Bahá'í Prayers

Тоҷикӣ : АҲД ВА МИСОҚ

Permanent Link

 

Рабби ва Раҷои! Аййид аҳиббоака алос–субути ало Мисоқикал – Азими вал –истиқомати фӣ Амрикал – мубини вал – амали бимо амартаҳум фӣ Китобикал – мунири ҳатто якуну аъломул–ҳудо ва суруҷул–аъло ва янобиъул – ҳикматил – кубро ва нуҷумул –ҳудо фӣ уфуқил – уло. Иннака Антал – Қавийюл – Муқтадирул – Қадир.

*(Эй Худои ман ва Умеди ман! Дӯстонатро таъйид фармо, то дар Паймони Азимат устувор бимонанд ва дар Амри мубинат мустақим ва пойдор ва он чиро дар Китоби мунират амр фармудаӣ, амал намоянд, то ин ки аъломи роҳнамо ва чароғҳои боло ва сарчашмаҳои хиради воло ва ситораҳои ҳидоят дар уфуқи азамат гарданд. Туӣ Қавӣ, Муқтадир ва Тавоно.)

 

Permanent Link

 

Эй Худои ман ва Умеди Дустонатро таъйид фармо, то дар Паймони азимат устувор бимонанд ва дар Амри мубинат мустақим ва пойдор ва он чиро дар Китоби мунират амр фармудаӣ, амал намоянд, то ин ки аъломи роҳнамо ва чароғҳои боло сарчашмаҳои хиради воло ва ситораҳои ҳидоят дар уфуқи азамат гарданд. Туӣ Қавӣ, Муқтадир ва Тавоно.

 

Permanent Link

 

Уст Муқтадир ва Мухтор Эй Молики исмҳо ва Офарандаи осмонҳо Халос намо аҳибборо Аз сиҷни душманон Туӣ Султони қазо Ва Тобанда аз уфуқи офариниш Эй Асли бақо Қасам ба умри Баҳо Ноумед нанамо онҳоро Балки кумак ва ёрӣ деҳ Дар ҳақиқат Ту Ҳокими ба он чӣ хоҳӣ Ва дар қабзаи Ту олами офариниш Дандонҳои душманони Ту омодаи газидан Гушти ошиқонатро Ҳифз намо ин ҳамроҳонро Эй Молики ҳамаи инсонҳо Ва Оне Ки ҳукм мекунӣ дар Рузи Қиёмат.

 

Permanent Link

 

Ҳувалабҳо! Эй Меҳрубон Яздони ман! Маҳзи иноят рӯҳи вуҷуд дамидӣ ва хилъати ҳаёт бахшидӣ ва аз чашмаи ҳидоят нӯшонидӣ ва нидои аласт ба самъи ин абд расондӣ ва бонги Субҳона Рабби– ял– Абҳо масмӯъ фармудӣ ва дар зилли Шаҷараи Анисо маъво додӣ ва аз каъси Мисоқ нӯшонидӣ ва ба фазли махсус мухассас доштӣ ва ба фавзи азим муваффақ намудӣ. Ҳол Эй Парвардигор, ин мискинро алами мубин фармо ва ин ҳазинро дар уфуқи мунир равшан кун. Туӣ Фаззол ва Меҳрубон.

 

Permanent Link

 

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони беанбоз! Ниёз орем ва намоз, ки ин бандагонро ба рози Хеш дамсоз намо, ва аз овози ҳотифи Малаъи аъло мустамеъ фармо. Бар сироти Аҳд ва Паймонат собитқадам кун, ва ба зикри Ҷамоли Муборакат ҳамдам намо. Аз ҷоми аҳадиятат бинӯшон, ва аз шаҳди иноятат бичашон, ва ба фазли азими Ҷамоли Қадимат фоиз кун. Ин бандаи даргоҳатро ба боргоҳи Аҳадиятат роҳ деҳ, ва ин умедвори раҳмататро навмед магардон, ва бар паймон ва имон маҳкам ва устувор намо.

 

Permanent Link

 

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд! Ин ёрони мустамандро дар Аҳди Аласт собитқадам дор ва аз бодаи иноят сармаст фармо ва ба нафаҳоти алтоф муҳтаз кун ва ба мавоҳиби ин Каври муқаддас мухассас намо. Иннака Антал Каримур Раҳим.

 

Permanent Link

 

Ҳуваллоҳ! Эй Пок Яздони ман ва Худованди меҳрабони ман! Қуввате деҳ, то муқовимати ғавоили басити замин намоем ва қудрате бахш, ки чун баҳри муҳит мавҷ бар соҳили Шарқ ва Ғарб занем.

 

Permanent Link

 

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, маро мустақим бар Амрат бидор, ва дар имтиҳон собит бар муҳаббат кун, ва дар дарёи иноятат мустағрақ фармо. Туӣ Диҳанда ва Меҳрабон.

 

Permanent Link

 

Ҳувалабҳо! Эй Бахшанда, ва Дурахшанда, ва Меҳрабон! Шукр Туро, ки шоҳроҳи ҳақиқат намудӣ ва иноят фармудӣ, ва субҳи равшане толеъ намудӣ ва фазои гулшани восеъ бигустурдӣ, дар зилли Шаҷараи Анисо маъво бахшидӣ ва базми аласт оростӣ ва аз ҷоми Мисоқ сармаст фармудӣ ва дар зумраи собитон ин дӯстонро маҳшур намудӣ. Эй Меҳрабон, Туӣ Муассиси Аҳд ва Паймон, Эй Яздон Туӣ малҷаъ ва паноҳи росихон! Эй Маннон, Туӣ музилли бехирадон ва мунтақими аз мутазалзилон.

 

Permanent Link

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ситоиш ва ниёиш ва шукр ва парастиш Туро сазовор, ки муваффақ ва муайяд бар субут ва русух бар Аҳд ва Паймон намудӣ ва қуввати тамассук бар урватул– вусқо бахшидӣ. Ҳар пардаеро аз пеши дида даридӣ ва ҳар ҳоилеро аз сироти мустақим барандохтӣ ва ҳар монеъро аз мушоҳидаи нури мубин бипардохтӣ.Чашмҳо равшан фармудӣ ва собитин бар Мисоқро шамъи анҷуман кардӣ. Aлами Аҳдро дар офоқи умам чунон баланд намудӣ, ки ҳар пир ва барно ва кӯдак ва бузург, ва доно ва ёр ва ағёр ва бегона ва ошно, нотавон ва тавоно маҷбур бар эътироф гаштанд, ва маҷоли инкор ба ҷиҳати нафсе боқӣ ва барқарор намонд. Пас бояд он ёрони бовафо дар ҳар он сад ҳазор шукр ба даргоҳи Аҳадиятат намоянд, ки ба ин таъйид ва тавфиқ ва истиқомат муваффақ гаштанд.

 

Permanent Link

 

Ҳувалабҳо! Эй Худои меҳрабон! Шукр Туро, ки бедор намудӣ ва ҳушёр кардӣ. Чашми бино додӣ ва гӯши шунаво эҳсон намудӣ. Ба Малакути Хеш далолат кардӣ ва ба сабили Худ ҳидоят фармудӣ. Роҳи рост бинамудӣ ва дар сафинаи наҷот даровардӣ. Худоё! Маро мустақим бидор ва собит ва росих кун. Аз имтиҳоноти шадида маҳфуз бидор, ва дар ҳисни ҳасини Аҳд ва Мисоқат масун ва маъмун фармо. Туӣ Тавоно ва Туӣ Бино ва Туӣ Шунаво. Эй Худои Меҳрабон! Диле ато кун, ки монанди зуҷоҷ ба сироҷи муҳаббатат равшан бошад ва фикре ато кун, ки ба файзи руҳонӣ ҷаҳонро гулшан намояд. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон ва Туӣ Худованди Азимул Эҳсон.

 

Permanent Link

 

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин нуфус муштоқи дидоранд ва савдоиёни он зулфи мушкбор. Ҳар дам фарёде намоянд ва оҳ ва фиғоне бароранд ва истидъои инояте кунанд ва мавҳибате талабанд. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон, ва Туӣ Раҳим ва Раҳмон, ва Туӣ Воҳиби фазли бепоён. Эй Худованди Бахшанда! Ин нуфусро собити Аҳд намо, росихи паймон кун. Мунҷазиб ба нафаҳоти тақдис намо ва мутазаккир ба оёти тавҳид кун. Машмули лаҳазоти айни раҳмоният намо ва маҷзуби ҷамоли нуроният кун. Ҳар дам таъйиди ҷадид бахш, ва ҳар нафас нафаси раҳмон ба машом бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Доно.

 

Permanent Link

 

Ҳувалабҳо! Эй бандаи пурвафои Ҷамоли Қедам! Зинда ба Исми Аъзами, ранҷури балоро дигар чӣ ғаме? Амвоҷи ато ҳар як чу яме, дарёи ҷафо шабнаме, дигар чӣ ғаме? Ҳуҷуми аъдо торикии шабе, таъйиди Малакути Абҳо ҷилваи субҳдаме, дигар чӣ ғаме? Шамотати ҷуҳало чун танини магасе, ва нидои Малаи Аъло бонги фарёдрасе, дигар чӣ ғаме? Муқовимати уламо чун истиқомати пашшаи бенаво, қуввати Калиматуллоҳ чун реҳи сар-сари шадидулқуво, дигар чӣ ғаме? Сустии ноқизин чун ҳаракати мури бевафо, сатвати Мисоқ салтанати самовоти уло, дигар чӣ ғаме? Бунёни умам, бунёд бар ҳаво, асоси Амруллоҳ қасри машиди зирваи улиё, дигар чӣ ғаме? Вал-Баҳову алайк.