The Universal House of Justice
Ridván 2025
To the Bahá’ís of the World
Dearly loved Friends,
Дар ҳоле ки танҳо як сол ба поёни марҳилаи нахустини Нақшаи Нуҳсола боқӣ мондааст, муштоқем пешрафти онро гузориш диҳем: бо мадади ҷаҳдҳои дурахшон ва баланди шумо, бинише ки Амри муборак пешниҳод мекунад, қалбҳои одамонро саршор аз умед месозад.
Фароянди рушд ҳамчунон ба пеш меравад. Комёбиҳои пирӯзиҳои муҳим ва чашмгире дар минтақаҳои гуногун, ки қаблан шоҳиди пешрафти шоистаи назаррас набудаанд, ҳосил шуда, базри Амри Илоҳӣ ҷавонаҳои тоза бароварда ва қобилияти ҳамкорӣ бо одамони бисёр дар ҳоли пайдошавӣ аст. Ин пешрафтҳо дар бештари мавридҳо тавассути муҳоҷирини муъмин ва фидокоре мумкин гаштааст, ки бо қалби фурузон аз ишқи Ҳазрати Парвардигор бо шӯр ва иштиёқ бо абъоди қобили таҳсин қиём намуда ба нуқтаҳое дар дохил ё хориҷ аз мамлакатҳои хеш шитофтаанд. Дар маҳдудаҳои ҷуғрофиявие, ки барномаҳои рушд оғоз шудааст бо эҷодкорӣ ва навоварӣ, таваҷҷуҳи тоза ба роҳбурдҳо ва хаттҳои амали мушаххас ва шинохташудае равона гаштааст, ки дустонро ба гузариш аз дувумин ва севвумин намоди рушд қодир месозад. Дар маҳдудаҳое, ки аз мустаҳкамии исботшуда бархурдоранд, пазириши намунаи пуё ва тақлибкунандаи ҳаёти баҳоӣ аз ҷониби теъдоди афзояндаи нуфуси ҷалбшуда, зуҳуроти неруи иҷтимоъсози Амри муборакро ошкортар менамояд.
Дар ҳамин ҳол, муносибат дар иҷтимоъи сатҳи мардумӣ пешрафтҳои чашмгире намудааст. Теъдоди ташаббусҳои ҷомеа дар заминаи иқдоми иҷтимоӣ, ки бар таълим ва тарбия мутамарказ аст бо бештарин суръат афзоиш ёфтаанд, аммо соири ташаббусҳо низ дар заминаҳое монанди кишоварзӣ, беҳдошт, муҳити зист, тавондиҳии занон, ва ҳунар низ пешрафт кардааст. Равшантарини ин қабил пешрафтҳо албатта дар қавитарин маҳдудаҳои ҷуғрофиявӣ мавҷуд аст, маҳдудаҳое, ки сокинони он дар рустоҳо ё маҳаллаҳо дар тӯли як хиёбон ва ё ҳатто дар як сохтмони пурҷамъият, пешрафт ва баландбардоштани зиндагии аз ба кор бурдани усули Амри муборак ҳосил шударо дар мақоми воқеияти дастрас мушоҳида менамоянд. Дар бархе манотиқ, раҳбарони маданӣ ва афроде, ки масъулияти таълим ва тарбияти кӯдакон ё густариши иҷтимоъиро дар сатҳи маҳаллӣ бар ӯҳда доранд, на танҳо барои дастрасӣ ба дидгоҳҳо ва чашмандозҳо ба баҳоиён рӯ меоваранд балки барои ёфтани роҳи ҳаллҳои амалӣ дар паи ҳамкорианд. Бар илова мояи хушнудии ин муштоқон аст, ки руйкарди баҳоӣ нисбат ба бархе аз гуфтумонҳои муҳимми иҷтимоӣ дар сатҳҳои миллӣ ва байнулмиллалӣ мавриди таваҷҷуҳ ва таҳсини афзояндае қарор гирифтааст.
Нақшаи Нуҳсола бар як фароянди ёдгирии густурда ва ҷаҳонӣ устувор аст, ки аз баландиҳои кишвари Боливия гирифта то атрофи шаҳри Сидней, ба як андоза муассир ва самарабахш аст. Ин фароянди ёдгириест, ки сарчашмаи пайдоиши стратегияҳо ва иқдомоте шудааст, ки бо ҳар муҳите созгор аст, фароянде аст систематикӣ, органикӣ ва дарбаргирандаи ҳамагон. Ин фароянд робитаеро ба вуҷуд меорад, ки ба равобити пуё ва самарабахш дар байни хонаводаҳо, дар байни ҳамсоягон, дар байни ҷавонон, ва дар байни ҷамъи касоне, ки омодаанд то иҷрокунандагони фаъол дар ин кӯшиши шукӯҳманд бошанд, меанҷомад. Ин фароянд ҷомеаҳоеро ба вуҷуд меоварад, ки саршор аз имконот ва қуввои нуҳуфта аст. Ин фароянд амалишавии ормонҳои волои муштарак байни мардумонеро имконпазир месозад, ки бар далели ҷуғрофия, забон, фарҳанг ва ё таҳти таъсири илҳомҳои мухталиф то кунун аз ҳам ҷудо монда будаанд, аммо акнун даъвати ҳамагонии Ҳазрати Баҳоуллоҳро шунида панд ва андарзи он Ҳазратро пазируфтаанд, ки мефармоянд: "Бояд ба пешбурди умури якдигар бо камоли саъй таваҷҷуҳ намоянд" ва албатта ин фароянд такяи комил ба қувваи ҷонбахши Калиматуллоҳ дорад, ки "бузургтарин қуввои ваҳдат" ва "маҳаки нуфус ва ... ба тартиб оваранда ва пайванддиҳанда дар олами инсонӣ" аст ва илҳомбахши амали пойдор.
Дар осмони торик ва тӯфонии олам, чи нури равшане аз кӯшишҳои холисонаи шумо медурахшад. Дар муқобили хурӯши тундбоде, ки ҷаҳонро иҳота намудааст, саъйҳои шумо дар кишварҳо, иқлимҳо, ва маҳдудаҳои ҷуғрофиявии мухталиф ба монанди паноҳгоҳ ва сарпаноҳ барои навъи башар аст. Вале ончи бояд анҷом шавад бисёр густурда аст. Ҳар ҷомеаи миллӣ барои пешрафте, ки мебояд дар ин марҳилаи аввали Нақшаи Нуҳсола ҳосил шавад интизороти хоссаи худро таъриф намудааст. Замон дар гузар аст. Ҳар пешрафти ҳосила дар ин моҳҳои зудгузар то Ризвони соли оянда, ҷомеаи Исми Аъзамро барои анҷоми вазоифи худ дар марҳилаи дуввуми Нақша муҷаҳҳазтар хоҳад сохт. Умед он аст, ки тавфиқ насиби шумо гардад. Барои ноил шудан ба ин тавфиқ, даргоҳи Қодири Мутаолро бо камоли зорӣ илтиҷо менамоем. Барои ноил шудан ба ин тавфиқот, тайидоти беисташро фурӯтанона металабем. Барои ноил шудан ба ин тавфиқот, фиристода шудани малоикаи муқаррабинашро ба ёрии фард фарди он азизон муштоқона орзу менамоем.
- The Universal House of Justice