддар нашуда аст туро, то ту руй баргардонӣ аз нафси худат, ва руй оварӣ ба нафси Ман? Зеро ба дурустӣ, ки сазовор он аст, ки бошад ифтихори ту ба Исми Ман на ба исми худат, ва такяву таваккули ту бар руи Ман, на бар руи худат. Зеро ба дурустӣ ки Ман дӯст дорам бошам маҳбубтарин ба танҳоӣ, фавқи ҳар чизе.
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Муҳаббати Ман қалъаи Ман аст. Касе ки дохил шуд дар он — наҷот ёфт ва эмин шуд, ва касе ки руй гардонд — гӯл хӯрду ҳалок шуд!
ЭЙ ПИСАРИ БАЁН
Ту қалъаи Манӣ, пас дохил шав дар он, то бошӣ солим. Муҳаббати Ман дар ту аст, пас бишносаш аз худ, то биёбӣ Маро бар ту наздик!
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Чароғи Ман туӣ, ва нур ва равшангар ҷароғи Ман дар ту аст. Пас нур бихоҳ, ва равшан шав ба он, ва ҷустуҷӯ макун ғайри Маро, зеро ба дурустӣ, ки Ман туро халқ фармудам бениёз, ва қарор фармудам неъматро бар ту тамом!
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Сохтам туро бо дастҳои қувват, ва халқ фармудам туро ба ангуштони қудрат, ва ба амонат ниҳодам дар ту ҷавҳари нурамро. Пас бениёзӣ хоҳ бар он бадан аз ҳар чизе, ба ростӣ, ки сохти Ман комил аст, ва ҳукми Ман соҳибнуфуз ва ҳатмист, ва на шак ва на шубҳа дошта бош дар он.
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Халқ кардам туро бениёз, чигуна фақр меварзӣ? Ва сохтам туро бузургвор, ба чӣ далеле пастӣ ва зиллат талаб мекунӣ? Ва аз ҷавҳари илм зоҳир кардам туро, аз чӣ руй талаби илм мекунӣ аз ғайри Ман? Ва аз гили муҳаббат сириштам туро, чӣ гуна аст, ки машғул шудӣ бо ғайри Ман? Пас руҷӯъ кун, ва боз гард бо чашми кушода ба суи худат, то биёбӣ Маро қоим дар худ, тавоно, соҳибқудрат ва поянда.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Ту мулки Манӣ ва мулки Ман фонӣ намешавад, пас чаро метарсӣ аз фонӣ шуданат? Ва ту нури Манӣ ва нури Ман хомуш намешавад. Чигуна парешон мешавӣ аз хомуш шуданат? Ту шукуҳу , ҷалолу, нури Манӣ, намешавад парда ба руяш гирифт, ва ту пироҳани Манӣ, ва пироҳани Ман куҳна намешавад. Пас талаби роҳат кун дар ҳуббат ба Ман, то биёбӣ Маро дар Уфуқи Баландтарин!
ЭЙ ПИСАРИ БАЁН!
Руй овар бар руи Ман, ва руй бигардон аз ғайри Ман, зеро ба ростӣ ки подшоҳии Ман боқӣ аст ҳаргиз аз байн намеравад, ва султонии Ман доим аст, ҳеҷ гоҳ дигаргун намешавад, ва агар биталабӣ ба ҷуз Маро, ҳаргиз намеёбӣ, агар ҷустуҷӯ кунӣ дар олами ҳастӣ, барои ҳамеша!
ЭЙ ПИСАРИ НУР!
Аз ёд бибар ғайри Маро, ва унс бигир бо руҳи Ман. Ин аз ҷавҳари фармоиши Ман аст, пас ба суӣ он руй овар!
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Басанда кун ба нафси Ман аз ғайри Ман, ва талаб макун ёридиҳандае ҷуз Ман, зеро ба ростӣ, ки ончи ғайри Ман аст туро басанда намебошад ҳаргиз!
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Талаб макун аз Ман ончи дӯст надорем онро барои вуҷуди ту. Он гоҳ розӣ бош ба он чӣ қазо додем аз барои ту, зеро ба дурустӣ, ки он чӣ туро муфид мебошад, ин аст, агар розӣ бошӣ бар он.
ЭЙ ПИСАРИ НАЗАРГОҲИ АЪЛО!
Ба амонат ниҳодам дар ту Руҳеро аз Худам, то бошӣ ҳамеша дӯстдорандаи Ман. Барои чӣ тарк кардӣ Маро, ва талаб кардӣ маҳбуби дигареро?
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Ҳаққи Ман бар ту кабир аст, фаромушношуданӣ, ва фазли Ман ба ту бисёр азим аст, ки натавон онро пушонд, ва ҳубби Ман дар ту мавҷуд аст, ки натавон пардае бар рӯи он гирифт, ва нури Ман бароят дидашаванда аст, ки натавон онро пинҳон кард.
ЭЙ ПИСАРИ БАШАР!
Муқаддар фармудам бароят аз дарахти шукӯҳмандтарину пурҷалолтарин меваҳои биҳиштиро. Чигуна аст ки руй гардондӣ аз он, ва розӣ шудӣ ба он, ки поинтарин аст? Пас баргард ба сӯи он чӣ ки он беҳтар аст барои ту, дар мулки баландтарин.
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Халқ фармудам туро олӣ. Қарор додӣ худро поинмартаба. Пас боло бирав ба сӯи он чӣ ки халқ шудаӣ барои он.
ЭЙ ПИСАРИ ВОЛОМАҚОМ!
Туро мехонам ба суи бақо, ва ту меҷуӣ фаноро! Ба чӣ ҷиҳат руй гардондӣ аз он чӣ ки Мо дӯст медорем, ва руй овардӣ ба суӣ он чӣ худат дӯст медорӣ?
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Аз ҳадди худат берун нарав, ва иддао макун он чӣ сазовор намебошад барои нафси худат. Саҷда кун барои подшоҳии Парвардигорат, ки Соҳиби қудрат ва иқтидор мебошад.
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Фахр макун бар мискин ё бечора бо фахр кардани худат, зеро ба дурустӣ ки Ман роҳ меравам аз пеши ту, ва мебинам туро дар бад будани ҳолат, ва лаънат мекунам бар ту, то абад!
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Чигуна аст, ки фаромуш кардӣ айбҳои худро, ва машғул шудӣ ба айбҳои бандагони ман? Касе ки бувад бар ин, пас бар ӯ бод лаънате аз Ман!
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Нафас макаш, ба хатои аҳаде, то вақте ки ту худ хатокорӣ! Ва агар амал кунӣ ба ғайри он, лаънат шудаӣ, ва Ман шоҳиди онам!
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Яқин кун ба он, ки касе ки амр кунад мардумро ба адолат, ва худаш беадолатӣ кунад, ба дурустӣ ки ӯ нест аз Ман, агарчи буда бошад бар Исми Ман.
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Нисбат мадеҳ ба нафсе ончиро дӯст намедорӣ барои нафси худат, ва магӯ ончиро, ки худ амал намекунӣ. Ин амри Ман аст бар ту, пас амал кун ба он!
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Рӯй нагардон аз бандаи Ман, ҳангоме ки аз ту хост чизе, ва ба дурустӣ ки рӯи ӯ Рӯи Ман аст. Пас хиҷолат бикаш аз Ман!
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Ба ҳисоби худат бирас ҳар руз, қабл аз он ки ба ҳисоби нафси ту расида шавад, зеро ба дурустӣ, ки марг мерасад бар ту якбора, ва ба по мехезӣ бар ҳисоб, дар нафси худат!
ЭЙ ПИСАРИ БАЛАНДМАРТАБА!
Қарор фармудам бароят маргро муждае, чигуна аст ки маҳзун мешавӣ аз он, ва қарор додам нурро барои равшанӣ, чигуна аст мамонеат мекунӣ аз он?
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Ба башорати нур башорат медиҳам туро: пас шод бош! Ва ба сӯи ҷойгоҳи муқаддас мехонам туро; бимон дар он, то ба роҳат пардозӣ барои ҳамеша.
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Руҳи қудс туро мужда медиҳад ба унс, чӣ гуна аст ки маҳзун мешавӣ, ва руҳи қудрат кумак мефармояд туро дар амри Ӯ, чигуна аст ки ҳиҷоби худ мешавӣ? Ва нури ваҷҳи Ӯ машй мефармояд пеши ту, чигуна аст, ки гумроҳ мешавӣ?
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Маҳзун машав, магар аз дуриат аз Мо, ва шод машав, магар аз наздикиат ба Мо, ва аз баргашт ба сӯи Мо!
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Масрур бош бо сурури қалбат, то бошӣ қобили лиқои Ман, ва оинае барои ҷамоли Ман!
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Ориву урён макун худро аз пироҳани ҷамили Ман, ва маҳрум макун қисмататро аз сарчашмаи бадиъам, то шояд нагирад туро ташнагӣ то абадият, ки Ҳастам!
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Амал кун аҳкоми Маро барои ҳубби Ман, онгаҳ боздор худро аз ончи майл ва ҳавас мекунӣ, агар ризои Маро ҷӯи.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Тарк макун авомири Маро агар ҷамоли Маро дӯст дорӣ, ва фаромуш макун насиҳатҳои Маро, агар хостаӣ ба даст овардани ризои Маро.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Ҳатто агар биштобӣ аз биёбони бекарон, ва сипас бигзарӣ аз тамоми фазои осмон, ҳаргиз пайдо нахоҳӣ кард роҳатеро, магар бо таслим ва фурутанӣ назди амри Мо, ва хоксорӣ назди Руи Мо.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Бузург бидор амри Маро, то зоҳир кунам бар ту асрори бузургӣ, ва битобонам бар ту нурҳои ҳамешагӣ.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Бош назди Ман хоксор, то марҳамат кунам назди ту, ва бош барои амри Ман ёрикунанда, то бошӣ дар мулки Ман пируз.
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Зикр кун Маро дар замини Ман, то Ман зикр кунам туро дар осмонам, то равшан шавад бо он ҳам чашми ту ва ҳам чашми Ман.
ЭЙ ПИСАРИ АРШ!
Самъи ту самъи Ман аст, пас бишунав бо он. Ва чашми ту чашми Ман аст, пас бубин бо он. То шаҳодат диҳӣ дар дил барои Ман тақдиси баландмартабаро, то шаҳодат диҳам барои ту дар нафси Худам мақоми бисёр баландро.
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Талаби фидо шудан дар роҳи Ман кун, дар ҳоле, ки аз Ман розӣ, ва шокир аз барои қазои Ман бошӣ, то бо Ман дар хаймаҳои азамат, пушти саропардаҳои иззат, ба роҳат бипардозӣ.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Фикр кун ва бияндеш, оё дӯст дорӣ, ки даргузарӣ дар тахти роҳатӣ, ё фидо шавӣ дар роҳи Ман? Ва бошӣ маҳалли тулӯъи амри Ман, ва маҳали зуҳури нури Ман дар биҳишти болотарин? Пас инсоф бидеҳ, эй абд!
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Қасам ба Ҷамолам, рангин шудани мӯи ту аз хунат ҳамеша буд бузургтар назди ман аз офариниши ду ҷаҳон, ва нури ду олам. Пас сaъй кун дар расидан ба он, эй банда!
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Ҳар чизеро аломатест ва аломати муҳаббат — сабр кардан дар қазои Ман аст, ва таҳаммул дар балоёи Ман.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Ошиқи ҳақиқӣ орзу мекунад балоро ҳамон тавр, ки осӣ орзу мекунад омурзишро, ва гунаҳкор авфро.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Агар бало насиби ту нашавад дар роҳи Ман, чӣ гуна пайравӣ мекунӣ роҳҳои розиёнро, ва агар машаққат ва сахтӣ нагирад туро барои хотири дидори Ман, чӣ гуна нур метавонад насиб кунад туро дар дӯстдоштани ҷамоли Ман?
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Балои Ман инояти Ман аст, зоҳираш оташ ва сахтӣ аст, ва ботинаш нур аст ва раҳмат. Пас бишитоб ба сӯяш, то бошӣ нури ҳамешагӣ, ва руҳи абадӣ, ва ин аст амри Ман, агар бишносӣ онро.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Агар неъмате ба ту расид, хушҳол машав бо он, ва агар расид ба ту зиллате, маҳзун машав, зероки ҳар дуи онҳо аз байн мераванд дар замоне, ва ҳар ду мераванд, ва намемонанд.
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Агар туро фақр бигирад маҳзун машав, зеро Парвардигори сарват бар ту нозил мешавад дар гузашти рузҳо, ва аз хорӣ матарс, зеро ба дурустӣ, ки иззат насибат мешавад рӯзе.
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Агар дӯст дорӣ ин салтанати боқии абадиро, ва ин зиндагонии ҷовидонии ҳамешагиро, пас тарк кун ин давлати фонии аз байн равандаро!
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Машғул машав ба ин дунё, чун бо оташ имтиҳон мекунем тиллоро, ва бо тилло имтиҳон мекунем бандагонро.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Ту тилло мехоҳӣ, ва Ман покии туро аз он мехоҳам. Ва ту шинохтӣ ниёзи худро дар он, ва Ман шинохтам ғаноро дар покии ту аз он. Ба ҷони Ман қасам! Ин аст илми Ман, ва он аст гумони ту, чӣ гуна ҷамъ мешавад амри Ман, ва амри ту?
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Сарф кун моламро бар фуқароям, то ба ту бахшида шавад дар осмон аз Мақоми Арҷманд аз ганҷҳои фаровони фано ношуданӣ ва хазинаҳои ҷалоли аз байн нарафтанӣ, валокин қасам ба ҷони Ман — фидои руҳ зеботар аст, агар ба чашми Ман мушоҳида кунӣ.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Ҳайкали вуҷуд тахти Ман аст, покаш кун аз ҳар чизе аз барои қарор гирифтанам бар он, ва сокин шуданам дар он.
ЭЙ ПИСАРИ ВУҶУД!
Қалби ту манзили Ман аст, муқаддасаш кун барои нузули Ман, ва руҳи ту назаргоҳи Ман аст, покаш кун барои зоҳир шудани Ман.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Даст дар оғуши Ман гузор, то Ман бар фарози ту тобанда ва дурахшон шавам.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Бишитоб бар осмони Ман, то бирасӣ ба висолу дидори Ман, то биёшомӣ аз зулоли шароби беназири шарафу иззати безавол.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Гузаштааст бар ту рӯзҳое, ва машғул будӣ дар он ба он чи майл мекард нафси ту аз гумонҳо ва хаёлоти ботил. То кай бар бистари худ дар ҳоли хобидан ҳастӣ? Бардор саратро аз хоб, ба ростӣ, ки Хуршед тулӯъ кард то авҷи осмон, ва шояд бар ту битобад бо нури ҷамол.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Тобонидам, бар ту нурро аз уфуқи куҳи Тур ва дамидам руҳи маърифатро дар водии Синои қалбат. Пас раҳоӣ деҳ худро аз пардаҳои гумонҳо, сипас дохил шав бар қасри Ман, то бошӣ арзандаи ҳаёти абадӣ, ва лоиқи дидори Ман. То нагиранд туро маргу, ранҷу, хастагӣ.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Абадияти Ман — офаридаи Ман аст, oнро офаридам аз барои ту. Пас онро, пироҳани ҳайкали худат қарор деҳ. Ва яктоии Ман — сохтаи Ман аст, онро ихтироъ кардам аз барои хотири ту, пас онро либоси вуҷудат қарор бидеҳ, то бошӣ то абад маҳалли тобиши ҳастии ҷовидонии Ман.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Бузургии Ман бахшиши Ман аст ба сӯи ту, ва кибриёии Ман — раҳмат аст бар ту, ва ончиро ки сазовори нафси Ман аст, касе наметавонад дарк кунад, ва ҳаргиз онро наметавонад баршумурад. Ба ростӣ, ки нафси онро нигоҳ доштаам дар хазинаи пинҳонам, ва дар ганҷинаи амрам, ҳамчун далели лутфи Худ барои бандагонам, ва тараҳҳум барои халқам.
ЭЙ ФАРЗАНДОНИ МОҲИЯТИ ИЛОҲӢ ВА НОАЁН!
Ба зудӣ боз хоҳанд дошт туро аз ҳубби Ман, ва парешон шавад нуфус аз зикри Ман. Зеро дар ҳақиқат ақлҳо ҳаргиз Маро дарк накунанд, ва қалбҳо ҳаргиз Маро дар худ нағунҷонанд.
ЭЙ ПИСАРИ ҶАМОЛ!
Қасам ба руҳам ва иноятам! Ба раҳматам ва ҷамолам! Ҳар он чӣ нозил фармудаам бар ту аз лисони қудрат, ва навиштам онро бо қалами қувват, нозил фармудам онро ба зарфият ва лаҳни ту, на бар шаън ва лаҳни Худам.
ЭЙ ПИСАРОНИ ИНСОН!
Оё донистед, чаро халқ фармудем шуморо аз як хок? То фахр накунад яке бар яке, ва ба фикр фурӯ равед дар ҳар ҳангом, дар хилқати худатон. Он вақт дар он ҳол сазовор аст ҳамон тавр, ки халқ фармудем шуморо аз як чиз, ин ки бошед чун як нафс. То ба андозае, ки роҳ биравед ба пои воҳид, ва бихуред чун бо даҳони воҳид, ва сокин шавед дар замини воҳид, то зоҳир шавад аз вуҷудоти шумо, ва амали шумо, ва афъоли шумо, оёти тавҳид ва ҷавоҳири озодагон. Ин аст панди Ман бар шумо, эй гуруҳи анвор! Пас панд гиред аз он, то биёбед самароти қудсро аз дарахти ҷалоли баландмартаба.
ЭЙ ПИСАРОНИ РУҲ!
Шумо хазинаҳои Ман ҳастед, зеро дар шумо пинҳон кардаам марворидҳои асрорамро, ва ҷавоҳири донишамро. Пас ҳифз кунед онро, то иттилоъ наёбанд бар он бандагони бегона ва бехудо.
ЭЙ КАСЕ КИ ҚИЁМ НАМУД БА ЗОТИ ХУД ДАР ОЛАМИ ҲАҚИҚАТИ НАФСИ ХУД!
Бидон ҳамоно, ки Ман фиристодаам ба суи ту тамоми хушбӯиҳои қудсро, тамом кардам ҳарфро бар ту, ва комил фармудам неъматро бар ту, ва ризо додам барои ту он чӣ ризо додам барои нафси Худам. Пас розӣ бош аз Ман, ва Маро шукргузор бош.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Бинигор ҳар он чи бар ту фиристодем аз қалами нур бар лавҳи руҳ, ва агар наметавонӣ бар он, пас қарор бидеҳ қаламро аз ҷавҳари қалбат. Ва агар наметавонӣ — пас бинавис аз ранги сурхе, ки рехта шуд дар роҳи Ман. Ба дурустӣ, ки он ширинтар аст дар назди Ман аз ҳар чизе, то собит бимонад нури он барои ҳамеша!
ЭЙ СОҲИБОНИ ҲУШ ВА ГӮШ!
Аввал суруши Дӯст ин аст: Эй булбули маънавӣ! Ҷуз дар гулбуни маъонӣ ҷой магузин. Ва эй ҳудҳуди Сулаймони ишқ! Ҷуз дар Сабои ҷонон ватан магир. Ва эй анқои бақо! Ҷуз дар Қофи вафо маҳал мапазир. Ин аст макони ту, агар биломакон бар боли ҷон бипарӣ, ва оҳанги мақоми худ ройгон намоӣ.
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Ҳар тайреро назар бар ошён аст ва ҳар булбулеро мақсуд ҷамоли гул, магар туюри афъидаи ибод, ки бо туроби фонӣ қонеъ шуда аз ошёни боқӣ дур мондаанд, ва ба гилҳои буъд таваҷҷӯҳ намуда, аз гулҳои қурб маҳрум гаштанд. Зиҳӣ! Ҳайрат ва ҳасрат ва афсӯс ва дареғ, ки ба ибриқе аз амвоҷи баҳри Рафиқи Аъло гузаштаанд, ва аз уфуқи абҳо дур мондаанд.
ЭЙ ДӮСТ!
Дар равзаи қалб ҷуз гули ишқ макор, ва аз зайли булбули ҳубб ва шавқ даст мадор. Мусоҳибати аброрро ғанимат дон, ва аз мурофиқати ашрор даст ва дил, ҳар ду бардор.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОФ!
Кадом ошиқ, ки ҷуз дар ватани маъшуқ маҳал гирад, ва кадом толиб, ки бе матлуб роҳат ҷӯяд? Ошиқи содиқро ҳаёт дар висол аст, ва мавт дар фироқ. Садрашон аз сабр холӣ ва қулубашон аз истибор муқаддас. Аз сад ҳазор ҷон даргузаранд ва ба кӯи ҷонон шитобанд.
ЭЙ ПИСАРИ ХОК!
Ба ростӣ мегӯям, ғофилтарин ибод касе аст, ки дар қавл муҷодала намояд ва бар бародари худ тафаввуқ ҷӯяд! Бигӯ, эй бародарон, ба аъмол худро биёроед, на ба ақвол.
ЭЙ ПИСАРОНИ АРЗ!
Ба ростӣ бидонед, қалбе ки дар он шоибаи ҳасад боқӣ бошад, албатта ба ҷабарути боқии Ман дарнаёяд, ва аз малакути тақдиси Ман равоеҳи қудс нашнавад.
ЭЙ ПИСАРИ ҲУББ!
Аз ту то рафрафи имтиноъи қурб ва сидраи иртифоъи ишқ қадаме фосила. Қадами аввал бардор, ва қадами дигар бар олами қидам гузор, ва дар суродиқи хулд ворид шав. Пас бишнав он чӣ аз қалами изз нузул ёфт.
ЭЙ ПИСАРИ ИЗЗ!
Дар сабили қудс чолок шав ва бар афлоки унс қадам гузор, қалбро бо сайқали руҳ пок кун ва оҳанги соҳати Лавлок намо.
ЭЙ СОЯИ НОБУД!
Аз мадориҷи зилли ваҳм бигзар, ва ба маъориҷи иззи яқин андаро. Чашми ҳақ бикшо, то ҷамоли мубин бинӣ ва “Таборакаллоҳу аҳсанул холиқин!” гӯӣ.
ЭЙ ПИСАРИ ҲАВО!
Ба ростӣ бишнав, чашми фонӣ Ҷамоли боқӣ нашиносад, ва дили мурда ҷуз ба гули пажмурда машғул нашавад, зеро ки ҳар қарине қарини худро ҷӯяд, ва ба ҷинси худ унс гирад.
ЭЙ ПИСАРИ ТУРОБ!
Кӯр шав, то ҷамолам бинӣ. Ва кар шав, то лаҳн ва савти малеҳамро шунавӣ. Ва ҷоҳил шав, то аз илмам насиб барӣ. Ва фақир шав, то аз баҳри ғанои лоязолам қисмати безавол бардорӣ. Кӯр шав, яъне аз мушоҳидаи ғайри ҷамоли Ман. Ва кар шав, яъне аз истимоъи каломи ғайри Ман, ва ҷоҳил шав, яъне аз савои илми Ман, то бо чашми пок, ва дили тайиб, ва гӯши латиф ба соҳати қудсам дароӣ.
ЭЙ СОҲИБИ ДУ ЧАШМ!
Чашме барбанд, ва чашме баркушо. Барбанд, яъне аз олам ва оламиён. Баркушо, яъне ба ҷамоли қудси Ҷонон.
ЭЙ ПИСАРОНИ МАН!
Тарсам, ки аз нағмаи варқо файз набурда, ба диёри фано роҷеъ шавед ва ҷамоли гул надида, ба об ва гил бозгардед.
ЭЙ ДӮСТОН!
Ба ҷамоли фонӣ аз ҷамоли боқӣ магзаред, ва ба хокдони туробӣ дил мабандед.
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Вақте ояд, ки булбули қудси маънавӣ аз баёни асрори маъонӣ мамнӯъ шавад, ва ҷамеъ аз нағмаи раҳмонӣ ва нидои субҳонӣ мамнӯъ гардед.
ЭЙ ҶАВҲАРИ ҒАФЛАТ!
Дареғ, ки сад ҳазор лисони маънавӣ дар лисоне нотиқ, ва сад ҳазор маъонии ғайбӣ дар лаҳне зоҳир, валекин гӯше на, то бишнавад ва қалбе на, то ҳарфе биёбад.
ЭЙ ҲАМГИНОН!
Абвоби Ломакон боз гашта, ва диёри ҷонон аз хуни ошиқон зинат ёфта, ва ҷамеъ аз ин шаҳри рӯҳонӣ маҳрум мондаанд, илло қалиле, ва аз он қалил ҳам бо қалби тоҳир ва нафси муқаддас машҳуд нагашт, илло ақалли қалиле.
ЭЙ АҲЛИ ФИРДАВСИ БАРИН!
Аҳли яқинро ихбор намоед, ки дар фазои қудси қурби ризвон равзаи ҷадиде зоҳир гашта, ва ҷамеъи аҳли олийин ва ҳаёкили хулди барин тоифи ҳавли он гаштаанд. Пас ҷаҳде намоед, то ба он мақом дароед ва ҳақоиқи асрори ишқро аз шақоиқаш ҷӯед, ва ҷамеъи ҳикматҳои болиғаи аҳадияро аз асмори боқияаш биёбед.
“Қаррат абсоруллазина ҳум дахалу фиҳи оминин!”.
ЭЙ ДӮСТОНИ МАН!
Оё фаромӯш кардаед он субҳи содиқи равшанеро, ки дар зилли шаҷараи анисо, ки дар фирдавси аъзам ғарс шуда, ҷамеъ дар он фазои қудси муборак назди Ман ҳозир будед? Ва ба се калимаи тайиба такаллум фармудам, ва ҷамеъ он калимотро шунида ва мадҳуш гаштед ва он калимот ин буд: «Эй дӯстон! Ризои худро бар ризои Ман ихтиёр макунед, ва он чӣ барои шумо нахоҳам, ҳаргиз махоҳед, ва бо дилҳои мурда, ки ба омол ва орзу олуда шуда, назди Ман маёед». Агар садрро муқаддас кунед, ҳоли он саҳро ва он фазоро ба назар дароред, ва баёни Ман бар ҳамаи шумо маълум шавад.
Дар сатри ҳаштум аз астури қудс, ки дар Лавҳи панҷум аз Фирдавс аст, мефармояд:
ЭЙ МУРДАГОНИ ФИРОШИ ҒАФЛАТ!
Қарнҳо гузашт ва умри гаронмояро ба интиҳо расондаед ва нафаси поке аз шумо ба соҳати қудси Мо наёмад. Дар абҳури ширк мустағриқед, ва калимаи тавҳид бар забон меронед. Мабғузи Маро маҳбуби худ донистаед, ва душмани Маро дӯсти худ гирифтаед, ва дар арзи Ман ба камоли хуррамӣ ва сурур машй менамоед, ва ғофил аз он, ки замини Ман аз ту безор аст ва ашёи арз аз ту дар гурез. Агар филҷумла басар бигшоӣ, сад ҳазор ҳузнро аз ин сурур хуштар донӣ, ва фаноро аз ин ҳаёт некӯтар шуморӣ.
ЭЙ ХОКИ МУТАҲАРРИК!
Ман ба ту маънусам ва ту аз Ман маъюс, сайфи исён шаҷараи умеди туро бурида ва Ман дар ҷамиъи ҳол ба ту наздикам ва ту дар ҷамеъи аҳвол аз Ман дур, ва Ман иззати безавол барои ту ихтиёр намудам ва ту зиллати бемунтаҳо барои худ писандидӣ, охир то вақт боқӣ монда, руҷӯъ кун ва фурсатро магузор.
ЭЙ ПИСАРИ ҲАВО!
Аҳли дониш ва биниш солҳо кӯшиданд, ва ба висоли Зилҷалол фоиз нагаштанд ва умрҳо давиданд ва ба Лиқои Зилҷамол нарасиданд, ва ту нодавида ба манзил расидаӣ, ва ноталабида ба матлаб восил шудӣ, ва баъд аз ҷамеъи ин мақом, ва рутба, ба ҳиҷоби нафси худ чунон муҳтаҷиб мондӣ, ки чашмат ба ҷамоли Дӯст наафтод, ва дастат ба домани Ёр нарасид.
Фатаъаҷҷабу мин золика ё улал абсор.
ЭЙ АҲЛИ ДИЁРИ ИШҚ!
Шамъи боқиро арёҳи фонӣ иҳота намуда ва ҷамоли ғуломи руҳонӣ дар ғубори тираи зулмонӣ мастур монда. Султони салотини ишқ дар дасти раъоёи зулм мазлум, ва ҳамомаи қудсӣ дар дасти ҷуғдон гирифтор, ҷамеъи аҳли суродиқи абҳо ва малаъи аъло навҳа ва нудба менамоянд, ва шумо дар камоли роҳат дар арзи ғафлат иқомат намудаед ва худро ҳам аз дӯстони холис маҳсуб доштаед.
Фаботилун мо антум тазуннун!
ЭЙ ҶУҲАЛОИ МАЪРУФ БА ИЛМ!
Чаро дар зоҳир даъвои шубонӣ кунед ва дар ботин зиъби ағноми Ман шудаед? Масали шумо мисли ситораи қабл аз субҳ аст, ки дар зоҳир дуррӣ ва равшан аст, дар ботин сабаби излол ба ҳалокати корвонҳои мадина ва диёри Ман аст.
ЭЙ БА ЗОҲИР ОРОСТА ВА БА БОТИН КОСТА!
Масали шумо мисли оби талхи софе аст, ки камоли латофат ва сафо аз он дар зоҳир мушоҳида шавад, чун ба дасти саррофи зоиқаи Аҳадия афтад, қатрае аз онро қабул нафармояд. Бале, таҷаллии офтоб дар туроб ва миръот ҳар ду мавҷуд, валекин аз фарқадон то арз фарқ дон, балки фарқи бемунтаҳо дар миён!
ЭЙ ДӮСТИ ЛИСОНИИ МАН!
Қадре тааммул ихтиёр кун. Ҳаргиз шунидаӣ, ки ёр ва ағёр дар қалбе биғунҷад? Пас ағёрро бирон, то ҷонон ба манзили Худ дарояд.
ЭЙ ПИСАРИ ХОК!
Ҷамеъи он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, барои ту муқаррар доштам, магар қулубро, ки маҳалли нузули таҷаллии ҷамол ва иҷлоли Худ муайян фармудам ва ту манзил ва маҳалли Маро ба ғайри Ман гузоштӣ. Чунончӣ, дар ҳар замон, ки зуҳури қудси Ман оҳанги макони Худ намуд, ғайри Худро ёфт, ағёр дид, ва ломакон ба ҳарами Ҷонон шитофт, ва маазолик ситр намудам, ва сир накушодам, ва зиллати туро написандидам.
ЭЙ ҶАВҲАРИ ҲАВО!
Басо саҳаргоҳон, ки аз машриқи ломакон ба макони ту омадам, ва туро дар бистари роҳат ба ғайри Худ машғул ёфтам ва чун барқи руҳонӣ ба ғамоми иззи султонӣ руҷӯъ намудам ва дар макомини қурби Худ назди ҷунуди қудс изҳор надоштам.
ЭЙ ПИСАРИ ҶУД!
Дар бодияҳои адам будӣ ва туро ба мадади туроби амр дар олами мулк зоҳир намудам, ва ҷамиъи зарроти мумкинот ва ҳақоиқи коинотро бар тарбияти ту гумоштам.Чунончи қабл аз хуруҷ аз батни умм, ду чашмаи шири мунир барои ту муқаррар доштам, ва чашмҳо барои ҳифзи ту гумоштам, ва ҳубби туро дар қулуб илқо намудам, ва ба сирфи ҷуд туро дар зилли раҳматам парваридам, ва аз ҷавҳари фазл ва раҳмат туро ҳифз фармудам. Ва мақсуд аз ҷамеъи ин маротиб он буд, ки ба ҷабарути боқии Мо дароӣ, ва қобили бахшишҳои ғайбии Мо шавӣ, ва ту ғофил чун ба самар омадӣ аз тамомии наъимам ғафлат намудӣ, ва ба гумони ботили худ пардохтӣ, ба қисме, ки билмарра фаромӯш намудӣ, ва аз боби Дӯст ба айвони душман мақарр ёфтӣ, ва маскан намудӣ.
ЭЙ БАНДАИ ДУНЁ!
Дар саҳаргоҳон насими инояти Ман бар ту мурур намуд, ва туро дар фироши ғафлат хуфта ёфт. Ва бар ҳоли ту гирист, ва бозгашт.
ЭЙ ПИСАРИ АРЗ!
Гар Маро хоҳӣ, ҷуз Маро махоҳ, ва агар иродаи ҷамолам дорӣ, чашм аз оламиён бардор, зеро, ки иродаи Ман ва ғайри Ман чун об ва оташ дар як тан ва қалб нағунҷад.
ЭЙ БЕГОНАИ БО ЯГОНА!
Шамъи дилат барафрӯхтаи дасти қудрати Ман аст, онро ба бодҳои мухолифи нафс ва ҳаво хомӯш макун, ва табиби ҷамеъи иллатҳои ту зикри Ман аст, фаромӯшаш манамо. Ҳубби Маро сармояи худ кун, ва чун басар ва ҷон азизаш дор.
ЭЙ БАРОДАРИ МАН!
Аз лисони шаккаринам калимоти нозанинам шунав, ва аз лаби намакинам салсабили қудси маънавӣ биёшом. Яъне, тухмҳои ҳикмати ладунниямро дар арзи тоҳири қалб бияфшон, ва ба оби яқин обаш деҳ, то сунбулоти илм ва ҳикмати Ман сарсабз аз баладаи тайиба инбот намояд.
ЭЙ АҲЛИ РИЗВОНИ МАН!
Ниҳоли муҳаббат ва дӯстии шуморо дар равзаи қудси ризвон ба яди мулотифат ғарс намудам, ва ба найсони марҳамат обаш додам, ҳол наздик ба самар расида.Ҷаҳде намоед, то маҳфуз монад, ва ба нори омол ва шаҳват насӯзад.
ЭЙ ДӮСТОНИ МАН!
Сироҷи залолатро хомӯш кунед ва машоили боқияи ҳидоят дар қалб ва дил барафрӯзед, ки анқариб саррофони вуҷуд дар пешгоҳи ҳузури Маъбуд ҷуз тақвои холис напазиранд ва ғайр аз амали пок қабул нанамоянд.
ЭЙ ПИСАРИ ТУРОБ!
Ҳукамои ибод ононанд, ки то самъ наёбанд, лаб накушоянд, чунончи соқӣ то талаб набинад, соғар набахшад, ва ошиқ то ба ҷамоли маъшуқ фоиз нашавад, аз ҷон нахурӯшад. Пас бояд ҳаббаҳои ҳикмат ва илмро дар арзи тайибаи қалб мабзул доред ва мастур намоед, то сунбулоти ҳикмати Илоҳӣ аз дил барояд, на аз гил.
Дар сатри аввали Лавҳ мазкур ва сатр шуда аст, ва дар суродиқи Ҳифзуллоҳ мастур.
ЭЙ БАНДАИ МАН!
Мулки безаволро ба инзоле аз даст манеҳ, ва шоҳаншаҳии фирдавсро ба шаҳвате аз даст мадеҳ. Ин аст кавсари ҳаявон, ки аз маъини қалами раҳмон ҷорӣ гашта; тубо лил шорибин!
ЭЙ ПИСАРИ РУҲ!
Қафас бишкан ва чун ҳумои ишқ ба ҳавои қудс парвоз кун, ва аз нафс бигзар, ва ба анфуси раҳмонӣ дар фазои қудси раббонӣ биёром.
ЭЙ ПИСАРИ РАМОД!
Ба роҳати явмӣ қонеъ машав, ва аз роҳати безаволи боқия магузар, ва гулшани боқии айши ҷовидонро бо гулхани фонии туробӣ табдил манамо, аз зиндон ба саҳроҳои хуши ҷон уруҷ кун, ва аз қафаси имкон ба ризвони дилкаши Ломакон бихиром.
ЭЙ БАНДАИ МАН!
Аз банди мулк худро раҳоӣ бахш, ва аз ҳабси нафс худро озод кун, вақтро ғанимат шумор, зеро, ки ин вақтро дигар набинӣ ва ин замонро ҳаргиз наёбӣ.
ЭЙ ФАРЗАНДИ КАНИЗИ МАН!
Агар салтанати боқӣ бинӣ, албатта ба камоли ҷидд аз мулки фонӣ даргузарӣ. Валекин сатри онро ҳикматҳо аст, ва ҷилваи инро рамзҳо, ҷуз афъидаи пок идрок нанамояд.
ЭЙ БАНДАИ МАН!
Дилро аз ғилл пок кун, ва бе ҳасад ба бисоти қудси аҳад бихиром.
ЭЙ ДӮСТОНИ МАН!
Дар сабили ризои Дӯст машй намоед, ва ризои Ӯ дар халқи Ӯ буда ва хоҳад буд. Яъне дӯст бе ризои дӯсти худ дар байти ӯ ворид нашавад, ва дар амволи ӯ тасарруф нанамояд, ва ризои худро ба ризои ӯ тарҷеҳ надиҳад ва худро дар ҳеҷ амре муқаддам нашуморад. Фа тафаккару фӣ золика ё ул — ал — афкор!
ЭЙ РАФИҚИ АРШӢ!
Бад машнав ва бад мабин, ва худро залил макун, ва авил бармаёр. Яъне бад магӯ, то нашнавӣ ва айби мардумро бузург мадон, то айби ту бузург нанамояд ва зиллати нафсе маписанд, то зиллати ту чеҳра накушояд. Пас бо дили пок, ва қалби тоҳир, ва садри муқаддас, ва хотири муназзаҳ дар айёми умри худ, ки ақалл аз оне маҳсуб аст, фориғ бош, то ба фароғат аз ин ҷасади фонӣ ба фирдавси маонӣ роҷеъ шавӣ ва дар малакути боқӣ мақарр ёбӣ.
ВОЙ, ВОЙ, ЭЙ ОШИҚОНИ ҲАВОИ НАФСОНӢ!
Аз Маъшуқи руҳонӣ чун барқ гузаштаед, ва ба хаёли шайтонӣ дил маҳкам бастаед. Соҷиди хаёлед ва исми онро Ҳақ гузоштаед. Ва нозири хоред, ва номи онро гул гузордаед. На нафаси фориғе аз шумо баромад, ва на насими инқитоъе аз риёзи қулубатон вазид. Насоеҳи мушфиқонаи Маҳбубро ба бод додаед, ва аз сафҳаи дил маҳв намудаед, ва чун баҳойим дар сабзазори шаҳват ва омол таайюш менамоед.
ЭЙ БАРОДАРОНИ ТАРИҚ!
Чаро аз зикри Нигор ғофил гаштаед, ва аз қурби ҳазрати Ёр дур мондаед? Сирфи ҷамол дар суродиқи бемисол бар арши ҷалол муставӣ, ва шумо ба ҳавои худ ба ҷидол машғул гаштаед. Равоеҳи қудс мевазад ва насоими ҷуд дар ҳубуб, ва кулл ба зуком мубтало шудаед, ва аз ҷамеъ маҳрум мондаед. Зиҳӣ! Ҳасрат бар шумо ва алал лазина ҳум ямшуна ало аъқобикум, ва ало асари ақдомикум ҳум ямуррун.
ЭЙ ПИСАРОНИ ОМОЛ!
Ҷомаи ғурурро аз тан бароред ва савби такаббур аз бадан бияндозед.
Дар сатри сеюм аз астури қудс, ки дар Лавҳи Ёқутӣ аз қалами хафӣ сабт шуда, ин аст:
ЭЙ БАРОДАРОН!
Бо якдигар мудоро намоед ва аз дунё дил бардоред. Ба иззат ифтихор манамоед ва аз зиллат нанг мадоред. Қасам ба ҷамолам, ки куллро аз туроб халқ намудам, ва албатта ба хок роҷеъ фармоям.
ЭЙ ПИСАРОНИ ТУРОБ!
Ағниёро аз нолаи саҳаргоҳии фуқаро ихбор кунед, ки мабодо аз ғафлат ба ҳалокат уфтанд, ва аз Сидраи Давлат бенасиб монанд.
Алкарам в—ал—ҷуд мин хисоли; фаҳаниъан лиман тазайяна би—хисоли.
ЭЙ СОҶИДИ ҲАВО!
Ҳирсро бояд гузошт ва ба қаноат қонеъ шуд, зеро, ки лозол ҳарис маҳрум буда ва қонеъ маҳбуб ва мақбул.
ЭЙ ПИСАРИ КАНИЗИ МАН!
Дар фақр изтироб нашояд ва дар ғано итминон набояд. Ҳар фақреро ғано дар пай ва ҳар ғаноро фано аз ақиб, валекин фақр аз Мосиваллоҳ неъмате аст бузург, ҳақир машуморед, зеро ки дар ғояти он ғанои Биллоҳ рух бикшояд, ва дар ин мақом “Антум—ал— фуқаро” мастур, ва калимаи муборакаи “Валлоҳу ҳувалғанӣ” чун субҳи содиқ аз уфуқи қалби ошиқ зоҳир ва боҳир, ва ҳувайдо, ва ошкор шавад, ва бар арши ғано мутамаккин гардад, ва мақарр ёбад.
ЭЙ ПИСАРОНИ ҒАФЛАТ ВА ҲАВО!
Душмани Маро дар хонаи Ман роҳ додаед ва дӯсти Маро аз худ рондаед, чунончи ҳубби ғайри Маро дар дил манзил додаед. Бишнавед баёни Дӯстро ва ба ризвонаш иқбол намоед. Дӯстони зоҳир назар ба маслиҳати худ якдигарро дӯст дошта ва доранд, валекин Дӯсти маънавӣ шуморо лиаҷли шумо дӯст дошта ва дорад, балки махсуси ҳидояти шумо балоёи лотуҳсо қабул фармуда. Ба чунин Дӯст ҷафо макунед ва ба Кӯяш бишитобед. Ин аст шамси калимаи сидқ ва вафо, ки аз уфуқи асбаъи Молики асмоъ ишроқ фармуда. Ифтаҳу озонакум ли исғоъи Калиматиллоҳ — ал Муҳаймин — ул Қайюм.
ЭЙ МАҒРУРОН БА АМВОЛИ ФОНИЯ!
Бидонед, ки ғано саддест маҳкам миёни толиб ва матлуб ва ошиқ ва маъшуқ. Ҳаргиз ғанӣ бар мақарри қурб ворид нашавад, ва ба мадинаи ризо ва таслим дарнаёяд, магар қалиле. Пас, некӯ аст, ҳоли он ғанӣ, ки ғано аз малакути ҷовидонӣ манъаш нанамояд ва аз давлати абадӣ маҳрумаш нагардонад. Қасам ба Исми Аъзам, ки нури он ғанӣ аҳли осмонро равшанӣ бахшад, чунончи шамс аҳли заминро.
ЭЙ АҒНИЁИ АРЗ!
Фуқаро амонати Мананд дар миёни шумо. Пас амонати Маро дуруст ҳифз намоед, ва ба роҳати нафси худ тамом напардозед.
ЭЙ ФАРЗАНДИ ҲАВО!
Аз олоиши ғано пок шав, ва бо камоли осоиш дар афлоки фақр қадам гузор, то хамри бақо аз айни фано биёшомӣ.
ЭЙ ПИСАРИ МАН!
Суҳбати ашрор ғам биафзояд ва мусоҳибати аброр занги дил бизудояд. Ман арода ан яънаса маъ Аллоҳе фал яънaс маъа аҳиббоиҳи ва ман арода ан ясмаъа калом Аллоҳе фал ясмаъа калимоти асфиёиҳи.
ЗИНҲОР ЭЙ ПИСАРИ ХОК!
Бо ашрор улфат магир ва муонасат маҷӯ, ки муҷолисати ашрор нури ҷонро ба нори ҳусбон табдил намояд.
ЭЙ ПИСАРИ КАНИЗИ МАН!
Агар файзи руҳулқудс талабӣ, бо аҳрор мусоҳиб шав, зеро ки аброр ҷоми боқӣ аз кафи Соқии хулд нӯшидаанд, ва қалби мурдагонро чун субҳи содиқ зинда, ва мунир, ва равшан намоянд.
ЭЙ ҒОФИЛОН!
Гумон мабаред, ки асрори қулуб мастур аст, балки ба яқин бидонед, ки ба хати ҷалӣ мастур гашта, ва дар пешгоҳи Ҳузур машҳуд.
ЭЙ ДӮСТОН!
Ба ростӣ мегӯям, ки ҷамъи он чӣ дар қулуб мастур намудаед, назди Мо чун рӯз возеҳ ва зоҳир ва ҳувайдо аст, валекин ситри онро сабаби ҷуд, ва фазли Мо аст, на истиҳқоқи шумо.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОН!
Шабнаме аз жарфи дарёи раҳмати Худ бар оламиён мабзул доштам, ва аҳадеро муқбил наёфтам, зеро ки кулл аз хамри боқии латифи тавҳид ба моъи касифи набид иқбол намудаанд, ва аз каъси раммоли Боқӣ ба ҷоми фонӣ қонеъ шудаанд. Фабиъса мо ҳум биҳи яқнаъун.
ЭЙ ПИСАРИ ХОК!
Аз хамри бемисоли Маҳбуби лоязол чашм мапӯш, ва ба хамри кудраи фония чашм макушо. Аз дасти Соқии аҳадия куъуси боқия баргир, то ҳама ҳуш шавӣ ва аз суруши ғайби маънавӣ шунавӣ. Бигӯ: эй пастфитратон! Аз шароби боқии қудсам чаро ба оби фонӣ руҷӯъ намудаед?
БИГӮ, ЭЙ АҲЛИ АРЗ!
Ба ростӣ бидонед, ки балои ногаҳонӣ шуморо дар пай аст, ва иқоби азиме аз ақаб. Гумон мабаред, ки он чиро муртакиб шудаед, аз назар маҳв шуда. Қасам ба ҷамолам, ки дар алвоҳи забарҷадӣ аз қалами ҷалии Ман ҷамеъи аъмоли шумо сабт гашта.
ЭЙ ЗОЛИМОНИ АРЗ!
Аз зулм дасти худро кӯтоҳ намоед, ки қасам ёд намудаам аз зулми аҳаде нагзарам, ва ин аҳдест, ки дар Лавҳи маҳфуз маҳтум доштам, ва бо хотами изз махтум.
ЭЙ ОСИЁН!
Бурдбории Ман шуморо ҷарӣ намуд, ва сабри Ман шуморо ба ғафлат овард, ки дар сабилҳои муҳлики хатарнок бар марокиби нори нафс бебок меронед, гӯё Маро ғофил шумурдаед, ва ё бехабар ангоштаед.
ЭЙ МУҲОҶИРОН!
Лисон махсуси зикри Ман аст, ба ғайбат маёлоед, ва агар нафси норӣ ғалаба намояд, ба зикри уюби худ машғул шавед, на ба ғайбати халқи Ман, зеро ки ҳар кадом аз шумо ба нафси худ абсар ва аърафед аз нуфуси ибоди Ман.
ЭЙ ПИСАРОНИ ВАҲМ!
Бидонед, чун субҳи нуронӣ аз уфуқи қудси самадонӣ бардамад, албатта асрор ва аъмоли шайтонӣ, ки дар лайли зулмонӣ маъмул шуда, зоҳир шавад ва бар оламиён ҳувайдо гардад.
ЭЙ ГИЁҲИ ХОК!
Чӣ гуна аст, ки бо дасти олуда ба шакар мубоширати ҷомаи худ нанамоӣ, ва бо дили олуда ба касофати шаҳват ва ҳаво муоширатамро ҷӯӣ, ва ба мамолики қудсам роҳ хоҳӣ? Ҳайҳот, ҳайҳот, аммо антум туридун.
ЭЙ ПИСАРОНИ ОДАМ!
Калимаи тайиба ва аъмоли тоҳираи муқаддаса ба самои иззи аҳадия суъуд намояд. Ҷаҳд кунед, то аъмол аз ғубори риё ва кудурати нафс ва ҳаво пок шавад, ва ба соҳати иззи қабул дарояд, чӣ ки анқариб саррофони вуҷуд дар пешгоҳи ҳузури Маъбуд ҷуз тақвои холис напазиранд, ва ғайр аз амали пок қабул нанамоянд. Ин аст офтоби ҳикмат ва маъонӣ, ки аз уфуқи фами машияти раббонӣ ишроқ фармуд. Тубо лил муқбилин.
ЭЙ ПИСАРИ АЙШ!
Хуш соҳате аст соҳати ҳастӣ, агар андароӣ, ва некӯ бисоте аст бисоти боқӣ, агар аз Мулки фонӣ бартар хиромӣ ва малеҳ аст нишоти мастӣ, агар соғари маъонӣ аз яди Ғуломи илоҳӣ биёшомӣ. Агар ба ин маротиб фоиз шавӣ, аз нестӣ ва фано, ва меҳнат, ва хато фориғ гардӣ.
ЭЙ ДӮСТОНИ МАН!
Ёд оваред он аҳдеро, ки дар Ҷабали Форон, ки дар буқъаи муборакаи Замон воқеъ шуда, бо Ман намудаед. Ва малаъи аъло ва асҳоби мадяни бақоро бар он аҳд гувоҳ гирифтам, ва ҳол аҳадеро бар он Аҳд қоим намебинам. Албатта ғурур ва нофармонӣ онро аз қулуб маҳв намуда, ба қисме, ки асаре аз он боқӣ намонда, ва Ман дониста, сабр намудам, ва изҳор надоштам.
ЭЙ БАНДАИ МАН!
Масали ту мисли сайфи пурҷавҳаре аст, ки дар ғилофи тира пинҳон бошад, ва ба ин сабаб қадри он бар ҷавҳариён мастур монад. Пас, аз ғилофи нафс ва ҳаво берун ой, то ҷавҳари ту бар оламиён ҳувайдо ва равшан ояд.
ЭЙ ДӮСТИ МАН!
Ту шамси самои қудси Манӣ, худро бо касофати дунё маёлой. Ҳиҷоби ғафлатро харқ кун, то бе парда ва ҳиҷоб аз халфи саҳоб бадар ойӣ ва ҷамеъи мавҷудотро ба хилъати ҳастӣ биёроӣ.
ЭЙ АБНОИ ҒУРУР!
Ба салтанати фонияи айёмӣ аз ҷабарути боқии Ман гузашта, ва худро ба асбоби зард ва сурх меороед ва бадин сабаб ифтихор менамоед. Қасам ба ҷамолам, ки ҷамеъро дар хаймаи якранги туроб дароварам, ва ҳамаи ин рангҳои мухталифаро аз миён бардорам, магар касоне, ки ба ранги Ман дароянд, ва он тақдис аз ҳамаи рангҳо аст.
ЭЙ АБНОИ ҒАФЛАТ!
Ба подшоҳии фонӣ дил мабандед ва масрур машавед. Масали шумо мисли тайри ғофиле аст, ки бар шохаи боғе дар камоли итминон бисарояд ва бағтатан сайёди Аҷал ӯро ба хок андозад, дигар аз нағма ва ҳайкал ва ранги ӯ асаре боқӣ намонад. Пас панд гиред, эй бандагони ҳаво!
ЭЙ ФАРЗАНДИ КАНИЗИ МАН!
Лозол ҳидоят ба ақвол буда ва ин замон ба афъол гашта. Яъне бояд ҷамеъи афъоли қудсӣ аз ҳайкали инсонӣ зоҳир шавад, чӣ ки дар ақвол кулл шариканд, валекин афъоли пок ва муқаддас махсуси дӯстони Мо аст. Пас ба ҷон саъй намоед, то ба афъол аз ҷамеъи нос мумтоз шавед. Казолика насаҳнокум фӣ лавҳи қудсин мунир.
ЭЙ ПИСАРИ ИНСОФ!
Дар лайл ҷамоли Ҳайкали бақо аз ақабаи зумуррадии вафо ба Сидраи Мунтаҳо руҷӯъ намуд ва гирист, гиристане, ки ҷамеъи малаъи олийин ва каррубин аз нолаи Ӯ гиристанд. Ва баъд, аз сабаби навҳа ва нудба истифсор шуд. Мазкур дошт, ки: Ҳасбуламр дар ақабаи вафо мунтазир мондам, ва роиҳаи вафо аз аҳли арз наёфтам, ва баъд оҳанги руҷӯъ намудам. Малҳуз афтод, ки ҳамомоти қудсӣ чанд, дар дасти килоби арз мубтало шудаанд. Дар ин вақт Ҳурияи илоҳӣ аз қасри руҳонӣ бе ситр ва ҳиҷоб давид. Ва суол аз асомии эшон намуд ва ҷамеъ мазкур шуд, илло исме аз асмо. Ва чун исрор рафт, ҳарфи аввали исм аз лисон ҷорӣ шуд, аҳли ғурафот аз макомини иззи худ берун давиданд. Ва чун ба ҳарфи дуввум расид, ҷамеъ бар туроб рехтанд. Дар он вақт нидо аз макмани қурб расид: «Зиёда бар ин ҷоиз на». Инно кунно шуҳадоун ало мо фаъалу ва ҳинаизин кону яфъалун.
ЭЙ ФАРЗАНДИ КАНИЗИ МАН!
Аз лисони раҳмон салсабили маъонӣ бинӯш, ва аз машриқи баёни субҳон ишроқи анвори шамси тибён мин ғайри ситр ва китмон мушоҳида намо. Тухмҳои ҳикмати ладунниямро дар арзи тоҳири қалб бияфшон, ва ба оби яқин обаш деҳ, то сунбулоти илм ва ҳикмати Ман сарсабз аз бала¬даи тайиба инбот намояд.
ЭЙ ПИСАРИ ҲАВО!
То кай дар ҳавои нафсонӣ таярон намоӣ? Пар иноят фармудам, то дар ҳавои қудси маъонӣ парвоз кунӣ, на дар фазои ваҳми шайтонӣ. Шона марҳамат фармудам, то гесӯи мушкинам шона намоӣ, на гулӯям бихарошӣ.
ЭЙ БАНДАГОНИ МАН!
Шумо ашҷори ризвони Манед, бояд ба асмори бадиъаи маниъа зоҳир шавед, то худ ва дигарон аз шумо мунтафеъ шаванд, лизо бар кулл лозим, ки ба саноеъ ва иқтисоб машғул гарданд. Ин аст асбоби ғано, ё ул алал боб ва инна — ал — умура муъаллакатун биасбобиҳо ва фазлуллоҳи юғникум биҳо. Ва ашҷори бесамар лоиқи нор буда ва хоҳад буд.
ЭЙ БАНДАИ МАН!
Пасттарини нос нуфусе ҳастанд, ки бесамар дар арз зоҳиранд, ва филҳақиқа аз амвот маҳсубанд, балки амвот аз он нуфуси муъатталаи муҳмала арҷаҳ индаллоҳӣ мазкур.
ЭЙ БАНДАИ МАН!
Беҳтарини нос ононанд, ки ба иқтироф таҳсил кунанд ва сарфи худ ва завилқурбо намоянд. Ҳуббан лиллоҳи Раббил оламин.
Арӯси маъонии бадиъа, ки варои пардаҳои баён мастур ва пинҳон буд, ба инояти Илоҳӣ ва алтофи Раббонӣ чун шуъои мунири ҷамоли Дӯст зоҳир ва ҳувайдо шуд. Шаҳодат медиҳам. эй дӯстон, ки неъмат тамом, ва ҳуҷҷат комил, ва бурҳон зоҳир, ва далел собит омад. Дигар то ҳиммати шумо аз маротиби инқитоъ чӣ зоҳир намояд. Казолика таммат анниъмату алайкум ва ало ман фис — самовоти вал —арзин вал ҳамду Лиллоҳи Раббил Оламин.