Ӯст Дурахшанда ва Тобон! Эй Худованд! Ин бандаи мустамандро дар даргоҳи Худовандият арҷманд намо ва ин уфтодаи бечораро баланд ва донишманд фармо. Дилашро дарё кун ва ҷонашро ҳамдами ҷаҳони боло, ҳамрози Суруш ва ҳамовози мурғи пурхурӯш, то чун паррандагони гулшани осмонӣ бинолад ва осоиш ёбад.
- `Abdu'l-Bahá
Ҳуваллоҳ! Эй мутазаккир ба зикри Илоҳӣ, ҳеҷ субҳе надамад, магар он ки бо забони пурниёз ба даргоҳи Худованди Беанбоз тазарруъ ва табаттул мешавад, ва ҳеҷ шоме наёяд, магар он ки дар ниҳояти риққат ба остони аҳадият ибтиҳол ва иҷтироҳ мегардад, ки Эй Худованди бемонанд, муқаддас аз бегона ва хеш ва пайванд, дардмандони Туем, дармоне иноят фармо. Мустамандони Туем, сар ва сомоне марҳамат кун, мадҳуши ҷоми аластем, ҷӯше бидеҳ ва боданӯши базми муҳаббатем хурӯше эҳсон кун. Гӯшҳо мунтазир, нидои Суруш бирасон, ҳушҳо мутарассид, илҳом бифармо, ин бандагонро бинавоз ва ин уфтодагонро бардор. Гунаҳкорем, биёмурз, афсурдагонем барафрӯз, пажмурдагонем ба нори муҳаббатат бисӯз. Туӣ Муътӣ, ва Тавоно, ва Ошно.
- `Abdu'l-Bahá
Ҳуваллоҳ! Эй варақаи тайиба, дасти тазарруъ ба даргоҳи Аҳадият дароз кун ва оғози аҷз ва ниёз кун, ки Эй Бениёз, ин канизи ночизро дар остони муборакат қабул фармо ва ин бол ва пар шикастаро дар ҳавои қудси иноятат парвоз деҳ. Ин фақираро ба канзи ғано далолат фармо ва ин залиларо ба даргоҳи иззатат ҳидоят кун.
- `Abdu'l-Bahá
Аллоҳу Абҳо Эй Худои Ягона, ин бандаи Хешро тирози дибоҷи кайнунот фармо ва ин абди худро дар байни Малаъи имкон ба тоҷи убудият сарфароз кун. Ин бенаворо ба сирфи иноят пурнаво кун ва ин бесарусомонро дар паноҳи Хеш сару сомоне бахш. Аз каъси инқитоъ бинӯшон ва аз ҷоми иноят сармаст намо. Бандаи заъиф чӣ тавонад ва пашшаи наҳиф чӣ парвоз намояд, авҷи иззат куҷо, бол ва пари мурғи зиллат куҷо? Эй Парвардигор, Ту таъйид фармо, Ту тавфиқ бахш. Иннака Антал– Карим.
- `Abdu'l-Bahá
Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори ман, Подшаҳи ман, Ҳокими ман ва Малики ман! Ман бо забон, дил ва ҷони худ Туро мехонам ва мегӯям: Ин бандаи Худро ҷомаи ғамхории Худ, пираҳани кӯмаки бебаҳоят, ва ҷавшани ҳифзи Худ дар бар кун. Ба ӯ ёрӣ деҳ, ки Туро ёд кунад, ва фазилатҳои Туро дар байни халқи Ту васф кунад, ва забонашро барои ҳамду санои Ту дар ҳар маҳфили ситоиши ягонагӣ ва муқаддасии Ту гуё кун. Ҳамоно Туӣ Пурқувват, Туӣ Пурқудрат, ва Азиз, ва Поянда.
- `Abdu'l-Bahá
Ҳуваллоҳ! Якто Худованди меҳрабон! Ҳарчанд истеъдод ва қобилият мафқуд аст ва мушкилоти истиқомат дар балоё ғайри маҳсур, вале қобилият ва истеъдод амрест мавҳуби Ту. Худоё, истеъдод бахш ва қобилият деҳ, то ба истиқомати кубро муваффақ оем ва аз ин ҷаҳон ва ҷаҳониён даргузарем ва нори муҳаббатат барафрӯзем ва монанди шамъ бисӯзем, ва бигудозем, ва рӯшанӣ бахшем. Эй Раббул Малакут! Аз ин ҷаҳони авҳом бираҳон ва ба ҷаҳони бепоён бирасон, аз олами носут безор кун ва ба мавоҳиби Малакут комгор фармо. Аз ин нестии ҳастинамо бираҳон, ва ба ҳастии ҳаёти абадия муваффақ фармо. Сурур ва шодмонӣ бахш, ва хушӣ ва комронӣ ато фармо, дилҳоро ороме бахш ва ҷонҳоро роҳате ато кун, то чун ба Малакут сууд намоем, ба Лиқоят фоиз гардем, ва дар Анҷумани боло масрур ва шодмон бошем. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Тавоно.
- `Abdu'l-Bahá
Эй Яздони меҳрубон! Ин нуфус ёрони Туанд, ва ин ҷамъ парешони Ту. Мафтуни анвори Ҷамоланд ва маҷнуни он Зулфи мушкбор. Дилдодаи Туанд ва афтодаи Ту. Бечораи Туанд ва овораи Ту. Аз хеш ва бегона буриданд, ва ба ягонагии Ту пайвастанд, ва Туро парастиданд. Абнои носут буданд, наврасидагони Малакут намудӣ. Гиёҳи саҳрои ҳирмон буданд, ниҳолҳои гулшани ирфон фармудӣ. Хомӯш буданд гӯё кардӣ, махмуд буданд, равшан фармудӣ. Арзи ҳомида буданд, гулшани маонӣ кардӣ, атфоли олами инсонӣ буданд, ба рушд ва булуғи Малакутӣ расондӣ. Эй Меҳрабон! Ононро дар паноҳи Хеш паноҳ ва амон бахш, ва аз имтиҳон ва ифтитон маҳфуз фармо. Мадади ғайбӣ бахш, ва файзи лорайбӣ мабзул дор. Эй Дилбари меҳрубон! Онон ҷисманд ва Ту Ҷонӣ. Ҷисмро тароват ва латофат ба файзи руҳ аст, лиҳозо муҳтоҷи таъйиданд ва муштоқи нафасоти Руҳулқудс. Дар ин Амри ҷадид Туӣ Диҳанда, ва Парваранда, ва Бахшанда, ва Омурзанда, ва Дурахшанда аз Ҷаҳони пинҳон.
- `Abdu'l-Bahá
Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Уқдаҳои мушкил дар кор афтода, ва ақаботи саъба дар роҳ пайдо шуда. Худовандо гиреҳ бикушо, ва қувват ва қудрат бинамо. Мушкил осон кун ва роҳи саъб саҳл намо. Эй Парвардигор! Уқдаи кор маҳкам аст, ва тааб ва машаққат бо ҳазорон саъубот тавъам. Ба ҷуз Ту муъине на, ва ба ғайр аз Ту ёваре нест. Уммед ба Ту дорем ва таваккул бар Ту намоем. Туӣ Роҳнамо ва Туӣ Гиреҳкушо, ва Туӣ Доно, ва Бино ва Шунаво.
- `Abdu'l-Bahá
Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Маро бедор кун, ҳушёр намо. Аз ғайри Худ безор кун, ва ба муҳаббати ҷамолат гирифтор намо. Нафҳаи Руҳулқудс бахш, ва нидои Малакути Абҳо ба гӯш расон. Қуввати рӯ– ҳонӣ ато кун, ва сироҷи раҳмонӣ дар зуҷоҷи қалб барафрӯз. Аз ҳар банде озод кун, ва аз ҳар тааллуқе наҷот деҳ. То ҷуз ризои Ту наҷӯям, ва дуни роҳи Ту напӯям. Нуфуси ғофиларо ҳушёр кунам ва арвоҳи хуфтаро бедор намоям. Ташнагонро оби ҳаёт бахшам ва маризонро шифои Илоҳӣ диҳам. Ҳарчанд ҳақирам, залилам, фақирам, аммо пушт ва паноҳам Туӣ ва муин ва заҳир ҳам Туӣ. Таъйиде иноят фармо, ки кулл ҳайрон гарданд. Худоё! Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Бахшанда, ва Диҳанда ва Бино.
- `Abdu'l-Bahá
Ҳувалабҳо! Эй Худованди меҳрабон! Ин нуфус бандагони остонанд ва посбонҳои ростон. Шаб ва рӯз ба нори муҳаббатат муштаиланд ва ба нафаҳоти қудсат мунис. Мақсуде ҷуз рози Ту надоранд ва орзуе ҷуз лиқои Ту наҷӯянд. Чун шамъ дар сӯз ва гудозанд ва чун мурғи саҳарӣ ҳамдами нағма ва овоз. Ҳар як дар ҷаннати Абҳоят сифати ҳамди Ту гӯянд ва аз ҷӯйбори раҳматат бинӯшанд, ва дар илали калимаат бикӯшанд ва аз оташи ишқат бисӯзанд ва биҷӯшанд. Эй Парвардигор, ин мурғони чаманистони муҳаббататро дар ҳадиқаи ҳақиқат лона ва ошёна бахш, ва ба таронаи вуҷуд ва сурур, ва шавқ ва шодмонӣ дар базми комронӣ дамсоз фармо. Абри раҳмат бибор. Баҳри муҳаббат ба мавҷ ор. Насими иноят бивазон ва партави мавҳибат мабзул дор, то ҳар як чун ҳабали росихи матин бар ин Аҳди разини расин собит ва барқарор монад, ва ба шукронаи эҳсонат забон кушоянд, ва ҳар ояте аз оёти тавҳид гарданд, ва ҳар кадом баёнае аз баёноти Китоби маҷид. Туӣ Ҷалилул эҳсон. Иннака Антал Каримул Муқтадирул Азизул Маннон.
- `Abdu'l-Bahá
Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд, ёрони Абдулбаҳоро ёварӣ кун ва гунаҳкоронро бузургворӣ намо, базми ғуфрон биёро ва ҷоми фазл ва эҳсон бахш, бечорагон ва оворагонро малҷаъ ва паноҳ деҳ ва огоҳ фармо, дастгир шав, муҷир гард ва то ҳар асир ва фақир аз хони неъматат насиб ва баҳра бардорад. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Меҳрабон.
- `Abdu'l-Bahá
Ҳуваллоҳ! Эй Маҳбуби қадим ва Ёри дилнишин! Ман то чанд асири ҳирмон ва мубталои ҳиҷрон гардам? Ба хилватгоҳи Малакут роҳ бинамо, ва дар ҷилвагоҳи лоҳут машмули Айни иноят кун. Эй Яздон! Сулаймониям – Раҳмониям кун. Имкониям – Ломакониям намо. Офоқиям – ишроқиям кун, хокдониям – осмониям фармо. То ҷонфишонӣ кунам ва комронӣ намоям, тоҷи мавҳибат бар сар ниҳам ва наъраи “Ё Баҳо – Ул –Абҳо!” баланд кунам!
- `Abdu'l-Bahá